Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45

Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад?

Чӣ тавр рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад?

«Бо ёрии Оне, ки ба ман қувват мебахшад, ҳама чиро паси сар карда метавонам» (ФЛП. 4:13).

СУРУДИ 38 Бори дилатро ба Яҳува парто

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Барои дар мушкилиҳо тоб овардан чӣ ба мо кӯмак мекунад? Фаҳмонед. б) Дар ин мақола мо чиро муҳокима мекунем?

«ВАҚТЕ ман душвориҳои аз сар гузаронидаамро ба хотир меорам, дарк мекунам, ки танҳо бо қуввати худ онҳоро паси сар карда наметавонистам». Оё шумо низ боре рӯзҳои сахти ҳаётатонро ба хотир оварда чунин гуфтаед? Бешубҳа, бисёри аз мо ҳамин тавр гуфтаем. Шояд шумо бемории ҷиддиро аз сар гузарондаед ё ягон шахси наздикатонро аз даст дода будед. Ва ҳоло ба ақиб нигариста дарк мекунед, ки агар Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ба шумо «қувваи барзиёд ато» намекард, шумо ба он мушкилиҳо тоб оварда наметавонистед (2 Қӯр. 4:7–9).

2 Ҳамчунин мо бе кӯмаки рӯҳи Яҳува худамон ба таъсири ин ҷаҳони шарир муқобилат карда наметавонем (1 Юҳ. 5:19). Ғайр аз ин ба мо қувват лозим аст, то бо «рӯҳҳои нопок» мубориза барем (Эфс. 6:12). Аз ин рӯ биёед, ҳоло фаҳмем, ки дар ҳамаи ин мушкилиҳо рӯҳи муқаддас бо кадом ду роҳ ба мо кӯмак мекунад. Сипас дида мебароем, ки мо аз тарафи худ чӣ кор карда метавонем, то рӯҳи муқаддас ба мо бештар таъсир кунад.

РӮҲИ МУҚАДДАС БА МО ҚУВВАТ МЕБАХШАД

3. Як роҳе, ки Яҳува ба мо барои тоб овардан ба мушкилиҳо кӯмак мекунад, кадом аст?

3 Рӯҳи поки Яҳува ба мо қувват мебахшад, ки новобаста аз мушкилиҳо хизмати худро давом диҳем. Павлуси расул ба озмоишҳояш нигоҳ накарда ба Яҳува хизмат мекард, зеро ӯ ба «қуввати Масеҳ» такя менамуд (2 Қӯр. 12:9). Дар давоми сафари дуюми миссионериаш Павлус на танҳо дар кори мавъиза сахт меҳнат мекард, балки боз кор карда худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин менамуд. Ҳангоми дар шаҳри Қӯринт буданаш, ӯ дар хонаи Акило ва Прискила зиндагӣ мекард. Онҳо хаймадӯз буданд. Павлус, ки чунин ҳунар дошт, ӯ низ баъзан бо онҳо кор мекард (Аъм. 18:1–4). Рӯҳи муқаддас ба Павлус қувват мебахшид, ки ҳам кор кунаду ҳам хизматашро ба ҷо орад.

4. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 12:7б–9 Павлус чӣ гуна душворӣ дошт?

4 2 Қӯринтиён 12:7б–9-ро хонед. Дар ин оятҳо Павлус мегӯяд, ки «неше дар ҷисм» ӯро азоб медод. Ӯ чиро дар назар дошт? Агар ба бадани мо ягон неш ё хоре халад, ҷони мо сахт дард мекунад. Павлус низ аз озмоише дар азоб буд. Вай гуфт, ки ин озмоиш мисли «фариштаи Шайтон» гӯё ӯро хала карда меистод. Шояд сабаби мушкилии Павлус бевосита Шайтон ва девҳо набуданд, яъне он нешро онҳо ба бадани Павлус намехалонданд. Лекин ин рӯҳҳои нопок «неш»-и дар ҷисми ӯ бударо пай бурда кӯшиш мекарданд, ки онро чуқуртар халонанд, яъне дардашро зиёдтар кунанд. Ӯ чӣ кор кард?

5. Яҳува ба дуоҳои Павлус чӣ гуна ҷавоб дод?

