Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 49

Ҳам барои кор ва ҳам барои дамгирӣ «замоне ҳаст»

Ҳам барои кор ва ҳам барои дамгирӣ «замоне ҳаст»

«Биёед ба ягон ҷойи беодам меравем, то шумо каме дам гиред» (МАРҚ. 6:31).

СУРУДИ 32 Матину устувор бошед!

ПЕШГУФТОР *

1. Бисёр одамон ба кор чӣ гуна муносибат доранд?

АКСАРИ одамони маҳалли шумо ба кор чӣ гуна муносибат доранд? Дар бисёр давлатҳо одамон аз пештара дида зиёдтар ба кор дода шудаанд. Онҳо чунон серкоранд, ки фурсат надоранд бо оилаи худ вақт гузаронанд ё дар бораи Худо таълим гиранд (Воиз 2:23). Баъзеҳо бошанд, тамоман меҳнат кардан намехоҳанд ва ҳар гуна баҳона меҷӯянд, то кор накунанд (Мас. 26:13, 14).

2, 3. Яҳува ва Исо дар чӣ намуна мебошанд?

2 Чуноне ки мебинем бисёри одамон дар ин ҷаҳон нисбати кор назари нодуруст доранд. Вале биёед дида бароем, ки Яҳува ва Исо ба кор чӣ хел муносибат мекунанд. Яҳува бешубҳа, меҳнатдӯст аст. Инро равшан қайд карда Исо гуфт: «Падари ман то ҳол кор карда истодааст ва ман низ кор мекунам» (Юҳ. 5:17). Фикр кунед, ки Худо чӣ қадар фариштаҳо ва ситораву сайёраҳои бешуморро офарид. Ӯ ҳамчунин дар замин бисёр чизҳои аҷоибу зеборо офаридааст. Аз ин рӯ забурнавис дар ҳаққи Яҳува чунин гуфт: «Чӣ бисёр аст аъмоли Ту, эй Худованд! Ҳамаро аз рӯи ҳикмат ба вуҷуд овардаӣ; замин аз офаридаҳои Ту пур аст» (Заб. 103:24).

3 Исо низ мисли Падараш меҳнат карданро дӯст медошт. Масалан, вақте Худо «афлокро муҳайё мекард», Исо дар назди Ӯ ёрдамчии моҳир буд (Мас. 8:27–31). Дертар, ҳангоми ба замин омаданаш, ӯ кори муҳимро иҷро мекард, ки он барояш чун ғизо буд. Ҳар як коре, ки Исо дар замин мекард аз он шаҳодат медод, ки ӯро Худо фиристодааст (Юҳ. 4:34; 5:36; 14:10).

4. Мо аз Яҳува ва Исо оиди дамгирӣ чӣ меомӯзем?

4 Оё меҳнаткаш будани Яҳува ва Исо маънои онро дорад, ки мо дам нагирифта фақат кор кунем? Албатта, не. Яҳува Худо ҳеҷ гоҳ монда намешавад ва ба дамгирӣ эҳтиёҷ надорад. Вале чаро Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува баъди он ки осмон ва заминро офарид, «ором гирифта, фароғат намуд»? (Хур. 31:17). Ин суханон маънои онро доранд, ки Ӯ офариданро бас карда акнун хост, ки аз дидани чизҳои офаридааш ҳаловат барад. Ва ҳарчанд Исо дар давоми хизмати заминиаш бисёр меҳнат мекард, ӯ барои бо дӯстонаш дам гирифтан ва якҷоя хӯрок хӯрдан вақт ҷудо мекард (Мат. 14:13; Луқ. 7:34).

5. Бисёриҳо аз кадом ҷиҳат душворӣ мекашанд?

