Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40

Дар ин рӯзҳои охири охирзамон бо хизмати Яҳува банд бошед

Дар ин рӯзҳои охири охирзамон бо хизмати Яҳува банд бошед

«Матину устувор бошед ва ҳамеша дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд кунед» (1 ҚӮР. 15:58).

СУРУДИ 47 Хушхабарро мавъиза менамоем

ПЕШГУФТОР *

1. Чаро мо боварӣ дорем, ки дар охирзамон зиндагӣ мекунем?

АГАР шумо баъд аз соли 1914 таваллуд шуда бошед, пас ҳаёти шумо пурра ба «рӯзҳои охир»-и ин тартибот рост меояд (2 Тим. 3:1). Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар охирзамон ҷангҳо, гуруснагӣ, заминҷунбиҳо, вабоҳо рӯй медиҳанд, одамон қонуншиканӣ мекунанд ва халқи Худоро таъқиб менамоянд. Ҳоло ҳамаи мо ин воқеаҳоро мешунавем (Мат. 24:3, 7–9, 12; Луқ. 21:10–12). Инчунин мо иҷрошавии пешгӯйии Павлуси расулро оиди ахлоқи одамон мебинем. (Ба чорчӯбаи  «Ахлоқи одамони имрӯза» нигаред.) Чун хизматгорони Яҳува мо боварӣ дорем, ки ҳоло дар рӯзҳои охири охирзамон зиндагӣ дорем (Мико 4:1).

2. Ба кадом саволҳо мо бояд ҷавоб ёбем?

2 Азбаски аз соли 1914 вақти зиёде гузаштааст, бешубҳа гуфтан мумкин аст, ки мо дар охири охирзамон зиндагӣ дорем. Анҷоми ин тартибот хеле наздик аст, барои ҳамин мо бояд ба чунин саволҳои муҳим ҷавоб ёбем: «Дар интиҳои “айёми охир” кадом воқеаҳо рӯй хоҳанд дод? То расидани он вақт мо бояд бо кадом кор банд бошем?»

ДАР ИНТИҲОИ «АЙЁМИ ОХИР» ЧӢ РӮЙ ХОҲАД ДОД?

3. Мувофиқи пешгӯйии 1 Таслӯникиён 5:1–3 роҳбарони ҷаҳон чиро эълон хоҳанд кард?

3 1 Таслӯникиён 5:1–3-ро хонед. Павлус дар ин ҷо дар бораи «рӯзи Яҳува» сухан гуфт. Зери ин ибора ӯ ба муддати вақте ишора кард, ки он аз ҳамла ба «Бобули бузург» сар шуда бо Ҳармаҷиддӯн ба охир мерасад (Ваҳй 16:14, 16; 17:5). Чанде пеш аз сар шудани он «рӯз» роҳбарони сиёсӣ «сулҳу амният»-ро эълон хоҳанд кард. Имрӯз ҳам вақте онҳо оиди беҳтар кардани муносибатҳои байналмилалӣ баромад мекунанд, ин ибораро баъзан истифода мебаранд *. Лекин эълони «сулҳу амният», ки дар борааш Китоби Муқаддас мегӯяд, тамоман дигар хел хоҳад буд. Чаро? Вақте он воқеа рӯй медиҳад, бисёр одамон шояд гумон кунанд, ки акнун дар тамоми ҷаҳон «сулҳу амният» мешавад. Вале дар асл «мусибати бузург» сар мешавад ва ин ҷаҳон «ногаҳон нобуд» хоҳад шуд (Мат. 24:21).

Вақте роҳбарони ҷаҳон «сулҳу амният» эълон мекунанд, мо ба он бовар намекунем (Ба сархатҳои 3–6 нигаред.) *

4. а) Кадом чизҳоро мо дар бораи мусибати бузург ҳоло намедонем? б) Лекин оиди он чиро мо аллакай медонем?

4 Дар бораи эълони «сулҳу амният» мо баъзе чизҳоро медонем, баъзе чизҳо бошанд, ҳоло номаълуманд. Масалан, мо намедонем, ки чӣ роҳбарони ҷаҳонро бармеангезад, ки онро эълон кунанд. Ҳамчунин мо намедонем, ки оё он якчанд бор эълон мешавад ё ҳамагӣ як бор садо хоҳад дод. Чизе ки нашавад, мо медонем, ки дар асл роҳбарони инсонӣ қудрат надоранд, ки сулҳу осоиштагиро дар ҷаҳон пойдор созанд. Барои ҳамин мо аз он эълон фирефта намешавем. Баръакс, Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки ҳангоми эълон шудани он мо бояд ҳушёру бедор монем. Зеро он аломати сар шудани «рӯзи Яҳува» хоҳад буд.

