Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ба одамоне, ки ба дин шавқ надоранд, барои шинохтани Офаридгор кумак кунед

Ба одамоне, ки ба дин шавқ надоранд, барои шинохтани Офаридгор кумак кунед

Оё чунин шуда буд, ки шумо ба шахсе, ки ба дин шавқ надорад, хушхабарро расондан нахостед ва ба худ чунин гуфтед: «Вай маро гӯш намекунад»? Агар ҳа, аз ёд набароред, ки чунин нафарон, аз ҷумла касоне, ки умуман ба Худо бовар надоштанд, Шоҳиди Яҳува шуданд. Дар бисёр мавридҳо, мулоҳиза рондан дар бораи далелҳое, ки вуҷуд доштани Офаридгорро исбот мекунанд, ба онҳо ёрдам дод (Рм 1:20; 10:14).

ВИДЕОНАВОРИ «АЗ ОНҲОЕ, КИ ИМОН НАОВАРДААНД, УМЕДАТОНРО НАКАНЕД. ОДАМОНЕ, КИ БА ДИН ШАВҚ НАДОРАНД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

Чӣ тавр мисоли бародар Пиатса ба шумо ёрдам мекунад, то нотарсона ба онҳое, ки ба дин шавқ надоранд, хушхабарро расонед?