Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 4

«Худи ин рӯҳ... шаҳодат медиҳад»

«Худи ин рӯҳ... шаҳодат медиҳад»

«Худи ин рӯҳ дар якҷоягӣ бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худоем» (РУМ. 8:16).

СУРУДИ 147 Мулки азизи Худо

ПЕШГУФТОР *

Дар Иди ҳафтаҳо Яҳува қариб ба 120 нафар пайравони Исо ба таври ҳайратовар рӯҳи муқаддасашро рехт (Ба сархатҳои 1 ва 2 нигаред.)

1, 2. Дар рӯзи Иди ҳафтаҳо чӣ гуна воқеаи ғайриодӣ рӯй дод?

ҲОЛО соли 33-юми милодӣ, рӯзи Иди ҳафтаҳо аст. Дар Ерусалим тахминан 120 нафар шогирдони Исо дар болохонае ҷамъ омадаанд (Аъм. 1:13–15; 2:1). Якчанд рӯз пеш Исо ба онҳо дастур дод, ки Ерусалимро тарк накунанд, зеро ба онҳо атои махсус дода мешавад (Аъм. 1:4, 5). Сипас чӣ рӯй медиҳад?

2 «Ногаҳон аз осмон садое ба мисли вазидани шамоли сахте шунида шуд». Он садо тамоми хонаро пур кард. Баъд дар болои сари он шогирдон «забонаҳои оташ» пайдо шуд ва ҳамаи онҳо «аз рӯҳи муқаддас пур шуданд» (Аъм. 2:2–4). Ба он гурӯҳи масеҳиён бо ин тарзи ҳаяҷоновар аз осмон рӯҳи муқаддас рехта шуд (Аъм. 1:8). Онҳо аввалин шахсоне буданд, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддас тадҳин кард * ва барои бо Исо дар осмон ҳукмронӣ намудан умед бахшид.

АГАР ЯГОН ШАХС ТАДҲИН ШАВАД, ЧӢ РӮЙ МЕДИҲАД?

3. Чаро шогирдоне, ки дар болохона ҷамъ омада буданд, шубҳа надоштанд, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфтанд?

3 Агар шумо низ яке аз он шогирдон мебудед, ки дар болохона ҷамъ шуда буданд, шумо он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекардед. Чунки бо шумо низ воқеаи ғайриодие рӯй дод: чизе мисли забонаи оташ дар болои саратон пайдо шуду шумо бо забонҳои гуногун ба гап даромадед (Аъм. 2:5–12). Шумо дар ҳақиқат дилпур мебудед, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин гаштед. Вале оё бо ҳамаи онҳое, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин мешаванд, чунин воқеаи ғайриодӣ рӯй медиҳад? Ва оё ҳамаи онҳо дар фурсати муайян тадҳин мешаванд? Не. Мо инро аз куҷо медонем?

4. Дар асри як оё ҳама масеҳиён дар як хел вақт тадҳин шуданд? Фаҳмонед.

4 Биёед оиди вақти тадҳин шудан гап занем. Он шогирдон, ки тақрибан 120 нафар буданд, ягона шахсоне набуданд, ки соли 33 милодӣ, дар Иди ҳафтаҳо тадҳин шуданд. Баъдтар, худи ҳамон рӯз тахминан 3000 кас ҳангоми таъмид ёфтанашон бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфтанд (Аъм. 2:37, 38, 41). Лекин солҳои минбаъда на ҳама масеҳиёнро Яҳува ҳангоми таъмид гирифтанашон бо рӯҳаш тадҳин менамуд. Масалан, сомариҳо чанде пас аз таъмид гирифтанашон бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд (Аъм. 8:14–17). Аммо ҳайратовар аст, ки Корнилюсу хонаводаи ӯ ҳатто пеш аз таъмидашон бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфтанд (Аъм. 10:44–48).

5. Мувофиқи 2 Қӯринтиён 1:21, 22 вақте шахс бо рӯҳи муқаддас тадҳин меёбад, чӣ рӯй медиҳад?

