Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7

Мо Падарамон Яҳуваро беҳад дӯст медорем

Мо Падарамон Яҳуваро беҳад дӯст медорем

«Мо барои он дӯст медорем, ки Ӯ аввал моро дӯст дошт» (1 ЮҲ. 4:19).

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Барои чӣ Яҳува роҳ кушод, ки мо аъзои оилааш шавем ва Ӯ инро чӣ тавр кард?

ЯҲУВА моро ба оилаи Худ даъват мекунад. Чӣ шарафи бузурге! Ин оила аз касоне иборат аст, ки ҳаёти худро ба Худо бахшидаанд ва ба фидияи Писари Ӯ имон доранд. Дар ин оила мо хушбахтем. Чунки имрӯз ҳаёти пурмазмун дорем ва шодем, ки дар оянда ҷовидона зиндагӣ карда метавонем — ё дар осмон ё дар биҳишти рӯйи замин.

2 Яҳува моро дӯст медорад. Аз ин рӯ баҳри мо шахси барояш азизро қурбон кард, то моро ба оилаи Худ қабул кунад (Юҳ. 3:16). Ӯ моро «бо нархи гарон харид» (1 Қӯр. 6:20). Ба туфайли фидия мо имконият дорем, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем. Мо метавонем ба Шахсияти бузургтарини Олам «Падар» гуфта, муроҷиат кунем, ки ин шарафи беҳамто аст. Ва чуноне ки дар мақолаи гузашта дида баромадем, Яҳува Падари беҳтарин аст.

3. Вақте мо дар бораи ҳама корҳои хуби Яҳува фикр мекунем, ба худ чӣ гуна саволҳоро дода метавонем? (Ба чорчӯбаи  «Оё Яҳува ба ман аҳамият медиҳад?» нигаред.)

3 Мисли як нависандаи Китоби Муқаддас мо ба худ чунин савол дода метавонем: «Ба Худованд чӣ подош диҳам барои ҳамаи некиҳое ки ба ман кардааст?» (Заб. 115:3). Ҷавоб ин аст, ки мо ҳеҷ гоҳ ба Падари осмониамон некиҳояшро баргардонда наметавонем. Вале муҳаббате, ки Ӯ ба мо дорад, моро бармеангезад, ки дар ҷавоб Ӯро дӯст дорем. Юҳаннои расул навишт: «Мо барои он дӯст медорем, ки Ӯ аввал моро дӯст дошт» (1 Юҳ. 4:19). Бо кадом роҳҳо мо ба Падари осмониамон муҳаббати худро нишон дода метавонем?

БО ЯҲУВА ДӮСТИАТОНРО НИГОҲ ДОРЕД

Мо муҳаббати самимии худро ба Падари осмониамон Яҳува нишон медиҳем, агар ба Ӯ ҳамеша дуо гӯем, итоаткор бошем ва ба дигарон кӯмак кунем, то Ӯро дӯст доранд (Ба сархатҳои 4–14 нигаред.)

4. Чаро мо бояд барои ба Яҳува наздик шудан кӯшиш кунем ва оиди ин дар Яъқуб 4:8 чӣ гуфта шудааст?

4 Яҳува мехоҳад, ки мо дӯсти Ӯ бошем ва бо Ӯ гап занем. (Яъқуб 4:8-ро хонед.) Худо моро даъват мекунад, ки «ҳамеша дуо» гӯем ва Ӯ тайёр аст, ки моро гӯш кунад (Рум. 12:12). Ӯ ҳеҷ гоҳ хаста намешавад ва намегӯяд, ки барои мо вақт надорад. Мо бошем, овози Яҳуваро мешунавем, агар Каломаш — Китоби Муқаддас ва адабиётеро, ки онро маънидод мекунад, хонем ва дар вохӯриҳои ҷамъомад бодиққат бошем. Чи хеле ки муоширати хуби волидону фарзандон ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки бо ҳам наздик бошанд, зуд-зуд дуо гуфтан низ ба мо кӯмак мекунад, ки бо Яҳува муносибати наздик дошта бошем.