5 Худо бо воситаи Каломаш ба хизматгорони Худ мегӯяд, ки меҳнатдӯст бошанд, на ин ки танбал (Мас. 15:19). Бисёри аз мо барои таъмин кардани оилаи худ дар ягон ҷо кор мекунем. Ғайр аз ин ҳамаи мо чун пайравони Масеҳ вазифадорем, ки дар мавъизаи хушхабар иштирок кунем. Ба ҳар ҳол, мо ҳамчунин эҳтиёҷ дорем, ки ба таври кофӣ дам гирем. Вале ба бисёриҳо шояд душвор аст, ки барои кор, хизмат ва дамгирӣ вақташонро дуруст ҷудо кунанд. Пас, чӣ тавр фаҳмем, ки барои кор чӣ қадар вақт сарф кардан дуруст асту барои дамгирӣ чӣ қадар?

НАЗАРИ ДУРУСТ НИСБАТИ КОР ВА ДАМГИРӢ

6. Чӣ тавр Марқӯс 6:30–34 нишон медиҳад, ки Исо ба кор ва истироҳат назари бомувозинат дошт?

6 Нисбати кор назари дуруст доштан хеле муҳим аст. Шоҳ Сулаймон зери илҳоми илоҳӣ чунин навишт: «Барои ҳар чиз замоне ҳаст, ва барои ҳар кор дар таҳти осмон вақте ҳаст». Ӯ гуфт, ки ҳар чиз вақти худро дорад — вақт барои шинондан, сохтан, гиря кардан, хандидан, рақсидан ва дигар амалҳо (Воиз 3:1–8). Дар ҳақиқат кор ва дамгирӣ ду соҳаи муҳими ҳаёт мебошанд. Исо ба ин ду чиз назари бомувозинат дошт. Боре расулонаш соатҳои дароз мавъиза карда ба назди Исо баргаштанд. Онҳо дар хизмат чунон банд буданд, ки «ҳатто барои хӯрокхӯрӣ вақт» надоштанд. Исо ба онҳо гуфт: «Биёед ба ягон ҷойи беодам меравем, то шумо каме дам гиред». (Марқӯс 6:30–34-ро хонед.) Ҳарчанд ба ӯ ва шогирдонаш на ҳама вақт муяссар мешуд, ки мувофиқи хости дилашон истироҳат кунанд, Исо мефаҳмид, ки ҳамаи онҳо ба дамгирӣ эҳтиёҷ доранд.

7. Мулоҳиза оиди қонун дар бораи рӯзи шанбе ба мо чӣ манфиат меорад?

7 Баъзан ба ҳамаи мо қадре дам гирифтан ё реҷаи худро андак дигар кардан зарур аст. Масалан, дар замони қадим Худо ба исроилиён амр фармуда буд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанберо риоя кунанд. Имрӯз мо зери Шариати Мӯсо набошем ҳам, дида баромадани қонун оиди рӯзи шанбе ба мо манфиат меорад. Он ба мо кӯмак мекунад, ки назари худро оиди кор ва дамгирӣ тафтиш кунем.

РӮЗИ ШАНБЕ — ВАҚТ БАРОИ ДАМГИРӢ ВА ИБОДАТ

8. Мувофиқи Хуруҷ 31:12–15 рӯзи шанбе барои чӣ пешбинӣ шуда буд?

8 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо дар давоми шаш «рӯз» ҳама чиро ба вуҷуд оварду баъд аз ин офариданро бас кард (Ҳас. 2:2). Аммо азбаски Яҳува меҳнатдӯст аст, Ӯ бо дигар роҳҳо «то ҳол кор карда истодааст» (Юҳ. 5:17). Чуноне ки китоби Ҳастӣ мегӯяд, Яҳува баъд аз шаш «рӯзи» меҳнат кардан, дар «рӯзи» ҳафтум «ором гирифт». Ба ин монанд Ӯ ба исроилиён амр дод, ки дар ҳар рӯзи ҳафтум, яъне шанбе бояд дам гиранд. Яҳува гуфта буд, ки рӯзи шанбе аломат байни Ӯ ва исроилиён аст. Ин рӯз бояд рӯзи «оромии комил» мебуд, ки «муқаддас барои Худованд» буд. (Хуруҷ 31:12–15-ро хонед.) Дар рӯзи шанбе ҳеҷ кас бояд кор намекард, ҳатто кӯдакон, ғуломон ва ҳайвонҳои хонагӣ (Хур. 20:10). Риоя кардани ин қонун ба халқ имконият медод, ки бештар бо корҳои рӯҳонӣ банд бошад.