5. Чӣ тавр суханони 1 Таслӯникиён 5:4–6 барои тайёр шудан ба «рӯзи Яҳува» кӯмак мекунанд?

5 1 Таслӯникиён 5:4–6-ро хонед. Аз суханони Павлус мо мефаҳмем, ки чӣ тавр метавонем ба «рӯзи Яҳува» тайёр шавем. Мо бояд «мисли дигарон хоб наравем», балки «бедору ҳушёр бошем». Масалан, мо бояд эҳтиёт шавем, то ба масъалаҳои сиёсӣ ҳамроҳ нашавем. Ин хатарнок аст, чунки ба ин корҳо ҳамроҳ шуда мо ҳам қисми ин ҷаҳон мегардем (Юҳ. 15:19). Мо медонем, ки танҳо Подшоҳии Худо бар замин сулҳу осоиштагӣ меорад.

6. Мо барои одамон чӣ кор кардан мехоҳем ва барои чӣ?

6 Ғайр аз он ки худамон ҳушёру бедор бошем, мо ба дигар одамон низ кӯмак кардан мехоҳем, то аз хоби рӯҳонӣ бедор шаванд ва ба воқеаҳои дар Китоби Муқаддас пешгӯйишуда сарфаҳм раванд. Фаромӯш накунед, ки вақте мусибати бузург сар мешавад, он гоҳ барои наҷот ёфтан аллакай дер мегардад. Ана барои ҳамин ҳоло кори мавъизаи мо хеле фаврӣ аст *.

БО КОРИ МАВЪИЗА БАНД БОШЕД

Имрӯз мо ба одамон мавъиза мекунем, ки танҳо Подшоҳии Худо ба замин сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ оварда метавонад (Ба сархатҳои 7–9 нигаред.)

7. Ҳоло Яҳува аз мо чиро интизор аст?

7 Яҳува мехоҳад, ки мо дар вақти кӯтоҳе, ки то «рӯзи» Ӯ боқӣ мондааст, бо кори мавъиза банд бошем. Оё шумо «дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд» доред? (1 Қӯр. 15:58). Исо ҳангоми пешгӯйӣ кардани воқеаҳои муҳими охирзамон қайд кард, ки мо бояд бо кадом кор банд бошем. Ӯ гуфт: «Лозим аст, ки аввал ин хушхабар ба тамоми халқҳо мавъиза карда шавад» (Марқ. 13:4, 8, 10; Мат. 24:14). Шумо оё дарк мекунед, ки ҳар боре ки ба хизмат меравед, дар иҷрошавии ин пешгӯйии Китоби Муқаддас саҳм мегузоред?

8. Чӣ тавр кори мавъизаи хушхабар пеш рафта истодааст?

8 Дар бораи комёбиҳои кори мавъиза чӣ гуфтан мумкин аст? Сол аз сол ин кор пеш рафта истодааст. Масалан, фикр кунед, ки дар давоми айёми охир шумораи воизони хушхабар дар тамоми ҷаҳон чӣ қадар афзуд. Соли 1914 дар 43 давлат ҳамагӣ 5155 воиз хизмат мекард. Ҳоло бошад, дар 240 давлат беш аз 8,5 миллион воиз хизмат мекунанд! Лекин то ҳол кор бисёр аст. Мо бояд минбаъд низ ба дигарон гӯем, ки ягона роҳи ҳалли душвориҳои инсоният Подшоҳии Худо мебошад (Заб. 144:11–13).

9. Чаро мо бояд мавъизаи хушхабарро давом диҳем?

9 То он даме ки Яҳува кори мавъиза тамом нагӯяд, мо онро бас намекунем. Боз чӣ қадар вақт мондааст, ки одамон дар бораи Яҳува ва Исои Масеҳ «дониш гиранд»? (Юҳ. 17:3). Инро мо намедонем. Вале мо медонем, ки то сар шудани мусибати бузург ҳар касе ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» аст, хушхабарро қабул карда роҳи ҳақиқатро интихоб карда метавонад (Аъм. 13:48). Чӣ тавр мо, ҳоло ки дер нашудааст, ба он одамон кӯмак карда метавонем?

10. Барои ба одамон таълим додани ҳақиқат, Яҳува ба мо чӣ тавр кӯмак мекунад?

