Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо барои худро аз доми Шайтон муҳофизат кардан чора андешидаед?

Оё шумо барои худро аз доми Шайтон муҳофизат кардан чора андешидаед?

ВАҚТЕ исроилиён барои гузаштан аз дарёи Ӯрдун ба Замини ваъдашуда тайёрӣ медиданд, баъзе занон ба наздашон меомаданд. Ин занони аз халқҳои бегона мардони исроилиро ба зиёфате таклиф карданд. Онҳо ҳамроҳи он занҳо рафтанд, зеро фикр карданд, ки чунин имконият дигар намешавад. Пайдо кардани дӯстони нав, рақсу бозӣ ва хӯрдани таомҳои болаззат барои онҳо хеле ҷолиб буд. Ахлоқ ва урфу одати он занон мувофиқи Қонуни Худо набуд, лекин баъзе исроилиён эҳтимол чунин фикр карданд: «Мо медонем-ку чӣ нек асту чӣ бад, барои ҳамин эҳтиёт мешавем».

Баъд чӣ шуд? Навиштаҳо мегӯянд: «Қавм бо духтарони Мӯоб зино кардан гирифтанд». Ва дар асл он занон мехостанд, ки мардони исроилӣ ҳамроҳашон худоёни дурӯғро ибодат кунанд. Ва афсӯс, ки онҳо ба ин кор даст заданд. Аз ин «хашми Худованд бар Исроил аланга зад» (Ад. 25:1–3).

Мардони исроилӣ ду амри Яҳуваро поймол карданд. Якум ин ки онҳо худоёни дурӯғро ибодат намуданд ва дуюм, бадахлоқии ҷинсӣ содир намуданд. Ҳазорҳо одамон аз боиси ин беитоатиашон мурданд (Хур. 20:4, 5, 14; Такр. Ш. 13:6–9). Чаро хатои онҳо беҳад аламовар буд? Зеро онҳо дар остонаи Замини ваъдашуда қарор доштанд. Агар он мардон қонуни Яҳуваро намешикастанд, он ҳазорҳо одамон аллакай аз дарёи Ӯрдун гузашта ба Замини ваъдашуда медаромаданд (Ад. 25:5, 9).

Ба он воқеаҳо ишора карда Павлуси расул чунин гуфт: «Ҳамаи ин чизҳо барои он рӯй дод ва навишта шуд, то барои мо, ки дар охири ин замона зиндагӣ мекунем, огоҳӣ бошад» (1 Қӯр. 10:7–11). Бешубҳа, Шайтон хурсанд шуд, ки баъзе исроилиён бар зидди Яҳува гуноҳ карда оқибат ба Замини ваъдашуда даромада натавонистанд. Мо бояд дарк кунем, ки Шайтон ба мо низ барои даромадан ба дунёи нав монеъ мешавад. Барои ҳамин мисоли он исроилиён бояд бароямон намунаи огоҳкунанда бошад.

ДОМИ ХАТАРНОК

Шайтон ходимони Худоро имрӯз низ ба доми худ афтондан мехоҳад ва барои ин ӯ ҳиллаву найрангҳоеро ба кор мебарад, ки бо ёрии онҳо дар гузашта бисёриҳоро гумроҳ карда буд. Чуноне ки дар боло гуфтем, дар мавриди исроилиён ӯ бадахлоқии ҷинсиро ба кор бурд. Дар рӯзҳои мо ин то ҳол доми хатарноки Шайтон аст. Масалан, вай бо воситаи порнография, ки таъсираш пурзӯр аст, моро ба домаш афтондан мехоҳад.

Имрӯзҳо порнографияро одамон тавре тамошо карда метавонанд, ки дигарон аз ин бехабар мемонанд. Вақтҳои пеш шахс агар порнография тамошо карданӣ мешуд, ба кинотеатр барои тамошои филмҳои бадахлоқона мерафт ё аз дӯкони махсуси китобфурӯшӣ маҷаллаву китобҳои порнографӣ мехарид. Бисёриҳо аз шарм шояд ба ин гуна ҷойҳо намерафтанд, то ки одамон онҳоро набинанд. Вале ҳоло порнография чунон дастрас аст, ки одамон ба воситаи Интернет дар ҷойи кор ё ҳатто дар мошинашон метавонанд онро тамошо кунанд. Ва дар бисёр ҷойҳо мардон ё занон аз хонаи худ набаромада, бемалол порнографияро тамошо карда метавонанд.