5 Дар аввал Павлус мехост, ки аз он «неш» халос шавад. Ӯ иқрор шуда мегӯяд: «Се бор аз Худованд илтиҷо кардам, ки онро аз ман дур созад». Вале қатъи назар аз дуоҳои Павлус неш дар ҷисми ӯ боқӣ мемонд. Пас, магар дуоҳои Павлус беҷавоб монданд? Албатта, не. Яҳува ба онҳо ҷавоб дод. Ӯ душвории Павлусро бартараф накарда бошад ҳам, барои ба он тоб овардан қувват бахшид. Яҳува гуфт: «Қуввати Ман дар сустӣ комил мегардад» (2 Қӯр. 12:8, 9). Ҳамин тавр, бо мадади Худо Павлус тавонист оромии ботинӣ ва хурсандиашро нигоҳ дорад! (Флп. 4:4–7).

6. а) Яҳува ба дуоҳои мо чӣ тавр ҷавоб дода метавонад? б) Оятҳои дар сархат овардашуда моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?

6 Оё шумо низ мисли Павлус аз Яҳува илтиҷо карда будед, ки ягон душвориатонро бартараф кунад? Агар нигоҳ накарда ба зориву таваллои шумо он душворӣ ҳал нашавад, ё ҳатто вазъият бадтар шавад, шояд шумо ғамгин шуда фикр кунед, ки Яҳува аз шумо норозӣ аст. Лекин мисоли Павлусро ба хотир оред. Чуноне ки Яҳува ба дуоҳои Павлус ҷавоб дод, Ӯ ба дуоҳои шумо низ, албатта, ҷавоб медиҳад! Мумкин Яҳува душвориатонро бартараф накунад, вале бо воситаи рӯҳи муқаддасаш Ӯ ба шумо қувват медиҳад, ки ба он тоб оред (Заб. 60:4, 5). Шояд шумо худро «ба замин афтода» ҳис кунед, вале бидонед, ки Яҳува шуморо ҳеҷ гоҳ намепартояд (2 Қӯр. 4:8, 9; Флп. 4:13).

РӮҲИ МУҚАДДАС КӮМАК МЕКУНАД, КИ ХИЗМАТИ ХУДОРО ДАВОМ ДИҲЕМ

7, 8. а) Ба кадом маъно рӯҳи муқаддасро ба шамол монанд кардан мумкин аст? б) Петрус амали рӯҳи муқаддасро чӣ тавр мефаҳмонад?

7 Рӯҳи муқаддас ба мо боз бо як роҳи дигар кӯмак мекунад, ки инро бо мисоли қаиқ фаҳмондан мумкин аст. Дар баҳри пурталотум боди мувофиқ, яъне шамоле, ки ба самти ҳаракати қаиқ мевазад, барои ба пеш шино кардани он кӯмак мекунад. Мисли он шамол, рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки нигоҳ накарда ба душвориҳои тӯфонмонанд ба пеш — сӯйи дунёи нав ҳаракат кунем.

Петруси расул чун моҳигир бо қаиқронӣ нағз шинос буд. Барои ҳамин вай ҳангоми тасвир кардани амали рӯҳи муқаддас ибораи бо ин алоқамандро истифода бурд. Ӯ навишт: «Пешгӯйӣ ҳеҷ гоҳ аз рӯйи хости одамизод ба забон оварда нашудааст, балки одамон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас, аз ҷониби Худо, сухан гуфтаанд». Калимаи юноние, ки чун «роҳнамоӣ» тарҷума шудааст, аслан маънои «ҷунбондан ё ба ҳаракат овардан»-ро дорад (2 Пет. 1:21).

9. Ҳангоми хондани суханони 2 Петрус 1:21 одамон чиро тасаввур карда метавонистанд?

Петрус ҳангоми истифода бурдани ибораи «ба ҳаракат овардааст», кадом тасаввуротро дар хонандагон пайдо карданӣ буд? Барои фаҳмидани ин биёед бинем, ки маҳз ин калимаи юнониро Луқо дар китоби Аъмол чӣ тавр ба кор бурдааст. Дар Аъмол 27:15 ӯ ин калимаро барои тасвир кардани қаиқе, ки бо шамоли сахт «ронда» мешуд, истифода бурд. Як таҳқиқотчии Китоби Муқаддас суханони 2 Петрус 1:21-ро шарҳ дода гуфт, ки вақте одамон дар ин оят мехонанд, ки нависандагони Каломи Худоро рӯҳи муқаддас «ба ҳаракат овардааст», онҳо рондани қаиқро тасаввур мекунанд. Петрус дар асл гуфтанӣ буд, ки чуноне ки шамол қаиқро ба ҳаракат оварда, барои то манзил расидан кӯмак мекунад, ҳамин тавр рӯҳи Яҳува ба нависандагони Китоби Муқаддас роҳнамоӣ кард, ки вазифаи худро иҷро намоянд. Ҳамон олим боз гуфт, ки пайғамбарон ва нависандагони Китоби Муқаддас гӯё мисли қаиқ бодбонҳои худро бардошта ба шамол, яъне рӯҳулқудс гузоштанд, ки онҳоро ба самти лозима «ронад» ё роҳнамоӣ кунад. Яҳува вазифаи Худро иҷро карда «шамол», яъне рӯҳи муқаддасро дод. Нависандагони Китоби Муқаддас низ вазифаи худро иҷро карданд, яъне супориши Худоро мувофиқи роҳнамоии рӯҳи муқаддас ба ҷо оварданд.

