Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Исо дар ҳақиқат барои ман ҷонашро фидо кард?

Оё Исо дар ҳақиқат барои ман ҷонашро фидо кард?

ДАР Китоби Муқаддас мо мехонем, ки чӣ тавр бисёр шахсони «мисли мо инсони одӣ» ҳиссиёти худро баён кардаанд (Яъқ. 5:17). Масалан, вақте мо суханони Павлусро аз Румиён 7:21–24 мехонем, ҳиссиёти вайро хуб мефаҳмем. Он ҷо ӯ кушоду равшан гуфтааст: «Вақте ки дуруст рафтор кардан мехоҳам, дар ман майл ба кардани кори бад маълум мегардад... Вой бар ҳоли ман!» Аз ин суханон маълум, ки Павлус барин шахсони ба Худо содиқ низ бо нокомилии худ мубориза мебурданд. Ва донистани ин моро ҳангоми бо нокомилии худ мубориза бурдан тасаллӣ мебахшад.

Павлус боз як ҳиссиёти худро баён карда буд. Дар Ғалотиён 2:20 ӯ бо боварӣ гуфт, ки Исо шахсан ӯро «дӯст дошт ва ҳаёташро барои [ӯ] фидо кард». Оё шумо низ ҳамин тавр гуфта метавонед? Шояд на ҳама вақт.

Мумкин аз боиси гуноҳҳои пештараамон мо худро пасту ночиз ҳис кунем. Эҳтимол баъзан ба мо бовар кардан душвор аст, ки Яҳува моро дӯст медорад, моро бахшидааст ва Исо шахсан барои мо ҳаёташро қурбон кардааст. Оё Исо мехоҳад, ки мо ба қурбонии ӯ чун ба тӯҳфае, ки шахсан ба мо дода шудааст, назар кунем? Агар ҳа, пас чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки чунин назар дошта бошем? Биёед ин ду саволро бо навбат дида бароем.

ИСО БА ҚУРБОНИИ ХУД ЧӢ ХЕЛ МЕНИГАРАД?

Исо мехоҳад, ки мо ба қурбонии ӯ чун ба тӯҳфае, ки шахсан ба мо тақдим шудааст, муносибат кунем. Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Воқеаеро ба хотир оред, ки дар Луқо 23:39–43 тасвир шудааст. Марде дар сутуни шиканҷа назди Исо мехкӯб буд. Вай иқрор шуд, ки дар ҷинояткорӣ айбдор аст. Ӯ аз афташ гуноҳи хеле ҷиддӣ содир карда буд, чунки ин намуди ҷазоро одатан ба ин гуна ҷинояткорон лоиқ медиданд. Он мард хеле ғамгин буд ва аз Исо илтиҷо карда гуфт: «Вақте ба Подшоҳии худ мерасӣ, маро ба хотир ор».

Исо чӣ кор кард? Тасаввур кунед, ки чӣ тавр ӯ сарашро бо як азоб ба тарафи ҷинояткор гардонд, то ба ӯ нигоҳ кунад. Ҳарчанд Исо дарди ҷонкоҳ мекашид, вай бо табассуми самимӣ ба он мард гуфт: «Ба ростӣ имрӯз ба ту мегӯям, ки бо ман дар Биҳишт хоҳӣ буд». Исо метавонист фақат хотиррасон кунад, ки «Писари одам... барои он омад, ки... ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Мат. 20:28). Вале ба ҷойи ин Исо меҳрубонона нишон дод, ки қурбонии ӯ шахсан ба он мард дахл дорад. Исо худро ба он мард наздик гирифта ҷонишини «ту» ва «ман»-ро истифода бурд. Ва ба ӯ гуфт, ки дар биҳишти рӯйи замин зиндагӣ хоҳад кард.

Бешубҳа, Исо мехост, ки он мард қурбониеро, ки ӯ меорад, чун тӯҳфае, ки шахсан ба ӯ дода шудааст, қабул кунад. Каме истода фикр кунед: Он ҷинояткор ҳатто имкон надошт, ки ба Яҳува хизмат кунад. Лекин Исо гӯё ба он ҷинояткор гуфт, ки «ман ҷонамро барои ту қурбон мекунам». Шумо бошед, чун пайрави ҳақиқии Масеҳ таъмид ёфта, ба Ӯ хизмат мекунед. Пас, то чӣ андоза бештар бояд ба қурбонии Исо чун ба ҳадяе нигаред, ки шахсан ба шумо дода шудааст! Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки новобаста аз гуноҳҳои пештараатон ба қурбонии Масеҳ чунин назар кунед?

