Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 9

Гузоред, ки Яҳува ба шумо оромӣ бахшад

Гузоред, ки Яҳува ба шумо оромӣ бахшад

«Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (ЗАБ. 93:19).

СУРУДИ 68 Дуои шахси рӯҳафтода

ПЕШГУФТОР *

1. Аз кадом сабабҳо мо андӯҳгин мешавем ва дар чунин ҳолат ба сарамон чӣ гуна фикрҳо омада метавонанд?

ОЁ ШУМО ягон бор сахт андӯҳгин * шуда будед? Шояд аз сухан ё рафтори касе шумо зиқ шудед. Ё мумкин аз гапи гуфтаи худ ё кори кардаатон чунон ғамгинед, ки ҷойи нишаст намеёбед. Шояд хатое содир кардеду хавотиред, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ шуморо намебахшад. Ва аз ҳама бадтараш, шумо аз сабаби гум кардани оромии худ шояд фикр кунед, ки имонатон суст шудааст ва шумо одами бад ҳастед. Вале оё ин рост аст?

2. Кадом мисолҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки зиқу рӯҳафтода будан маънои онро надорад, ки имони мо суст шудааст?

2 Биёед аз Китоби Муқаддас якчанд мисолҳоро дида бароем. Ҳанно, модари пайғамбар Самуил, зане буд, ки имони бузург дошт. Лекин ӯ аз муомилаи бади яке аз аъзоёни хонаводааш ғамгину рӯҳафтода мешуд (1 Подш. 1:7). Павлуси расул имони қавӣ дошт, вале ғаму ташвиш «дар бораи ҳамаи ҷамъомадҳо» ӯро ором намегузошт (2 Қӯр. 11:28). Имони шоҳ Довуд низ хеле бақувват буд ва Яҳува ӯро бениҳоят дӯст медошт (Аъм. 13:22). Аммо ӯ хатоҳое содир кард, ки аз боиси он ба ғаму андӯҳ дода шуда, азоб мекашид (Заб. 37:5). Яҳува ҳар яки онҳоро тасаллӣ дода оромӣ бахшид. Биёед фаҳмем, ки мо аз мисоли онҳо чӣ дарс гирифта метавонем.

АЗ НАМУНАИ ҲАННО МО ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

3. Суханони тезу тунд ба кас чӣ гуна таъсир мекунанд?

3 Суханони дағал ва тезу тунд касро рӯҳафтода месозанд. Хусусан агар ягон аъзои оила ё дӯстамон чунин суханони дардовар гӯянд. Шояд мо зиқ шавем, ки байни мо дилхунукӣ шудааст. Баъзан кас андеша накарда бо суханаш одамро чунон озор медиҳад, ки гӯё бо ханҷаре дили ӯро чок карда бошад (Мас. 12:18). Ё баъзеҳо ҳатто дидаю дониста суханони нешдор мезананд. Бо як хоҳари ҷавон воқеаи ба ин монанде рӯй дод. Ӯ нақл мекунад: «Шахсе, ки ман дугонаи ҷонӣ мешуморидам, дар интернет дар бораи ман ҳар гуна овозаҳои дурӯғ паҳн кардааст. Аз ин ман сахт хафа шудам. Ман намефаҳмидам, ки чаро ӯ ин чизро раво дониста ба рӯям по монд». Агар дӯст ё хеши наздикатон шуморо сахт ранҷонда бошад, аз мисоли Ҳанно барои худ дарсҳои муфид гирифта метавонед.

4. Ҳанно ба кадом душвориҳо бояд тоқат мекард?

4 Ҳанно ба баъзе душвориҳои сахт бояд тоқат мекард. Солҳои зиёд ӯ бефарзанд буд (1 Подш. 1:2). Дар он замонҳо агар зан нозой бошад, мардум фикр мекарданд, ки ӯ ба лаънати Худо гирифтор аст. Аз ин Ҳанно хиҷолат мекашид ва рӯҳафтода мешуд (Ҳас. 30:1, 2). Ғайр аз ин, шавҳари Ҳанно боз як зани дигар дошт, ки номаш Фанинно буд. Ӯ якчанд фарзанд дошт. Фанинно аз рашк Ҳанноро «сахт ранҷонида, бисёр ба хашм меовард» (1 Подш. 1:6). Ҳанно аз ин бисёр зиқ мешуд, «вай гиря мекард ва чизе намехӯрд». Ӯ дарун-дарун месӯхт (1 Подш. 1:7, 10). Чӣ дили ӯро таскин бахшид?