Ин ҳоло тамом не. Бо воситаи таҷҳизоти мобилӣ низ порнография тамошо кардан ду карат ду шудааст. Ҳангоми сайругашт кардан дар кӯча, дар автобус ё қатора одамон баҳузур сурату наворҳои нораворо тамошо мекунанд.

Азбаски дар замони мо порнография дастрас мебошад ва пинҳонӣ тамошо кардани он кори осон гаштааст, зарари он аз пештара дида зиёдтар аст. Бинандагони бешумори он ба издивоҷи худ, шаъни инсонӣ ва виҷдони худ зарар мерасонанд. Аз ҳама бадтаринаш ин аст, ки онҳо муносибати худро бо Яҳува гум карда метавонанд. Бешубҳа, порнография ба касоне, ки онро тамошо мекунанд, зарар мерасонад. Дар бисёр мавридҳо он ба кас захмҳои чуқури эмотсионалӣ мегузорад, ки солҳои зиёд шифо намеёбад.

Лекин барои ба ин доми хатарнок наафтидан Яҳува ба мо роҳ нишон медиҳад. Агар хоҳем, ки Яҳува моро муҳофизат кунад, бояд баръакси мардони исроилӣ амал намоем ва Ӯро бегуфтугӯ гӯш кунем (Хур. 19:5). Мо бояд дарк кунем, ки Яҳува аз порнография хеле нафрат дорад. Чаро?

МИСЛИ ЯҲУВА АЗ ОН НАФРАТ КУНЕД

Қонунҳои ба халқи Исроил додаи Яҳува қонунҳои беҳтарин ва беҳамто буданд. Зеро он қонунҳо исроилиёнро чун девор аз халқҳои гирду атроф ва корҳои зишти онҳо муҳофизат мекарданд (Такр. Ш. 4:6–8). Онҳо баръало нишон медоданд, ки Яҳува бадахлоқиро чашми дидан надорад.

Яҳува амалҳои нафратовари халқҳои гирду атрофро номбар карда ба халқи Исроил чунин гуфт: «Мисли аъмоли замини Канъон, ки Ман шуморо ба он ҷо мебарам, амал накунед... он замин нопок аст ва онро барои гуноҳаш ҷазо медиҳам». Барои Худои муқаддас, Яҳува, тарзи ҳаёти мардуми Канъон чунон қабеҳ буд, ки Ӯ замини онҳоро нопоку наҷис номид (Ибд. 18:3, 25).

Ҳарчанд Яҳува канъониёнро ҷазо дод, халқҳои дигар аз бадахлоқии худ даст накашиданд. Тахминан 1500 сол пас, Павлус дар бораи халқҳое, ки масеҳиён дар байни онҳо зиндагӣ мекарданд, чунин гуфт: «Онҳо шарму ҳаёро тамоман аз даст додаанд». Дар ҳақиқат, онҳо «ба беҳаёгӣ дода шудаанд, то бо чашмгуруснагӣ ҳар гуна нопокиро ба амал оранд» (Эфс. 4:17–19). Имрӯз низ бисёр одамон аз корҳои бадахлоқонаи худ шарм намедоранд. Хизматгорони ҳақиқии Худо бояд сахт кӯшиш кунанд, ки чашмашонро аз чизҳои бадахлоқонаи ин ҷаҳон нигоҳ доранд.

Тамошо кардани порнография дар чашми Яҳува гуноҳи азим аст. Ӯ одамизодро ба сурат ва шабоҳати Худ офарида буд. Ва ба инсон қобилият дод, то ба фарқи некиву бадӣ сарфаҳм равад. Ӯ дар бобати алоқаи ҷинсӣ қонунҳои муайян дод, ки ин аз рӯйи хирад буд. Яҳува мехост, ки муносибати маҳрамона танҳо байни зану шавҳар бошаду ба онҳо хурсандӣ орад (Ҳас. 1:26–28; Мас. 5:18, 19). Вале дар бораи онҳое, ки порнография мебароранд ё паҳн мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо меъёрҳои Худоро тамоман поймол карда бо ин ба Ӯ беэҳтиромӣ нишон медиҳанд. Бале, онҳо тарс аз Парвардигор надоранд. Ва барои ин амали норавояшон Худо ҳатман онҳоро доварӣ мекунад (Рум. 1:24–27).