9. Дар рӯзҳои Исо одамон оиди рӯзи шанбе чӣ гуна ақидаҳои нодуруст доштанд?

9 Рӯзи шанбе аслан бар манфиати халқи Худо буд, вале дар замони Исо бисёр роҳбарони динӣ оиди рӯзи шанбе қоидаҳои хеле сахт ҷорӣ карданд. Масалан, онҳо мегуфтанд, ки дар ин рӯз ҳатто канда хӯрдани як-ду сараки гандум ё шифо додани бемор раво нест (Марқ. 2:23–27; 3:2–5). Лекин ин ақидаи худи диндорон буд, на хости Худо. Ва Исо ба шунавандагонаш инро нағз фаҳмонд.

Оилаи Исо ҳар рӯзи шанбе диққаташонро ба ибодати Худо равона мекарданд (Ба сархати 10 нигаред.) *

10. Мувофиқи Матто 12:9–12 Исо оиди рӯзи шанбе чӣ гуна назар дошт?

10 Исо ва пайравонаш рӯзи шанберо риоя мекарданд, чунки онҳо зери Шариати Мӯсо буданд *. Вале Исо ҳам бо суханонаш ва ҳам бо корҳояш нишон медод, ки дар риояи рӯзи шанбе бомулоҳиза будан лозим аст ва дар он рӯз ба дигарон некӣ кардан ё кӯмак расондан нодуруст нест. Ӯ гуфт: «Дар рӯзи шанбе кардани кори нек равост». (Матто 12:9–12-ро хонед.) Бале, Исо чунин намешуморид, ки агар одам ба касе дасти ёрӣ дароз кунад, вай қонуни рӯзи шанберо вайрон мекунад. Ӯ медонист, ки Яҳува бо кадом мақсади муҳим риояи он рӯзро талаб мекард. Азбаски халқи Ӯ дар рӯзи шанбе аз кору бори ҳаррӯзаи худ дам мегирифт, он рӯз бо ибодати Яҳува бештар машғул шуда метавонист. Худи Исо дар оилае калон шуда буд, ки аз афташ рӯзи шанберо чун имконияти ба Яҳува наздик шудан истифода мебурд. Масалан, мо аз Навиштаҳо дар бораи Исо мехонем: «Мувофиқи одати худ [Исо] рӯзи шанбе ба ибодатгоҳ даромад ва барои хондани Навиштаҳои Муқаддас аз ҷой хест» (Луқ. 4:15–19).

ШУМО БА КОР ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ ДОРЕД?

11. Дар меҳнатдӯст будан кӣ ба Исо намунаи хуб нишон медод?

11 Юсуф — падархонди Исо медонист, ки Яҳува меҳнатро дӯст медорад, аз ин рӯ вай ба писараш, Исо, ҳунари дуредгариро ёд дод (Мат. 13:55, 56). Исо медид, ки чӣ тавр падараш ҳар рӯз бо арақи ҷабин меҳнат карда, оилаи калонашро мехӯронад. Ӯ ба қадри меҳнати дигарон мерасид, барои ҳамин ба шогирдонаш гуфт: «Коргар сазовори музди худ аст» (Луқ. 10:7). Бале, Исо чӣ будани меҳнати сахтро медонист.

12. Кадом оятҳои Калом нишон медиҳанд, ки бояд меҳнатдӯст бошем?