5. Дуо ба Ҳанно чӣ тавр кӯмак кард?

5 Ҳанно дилашро дар дуо ба Яҳува холӣ кард. Баъди дуо гуфтан, ӯ вазъияташро ба саркоҳин Элӣ фаҳмонд. Элӣ ба вай гуфт: «Ба саломатӣ бирав, ва Худои Исроил хоҳиши туро, ки аз Ӯ илтимос кардаӣ, ба амал хоҳад овард». Баъд чӣ шуд? Ҳанно «ба роҳи худ рафт; ва хӯрок мехӯрд, ва чеҳрааш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:17, 18). Дуо ба Ҳанно оромӣ ва хотирҷамъӣ бахшид.

Мисли Ҳанно чӣ тавр мо имрӯз оромӣ ва тасаллӣ ёфта метавонем? (Ба сархатҳои 6–10 нигаред.)

6. Мо аз Ҳанно чӣ дарс мегирем ва дар Филиппиён 4:6, 7 оиди дуо чӣ гуфта шудааст?

6 Пайваста дуо гуфта мо дар дил оромӣ меёбем. Ҳанно дурудароз ба Падари осмониаш Яҳува дуо гуфт (1 Подш. 1:12). Мо низ метавонем бафурсат нишаста ба Яҳува дар бораи ғаму ташвиш, тарсу хавотирӣ ва камбудиҳои худ дуо гӯем. Шарт нест, ки дар вақти дуо суханони мо шоирона ва зебо бошанд. Шояд ҳангоми дуо мо аз дарду алами худ ба Яҳува ҳатто гиряву зорӣ кунем. Бидонед, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ аз гӯш кардани мо монда намешавад. Ғайр аз оиди душвориҳоямон дуо гуфтан хуб мебуд, ки ҳамчунин маслиҳати дар Филиппиён 4:6, 7 додашударо ба инобат гирем. (Оятҳоро хонед.) Павлус гуфт, ки мо дар дуо бояд ба Яҳува миннатдорӣ низ баён кунем. Барои шукргузорӣ сабабҳо зиёданд. Масалан, мо ба Яҳува барои атои ҳаёт, офаридаҳояш, муҳаббати пойдори Ӯ ва умеди олиҷанобе, ки бахшидааст, раҳмат гуфта метавонем. Аз Ҳанно боз чӣ омӯхтан мумкин аст?

7. Ҳанно ва шавҳараш мунтазам ба куҷо мерафтанд?

7 Ҳанно ба мушкилиҳояш нигоҳ накарда ҳамроҳи шавҳараш мунтазам барои ибодати Яҳува ба Шилӯ мерафт (1 Подш. 1:1–5). Маҳз ҳангоми дар хаймаи муқаддас будани Ҳанно саркоҳин Элӣ ӯро рӯҳбаланд карда умед бахшид, ки Яҳува хоҳиши дили ӯро ба ҷо меорад (1 Подш. 1:9, 17).

8. Вохӯриҳои ҷамъомад дар чӣ ба мо кӯмак мекунанд? Фаҳмонед.

8 Мунтазам ба ҷамъомад рафта мо дар дил оромӣ меёбем. Одатан дар оғози вохӯрии ҷамъомад бародарон дар дуо аз Яҳува хоҳиш мекунанд, ки бо рӯҳи муқаддасаш бо мо бошад. Ва яке аз хислатҳои самари рӯҳ ин осоиштагӣ аст (Ғал. 5:22). Вақте мо ба ғаму ташвиши худ нигоҳ накарда ба ҷамъомад меоем, мо ба Яҳува ва бародару хоҳарон имконият медиҳем, ки моро рӯҳбаланд кунанд, то дар ақлу дили худ осоиштагӣ дошта бошем. Дуо ва вохӯриҳои ҷамъомад роҳҳои асосианд, ки бо воситаашон Яҳува моро оромӣ мебахшад (Ибр. 10:24, 25). Ҳоло биёед фаҳмем, ки аз Ҳанно боз чӣ дарс гирифта метавонем.

9. Дар вазъияти Ҳанно чӣ дигар нашуд, вале ӯ чӣ ҳис мекард?