5 Биёед дида бароем, ки вақте шахс бо рӯҳи муқаддас тадҳин меёбад, чӣ рӯй медиҳад. Баъзе касоне, ки тадҳин мешаванд, шояд дар аввал ин чизро қабул кардан барояшон душвор бошад. Онҳо шояд ба ҳайрат омада гӯянд: «Чаро Худо маро интихоб кард?» Дигар тадҳиншудагон шояд чунин фикр накунанд. Вале шахс чӣ хел ҳиссиёте надошта бошад, Павлус чунин гуфт: «Пас аз имон овардан шумо ба воситаи ӯ бо рӯҳи муқаддаси ваъдашуда мӯҳр * зада шудед. Ин рӯҳ гарави мероси мо аст» (Эфс. 1:13, 14, эзоҳ). Яҳува рӯҳи муқаддасашро истифода бурда ба ин масеҳиён равшан нишон медиҳад, ки онҳоро интихоб кардааст. Ҳамин тавр рӯҳи муқаддас «гарав [кафолат]»-и он аст, ки онҳо дар оянда на дар замин, балки дар осмон абадӣ зиндагӣ мекунанд. (2 Қӯринтиён 1:21, 22-ро хонед.)

6. Барои гирифтани мукофоти осмонӣ масеҳиёни тадҳиншуда бояд чӣ кор кунанд?

6 Агар масеҳӣ тадҳиншуда бошад, оё ин маънои онро дорад, ки вай аниқ соҳиби мукофоти осмонӣ мегардад? Не. Ҳарчанд ӯ боварӣ дорад, ки ба ҳаёти осмонӣ даъват шудааст, аммо ӯ бояд огоҳии зеринро дар хотир дорад: «Бинобар ин, эй бародарон, боз ҳам бештар саъю кӯшиш кунед, ки чун даъватшудагон ва интихобшудагон содиқ монед, ва, агар ҳамин тавр кунед, ҳеҷ гоҳ пешпо намехӯред» (2 Пет. 1:10). Яъне масеҳӣ агар ба ҳаёти осмонӣ даъват шуда бошад, пас ин мукофотро танҳо дар сурати ба Яҳува то охир содиқ монданаш мегирад (Флп. 3:12–14; Ибр. 3:1; Ваҳй 2:10).

ШАХС АЗ КУҶО МЕФАҲМАД, КИ ТАДҲИНШУДА АСТ?

7. Масеҳиёни тадҳиншуда чӣ тавр мефаҳманд, ки ба ҳаёти осмонӣ даъват шудаанд?

7 Вале шахс аз куҷо мефаҳмад, ки ба ҳаёти осмонӣ даъват шудааст? Ҷавоби инро дар суханони Павлус дидан мумкин аст. Ӯ ба масеҳиёни румӣ, ки «ба муқаддас будан даъват» шуданд, чунин гуфт: «Шумо рӯҳи ғуломиро нагирифтаед, то боз ҳаросон шавед, балки рӯҳи писархондиро, ки ба воситааш чунин нидо мекунем: “Аббо, Падар!” Худи ин рӯҳ дар якҷоягӣ бо рӯҳи мо шаҳодат медиҳад, ки мо фарзандони Худоем» (Рум. 1:7; 8:15, 16). Яъне Худо бо воситаи рӯҳи муқаддасаш ба тадҳиншудагон боварӣ мебахшад, ки онҳо ба ҳаёти осмонӣ даъват шудаанд (1 Тас. 2:12).

8. Мувофиқи 1 Юҳанно 2:20, 27 чаро ҳоҷат нест, ки ягон одам тадҳиншуда будани шахсро тасдиқ кунад?

8 Яҳува тавре мекунад, ки дар ақлу дили тадҳиншудагон ягон зарра шубҳа намемонад, ки онҳо даъвати осмонӣ доранд. (1 Юҳанно 2:20, 27-ро хонед.) Албатта, ба масеҳиёни тадҳиншуда чун ба ҳамаи дигар хизматгорони Худо лозим аст, ки ба воситаи ҷамъомад аз Яҳува таълим гиранд. Вале ҳоҷат нест, ки касе тадҳиншуда будани онҳоро тасдиқ кунад. Яҳува рӯҳи муқаддасашро, ки қувваи аз ҳама бузургтарини олам аст, истифода бурда ба онҳо равшан месозад, ки тадҳиншудаанд.