ЧИЗЕ КИ БА ПАВЛУС КӮМАК МЕКАРД

Супорише, ки Павлус аз Исо гирифт, ӯро боварӣ мебахшид, ки Исо ҷонашро шахсан барои ӯ додааст. Худи Павлус инро фаҳмонда гуфт: «Ман аз Ҳазратамон Исои Масеҳ, ки маро қувват бахшидааст миннатдорам, зеро ӯ ин хизматро ба ман супурда, маро сазовори боварӣ ҳисобидааст, ҳарчанд ки пештар куфргӯ, таъқибкунанда ва берӯй будам» (1 Тим. 1:12–14). Новобаста аз бадкориҳои пешинаи Павлус, Исо ба ӯ бовар карда чунин таъйинотро супорид. Ва Павлус мефаҳмид, ки бо ин Исо шахсан нисбати ӯ раҳмдилӣ ва муҳаббат зоҳир кард. Исо ба ҳар яки мо низ мавъиза кардани хушхабарро супориш додааст (Мат. 28:19, 20). Пас, оё мо ҳам гуфта метавонем, ки Исо шахсан барои мо ҷонашро қурбон кард?

Алберт, ки баъди қариб 34 соли аз ҷамъомад хориҷ шуданаш чанде пеш ба он баргашт, чунин мегӯяд: «Хатоям доим пеши назари ман аст. Аммо ҳангоми хизмат мисли Павлуси расул ҳис мекунам, ки ин хизматро шахсан Исо ба ман супоридааст. Донистани ин маро рӯҳбаланд мекунад ва ёрӣ медиҳад, ки ба худам ва ҳаёту ояндаам назари дуруст дошта бошам» (Заб. 50:5).

Ҳангоми бо ҳар гуна одамон омӯзиш кардан онҳоро боварӣ бахшед, ки Исо онҳоро дӯст медорад ва ба онҳо раҳмдил аст

Алан, ки пеш аз ба ҳақиқат омаданаш ҷинояткор буд ва ба зӯроварӣ даст мезад, иқрор мешавад: «Ман то ҳол дар бораи ҳамаи он зараре, ки ба одамон расонда будам, фикр мекунам. Баъзан аз ин ғамгин мешавам. Вале ман аз Яҳува миннатдорам, ки Ӯ ба ман барин одами гунаҳкор иҷозат медиҳад, то хушхабарро ба дигарон расонам. Вақте ман мебинам, ки чӣ тавр одамон хушхабарро қабул мекунанд, бори дигар боварӣ ҳосил мекунам, ки то чӣ андоза Яҳува нек ва меҳрубон аст. Ба фикрам Яҳува маро истифода мебарад, то ба онҳое, ки ҳаёташон ба гузаштаи ман монанд аст, кӯмак кунад».

Исо ба мо бовар карда мавъизаи хушхабарро супориш додааст. Ба туфайли он мо қувватамонро ба корҳои нек ва фикрҳоямонро ба чизҳои хуб равона карда метавонем. Ин моро ба меҳрубонӣ ва раҳмдилии Исо боварӣ мебахшад.

ЯҲУВА АЗ ДИЛИ МО БУЗУРГТАР АСТ

То ба охир расидани ин ҷаҳони Шайтон мо шояд гуноҳҳои пешинаи худро доим ба хотир оварда, худро бад ҳис кунем. Бо чунин ҳиссиёт мо чӣ тавр мубориза бурда метавонем?

Хоҳар Ҷен, ки дар айёми ҷавонӣ чун дурӯя ҳаёт ба сар мебурд, бисёр вақт бо ҳисси гунаҳкорӣ мубориза мебарад. Вале ӯ аз донистани он тасаллӣ меёбад, ки «Худо аз дили мо бузургтар аст» (1 Юҳ. 3:19, 20). Мо низ аз он тасаллӣ ёфта метавонем, ки Яҳува ва Исо нокомил будани моро мефаҳманд. Онҳо аз муҳаббат фидияро на барои одамони комил, балки барои гунаҳкорони тавбакарда фароҳам овардаанд (1 Тим. 1:15).

Инак, фидия ин тӯҳфаест, ки шахсан барои мо дода шудааст. Мо боварии худро ба ин қавӣ мегардонем, ки 1) агар бо дуо мулоҳиза ронем, ки Исо бо одамони нокомил чӣ тавр муносибат мекард; 2) агар хизматеро, ки ба мо супорида шудааст, аз таҳти дил иҷро кунем. Агар мо барои иҷрои супориши Исо ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, мисли Павлус бо боварӣ гуфта метавонем, ки Исо «маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард».