Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 6

Падарамон Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад

Падарамон Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад

«Барои ҳамин ин тавр дуо гӯед: “Эй Падари мо”» (МАТ. 6:9).

СУРУДИ 89 Насиҳати падаронаи Яҳува: «Эй писарам, бохирад бош»

ПЕШГУФТОР *

1. Барои ба шоҳи Форс муроҷиат кардан шахс бояд чӣ кор мекард?

ТАСАВВУР кунед, ки шумо тахминан 2500 сол пеш дар сарзамини Форс зиндагӣ мекунед. Шумо ба подшоҳи он мамлакат арзе доред, барои ҳамин ба шаҳри ӯ — Шушан сафар мекунед. Вале пеш аз бо подшоҳ гап задан шумо аввал бояд аз ӯ иҷозат гиред. Агар бе рухсати подшоҳ бо ӯ гап занед, аз ҳаёти худ маҳрум шуда метавонед (Эст. 4:11).

2. Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ чӣ хел муроҷиат кунем?

2 Ҳазорон шукр, ки Яҳува мисли он шоҳи Форс нест! Гарчанд Ӯ аз ҳар гуна подшоҳи одамӣ бениҳоят пурқудрат аст, Ӯ бо ҷону дил дар вақти дилхоҳ моро гӯш мекунад. Яҳува мехоҳад, ки мо озодона ба Ӯ муроҷиат кунем. Ҳарчанд Яҳува чунин унвонҳои олӣ дорад, ба мисли Офаридгори Бузург, Худои Қодир ва Ҳокими Даҳр моро даъват мекунад, ки ба Ӯ «Падар» гуфта, муроҷиат кунем (Мат. 6:9). Ин хеле таъсирбахшу хурсандиовар аст, зеро Парвардигори Олам — Яҳува мехоҳад, ки мо худро ба Ӯ наздик ҳис кунем!

3. Чаро мо метавонем Яҳуваро «Падар» номем? Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Мо барҳақ Яҳуваро «Падар» номида метавонем, чунки Ӯ ба мо ҳаёт бахшидааст (Заб. 35:10). Азбаски Худо Падари мо аст, мо вазифадорем, ки ба Ӯ итоат кунем. Агар мо гуфтаҳояшро ба ҷо орем, Яҳува моро ба таври ҳайратовар баракат медиҳад (Ибр. 12:9). Масалан, яке аз баракатҳои Ӯ ин ҳаёти ҷовидона аст — ё дар осмон, ё дар рӯйи замин. Итоат ба Яҳува имрӯз низ ба мо манфиат меорад. Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр Яҳува имрӯз ба мо чун Падари меҳрубон ғамхорӣ мекунад ва чаро дилпур буда метавонем, ки дар оянда низ Ӯ моро ҳеҷ гоҳ тарк намекунад. Вале аввал биёед фаҳмем, ки чӣ моро ба Падари меҳрубон ва ғамхор будани Яҳува боварӣ мебахшад.

ЯҲУВА ПАДАРИ МЕҲРУБОН ВА ҒАМХОР АСТ

Чуноне ки падар бо фарзандонаш муносибати наздик доштан мехоҳад, Яҳува низ мехоҳад бо мо наздик бошад (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Чаро ба баъзеҳо Яҳуваро чун Падар тасаввур кардан душвор аст?

4 Оё ба шумо Худоро чун Падар тасаввур кардан душвор аст? Баъзеҳо шояд гумон кунанд, ки дар пеши Яҳува мо, одамон ҳеҷ ҳастем. Онҳо шубҳа доранд, ки Худои Қодир дар ҳаққи ҳар як инсон ғамхорӣ мекунад. Лекин Падари пурмеҳри мо намехоҳад, ки мо чунин фикру ҳиссиёт дошта бошем. Ӯ моро офаридааст ва мехоҳад, ки мо Ӯро ҷустуҷӯ кунем ва ёбем. Ин фикрро қайд карда, Павлуси расул ба сокинони Афина гуфт, ки Яҳува «аз ҳеҷ кадоми мо дур нест» (Аъм. 17:24–29). Худо мехоҳад, ки ҳар яки мо бо Ӯ гап занем, чуноне ки кӯдак бо волидони ғамхору меҳрубонаш гап мезанад.