ОНҲО «ДУБОРА ТАВАЛЛУД» МЕШАВАНД

9. Мувофиқи Эфсӯсиён 1:18 вақте шахс тадҳиншуда мегардад, дар вай чӣ гуна тағйирот ба амал меояд?

9 Ба аксари ходимони имрӯзаи Худо шояд фаҳмидани он душвор аст, ки чӣ тавр масеҳӣ аз ҷониби Худо тадҳин меёбад. Пайдо шудани чунин савол бамаврид аст, чунки онҳо худашон ягон бор тадҳин наёфтаанд, барои ҳамин ин чизро фаҳмида наметавонанд. Одамизод барои ҷовидона дар замин зистан офарида шуда буд, на дар осмон (Ҳас. 1:28; Заб. 37:29). Вале Яҳува баъзеҳоро ба ҳаёти осмонӣ интихоб мекунад. Вақте онҳо ба ҳаёти осмонӣ интихоб мегарданд, Яҳува умед ва тарзи фикрронии онҳоро тамоман тағйир медиҳад ва аз ин пас онҳо хоҳиши зиёд пайдо мекунанд, ки дар осмон зиндагӣ кунанд. (Эфсӯсиён 1:18-ро хонед.)

10. «Дубора таваллуд» ёфтан чӣ маъно дорад? (Инчунин ба эзоҳ нигаред.)

10 Вақте масеҳиён бо рӯҳи муқаддаси Яҳува тадҳин мегарданд, онҳо «дубора» ё «аз боло» таваллуд меёбанд *. Исо низ қайд карда буд, ки барои одаме, ки бо рӯҳ тадҳин нашудааст, фаҳмидан имконнопазир аст, ки касе ки «дубора» ё «аз рӯҳ» таваллуд меёбад, чӣ ҳис мекунад (Юҳ. 3:3–8, эзоҳ).

11. Фаҳмонед, ки вақте шахс тадҳиншуда мегардад, чӣ тавр фикрронии ӯ тағйир меёбад.

11 Вақте Яҳува масеҳиёнро тадҳин мекунад, дар тарзи фикрронии онҳо чӣ тағйир меёбад? Пеш аз тадҳин ёфтанашон онҳо умед доштанд, ки дар замин ҷовидона зиндагӣ мекунанд. Онҳо сахт орзу доштанд, то вақте фаро расад, ки Яҳува тамоми бадиро нест карда заминро ба биҳишт табдил диҳад. Эҳтимол онҳо тасаввур мекарданд, ки чӣ тавр наздикон ва дӯстони эҳёшудаашонро пешвоз мегиранд. Вале чаро баъди тадҳин шудан фикрронии онҳо дигар мешавад? Сабаб дар он нест, ки барои онҳо акнун дар замин абадӣ зистан он қадар маъқул нест. Ва чунин нест, ки онҳо аз сабаби кашидани ранҷу азоби зиёд аз ҳаёти заминӣ дилхунук мешаванд. Ҳамчунин дар онҳо баногоҳ ҳиссиёт пайдо намешавад, ки зиндагии абадӣ дар замин дилгиркунанда аст. Балки бо таъсири рӯҳи муқаддаси Яҳува фикрронӣ ва умеди онҳо дигар мешавад.

12. Мувофиқи 1 Петрус 1:3, 4 масеҳиёни тадҳиншуда оиди умедашон мулоҳиза ронда чиро ҳис мекунанд?

12 Эҳтимол баъзе касоне, ки ба ҳаёти осмонӣ интихоб шудаанд, худро барои чунин даъвати пуршараф нолоиқ ҳисобанд. Лекин онҳо як зарра ҳам шубҳа надоранд, ки Яҳува онҳоро ба ҳаёти осмонӣ даъват кардааст. Вақте онҳо оиди умеди ояндаашон мулоҳиза меронанд, худро хеле хушбахт ҳис мекунанд ва аз Яҳува миннатдор мешаванд. (1 Петрус 1:3, 4-ро хонед.)

13. Тадҳиншудагон ба ҳаёти имрӯзаашон чӣ гуна муносибат доранд?

13 Пас, оё ин маънои онро дорад, ки тадҳиншудагон тез вафот кардан мехоҳанд? Ба ин савол Павлуси расул ҷавоб медиҳад. Ӯ бадани ҷисмонии тадҳиншудагонро бо хайма муқоиса карда ин тавр гуфт: «Бале, мо дар ин хайма зери бори вазнине оҳу нола мекунем, вале намехоҳем онро бикашем, балки мехоҳем либоси дигаре пӯшем, то ҷойи он чиро, ки миранда аст, ҳаёт гирад» (2 Қӯр. 5:4). Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дили тадҳиншудагон аз ҳаёт намондааст ва онҳо намехоҳанд, ки барвақттар бимиранд. Баръакс, онҳо аз ҳаёт лаззат мебаранд ва мехоҳанд, ки ҳар рӯзи ҳаёташонро ба он бахшанд, ки ҳамроҳи оила ва дӯстонашон ба Яҳува хизмат кунанд. Вале, онҳо бо кадом коре, ки имрӯз машғул набошанд, ҳамеша умеди пурҷалоли худро дар хотир нигоҳ медоранд (1 Қӯр. 15:53; 2 Пет. 1:4; 1 Юҳ. 3:2, 3; Ваҳй 20:6).

ОЁ ШУМО ТАДҲИНШУДА ҲАСТЕД?

14. Ба тадҳиншуда будани шахс чӣ далел буда наметавонад?

14 Эҳтимол шумо хаёл кунед, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шудаед ё не. Оиди ин саволҳои муҳим фикр кунед: Оё хоҳиши иҷро кардани иродаи Худо дар дили шумо ҷӯш мезанад? Оё дар кори мавъиза ғайрати бениҳоят калон доред? Оё шумо Каломи Худоро бо шавқ омӯзиш мекунед ва аз худ кардани «фикрҳои чуқуртарини Худо»-ро дӯст медоред? (1 Қӯр. 2:10). Ба назаратон чунин менамояд, ки Яҳува хизмати шуморо ба таври махсус баракат медиҳад? Оё шумо барои дигаронро дар бораи Яҳува таълим додан худро вазифадор меҳисобед? Оё шумо дар ҳаётатон маротибаҳои зиёд дасти Яҳуваро баръало ҳис кардаед? Агар ҷавоби шумо ба ҳамаи ин саволҳо «ҳа» бошад, пас оё ин далели он аст, ки шумо тадҳиншуда ҳастед? Не. Барои чӣ? Барои он ки ин чизҳо ба ҳамаи хизматгорони Худо, хоҳ тадҳиншуда бошанд, хоҳ не, хосанд. Ва ба воситаи рӯҳи муқаддас Яҳува қодир аст, ки ҳар як хизматгорашро ба кардани он корҳо қувват бахшад. Ғайр аз ин, агар шумо ба тадҳиншуда будани худ пурра боварӣ надошта бошед, ин аллакай нишонаи он аст, ки шумо тадҳиншуда нестед. Касоне, ки Худо интихоб кардааст, ягон зарра шубҳа надоранд, ки бо рӯҳи муқаддас тадҳин шудаанд. Бале, онҳо инро аниқ медонанд!

Яҳува бо воситаи рӯҳи муқаддас ба Иброҳим, Соро, Довуд ва Яҳёи Таъмиддиҳанда қувват бахшид, то онҳо корҳои ҳайратоварро иҷро кунанд, вале Ӯ онҳоро бо рӯҳи муқаддасаш барои ҳаёти осмонӣ тадҳин накард (Ба сархатҳои 15 ва 16 нигаред.) *

15. Мо аз куҷо медонем, ки на ҳамаи касоне, ки рӯҳи Худоро гирифта буданд, ба ҳаёти осмонӣ интихоб шудаанд?

