Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Дар давраҳои қадим чӣ тавр одамон бо киштӣ сафар мекарданд?

ДАР замонҳои Павлус киштиҳои мусофиркаш қариб ки вуҷуд надоштанд. Агар одам ба ягон ҷойи дур сафар кардан мехост, вай бояд аз дигарон мепурсид, ки оё ягон киштии боркаш ба самте, ки ӯ рафтанӣ аст, меравад ва одам мегирад (Аъм. 21:2, 3). Агар киштӣ ба ҷойи лозима наравад, шахс метавонист то нисфи роҳ бо як киштӣ сафар кунаду сипас дар бандаргоҳ боз ба дигараш шишта то ҷойи ба манзилаш наздиктар равад (Аъм. 27:1–6).

Баҳрнавардон асосан дар фаслҳои муайяни сол бо киштӣ ба сафар мебаромаданд ва реҷаи аниқ надоштанд. Дар ҳавои номусоид онҳо ба сафар намебаромаданд. Ғайр аз ин маллоҳони хурофотпараст баъзе чизҳоро аломати бад ҳисобида сафари худро ба қафо мепартофтанд. Масалан, ба ақидаи онҳо шунидани қар-қари зоғон ва дидани киштии шикаста хосияти бад дошт. Лекин вақте ки шамол ба самти мувофиқ мевазид, ба сафар баромадан барояшон қулай буд. Агар киштиронон ба гирифтани ӯ розӣ шаванд, шахс бояд бо бору банди худ ба назди бандаргоҳ омада, интизор шуда меистод. Ва ҳамин ки киштӣ ба роҳ мебаромад, ба он савор мешуд.

Таърихшинос Лайонел Кэссон мегӯяд: «Давлати Рум ба одамон ёфтани киштиҳоро осонтар гардонда буд. Дар наздикии бандаргоҳ, (лаби дарёи Тибр) дар шаҳри Остия дар назди бозор як қатор дӯконҳои киштиронон гузошта шуда буданд. Он дӯконҳо ба киштиҳои гуногун тааллуқ дошт. Масалан, як дӯкон аз они киштие буд, ки ба шаҳри Нарбонн (Фаронсаи ҳозира) мерафт, дӯкони дигар бошад, аз они киштие буд, ки ба шаҳри Картхейдж (Туниси ҳозира) ва ғайра. Агар шахс ба ягон ҷо сафар карданӣ мешуд, аз он дӯконҳо мепурсид, ки киштии онҳо ба кадом шаҳр равона аст».

Ба воситаи киштӣ одамон дар муддати кӯтоҳ ба ҷойи даркорӣ рафта мерасиданд, вале чунин сафарҳо хатар ҳам доштанд. Масалан, дар давоми сафарҳои миссионерии Павлус якчанд маротиба киштии онҳо ғарқ шуда буд (2 Қӯр. 11:25).