Ба сархати 5 нигаред.

5. Чӣ тавр мо дуоҳои худро пурмазмун гардонда метавонем?

5 Дар бораи сифати дуоҳои худ фикр кунед. Яҳува мехоҳад, ки мо ба Ӯ диламонро холӣ карда фикру ҳиссиётамонро баён кунем (Заб. 61:9). Дуоҳои шумо чӣ гунаанд? Оё онҳо рӯякию якранганд ё самимӣ ва пурмазмун? Оё онҳо ба номае монанданд, ки аз он доимо нусхабардорӣ мекунанд ё ба номае, ки шахс ҳар дафъа худаш фикр карда менависад? Бешубҳа, шумо Яҳуваро аз самими қалб дӯст медоред ва мехоҳед, ки бо Ӯ муносибати мустаҳкам дошта бошед. Пас, мунтазам ба Ӯ дуо гуфта сирри дилатонро кушоед. Гӯед, ки аз чӣ хурсанду аз чӣ хавотир ҳастед. Бедудилагӣ аз Ӯ мадад пурсед.

6. Барои бо Падари осмониамон наздик будан мо бояд чӣ кор кунем?

6 Барои бо Падари осмониамон наздик будан мо бояд ҳамеша аз Ӯ миннатдор бошем. Мо бо суханони забурнавис розӣ ҳастем, ки ӯ чунин гуфта буд: «Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ,— кист, ки монанди Ту бошад!— мавъиза ва нақл хоҳам кард, аммо шумораи онҳо бениҳоят бисёр аст» (Заб. 39:6). Танҳо ҳисси миннатдорӣ доштан кифоя нест, бояд миннатдориамонро бо сухан ва корҳоямон нишон диҳем. Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ дорем, ки бисёр одамон ношукранд ва барои корҳое, ки Худо барояшон мекунад, миннатдорӣ ҳис намекунанд. Ин яке аз нишонаҳои он аст, ки мо дар «рӯзҳои охир» зиндагӣ дорем (2 Тим. 3:1, 2). Биёед, асло ба онҳо монанд нашавем!

7. Яҳува аз мо фарзандонаш чӣ мехоҳад ва чаро?

7 Волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон бо якдигар аҳлу тифоқ бошанд. Ба ин монанд, Яҳува низ мехоҳад, ки мо фарзандонаш бо ҳамдигар дӯсту меҳрубон бошем. Муҳаббате, ки байни мо ҳаст, нишон медиҳад, ки мо хизматгорони ҳақиқии Худоем (Юҳ. 13:35). Забурнавис ягонагии халқи Худоро васф карда чунин гуфт: «Чӣ хуш аст ва чӣ дилпазир, ки бародарон дар як ҷой ҳамнишин бошанд» (Заб. 132:1). Ба бародару хоҳарон муҳаббат зоҳир карда мо исбот мекунем, ки Яҳуваро дӯст медорем (1 Юҳ. 4:20). Дар ҳақиқат, мо хушбахтем, зеро аъзои оилае ҳастем, ки дар он ҳама «ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз» аст (Эфс. 4:32).

МУҲАББАТАТОНРО БО ИТОАТКОРИИ ХУД НИШОН ДИҲЕД

Ба сархати 8 нигаред.

8. Мувофиқи 1 Юҳанно 5:3 сабаби асосии итоаткории мо ба Яҳува дар чист?

8 Яҳува аз фарзандон талаб мекунад, ки ба волидонашон итоат кунанд ва Ӯ интизор аст, ки мо ҳам Ӯро гӯш кунем (Эфс. 6:1). Худо ба ин сазовор аст, чунки Ӯ Офаридгор ва Нигоҳдорандаи ҳаёти мост ва аз ҳар падару модар хирадмандтар мебошад. Лекин сабаби асосии итоаткориамон ин аст, ки мо Ӯро дӯст медорем. (1 Юҳанно 5:3-ро хонед.) Ҳарчанд Яҳува ҳақ дорад моро ба итоат кардан маҷбур кунад, лекин Ӯ ин тавр намекунад. Ӯ хеле хурсанд мегардад, вақте мо бо ихтиёри худ ва аз муҳаббат Ӯро гӯш мекунем.