15 Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр шахсони содиқ оварда шудааст, ки аз Худо рӯҳи муқаддас гирифта буданд, вале умеди осмонӣ надоштанд. Масалан, рӯҳи Худо ба Довуд нозил шуда ӯро роҳнамоӣ мекард (1 Подш. 16:13). Бо кӯмаки рӯҳи муқаддас ӯ чизҳои чуқурро мефаҳмид ва бо ҳидояти он баъзе қисмҳои Китоби Муқаддасро навишт (Марқ. 12:36). Лекин бо вуҷуди ин Петруси расул гуфт, ки «Довуд ба осмон набаромад» (Аъм. 2:34). Яҳёи Таъмиддиҳанда «аз рӯҳи муқаддас пур» гашта буд (Луқ. 1:13–16). Исо гуфт, ки шахси аз Яҳё бузургтаре нест, вале ӯ қайд кард, ки Яҳё ба қатори касоне, ки дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, дохил намешавад (Мат. 11:10, 11). Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ба ин шахсон қувват мебахшид, ки корҳои бузургро иҷро кунанд, вале Ӯ онҳоро бо рӯҳи муқаддасаш барои ҳаёти осмонӣ тадҳин накард. Магар онҳо нисбат ба шахсоне, ки дар осмон ҳукмронӣ мекунанд, камтар содиқ буданд? Албатта, не. Яҳува ваъда додааст, ки онҳоро дар биҳишти рӯйи замин ба ҳаёт бармегардонад (Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15).

16. Аксари ходимони имрӯзаи Худоро дар оянда чӣ гуна мукофот интизор аст?

16 Аксарияти хизматгорони Худо, ки имрӯз дар замин зиндагӣ мекунанд, умеди осмонӣ надоранд. Мисли Иброҳим, Соро, Довуд, Яҳёи Таъмиддиҳанда ва бисёри дигар мардону занони худотарси замони пеш, онҳо бесаброна интизори онанд, ки дар биҳишти рӯйи замин зери ҳукмронии Подшоҳии Худо зиндагӣ мекунанд (Ибр. 11:10).

17. Дар мақолаи оянда мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

17 Азбаски баъзе ходимони тадҳиншудаи Худо то ҳол дар байни моянд, дар сари мо баъзе саволҳо пайдо мешаванд (Ваҳй 12:17). Масалан, тадҳиншудагон бояд ба худ чӣ гуна назар дошта бошанд? Агар касе дар ҷамъомадамон ҳангоми Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул кунад, мо ба он шахс чӣ тавр бояд муносибат кунем? Ва агар шумораи онҳое, ки аз рамзҳо қабул мекунанд, зиёд гардад, оё оиди ин ғам хӯрдан дуруст аст? Ба ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ ҷавоб хоҳем ёфт.

^ сарх. 5 Аз Иди ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ сар карда Яҳува ба баъзе масеҳиён умеди олиҷанобе додааст. Онҳо умед доранд, ки дар оянда бо Писараш аз осмон ҳукмронӣ мекунанд. Аммо чӣ тавр ин масеҳиён тадҳиншуда будани худро мефаҳманд? Вақте Яҳува касеро ба ҳаёти осмонӣ даъват мекунад, чӣ рӯй медиҳад? Ин мақола бар мақолае, ки моҳи январи соли 2016 дар «Бурҷи дидбонӣ» нашр шуда буд, асос меёбад. Ва мо аз он ба саволҳои дар боло овардашуда ҷавоб меёбем.

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО. Бо рӯҳ тадҳин шудан: Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш шахсро интихоб мекунад, то дар осмон бо Исо ҳукмронӣ кунад. Худо бо рӯҳаш ба шахс ба таври махсус таъсир мекунад, ки ин гарав ё кафолати мероси ояндаи ӯ мебошад (Эфс. 1:13, 14). Рӯҳи муқаддас ба онҳо «шаҳодат медиҳад» ё равшан месозад, ки мукофоти онҳо дар осмон аст (Рум. 8:16).

^ сарх. 5 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО. Мӯҳр: Ин мӯҳри охирин нест. Мӯҳри охиринро тадҳиншуда ҳамон вақт мегирад, агар то охири ҳаёташ ё то сар шудани мусибати бузург ба Яҳува содиқ монад. (Эфс. 4:30; Ваҳй 7:2–4; ба мақолаи «Саволҳои хонандагон» дар «Бурҷи дидбонӣ» аз апрели с. 2016 нигаред.)

^ сарх. 10 Дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1-уми апрели с. 2009 саҳ. 3–12 васеътар фаҳмонида шудааст, ки «дубора таваллуд» ёфтан чӣ маъно дорад.

СУРУДИ 9 Яҳува — Худои моро ҳамд гӯед!

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳ мо барои имонамон дар ҳабс бошем, хоҳ дар озодӣ ҳақиқатро таълим диҳем, ҳамаи мо бесаброна сар шудани ҳукмронии Подшоҳии Худоро интизорем.