Дар бораи онҳое, ки дидаву дониста маводҳои порнографиро мехонанд ва тамошо мекунанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Баъзеҳо шояд фикр мекунанд, ки ин вақтхушии безарар аст. Аммо дар асл онҳо низ ба касоне ҳамроҳ мешаванд, ки меъёрҳои Яҳуваро поймол кардаанд. Вақте онҳо тамошо кардани порнографияро сар карданд, шояд барқасд меъёрҳои Яҳуваро шикастанӣ набуданд. Ба ҳар ҳол, Китоби Муқаддас равшан мегӯяд, ки ходимони ҳақиқии Худо бояд аз бадахлоқӣ ҳазар кунанд. Дар он гуфта шудааст: «Эй дӯстдорони Худованд, аз бадӣ нафрат кунед!» (Заб. 96:10).

Ҳатто агар шахс аз тамошои порнография даст кашиданӣ бошад, ин ба вай мушкил буда метавонад. Мо одамони нокомилем ва бояд бо хоҳишҳои нопоки ҷисмамон мубориза барем. Ҳамчунин дили маккори мо шояд рафторамонро сафед карда гӯяд, ки тамошои порнография бадӣ надорад (Ирм. 17:9). Вале бисёри онҳое, ки ходими Яҳува шуданд, бар ин хоҳиши нопоки худ ғолиб омаданд. Пас, агар шумо низ бар ин одати нопок мубориза бурда истода бошед, албатта, бар он ғолиб омада метавонед. Чӣ тавр мо аз ин доми Шайтон канорагирӣ кунем? Биёед мебинем, ки Каломи Худо дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳад.

БО ФИКРҲОИ БАДАХЛОҚОНА МУБОРИЗА БАРЕД

Чи хеле ки дар боло гуфтем, бисёри исроилиён ба хоҳишҳои нодуруст дода шуданд ва ин оқибат ба сарашон бало овард. Имрӯз бо мо низ чунин шуданаш мумкин аст. Бародари Исо, Яъқуб, ин хатарро чунин тасвир кард: «Ҳар кас... фирефтаи хоҳишу ҳавасҳои худ шуда ба озмоиш дучор мегардад. Баъд ҳавас ҳомила шуда, гуноҳро ба дунё меорад» (Яъқ. 1:14, 15). Агар шахс дар бораи чизҳои бадахлоқона фикр кардан гирад, эҳтимоли зиёд аст, ки ӯ оқибат ба гуноҳ даст мезанад. Барои ҳамин мо бояд фикру хоҳишҳои шаҳвониро аз худ дур кунем ва намонем, ки онҳо дар диламон лона гузоранд.

Агар фикрҳои нопок шуморо ба васваса андозанд, дарҳол ягон чора андешед. Исо гуфт: «Агар даст ё поят сабаби гуноҳ кардани ту шавад, онро бурида парто... агар чашмат сабаби гуноҳ кардани ту гардад, онро канда парто» (Мат. 18:8, 9). Ин суханони Исо ба маънои аслӣ набуданд. Ӯ бо ин мисол гуфтанӣ буд, ки мо бояд сарчашмаи пайдо шудани ин хоҳишҳои нодурустро муайян карда тез ва боқатъият аз он даст кашем. Чӣ тавр ин маслиҳат ба тамошои порнография дахл дорад?

Агар чашматон ногоҳ ба порнография афтад, зуд чашматонро ба дигар сӯ равона кунед. Фикр накунед, ки тасвири ношоиста ба шумо таъсир намерасонад. Хоҳ он дар телевизор бошад, хоҳ дар компютер ё телефонатон, дарҳол онро хомӯш кунед. Диққататонро ба ягон чизи пок равона кунед. Чунин карда шумо фикррониатонро идора карда метавонeд, вагарна хоҳишҳои нодуруст шуморо идора хоҳанд кард.

АГАР ХОТИРАҲОИ НОПОК АЗ ПЕШТАРА МОНДА БОШАНД-ЧӢ?

Шумо тамошои порнографияро бас карда бошед ҳам, баъзан тасвирҳои пеш тамошокардаатон пеши назар меоянд. Чунки тасвирҳои бадахлоқона дар майнаи одам дурудароз боқӣ мемонанд. Онҳо метавонанд беихтиёр ба хотир оянд ва шахсро ба ягон амали нопок, масалан, мастурбатсия тела диҳанд. Барои ҳамин ҳушёр бошед ва ҳангоми пайдо шудани чунин фикрҳо бо онҳо мубориза баред.

