Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Яҳува дилшикастагонро наҷот медиҳад

Яҳува дилшикастагонро наҷот медиҳад

Баъзан ҳамаи мо зиқу рӯҳафтода мешавем, лекин ин нишонаи рӯҳан суст шудан нест. Чи хеле ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ҳатто Яҳува баъзан ғамгин мешавад (1Мс 6:5, 6). Аммо агар мо доимо ғамгин бошем ё ин ҳиссиёт моро умуман тарк накунад-чӣ?

Аз Яҳува кумак пурсед. Яҳува мехоҳад, ки мо ҳамавақт хотирҷамъ бошем ва ӯ нисбати саломатии равониамон бепарво нест. Ӯ медонад, ки кай мо хушбахт ҳастему кай зиқ. Яҳува мефаҳмад, ки барои чӣ мо чунин фикру ҳиссиёт дорем (Зб 7:9б). Ӯ моро дӯст медорад ва барои паси сар кардани ҳисси рӯҳафтодагӣ ва ҳатто ноумедӣ ба мо ёрдам мекунад (Зб 34:18).

Дар бораи саломатии равониатон ғамхорӣ кунед. Ҳиссиёти манфӣ хурсандии моро гум мекунад ва ҳатто ба дӯстии мо бо Яҳува зарар расонида метавонад. Аз ин сабаб, мо бояд дили рамзиамонро ҳимоя кунем (Пнм 4:23).

ВИДЕОНАВОРИ «ЧӢ ТАВР ҲАМИМОНОНАМОН НОВОБАСТА БА АФСУРДАҲОЛӢ ОРОМИРО НИГОҲ МЕДОРАНД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Барои бо афсурдаҳолӣ мубориза бурдан Никки чӣ кор кард?

  • Чаро Никки ба хулоса омад, ки бояд ба духтур муроҷиат кунад? (Мт 9:12).

  • Чӣ тавр Никки нишон дод, ки ба Яҳува таваккал мекунад?