5. Аз мисоли як хоҳар мо чӣ мефаҳмем?

5 Ба дигарон бошад, Яҳуваро чун Падар тасаввур кардан барои он душвор аст, ки онҳо аз падарашон кам меҳр дидаанд ё умуман меҳр надидаанд. Хоҳаре мегӯяд: «Падари ман одами хеле дағал буд. Вақте ман омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардам, Яҳуваро чун Падар тасаввур карда наметавонистам. Аммо вақте ман Ӯро хубтар шинохтам, фикрам тамоман дигар шуд». Оё ба шумо низ Яҳуваро чун Падар қабул кардан душвор аст? Пас, рӯҳафтода нашавед, зеро бо гузашти вақт шумо низ метавонед Яҳуваро хубтар шинохта боварӣ ҳосил кунед, ки Ӯ Падари беҳтарин аст.

6. Мувофиқи Матто 11:27 Яҳува бо кадом роҳ ба мо ёрдам медиҳад, ки ба Ӯ чун Падари меҳрубон назар кунем?

6 Яҳува Худаш ба мо кӯмак мекунад, ки Ӯро чун Падари ғамхор шиносем. Масалан, аз суханону амалҳои Исо, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, мо мебинем, ки Яҳува дар ҳақиқат Падари меҳрубон аст. (Матто 11:27-ро хонед.) Исо хислатҳои Яҳуваро чунон аниқ инъикос мекард, ки ин тавр гуфта метавонист: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳ. 14:9). Ӯ бисёр вақт ба шунавандагонаш Яҳуваро чун Падар тасвир мекард. Дар худи чор Инҷил Исо калимаи «Падар»-ро қариб 165 бор нисбати Яҳува истифода бурдааст. Чаро Исо Яҳуваро бисёр вақт «Падар» меномид? Зеро ӯ одамонро боварӣ бахшидан мехост, ки Яҳува Падари меҳрубон аст (Юҳ. 17:25, 26).

7. Яҳува бо Писараш чӣ тавр муносибат мекард ва мо аз ин дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

7 Биёед фикр кунем, ки Яҳува бо Писараш Исо чӣ тавр муносибат мекард. Ӯ ҳамеша дуоҳои Исоро мешунид. Ва на танҳо мешунид, балки ба онҳо ҷавоб медод (Юҳ. 11:41, 42). Дар ҳар гуна озмоишҳо Яҳува писарашро бо меҳрубонӣ дастгирӣ мекард (Луқ. 22:42, 43).

8. Аз кадом ҷиҳатҳо Яҳува ба Исо ғамхорӣ мекард?

8 Исо дарк мекард, ки Падараш Сарчашма ва Нигоҳдорандаи ҳаёти ӯст. Барои ҳамин ӯ гуфт: «Ман ба туфайли Падар зиндагӣ мекунам» (Юҳ. 6:57). Исо пурра ба Падараш такя мекард ва Яҳува ӯро бо чизҳое, ки барои ҳаёт зарур аст, таъмин менамуд. Муҳимтараш ин ки Яҳува аз ҷиҳати рӯҳонӣ ба Исо ғамхорӣ мекард (Мат. 4:4).

9. Чӣ тавр Яҳува исбот кард, ки Ӯ ба Исо Падари меҳрубону ғамхор аст?

9 Исо медонист, ки чизе нашавад Падараш ӯро дастгирӣ мекунад (Мат. 26:53; Юҳ. 8:16). Гарчанд Яҳува Исоро аз ҳама душвориҳо эмин намедошт, Ӯ ба вай ёрдам медод, ки ба озмоишҳо тоб орад. Исо боварӣ дошт, ки аз чизе азоб накашад, он муваққатӣ аст (Ибр. 12:2). Яҳува меҳру муҳаббаташро ба Исо бо он исбот мекард, ки дуоҳои вайро гӯш мекард, ниёзҳои ҷисмониашро қонеъ менамуд, ӯро таълим медод ва қувват мебахшид (Юҳ. 5:20; 8:28). Биёед, акнун бинем, ки чӣ тавр Падари осмониамон ба мо низ бо ин роҳҳо ғамхорӣ мекунад.