Худо мехоҳад, ки мо ҳаматарафа пок бошем. Аз ин рӯ қатъиян мақсад гузоред, ки фикру рафтори худро пок нигоҳ медоред. Ба Павлуси расул пайравӣ кунед. Ӯ чунин гуфт: «Бадани худро мушт мезанам ва ғуломи худ мегардонам» (1 Қӯр. 9:27). Нагузоред, ки хоҳишҳои нопок шуморо ғулом гардонанд. «Ақли худро нав карда, дигаргун шавед, то бифаҳмед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Дар ёд доред: На иҷрои хоҳишҳои бадахлоқона, балки мувофиқи иродаи Худо дар покӣ нигоҳ доштани фикру рафторамон ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад.

На иҷрои хоҳишҳои бадахлоқона, балки мувофиқи иродаи Худо дар покӣ нигоҳ доштани фикру рафторамон ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад

Кӯшиш кунед баъзе оятҳои Китоби Муқаддасро дар хотир нигоҳ доред. Ва ҳангоме ки фикрҳои нодуруст ба саратон меоянд, худро маҷбур карда дар бораи он оятҳо фикр кунед. Масалан, Забур 118:37, Ишаъё 52:11, Матто 5:28, Эфсӯсиён 5:3, Қӯлассиён 3:5 ва 1 Таслӯникиён 4:4–8 ба шумо ёрдам медиҳанд, ки дар бобати порнография фикратонро ба фикрронии Яҳува мувофиқ гардонед ва дарк кунед, ки Ӯ аз шумо чӣ интизор аст.

Чӣ бояд кард агар баъзан фикру хоҳиши тамошо кардани чизҳои бадахлоқона дар шумо беҳад зӯр гардад? Дар ин ҳолат ба намунаи Исо пайравӣ кунед (1 Пет. 2:21). Баъди таъмид гирифтанаш Шайтон Исоро гаштаву баргашта ба васваса андохтанӣ шуд. Исо чӣ кор кард? Ӯ пайваста муқобилат нишон дод. Ӯ оятҳои гуногуни Навиштаҳоро иқтибос оварда васвасаҳои Шайтонро рад намуд. «Аз ман дур шав, эй Шайтон!»— гуфт ӯ, ва Шайтон аз пеши ӯ рафт. Исо ҳаргиз дар мубориза бар зидди Иблис таслим намешуд ва шумо ҳам набояд ҳеҷ гоҳ таслим шавед (Мат. 4:1–11). Шайтон ва ҷаҳони ӯ доимо мекӯшанд, ки майнаи моро бо чизҳои нопок ва бадахлоқона пур кунанд, вале ба ин роҳ надиҳед. Бо кӯмаки Яҳува шумо метавонед душмани худро мағлуб кунед ва ба хоҳиши тамошо кардани порнография ғолиб оед.

БА ЯҲУВА ДУО ГӮЕД ВА ӮРО ГӮШ КУНЕД

Пайваста ба Яҳува дуо гуфта аз Ӯ кӯмак пурсед. Павлус гуфт: «Хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо ба воситаи Исои Масеҳ муҳофизат мекунад» (Флп. 4:6, 7). Худо ба ақли шумо оромӣ мебахшад ва дар мубориза бо фикрҳои нодуруст кӯмак мекунад. Агар шумо ба Яҳува наздик шавед, «Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқ. 4:8).

Агар мо бо Ҳокими Олам — Яҳува муносибати наздик дошта бошем, ба домҳои Шайтон намеафтем. Исо гуфт: «Ҳокими ин ҷаҳон [Шайтон] омада истодааст, вале ӯ бар ман ҳукмрон нест» (Юҳ. 14:30). Чаро Исо дилпур буд, ки Шайтон ӯро мағлуб карда наметавонад? Ӯ фаҳмонд: «Фиристандаи ман бо ман аст; Ӯ маро танҳо нагузоштааст, зеро ман ҳамеша корҳоеро ба ҷо меорам, ки ба Ӯ маъқуланд» (Юҳ. 8:29). Агар шумо ҳам корҳои ба Яҳува маъқулро ба ҷо оред, Ӯ шуморо низ ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад. Аз доми порнография дурӣ ҷӯед ва шумо ба васвасаи Шайтон намеафтед.