10 Ба воситаи ташкилоташ Яҳува ба мо ҳама чизи лозимаро медиҳад, то ба одамон ҳақиқатро таълим диҳем. Масалан, ҳар ҳафта дар вохӯриҳои байниҳафта мо аз Ӯ таълим мегирем. Ин вохӯрӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар сӯҳбати аввал ва боздидҳо чӣ гуфтанро донем. Ҳамчунин мо тарзи гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддасро ёд мегирем. Ташкилоти Яҳува боз барои хизмати мо асбобҳои гуногунро фароҳам овардааст, ки онҳо «Маводи таълимӣ» ном доранд. Онҳо ба мо ёрӣ медиҳанд, ки...

  • сӯҳбатро бо одамон сар кунем,

  • хушхабарро ба таври ҷолиб ба онҳо пешкаш кунем,

  • шавқи онҳоро бедор кунем, то дар бораи Китоби Муқаддас бештар маълумот гиранд,

  • бо онҳо омӯзиш гузаронда ҳақиқатро таълим диҳем,

  • шавқмандонро бо сайти ташкилотамон шинос кунем ва ба вохӯриҳо даъват намоем.

Албатта, танҳо бо худ доштани ин маводҳо кофӣ нест, мо бояд онҳоро истифода барем *. Масалан, агар баъди сӯҳбат бо шахси шавқманд мо ба ӯ рисола ё маҷаллаеро гузорем, вай то вохӯрии навбатӣ имконият дорад, ки онро хонад. Ҳар яки мо шахсан вазифадорем, ки ҳар моҳ то ҳадди имкон бо кори мавъиза банд бошем.

11. Барои чӣ дар сайтамон Онлайн-омӯзиши Китоби Муқаддас ҷорӣ шуд?

11 Боз як роҳи дигаре, ки Яҳува ба одамон барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак мекунад, ин Онлайн-омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад. Барои чӣ чунин дарсҳои худомӯзӣ дар сайтамон гузошта шудаанд? Чунки ҳар моҳ даҳҳо ҳазор одамон аз давлатҳои гуногун дар интернет маълумотеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки Китоби Муқаддасро ба онҳо фаҳмонда диҳад. Дарсҳои сайти мо чунин одамонро бо ҳақиқати Каломи Худо шинос мекунанд. Баъзе одамоне, ки мо дар хизмат вомехӯрем, шояд аз омӯзиш кардан бо мо шарм доранд. Ба чунин одамон мо метавонем бахши Онлайн-омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон диҳем ё суроғаи (ссылка) онро ба онҳо ирсол кунем *.

12. Аз Онлайн-омӯзиши Китоби Муқаддас шахс чӣ омӯхта метавонад?

12 Онлайн-омӯзиши Китоби Муқаддас чунин мавзӯъҳо дорад: «Китоби Муқаддас ва Муаллифи он», «Қаҳрамонони асосии Китоби Муқаддас» ва «Хабари умедбахш оиди оянда». Ба воситаи он мавзӯъҳо шахс мефаҳмад, ки...

  • чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ӯ кӯмак карда метавонад?

  • Яҳува, Исо ва фариштагон кистанд?

  • чаро Худо одамонро офаридааст?

  • чаро бадӣ ва ранҷу азоб вуҷуд дорад?

Дар он боз фаҳмонда мешавад, ки чӣ тавр Яҳува...

  • ба ранҷу азоб ва марг хотима мебахшад?

  • мурдагонро эҳё мекунад?

  • ҳокимиятҳои одамиро бо Подшоҳии Худ иваз мекунад?

13. Оё Онлайн-омӯзиш ҷойи бо воиз рӯ ба рӯ омӯзиш карданро мегирад? Фаҳмонед.

13 Мустақилона Онлайн-омӯзиш кардан хуб аст. Лекин он ҷойи бо воиз рӯ ба рӯ омӯзиш карданро намегирад. Исо ба мо супориши пуршараф дод, ки шогирд тайёр кунем. Мо умед дорем, ки ба шавқмандон чизҳои дар Онлайн-омӯзиш фаҳмидаашон маъқул мешавад ва баъд онҳо зиёдтар донистан мехоҳанд. Шояд он вақт онҳо ба омӯзиш бо Шоҳидони Яҳува розӣ шаванд. Дар охири ҳар як дарс омӯзанда даъват карда мешавад, ки чунин омӯзишро дархост кунад. Ҳар рӯз ба сайти мо аз тамоми ҷаҳон беш аз 230 кас даромада омӯзиши Китоби Муқаддасро дархост мекунад. Чунин омӯзиши рӯ ба рӯ хеле муҳим аст.