ЧӢ ТАВР ПАДАРИ МЕҲРУБОНАМОН НИСБАТИ МО ҒАМХОРӢ МЕКУНАД?

Падари меҳрубон фарзандонашро 1) гӯш мекунад, 2) ниёзашонро қонеъ мегардонад, 3) таълиму тарбия медиҳад ва 4) дастгирӣ менамояд. Падари меҳрубони осмонии мо низ бо ин роҳҳо ба мо ғамхорӣ мекунад (Ба сархатҳои 10–15 нигаред.) *

10. Мувофиқи Забур 65:19, 20 чӣ тавр Яҳува нишон медиҳад, ки моро дӯст медорад?

10 Яҳува дуоҳои моро мешунавад. (Забур 65:19, 20-ро хонед.) Ӯ дар дуогӯйӣ ба мо ҳудуд намегузорад, баръакс моро бармеангезад, ки ба Ӯ пайваста дуо гӯем (1 Тас. 5:17). Мо дар вақту ҷойи дилхоҳ ба Яҳува эҳтиромона дуо гуфта метавонем. Вақте мо ба Ӯ муроҷиат мекунем, Ӯ намегӯяд, ки «Ман ҳозир банд ҳастам», баръакс Ӯ ҳамавақт тайёр аст, ки моро бодиққат гӯш кунад. Аз донистани он ки Яҳува дуоҳои моро мешунавад, муҳаббати мо ба Ӯ боз ҳам зиёд мегардад. Инро суханони забурнавис тасдиқ мекунанд. Вай гуфт: «Худовандро дӯст медорам, зеро ки овози маро, зориҳои маро мешунавад» (Заб. 114:1).

11. Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои мо ҷавоб медиҳад?

11 Падари мо дуоҳои моро на танҳо мешунавад, Ӯ ҳамчунин ба онҳо ҷавоб медиҳад. Юҳаннои расул моро боварӣ мебахшад: «Ҳар чизе аз Ӯ [Яҳува] пурсем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳ. 5:14, 15). Яҳува шояд ба дуоҳои мо чи хеле ки мо мехоҳем, ҷавоб надиҳад. Лекин Ӯ медонад, ки чӣ барои мо беҳтар аст, барои ҳамин баъзан Ӯ ба мо «не» мегӯяд, ё мехоҳад, ки мо сабр кунем (2 Қӯр. 12:7–9).

12, 13. Аз кадом ҷиҳатҳо Падари осмониамон ба мо ғамхорӣ мекунад?

12 Яҳува ба мо ҳаматарафа ғамхорӣ мекунад. Ӯ ҳар он чиро, ки аз падарон талаб мекунад, Худаш низ ба ҷо меорад (1 Тим. 5:8). Яҳува ниёзҳои ҷисмонии мо фарзандонашро қонеъ мекунад. Ӯ намехоҳад, ки мо дар бораи хӯрду хӯрок, пӯшок ва сарпаноҳ ғам хӯрем (Мат. 6:32, 33; 7:11). Ӯ ҳатто медонад, ки мо дар оянда ба чӣ ниёз пайдо карда метавонем ва дар ин бора низ ғамхорӣ мекунад.

13 Пеш аз ҳама Яҳува моро бо ғизои рӯҳонӣ таъмин мекунад. Ба воситаи Каломаш Ӯ ба мо ҳақиқатро дар бораи Худ ва ниятҳояш ошкор мекунад, роҳи дурусти зиндагиро нишон медиҳад ва мефаҳмонад, ки моро дар оянда чӣ интизор аст. Вақте мо нав ҳақиқатро фаҳмидем, Ӯ ба мо шахсан таваҷҷӯҳ зоҳир кард. Ба воситаи волидонамон ё каси дигар Худо ба мо кӯмак кард, ки Ӯро хубтар шиносем. Ва Ӯ тавассути пирони ҷамъомад ва дигар ҳамимонони рӯҳан баркамол то имрӯз моро дастгирӣ мекунад. Инчунин дар вохӯриҳои ҷамъомад мо панду насиҳатҳои падаронаи Ӯро мешунавем ва ҳамроҳи бародару хоҳарон аз Ӯ таълим мегирем. Бо ҳамаи ин роҳҳо Яҳува нисбати ҳар яки мо падарвор ғамхорӣ мекунад (Заб. 31:8).