12 Павлуси расул низ чӣ будани меҳнати пурмашаққатро медонист. Барои ӯ кори асосӣ — шаҳодат додан дар бораи номи Исо ва таълимоти ӯ буд. Вале Павлус барои таъмин кардани худ кор мекард. Масеҳиёни шаҳри Таслӯникӣ хабардор буданд, ки Павлус «шабу рӯз бо арақи ҷабин меҳнат» мекард, то ба касе бор нашавад (2 Тас. 3:8; Аъм. 20:34, 35). Ӯ эҳтимол дар бораи хаймадӯзӣ карданаш ба онҳо гуфта буд. Ҳангоми дар Қӯринт буданаш ӯ ба назди Акило ва Прискила рафт ва «дар хонаи онҳо истода, ҳамроҳашон кор мекард, зеро онҳо хаймадӯз буданд». Он ки Павлус «шабу рӯз» кор мекард, маънои онро надошт, ки ӯ ба кор дода шуда буд. Масалан, дар рӯзҳои шанбе вай хаймадӯзӣ намекард. Азбаски дар он рӯз яҳудиён низ кор намекарданд, ӯ аз имконият истифода бурда ба онҳо мавъиза мекард (Аъм. 13:14–16, 42–44; 16:13; 18:1–4).

13. Мо аз мисоли Павлус чӣ меомӯзем?

13 Павлуси расул ба мо намунаи хуб гузоштааст. Ӯ барои таъмини худ бояд кор мекард, вале мунтазам «дар кори муқаддас иштирок карда хушхабари Худоро» ба дигарон мерасонд (Рум. 15:16; 2 Қӯр. 11:23). Ӯ дигаронро низ бармеангехт, ки дар кори мавъиза боғайрат бошанд. Акило ва Прискила бо Павлус дар хизмати Худо ҳамкор буданд (Рум. 12:11; 16:3). Павлус масеҳиёни Қӯринтро насиҳат кард, ки «дар кори Сарвар ҷидду ҷаҳд» кунанд (1 Қӯр. 15:58; 2 Қӯр. 9:8). Павлус зери илҳоми Худо ҳамчунин навишт: «Касе кор кардан нахоҳад, бигзор хӯрок ҳам нахӯрад» (2 Тас. 3:10).

14. Бо суханоне, ки дар Юҳанно 14:12 оварда шудааст, Исо чӣ гуфтанӣ буд?

14 Кори аз ҳама муҳим дар ин рӯзҳои охир мавъизаи хушхабар ва шогирдсозӣ аст. Ва Исо пешгӯйӣ карда буд, ки шогирдонаш ҳатто аз ӯ дида корҳои бузургтарро иҷро хоҳанд кард. (Юҳанно 14:12-ро хонед.) Ӯ дар назар надошт, ки мо мисли ӯ мӯъҷизаҳо ба амал меорем. Исо гуфтанӣ буд, ки пайравонаш назар ба ӯ дар миқёси калонтар, муддати зиёдтар ва ба шумораи бештари одамон мавъиза карда, онҳоро таълим хоҳанд дод.

15. Кадом саволҳоро мо ба худ дода метавонем ва чаро?

15 Агар шумо дар ягон корхона кор кунед, ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё маро ҳамкоронам чун шахси меҳнатдӯст мешиносанд? Оё ман корамро босифат иҷро мекунам ва дар вақташ ба охир мерасонам?» Агар ҷавоби шумо ба ин саволҳо мусбӣ бошад, эҳтимоли зиёд аст, ки шумо эҳтирому боварии сардоратонро ба даст меоред ва мавъизаи шуморо ҳамкоронатон бо омодагии бештар гӯш мекунанд. Дар бораи кори мавъиза ва кори шогирдсозӣ низ шумо метавонед ба худ чунин саволҳо диҳед: «Оё ман дар хизмат ҷидду ҷаҳд дорам? Оё пеш аз хизмат ман нағз тайёрӣ мебинам? Оё шавқмандонро ҳарчи зудтар боздид мекунам? Ва оё ман дар намудҳои гуногуни хизмат мунтазам иштирок мекунам?» Агар ҷавоби шумо ба ин саволҳо мусбӣ бошад, гуфтан мумкин аст, ки шумо аз хизмат хурсандӣ мегиред.

ШУМО БА ДАМГИРӢ ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ ДОРЕД?

