Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Дар хизмат аз саҳифаи асосии сомонаи jw.org истифода баред

Дар хизмат аз саҳифаи асосии сомонаи jw.org истифода баред

Дар саҳифаи асосии сомонаи мо барои бедор кардани шавқи одамони самимие, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил[анд]», пайванд ба мақолаву видеонаворҳо гузошта мешаванд (Крн 13:48). Одатан дар онҳо мавзуъҳое муҳокима мегарданд, ки дар хабарҳо садо медиҳанд ё одамонро ба ташвиш меоранд.

Чӣ тавр дар хизмат аз саҳифаи асосии сомонаи jw.org истифода бурдан мумкин аст?

  • Мунтазам сомонаамонро хабар гирифта истед. Ба мақолаҳое, ки зери «Мақолаҳои охир» пайдо мешаванд, аҳамият диҳед ва фикр кунед, ки кадом мавод ба одамоне, ки ҳамроҳашон дар бораи Худо гап мезанед, манфиатовар мешавад. Аз навовариҳои сомонаамон хабардор будан ба шумо кумак мекунад, ки дар хизмат фикрҳои нав ба навро истифода баред. (Барои ёфтани дигар мақолаҳое, ки ба наздикӣ баромаданд, тугмачаи «Бештар дидан»-ро зер кунед.)

  • Барои сар кардани суҳбат аз мақолаву видеонаворҳои саҳифаи асосӣ истифода баред. Шояд мавзуъҳое, ки дар ин мавод муҳокима мешаванд, ба одамони маҳаллатон шавқовар шаванд.

  • Ба одамон саҳифаи асосиро нишон диҳед. Шумо метавонед диққати шахсро ба мавзуъҳои гуногун равона созед ва фаҳмонед, ки чӣ тавр маълумоти даркориро ёфтан мумкин аст.

  • Аз тугмачаи «Ба дигарон фиристодан» истифода баред. Баъзеҳо бо дили нохоҳам бо мо гап зананд ҳам, бо шавқ ба сомонаамон медароянд. Барои ҳамин ба чунин нафарон пайвандро ба саҳифаи асосии сомонаамон ё ба ягон мақолаву видеонавор фиристед.