9, 10. Чаро хеле муҳим аст, ки меъёрҳои Яҳуваро донем ва аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунем?

9 Волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон дар ҳаёт азоб накашанд. Аз ин рӯ бар фоидаи онҳо баъзе қоидаҳо муқаррар мекунанд. Фарзандон аз рӯйи он қоидаҳо амал карда нишон медиҳанд, ки ба падару модарашон боварӣ доранд ва онҳоро ҳурмат мекунанд. Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо меъёрҳои Падари осмониамонро донем ва аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунем. Бо ин мо муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми худро ба Яҳува нишон медиҳем. Ва боз ин бар фоидаи худи мост (Иш. 48:17, 18). Аммо онҳое, ки аз рӯйи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ намекунанд, ба худашон зарар мерасонанд (Ғал. 6:7, 8).

10 Вақте мо ба таври ба Яҳува писанд ҳаёт ба сар мебарем, саломатиамонро эҳтиёт мекунем, ба зиқиву рӯҳафтодагӣ дода намешавем ва аз зарари рӯҳонӣ худро эмин медорем. Яҳува медонад, ки чӣ барои мо беҳтар аст. Аврора ном хоҳар, ки дар Иёлоти Муттаҳида зиндагӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Ман медонам, ки агар ба Яҳува итоат кунем, мо дар ҳаёт ҳеҷ гоҳ пушаймон намешавем». Ин дар ҳақиқат рост аст. Оё шумо аз рӯйи дастуроти Яҳува амал карда манфиати онро чашидаед?

11. Дуо дар чӣ ба мо кӯмак мекунад?

11 Баъзан аз рӯйи гуфти Яҳува амал кардан осон нест, зеро ҳамаи мо нокомилем. Вале мо бояд сахт кӯшиш кунем, ки аз гуфти Яҳува набароем. Дуо ба мо кӯмак мекунад, ки ҳатто дар вақтҳои мушкил ба Яҳува итоат кунем. Забурнавис ба Худо чунин илтиҷо мекард: «Маро ёрӣ кун то бо майлу рағбат туро итоат кунам» (Заб. 51:12, ТТФ). Дениз ном хоҳар, ки пешрави доимӣ аст, мегӯяд: «Агар дар ягон чиз ба амри Яҳува итоат кардан бароям душвор гардад, ман дар дуо аз Ӯ қувват мепурсам, ки дуруст рафтор кунам». Бешубҳа, Худо ба чунин дуоҳо ҳамеша ҷавоб медиҳад (Луқ. 11:9–13).

БА ДИГАРОН КӮМАК КУНЕД, КИ ПАДАРАМОНРО ДӮСТ ДОРАНД

12. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:1 мо бояд чӣ кор кунем?

12 Эфсӯсиён 5:1-ро хонед. Мо чун «фарзандони азиз»-и Яҳува кӯшиш мекунем, ки ба Ӯ пайравӣ кунем. Мо мехоҳем мисли Ӯ ба дигарон некӣ кунем ва меҳрубону бахшанда бошем. Одамоне, ки Яҳуваро намешиносанд, рафтори хуби моро дида шояд дар бораи Ӯ бештар фаҳмидан хоҳанд (1 Пет. 2:12). Волидон, хеле муҳим аст, ки дар муносибат бо фарзандонатон ба Яҳува пайравӣ кунед. Он гоҳ онҳо низ шояд дӯсти Ӯ шудан хоҳанд.

Ба сархати 13 нигаред.

13. Барои далер будан мо бояд диққатамонро ба чӣ равона кунем?