14. Чаро Яҳува моро тарбия мекунад ва чӣ тавр?

14 Яҳува моро тарбия мекунад. Азбаски мо мисли Исо комил нестем, Яҳува ҳангоми моро таълим додан, агар лозим бошад, моро ислоҳ низ мекунад. Каломи Ӯ мегӯяд: «Яҳува онҳоеро, ки дӯст медорад, тарбия мекунад» (Ибр. 12:6, 7). Яҳува моро бо роҳҳои гуногун таълиму тарбия медиҳад. Масалан, баъди хондани ягон фикр аз Каломи Худо ё шунидани ягон маслиҳат дар ҷамъомад мо хатогии худро фаҳмида ислоҳ шуда метавонем. Ё кӯмаки лозимаро Яҳува ба воситаи пирон ба мо мерасонад. Бо кадом роҳе, ки Ӯ моро тарбия накунад, Ӯ ҳамеша аз рӯйи муҳаббат рафтор мекунад (Ирм. 30:11).

15. Яҳува бо кадом роҳҳо моро дастгирӣ мекунад?

15 Яҳува моро ҳангоми озмоишу душвориҳо дастгирӣ мекунад. Чуноне ки падари меҳрубон фарзандонашро дар вақти душвориҳо танҳо намемонад, Падари осмонии мо низ ҳангоми озмоишҳо моро дастгирӣ мекунад. Ӯ бо рӯҳи муқаддасаш моро аз ҳар гуна зарари рӯҳонӣ муҳофизат менамояд (Луқ. 11:13). Яҳува ҳамчунин ҳангоми зиқиву рӯҳафтодагӣ ба мо кӯмак мекунад. Масалан, Ӯ ба мо умеди олиҷанобе додааст. Он умед нисбати оянда ба мо қувват мебахшад, ки ба душвориҳои имрӯза тоб орем. Чизе ки бо мо рӯй надиҳад, Падари меҳрубонамон қодир аст, ки ҳар зарари ба мо расондашударо пурра бартараф кунад. Ҳамаи озмоишу душвориҳои имрӯзаи мо муваққатианд, вале баракатҳое, ки Яҳува медиҳад, абадӣ хоҳанд буд (2 Қӯр. 4:16–18).

ПАДАРАМОН ҲЕҶ ГОҲ МОРО ТАРК НАМЕКУНАД

16. Вақте Одам ба Падари меҳрубони худ беитоатӣ кард, чӣ рӯй дод?

16 Муҳаббати Яҳуваро мо ҳангоми мулоҳиза оиди воқеае, ки дар аввали таърихи инсоният рӯй дод, дида метавонем. Вақте дар оилаи заминии Худо душвориҳо сар заданд, Ӯ чӣ гуна амал намуд? Азбаски Одам ба овози Яҳува гӯш надод, ӯ дигар аъзои оилаи хушбахти Яҳува набуд ва наслашро низ аз он маҳрум кард (Рум. 5:12; 7:14). Лекин Яҳува барои кӯмак кардан ба насли Одам чорае андешид.

17. Баъди гуноҳи Одам Яҳува дарҳол чӣ ваъда дод?

17 Яҳува Одамро ҷазо дод, вале насли ояндаи ӯро бе умед нагузошт. Ӯ дарҳол дар худи боғи Адан ваъда дод, ки инсонияти итоаткорро аз нав ба оилаи Худ бармегардонад (Ҳас. 3:15; Рум. 8:20, 21). Яҳува инро ба воситаи фидияи Исо имконпазир гардонд. Писари азизашро бароямон қурбон карда Яҳува нишон дод, ки беҳад моро дӯст медорад (Юҳ. 3:16).