16. Назари Исо ва расулонаш ба истироҳат чӣ гуна буд ва он аз ақидаи бисёриҳо бо чӣ фарқ мекунад?

16 Исо бо расулонаш баъзан дам мегирифт ва медонист, ки ин чиз ба одам лозим аст. Лекин бисёр одамони онвақта ва имрӯзаро ба марди сарватманде, ки Исо дар як масалаш гуфт, монанд кардан мумкин аст. Он мард асосан дар бораи кайфу сафо фикр мекард ва ба худ мегуфт: «Истироҳат кун, бихӯр, бинӯш ва димоғчоқӣ кун» (Луқ. 12:19; 2 Тим. 3:4). Вай фикр мекард, ки дар зиндагӣ чизи аз ҳама муҳим дилхушию истироҳат аст. Лекин Исо ва расулонаш ҳузуру ҳаловатро дар ҳаёт чизи асосӣ намешумориданд.

Назари дуруст доштан ба кор ва дамгирӣ ба мо имконият медиҳад, ки диққатамонро ба корҳои хуби тароватбахш равона кунем (Ба сархати 17 нигаред.) *

17. Вақти холигии худро мо чӣ тавр сарф мекунем?

17 Мо ҳам кӯшиш мекунем, ки ба Исо пайравӣ кунем. Яъне вақти холиамонро на танҳо барои истироҳат сарф мекунем, балки хизмати мавъиза ва ҷамъомадравиро муҳим мешуморем. Дар асл кори шогирдсозӣ ва ҷамъомад рафтан барои мо чунон муҳим аст, ки мо ҳар кӯшишро ба харҷ дода дар ин корҳои муқаддас мунтазам иштирок менамоем (Ибр. 10:24, 25). Ҳатто ҳангоми ба дамгирӣ сафар кардан мо кӯшиш мекунем, ки дар он ҷо низ ба вохӯриҳо равем ва ба одамон мавъиза кунем (2 Тим. 4:2).

18. Исо, ки Шоҳи мост нисбати мо чиро хоҳон аст?

18 Мо аз Яҳува миннатдорем, ки Шоҳи мо — Исои Масеҳ кореро, ки аз қувваи мо берун аст, талаб намекунад ва намунаи ӯ ба мо кӯмак мекунад, ки ба кор ва дамгирӣ назари дуруст дошта бошем (Ибр. 4:15). Исо мехоҳад, ки мо ба андозаи лозима дам гирем. Ӯ ҳамчунин мехоҳад, ки мо барои қонеъ кардани ниёзҳои ҷисмониамон ва дар кори тароватбахши шогирдсозӣ боғайратона меҳнат кунем. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки Исо чӣ тавр моро аз як намуди ғуломӣ, ки бераҳмона дар чанголаш нигоҳ медошт, озод кард.

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

^ сарх. 5 Навиштаҳо ба мо таълим медиҳанд, ки ба кор ва дамгирӣ чӣ тавр назари дуруст дошта бошем. Дар замони қадим барои исроилиён рӯзи шанбе рӯзи махсус ба ҳисоб мерафт. Дар мисоли қонун оиди рӯзи шанбе мо дар ин мақола мефаҳмем, ки нисбати кор ва дамгирӣ чӣ гуна муносибат доштан лозим аст.

^ сарх. 10 Шогирдони Исо қонуни рӯзи шанберо бо як эҳтироми калон риоя мекарданд. Аз ин рӯ онҳо тайёр намудани равғану алафҳои хушбӯйро, ки дар қабри Исо гузоштанӣ буданд, то саршавии рӯзи шанбе тамом карданд (Луқ. 23:55, 56).

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМ: Юсуф дар рӯзи шанбе оилаашро гирифта ба ибодатгоҳ меравад.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМҲО: Падаре, ки барои таъмини хонаводааш кор мекунад, ҳатто ҳангоми бо оилааш ба дамгирӣ рафтан ба корҳои рӯҳонӣ вақт меёбад.