ҚАДАМИ 1: Дар корҳои рӯҳонӣ мунтазам иштирок кунед

ҚАДАМИ 2: Барои дар он корҳои рӯҳонӣ фаъолона иштирок кардан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед (Ба сархати 11 нигаред.) *

10, 11. Барои он ки рӯҳи муқаддас моро ба пеш тела диҳад, мо бояд кадом ду қадамро гузорем? Мисол оред.

10 Албатта, имрӯз Яҳува бо рӯҳаш одамонро илҳом намебахшад, ки китобҳои Навиштаҳои Муқаддасро нависанд. Лекин Ӯ то ҳол бо воситаи рӯҳи муқаддас ба хизматгоронаш роҳнамоӣ ва кӯмак мекунад. Яъне Яҳува вазифаи Худро иҷро карда рӯҳи муқаддасашро медиҳад. Пас, чӣ кор кунем, то он ба мо бештар таъсир кунад? Мо низ дар навбати худ бояд вазифаамонро иҷро кунем. Чӣ тавр?

11 Дар бораи мисоли зерин фикр кунед. Қаиқрон барои аз вазидани шамол манфиат гирифтан бояд ду амалро ба ҷо орад. Якум, вай бояд қаиқро ба ҷое барад, ки дар он ҷо шамол мевазад. Охир, агар қаиқ дар бандар истад, он ба пеш ҳаракат карда наметавонад, чунки аз ҷойи вазиши шамол дур аст. Дуюм, ӯ бояд бодбонҳои қаиқро то ҳадди имкон калон кушояд. Лекин қаиқ танҳо дар он сурат ба пеш шино мекунад, агар он ба самти вазиши шамол ҳаракат кунад. Ба ин монанд, мо танҳо бо ёрдами рӯҳи муқаддас хизмати Яҳуваро давом дода метавонем. Барои он ки рӯҳулқудс ба мо бештар таъсир кунад, мо низ бояд ду қадамро гузорем. Якум, мо бояд дар ҷое қарор дошта бошем, ки он ҷо рӯҳи муқаддас ҳаст, яъне бо корҳое банд бошем, ки зери таъсири рӯҳи Худо иҷро карда мешаванд. Дуюм, мо бояд «бодбонҳои худро то ҳадди имкон баланд бардорем», яъне дар корҳои рӯҳонӣ ҳарчи бештар иштирок кунем (Заб. 118:32). Вақте мо ин қадамҳоро мегузорем, рӯҳи муқаддас моро ба пеш тела медиҳад ва мо нигоҳ накарда ба мавҷҳои мухолифат ва душвориҳо содиқона хизматро давом дода сӯйи дунёи нав ҳаракат мекунем.

12. Дар давоми мақола мо чиро дида мебароем?

12 Инак, дар боло мо дида баромадем, ки бо кадом ду роҳ рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад. Рӯҳи муқаддас ба мо қувват мебахшад ва ёрдам медиҳад, ки ҳангоми озмоишҳо содиқ монем. Инчунин он рӯҳ моро ба пеш тела медиҳад ва кӯмак мекунад, ки дар роҳи ҳаёти ҷовидона бимонем. Акнун биёед чор амалеро дида бароем, ки бо ёрии онҳо мо таъсири рӯҳи муқаддасро бештар ҳис мекунем.

ЧӢ КОР КУНЕМ, ТО РӮҲИ МУҚАДДАС БЕШТАР БА МО ТАЪСИР КУНАД?

13. Мувофиқи 2 Тимотиюс 3:16, 17 Каломи Худо ба инсон чӣ гуна таъсир расонда метавонад ва барои ин мо бояд чӣ кор кунем?

