Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Муҳаббат ба Худо ва одамон. Чӣ тавр онро инкишоф диҳем?

Муҳаббат ба Худо ва одамон. Чӣ тавр онро инкишоф диҳем?

Ҳарчанд хизматгорони Худо аз рӯйи Қонуни Мӯсо амал намекунанд, вале ду амр, яъне муҳаббат ба Худо ва дигаронро Ӯ то ҳол аз мо талаб мекунад (Мт 22:37–39). Ин гуна муҳаббат худ аз худ пайдо намешавад. Онро бояд инкишоф диҳем. Чӣ тавр? Як роҳи аз ҳама муҳим ин ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддас мебошад. Вақте мо аз Китоби Муқаддас дар бораи хислатҳои гуногуни Худо мефаҳмем, мо «шавкати Худовандро» мебинем (Зб 26:4). Дар натиҷа муҳаббати мо ба Ӯ зиёд мешавад ва фикррониамон ба тарзи фикрронии Ӯ монанд мешавад. Ин моро водор мекунад, ки ба амрҳои Худо итоат карда ба дигарон муҳаббати беғараз дошта бошем (Юҳ 13:34, 35; 1Юҳ 5:3). Маслиҳатҳои зерин ба шумо кӯмак мекунад, ки хониши Китоби Муқаддасро шавқовар гардонед.

  • Тасаввуротатонро ба кор баред. Ҳангоми хондани ягон порчаи Китоби Муқаддас тасаввур кунед, ки шумо дар он ҷо ҳастед. Чиро мебинед, мешунавед ва ё бӯйи чиро ҳис мекунед? Одамони дар он ҷо буда чиро ҳис мекунанд?

  • Рангоранг кунед. Барои рангоранг кардани хонишатон шумо метавонед онро бо овози баланд хонед ё сабти овозии Китоби Муқаддасро монда аз китоби худатон нигоҳ кунед. Ба ҷойи пайи ҳам хондани бобҳо шумо метавонед, дар бораи ягон қаҳрамон ё мавзӯи аниқи Китоби Муқаддас хонед. Масалан барои оиди Исо хондан, шумо метавонед аз қисми 4 ё 16-и брошураи «Маълумотнома барои омӯзиши Каломи Худо» истифода баред. Боберо, ки ояти ҳаррӯза аз он гирифта шудааст, пурра хонед. Китобҳои Каломи Худоро аз рӯйи замони навишта шуданашон хонда метавонед.

  • Тавре хонед, ки фаҳмо бошад. Ба ҷойи бисёр бобҳоро тез-тез хондан, беҳтараш ҳар рӯз як бобро хонеду мулоҳиза ронед, то бароятон фаҳмо шавад. Контексташро аз назар гузаронед. Ҳар як воқеаро батафсил дида бароед. Аз харита ва луғати Китоби Муқаддас истифода баред. Ақаллан як фикри нафаҳмидаатонро тадқиқот гузаронед. Агар имкон бошад, чи қадаре ки хондед, ҳамон қадар мулоҳиза ронед.