13 Кӯдакон одатан аз падари худ мефахранд ва ба дигарон дар бораи ӯ нақл мекунанд. Ба ин монанд, мо ҳам аз Падари осмониамон Яҳува фахр мекунем ва мехоҳем, ки дигарон Ӯро шиносанд. Шоҳ Довуд низ чунин ҳиссиёт дошт. Ӯ гуфт: «Ҷонам бо Худованд фахр мекунад» (Заб. 33:3). Лекин, чӣ бояд кард агар шарм ё тарс шуморо аз мавъиза кардан боздорад? Диққататонро ба он равона созед, ки аз мавъизаи шумо Яҳува то чӣ андоза хурсанд мешавад ва одамон аз шинохтани Яҳува чӣ қадар манфиат мегиранд. Он гоҳ Яҳува далерии лозимаро, албатта, ба шумо мебахшад. Ӯ ба масеҳиёни асри як кӯмак намуд, ки далер бошанд ва ба мо низ кӯмак хоҳад кард (1 Тас. 2:2).

14. Чаро иштирок дар кори мавъиза муҳим аст?

14 Яҳува рӯйбин нест. Вақте Ӯ мебинад, ки мо одамонро ҷудо накарда ба онҳо муҳаббати худро нишон медиҳем, хурсанд мешавад (Аъм. 10:34, 35). Яке аз роҳҳои беҳтарини ба дигарон муҳаббат зоҳир кардан, ин ба онҳо мавъиза кардани хушхабар аст (Мат. 28:19, 20). Чаро ин кор муҳим аст? Касоне, ки дар бораи Худо дониш мегиранд, метавонанд ҳаёташонро аз ҳоло беҳтар гардонанд ва имконияти ҷовидона зистанро пайдо кунанд (1 Тим. 4:16).

ПАДАРАМОНРО ДӮСТ ДОРЕД ВА ХУШБАХТ БОШЕД

15, 16. Барои хушбахт будан мо кадом сабабҳо дорем?

15 Яҳува Падари дӯстдор аст ва мехоҳад, ки оилааш хушбахт бошад (Иш. 65:14). Барои хушбахт будан мо сабабҳои бисёр дорем, ҳатто агар бо душвориҳо рӯ ба рӯ шавем ҳам. Масалан, мо дилпурем, ки Падари осмониамон моро беҳад дӯст медорад. Мо аз Каломи Ӯ дониши аниқ гирифтем (Ирм. 15:16). Ва қисми оилае мебошем, ки ҳама аъзоёнаш Яҳуваро нағз мебинанд, аз рӯйи меъёрҳои баланди ахлоқӣ зиндагӣ мекунанд ва якдигарро дӯст медоранд (Заб. 105:4, 5).

16 Ҳамчунин мо аз донистани он ки ҳаёт дар оянда боз ҳам беҳтар мегардад, хурсандиро нигоҳ дошта метавонем. Мо медонем, ки ба наздикӣ Яҳува бадиҳоро нест мекунад ва зери ҳокимияти Ӯ замин ба биҳишт табдил меёбад. Мо инчунин умеди олиҷаноб дорем, ки дар оянда мурдагон аз нав ба ҳаёт бармегарданд ва боз бо наздиконашон якҷоя зиндагӣ мекунанд (Юҳ. 5:28, 29). Он замон дар ҳақиқат аҷоиб хоҳад буд! Ва аз ҳама муҳимаш мо боварӣ дорем, ки ба наздикӣ ҳамаи офаридаҳои бошуури Яҳува, ҳам дар замин, ҳам дар осмон Яҳуваро ба он тавре, ки Ӯ сазовор аст, ҷалол дода, ситоиш ва ибодат хоҳанд кард.

СУРУДИ 112 Яҳува — Худои бузург

^ сарх. 5 Мо медонем, ки Падарамон Яҳува моро беҳад дӯст медорад ва мо хизматгоронашро ба оилаи Худ қабул кардааст. Аз ин рӯ мо ҳам Ӯро хеле дӯст медорем. Биёед фаҳмем, ки бо кадом роҳҳо мо муҳаббати худро ба Падарамон нишон дода метавонем.