Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Вақте шуморо ғам медиҳанд, ба Яҳува такя кунед

Вақте шуморо ғам медиҳанд, ба Яҳува такя кунед

Баъзе аз масеҳиёни ҷавон бо мазоҳу масхара рӯ ба рӯ мешаванд, ки аз ҷиҳати равонӣ ба онҳо осеби сахт мерасонад. Баъзан онҳо ҳатто бо зӯроварии ҷисмонӣ дучор шуда метавонанд. Вақте дигарон зидди эътиқоди онҳо мебароянд, масеҳиёни ҷавон метавонанд ба тарс дода шаванд ва аз ақидаи худ гарданд, ки ин ба муносибаташон бо Яҳува зарар мерасонад. Чӣ тавр худро аз ин ҳимоя кунем?

Бисёр хизматгорони Яҳува бо ёрдами ӯ бо зӯроварӣ мубориза бурда ғолиб баромаданд (Зб 18:17). Масалан, Эстер барои вайрон кардани нақшаи бераҳмонаи Ҳомони нобакор бо шоҳ далерона гап зад (Эс 7:1–6). Лекин пеш аз ин, ӯ рӯза гирифта нишон дод, ки ба Яҳува пурра таваккал мекунад (Эс 4:14–16). Яҳува кӯшишҳои Эстерро баракат дода ӯро ҳимоя кард ва халқашро наҷот дод.

Ҷавонон, агар касе шуморо ғам дода истода бошад, аз Яҳува ёрдам пурсед ва дар бораи ин душворӣ бо одами калон, масалан, падар ё модаратон гап занед. Яҳува ба Эстер ёрдам дод, пас дилпур бошед, ки ӯ ба шумо низ ёрдам медиҳад. Агар шуморо касе ғам диҳад, боз чӣ кор карда метавонед?

ВИДЕОНАВОРИ «АЙЁМИ НАВРАСИЯМ. ВАҚТЕ ТУРО ҒАМ МЕДИҲАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Масеҳиёни ҷавон аз мисоли Чарли ва Ферин чӣ ёд гирифта метавонанд?

  • Чӣ хел аз суханони Чарли ва Ферин дидан мумкин аст, ки агар дар мактаб кӯдакро ғам диҳанд, волидон чӣ кор карда метавонанд?