Агар мо аз Яҳува дур шуда бошему тавба кунем, Падари меҳрубонамон бо хурсандӣ моро аз нав қабул мекунад (Ба сархати 18 нигаред.)

18. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува моро чун фарзандонаш дӯст медорад, ҳатто агар мо аз Ӯ дур шуда бошем ҳам?

18 Ба нокомилиамон нигоҳ накарда Яҳува мехоҳад, ки мо дар оилаи Ӯ бошем. Ӯ аз кӯмак кардан ба мо ҳеҷ гоҳ дилгир намешавад, балки бо омодагӣ ёрӣ медиҳад. Баъзан мо шояд Ӯро ранҷонем ё муддате аз Ӯ дур шавем, вале Яҳува аз мо ҳеҷ гоҳ рӯй намегардонад. Исо масали писари гумгаштаро оварда нишон дод, ки Яҳува то кадом андоза фарзандонашро дӯст медорад (Луқ. 15:11–32). Дар он масал падар умедашро намеканд, ки рӯзе писараш бармегардад. Вақте писараш ба хона баргашт, падар ӯро бо хурсандӣ ва омодагӣ қабул кард. Агар мо аз Яҳува дур шуда бошем, вале тавба карда аз нав ба назди Ӯ баргардем, мо боварӣ дошта метавонем, ки Падари меҳрубонамон бо хурсандӣ моро қабул мекунад.

19. Чӣ тавр Яҳува азобу зарареро, ки Одам овард, бартараф хоҳад кард?

19 Падари мо ҳар азоб ва зарареро, ки гуноҳи Одам ба мо овард, дар оянда бартараф хоҳад кард. Баъд аз исёни Одам Яҳува қарор кард, ки аз рӯйи замин 144 000 нафар одамон дар осмон чун подшоҳону коҳинон ҳамроҳи Писараш роҳбарӣ хоҳанд кард. Дар дунёи нав Исо ва дигар ҳамроҳонаш ба одамони итоаткор барои ба комилият расидан кӯмак мекунанд. Баъди он ки онҳо санҷиши охиринро мегузаранд, Яҳува ба онҳо ҳаёти абадиро тақдим мекунад. Он гоҳ Яҳува аз дидани он ки замин аз писару духтарони комилаш пур гаштааст, хурсандӣ хоҳад кард. Чӣ замони пурбаракат ва шодиовар хоҳад буд он вақт!

20. Бо кадом роҳҳо Яҳува нишон медиҳад, ки моро беҳад дӯст медорад? Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

20 Инак, чи хеле ки фаҳмидем, Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад. Ӯ Падари беҳтарин аст, чунки дуоҳои моро гӯш мекунад, ниёзҳои ҷисмонӣ ва рӯҳонии моро қонеъ мегардонад, моро таълиму тарбия медиҳад ва қувват мебахшад. Ва боз бисёр баракатҳои олиҷанобаш моро дар оянда интизоранд. Донистани ҳамаи ин дили моро ба Ӯ боз ҳам гарм мекунад. Пас, чӣ тавр мо чун фарзандонаш муҳаббати худро ба Ӯ нишон дода метавонем? Ин мавзӯи мақолаи оянда аст.

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

^ сарх. 5 Мо бисёр вақт Яҳуваро чун Офаридгор ва Подшоҳи Олам тасаввур мекунем. Лекин Ӯ ҳамчунин Падари меҳрубон ва ғамхор аст. Чаро мо Яҳуваро Падар хонда метавонем? Ва чӣ моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ моро тарк намекунад? Ба ин саволҳо мо аз мақолаи мазкур ҷавоб меёбем.

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Дар ин чор расм падар бо фарзандаш тасвир карда шудааст: 1) падаре гапи писарчаашро бодиққат гӯш мекунад, 2) падаре шиками духтарчаашро сер карда истодааст, 3) падаре писарашро таълиму тарбия медиҳад ва 4) падаре писаракашро тасаллӣ дода истодааст. Яҳува низ бо ин роҳҳо ба мо ғамхорӣ мекунад. Инро дасти дарозкардаи Ӯ, ки дар қафои расмҳо тасвир шудааст, ба мо хотиррасон мекунад.