МИНБАЪД НИЗ БАРОИ ШОГИРД ТАЙЁР КАРДАН КӮШИШ КУНЕД

14. Мувофиқи дастуроти Исо, ки дар Матто 28:19, 20 оварда шудааст, мо бояд бо тамоми қувват ба чӣ кӯшиш кунем ва чаро?

14 Матто 28:19, 20-ро хонед. Мо чун омӯзгорони Каломи Худо бо тамоми қувват кӯшиш мекунем, ки шогирд тайёр кунем ва «риоя кардани ҳар он чизеро», ки Исо фармудааст, таълим диҳем. Мо бояд ба онҳо фаҳмонем, ки ба Яҳува хизмат кардан то чӣ андоза муҳим аст. Барои ин онҳо бояд чизҳои фаҳмидаашонро ба кор баранд, ҳаёташонро ба Яҳува бахшанд ва таъмид гиранд. Танҳо он вақт онҳо дар рӯзи Яҳува наҷот хоҳанд ёфт (1 Пет. 3:21).

15. Барои кадом кор мо набояд вақтамонро сарф кунем ва чаро?

15 Чуноне ки дар боло гуфтем, то омадани анҷоми ин тартибот вақт хеле кам мондааст. Аз ин рӯ мо бо онҳое, ки рӯҳан пешравӣ намекунанду нияти шогирди Исо шуданро надоранд, омӯзиш намекунем (1 Қӯр. 9:26). Кори мо фаврӣ мебошад! Ҳоло ки вақт ҳаст, мо бояд боз ба бисёр одамон хабари Подшоҳиро расонем.

БО ДИНИ ДУРӮҒ ЯК ЗАРРА ҲАМ ХУДРО ОЛУДА НАСОЗЕД

16. Мувофиқи Ваҳй 18:2, 4, 5, 8 ҳар яки мо бояд чӣ кор кунем? (Ба эзоҳ нигаред.)

16 Ваҳй 18:2, 4, 5, 8-ро хонед. Ин оятҳо нишон медиҳанд, ки Яҳува аз хизматгоронаш боз чиро талаб мекунад. Ҳама масеҳиёни ҳақиқӣ бояд худро аз Бобули бузург пурра дур гиранд. Пеш аз фаҳмидани ҳақиқат омӯзандае шояд ба ягон калисо ё дини дигар аъзо буд. Мумкин ӯ ба чорабиниву маросимҳои он мерафт ва дар онҳо иштирок мекард. Ё шояд ӯ барои он ташкилот пул хайрия мекард. Пеш аз он ки шахс воизи таъмиднаёфта гардад, ӯ бояд алоқаашро пурра бо дини дурӯғ канад. Ва ба калисо ё ташкилоти динии пештарааш нома навишта хабар диҳад, ки дигар аъзои он нест. *

17. Аз кадом намудҳои кор масеҳиён худро дур мегиранд ва чаро?

17 Масеҳиёни ҳақиқӣ бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки коре, ки онҳо барои таъмини худ мекунанд, бо Бобули бузург ҳеҷ алоқа надорад (2 Қӯр. 6:14–17). Шоҳиди Яҳува, албатта, набояд дар калисо ё дигар ибодатгоҳи дини дурӯғ кор кунад. Ҳамчунин агар масеҳӣ коргари хизматрасон бошад, (масалан, сантехник ё устои барқ) ӯ набояд дурудароз дар биное, ки бо дини дурӯғ алоқаманд аст, кор кунад. Агар ӯ соҳибкори хусусӣ бошад, албатта, аз ҳеҷ ягон ташкилоти бо дини дурӯғ алоқаманд дархост қабул намекунад ё шартнома намебандад. Чаро ба ин масъала мо хеле ҷиддӣ муносибат мекунем? Зеро мо намехоҳем, ки ба корҳо ва гуноҳҳои он ташкилотҳои динӣ, ки дар чашми Худо нопоканд, шарик бошем (Иш. 52:11) *.

18. Чӣ тавр як бародар нишон дод, ки дар масъалаи кор қатъиян принсипҳои Китоби Муқаддасро риоя мекунад?