13 Якум, Каломи Худоро омӯзед. (2 Тимотиюс 3:16, 17-ро хонед.) Яҳува бо рӯҳи Худ ба нависандагони Китоби Муқаддас илҳом бахшид, ки фикрҳои Ӯро нависанд. Вақте мо Каломи Худоро мехонем ва дар бораи чизҳои хондаамон мулоҳиза меронем, фикрҳои Худо ба ақлу дили мо ҷо мешаванд. Ва дастуроти Ӯ моро бармеангезад, ки ҳаётамонро ба иродааш мувофиқ созем (Ибр. 4:12). Вале барои он ки рӯҳи муқаддас ба мо зиёдтар таъсир кунад, мо бояд вақт ҷудо карда мунтазам Каломи Худоро хонем ва оиди чизҳои хондаамон чуқур мулоҳиза кунем. Он гоҳ Каломи Худо ба ҳар гуфтору рафтори мо таъсир хоҳад кард.

14. а) Чаро гуфтан мумкин аст, ки вохӯриҳои ҷамъомад ҷое мебошанд, ки «шамол мевазад»? б) Чӣ кунем, то дар вохӯриҳои ҷамъомад рӯҳулқудс ба мо бештар таъсир кунад?

14 Дуюм, якҷоя Худоро ибодат кунед (Заб. 21:23). Вохӯриҳои ҷамъомад ҷое мебошанд, ки дар он ҷо «шамол мевазад», яъне рӯҳи муқаддаси Яҳува ҳузур дорад (Ваҳй 2:29). Чаро чунин гуфтан мумкин аст? Зеро вақте мо барои ибодат бо ҳамимонон ҷамъ меоем, мо дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас мепурсем, сурудҳо месароем, ки бар Каломи Худо асос ёфтаанд ва дастуроти бар Китоби Муқаддас асосёфтаи бародаронеро гӯш мекунем, ки бо ёрии рӯҳулқудс таъйин шудаанд. Ва ҳамон рӯҳи муқаддас ба хоҳарон низ кӯмак мекунад, ки бо супоришҳо баромад кунанд. Аммо барои он ки рӯҳулқудс пурра ба мо таъсир кунад, бояд ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ дида оем ва иштирок кунем. Ҳамин тавр мо дар ҷамъомад гӯё «бодбонҳои худро калон кушода» аз он пурра манфиат мегирем.

15. Чӣ тавр рӯҳи муқаддас дар хизмати мавъиза ба мо роҳнамоӣ мекунад ва барои ин мо бояд чӣ кор кунем?

15 Сеюм, дар кори мавъиза иштирок кунед. Вақте мо дар кори мавъиза ва таълимдиҳӣ Китоби Муқаддасро истифода мебарем, мо ба рӯҳи Худо мегузорем, ки дар хизмат ба мо роҳнамоӣ кунад (Рум. 15:18, 19). Лекин агар хоҳем, ки рӯҳи муқаддаси Яҳува ба мо бисёртар таъсир кунад, бояд мунтазам дар хизмат иштирок кунем ва ҳар имкониятро истифода бурда аз Китоби Муқаддас оят хонем. Яке аз роҳҳои беҳтар гардондани хизмат ин истифода бурдани намунаҳо барои сӯҳбат аз «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмат”» мебошад.

16. Роҳи асосии бевосита ба даст овардани рӯҳи Худо кадом аст?

16 Чорум, ба Яҳува дуо гӯед (Мат. 7:7–11; Луқ. 11:13). Роҳи асосии бевосита ба даст овардани рӯҳи муқаддас — дар дуо аз Яҳува онро пурсидан аст. Ҳеҷ чиз — на деворҳои маҳбас, на Шайтон ба мо монеа шуда наметавонанд, ки дар дуо аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем ва он атои некро ба даст орем (Яъқ. 1:17). Чӣ тавр мо бояд дуо гӯем, то таъсири рӯҳи муқаддасро бештар ҳис кунем? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан биёед масалеро, ки танҳо дар Хушхабари Луқо оварда шудааст, дида бароем. Ҳамин тавр мо оиди дуо чуқуртар мефаҳмем *.

БОИСРОР ДУО ГӮЕД

17. Аз масали Исо, ки дар Луқо 11:5–9, 13 оварда шудааст, мо дар бораи дуо чӣ меомӯзем?

