Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд

Пироне, ки бар манфиати халқи Яҳува амал мекунанд

Бисёр одамон ба шахсони соҳибмартаба назари манфӣ доранд. Мо аз ин ҳайрон намешавем, чунки тӯли таърих одамон одатан аз мақоми худ суиистифода мебурданд (Мик 7:3). Мо беҳад миннатдорем, ки дар ҷамъомадҳои мо пиронро ёд медиҳанд, ки ба ҳокимият дуруст муносибат кунанд ва онро бар фоидаи халқи Яҳува истифода баранд (Эс 10:3; Мт 20:25, 26).

Баръакси одамони ин ҷаҳон, бародароне, ки соҳиби таъйинот шудан мехоҳанд, инро на бо ғараз, балки аз муҳаббат ба Яҳува ва халқаш мекунанд (Юҳ 21:16; 1Пт 5:1–3). Зери роҳнамоии Исо пирони ҷамоат ба ҳар як воиз ёрдам мекунанд, ки худро узви оилаи Яҳува ҳис кунад ва бо Худо муносибати наздикро инкишоф диҳад. Онҳо ҳамеша тайёранд, ки ягон воизро аз ҷиҳати рӯҳонӣ дастгирӣ кунанд ва агар ёрии таъҷилии тиббӣ даркор шавад ё офати табиӣ рӯй диҳад, кумак расонанд. Агар ба шумо ягон маслиҳат лозим бошад ва ё чизе шуморо ғам диҳад, ҳатман ба пирони ҷамоататон муроҷиат кунед (Яқ 5:14).

ВИДЕОНАВОРИ «ЧӮПОНОНИ ҒАМХОР»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Чӣ тавр пирон ба Мариана кумак карданд?

  • Чӣ тавр пирон ба Элиас кумак карданд?

  • Чӣ тавр ин видеонавор ба муносибати шумо нисбати корҳое, ки пирон мекунанд, таъсир расонд?