18 Як пири ҷамъомад ҳунари дуредгарӣ дошт. Чанд сол пеш як корхонаи сохмонӣ аз ӯ хоҳиш кард, ки дар бинои калисое баъзе корҳои дуредгариро иҷро кунад. Он корхона медонист, ки бародар ҳама вақт дар калисоҳо кор карданро рад мекунад. Вале ин дафъа аз сабаби наёфтани дуредгар он корхона ночор боз ба бародар муроҷиат кард. Бародари мо бошад, боқатъият мувофиқи принсипҳои Каломи Худо амал карда он пешниҳодро рад намуд. Ҳафтаи дигар, дар рӯзномаи маҳаллӣ расме чоп шуд, ки дар он дуредгаре дар болои боми калисо салиб мечаспонд. Агар бародари мо дар иродааш устувор намонда ба он кор розӣ мешуд, ҳоло дар рӯзнома расми ӯ мебуд. Тасаввур кунед, ки баъди ин обрӯйи ӯ дар байни Шоҳидон чӣ мешуд ва аз ҳама муҳимаш Яҳува аз ин чӣ ҳис мекард!

МО ЧИРО ФАҲМИДЕМ?

19, 20. а) Мо аз ин мақола чиро фаҳмидем? б) Дар мақолаи навбатӣ ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

19 Мувофиқи пешгӯйии Китоби Муқаддас воқеаи муҳиме, ки ба наздикӣ бояд дар ҷаҳон рӯй диҳад, ин эълон шудани «сулҳу амният» аст. Азбаски Яҳува моро таълим медиҳад, мо медонем, ки роҳбарони ҷаҳон сулҳу осоиштагии ҳақиқиро ба даст оварда наметавонанд. То расидани он рӯз ва сар шудани мусибати бузург мо бояд чӣ кор кунем? Яҳува мехоҳад, ки мо бо кори мавъизаи хушхабар банд бошем ва ҳарчи бештар шогирд тайёр кунем. Ҳамзамон, мо бояд як зарра ҳам худро бо дини дурӯғ олуда насозем. Барои ин ба мо лозим аст, ки аз ҳар гуна ташкилотҳое, ки аз дини дурӯғ реша мегиранд, алоқаро канем ва дар корхонаҳое, ки бо дини дурӯғ алоқаманданд, кор накунем.

20 Дар вақти анҷоми ин тартибот боз кадом воқеаҳо рӯй хоҳанд дод? Ва Яҳува аз мо боз чиро интизор аст? Аз мақолаи навбатӣ мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем ва мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ҳамаи он воқеаҳо, ки ба наздикӣ рӯй медиҳанд, тайёр бошем.

СУРУДИ 17 Ба пеш, Шоҳидон!

^ сарх. 5 Ба наздикӣ эълони «сулҳу амният» садо медиҳад, ки ин нишонаи саршавии мусибати бузург хоҳад буд. То расидани он вақт мо бояд бо кадом кор банд бошем? Ба ин савол мо дар ин мақола ҷавоб меёбем.

^ сарх. 3 Масалан, Созмони Миллали Муттаҳид дар сомонаи худ изҳор мекунад, ки он «дар байни ҳамаи миллатҳо сулҳу амниятро нигоҳ медорад».

^ сарх. 10 Маълумоти бештарро оиди истифодаи «Маводи таълимӣ» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз октябри с. 2018 мақолаи «Ҳақиқатро таълим диҳед», хонда метавонед.

^ сарх. 11 Ин дарсҳо айни ҳол ба забонҳои англисӣ ва португалӣ дастрасанд ва дар оянда бо забонҳои дигар ҳам мебароянд.

^ сарх. 16 Мо ҳамчунин бояд аз чунин ҷойҳо, ба монанди лагерҳои истироҳатӣ барои ҷавонон ё марказҳои фароғатӣ, ки бо дини дурӯғ алоқаманданд, дурӣ ҷӯем. Инчунин дар баъзе шаҳрҳо ташкилоти динӣ барои одамон муассисаҳои таълимӣ, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ё марказҳои саломатӣ месозанд. Шояд онҳо мегӯянд, ки фаъолияташон бо дин алоқаманд нест, лекин дар асл мақсади онҳо ба одамон талқин кардани ақидаҳои динии худ мебошад.

^ сарх. 17 Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели с. 1999 (рус.), мақолаи «Саволҳои хонандагон» нуқтаи назари Яҳува оиди кору хизматрасониҳое, ки бо биноҳои динӣ алоқаманданд, муфассал муҳокима шудааст.

^ сарх. 83 ШАРҲИ РАСМ: Мизоҷон дар қаҳвахона аз шунидани хабари фаврӣ оиди эълон шудани «сулҳу амният» дар ҳайратанд. Вале ҳамсароне, ки баъди хизмат дам гирифта истодаанд, аз шунидани ин хабар фирефта намешаванд.