17 Луқо 11:5–9 ва 13-ро хонед. Ин масали Исо нишон медиҳад, ки дар дуо мо бояд чӣ тавр рӯҳи муқаддас пурсем. Марде, ки дар масал омадааст, чизеро, ки ба он мӯҳтоҷ буд, ба даст овард, чунки онро «гаштаву баргашта талаб» кард. Ҳарчанд бевақтии шаб буд, вай барои аз дӯсташ кӯмак пурсидан шарм надошт. (Ба «Дафтари вохӯрии “Ҳаёт ва хизмат”» аз июли с. 2018, қисми «Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом» ба маънидоди Луқо 11:5–9 нигаред.) Исо бо ин масал оиди дуо чиро таълим дод? Ӯ гуфт: «Талаб кунед ва ба шумо дода хоҳад шуд, ҷӯед ва пайдо хоҳед кард, дарро тақ-тақ кунед ва он ба шумо кушода хоҳад шуд». Хӯш, мо аз ин чӣ дарс мегирем? Барои он ки Яҳува ба мо рӯҳи муқаддас диҳад, мо бояд боисрор дар ин бора дуо гӯем.

18. Мувофиқи масали Исо чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба мо рӯҳи муқаддасашро медиҳад?

18 Масали Исо инчунин мефаҳмонад, ки чаро Яҳува ба мо рӯҳи муқаддас медиҳад. Марде, ки дар масал оварда шудааст, мехост, ки меҳмонашро хуб пазироӣ намояд. Вай аз рӯйи одамгарӣ ба назди шахсе, ки шабона ба хонааш омад, хӯроке монданӣ буд, вале ҳеҷ чиз надошт. Исо гуфт, ки азбаски он мард гаштаю баргашта аз дӯсташ нон пурсид, вай хоҳиши ӯро ба ҷо овард. Бо ин суханонаш Исо чиро қайд карданӣ буд? Вай мехост фаҳмонад, ки агар одами нокомил барои ба дӯсти исроркораш кӯмак кардан тайёр бошад, пас то чӣ андоза бештар Падари меҳрубони осмониамон тайёр аст ба касоне, ки боисрор аз Ӯ рӯҳи муқаддас мепурсанд, ҷавоб диҳад. Аз ин рӯ мо боварии комил дошта метавонем, ки агар аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсем, Ӯ, албатта, ба мо онро медиҳад (Заб. 9:38; 65:19).

19. Чаро мо боварии комил дорем, ки то охир истодагарӣ карда метавонем?

19 Вақте мо бо боди шадиди душвориҳо дучор мешавем, Шайтон бераҳмона кӯшиш мекунад, ки моро аз по афтонад. Лекин нигоҳ накарда ба кӯшишҳои вай мо метавонем ба мушкилиҳо тоб орем ва бар ӯ ғолиб оем. Чаро? Чунки рӯҳи муқаддас бо ду роҳ ба мо кӯмак мекунад. Якум, он ба мо қувват мебахшад, ки дар душвориҳо истодагарӣ кунем. Дуюм, он ба мо кӯмак мекунад, ки ба пеш ҳаракат кунем ва то омадани биҳишт хизмати Яҳуваро давом диҳем. Биёед ҷидду ҷаҳдро суст накунем ва гузорем, ки рӯҳи муқаддаси Яҳува пурра ба мо таъсир кунад!

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

^ сарх. 5 Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр рӯҳи муқаддаси Яҳува ба мо кӯмак мекунад, ки истодагарӣ кунем. Ҳамчунин мефаҳмем, ки барои он ки рӯҳи муқаддас бештар ба мо таъсир кунад, бояд чӣ кор кунем.

^ сарх. 16 Назар ба дигар нависандагони Хушхабар Луқо бисёртар қайд мекунад, ки дуо қисми муҳими ҳаёти Исо буд (Луқ. 3:21; 5:16; 6:12; 9:18, 28, 29; 18:1; 22:41, 44).

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМҲО: ҚАДАМИ 1: Ин ҳамсарон барои бо ҳамимонон Худоро ибодат кардан ба ҷамъомад меоянд, зеро дар он ҷо рӯҳи Яҳува ҳузур дорад. ҚАДАМИ 2: Онҳо бо тайёрӣ омадаанд ва дар ҷамъомад ҷавоб медиҳанд. Ду қадаме, ки дар ин мақола муҳокима кардем, ба дигар корҳои рӯҳонӣ низ дахл доранд, масалан, ба омӯзиши Каломи Худо, ба иштирок дар мавъиза ва ба Яҳува дуо гуфтан.