9 Он душворие, ки Ҳанноро рӯҳафтода мекард, дарҳол бартараф нашуд. Баъд аз Яҳуваро дар хаймаи муқаддас ибодат кардан ӯ боз бояд ба ҳамон хона бармегашт. Ва дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки муомилаи Фанинно бо ӯ нағз шуд. Яъне Ҳанно аз афташ боз ҳамон суханони талх ва пичинги палонҷашро бояд тоқат мекард. Вале ӯ тавонист оромӣ пайдо кунад. Ба ёд оред, ки вақте ӯ дуо гуфта дилашро ба Яҳува холӣ кард, дилаш таскин ёфт ва акнун мисли пештара ғамгин набуд. Ҳанно ба Яҳува такя кард ва мушкилиҳояшро ба дасти Ӯ супорид. Баъдтар, Яҳува ба дуояш ҷавоб дода ба вай фарзанд ато кард (1 Подш. 1:19, 20; 2:21).

10. Мо аз мисоли Ҳанно чиро мефаҳмем?

10 Ҳатто душвориамон бартараф нашавад ҳам, мо оромӣ ёфта метавонем. Баъзан нигоҳ накарда ба он ки мо аз таҳти дил дуо мегӯем ва мунтазам ба ҷамъомадҳо меравем, баъзе мушкилиҳоямон ҳал намешаванд. Вале аз мисоли Ҳанно мо мефаҳмем, ки Яҳува қодир аст дили ғамгини моро тасалло бахшад. Фақат мо бояд пурра ба Ӯ такя кунем. Яҳува ҳеҷ гоҳ моро фаромӯш намекунад ва як рӯз не як рӯз, албатта, моро барои садоқатмандиамон баракат медиҳад (Ибр. 11:6).

АЗ МИСОЛИ ПАВЛУСИ РАСУЛ ЧӢ ОМӮХТАН МУМКИН АСТ?

11. Кадом чизҳо ба рӯҳафтода шудани Павлус сабаб шуда метавонистанд?

11 Павлусро бисёр чизҳо ғамгину рӯҳафтода карда метавонистанд. Масалан, азбаски ӯ бародару хоҳаронро хеле дӯст медошт, мушкилиҳои онҳо ӯро ба ташвиш меовард (2 Қӯр. 2:4; 11:28). Дар вақти мавъиза мухолифон бисёр вақт ӯро латукӯб карда ба зиндон мепартофтанд. Боз Павлус «чӣ будани камбағалӣ» ва азоби онро медонист (Флп. 4:12). Инчунин камаш се маротиба киштие, ки Павлус дар он сафар мекард, ба тӯфон дучор шуда дар баҳр ғарқ шуд, ки эҳтимол ба ӯ ғаму ғуссаи зиёд овард (2 Қӯр. 11:23–27). Чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки ба ғаму андӯҳ дода нашавад?

12. Ғаму ташвиши зиёди Павлусро чӣ сабуктар мегардонд?

12 Вақте бародару хоҳарон бо мушкилиҳо дучор мешуданд, Павлус дар бораи онҳо ғам мехӯрд. Вале ӯ дарк мекард, ки ба ҳал кардани ҳамаи душвориҳои онҳо қувваташ намерасад. Ӯ хоксор буд. Барои ғамхорӣ кардан ба рамаи Худо Павлус аз дигарон кӯмак мепурсид. Масалан, ӯ баъзе корҳои ҷамъомадро ба чунин бародарони боваринок, мисли Тимотиюс ва Титус супориш дод. Корҳое, ки ин бародарон иҷро мекарданд, бешубҳа ғаму ташвиши Павлусро сабуктар мекард (Флп. 2:19, 20; Тит. 1:1, 4, 5).

Барои ба ғаму ташвиш дода нашудан мо мисли Павлуси расул чӣ кор карда метавонем? (Ба сархатҳои 13–15 нигаред.)

13. Чӣ тавр пирон ба Павлус пайравӣ карда метавонанд?

13 Аз дигарон кӯмак пурсед. Мисли Павлус имрӯз бисёр пирони дилсӯз дар бораи бародару хоҳароне, ки бо озмоишҳо дучор мешаванд, ғам мехӯранд. Вале танҳо як пири ҷамъомад ба ҳамаи ҳамимонон кӯмак карда наметавонад. Ӯ бояд хоксорӣ зоҳир карда, баъзе масъулиятҳои доштаашро ба дигар бародарони қобилиятнок диҳад ва бародарони ҷавонро таълим диҳад, ки барои ғамхорӣ ба рамаи Худо кӯмак кунанд (2 Тим. 2:2).

14. Павлус чиро пинҳон намекард ва мо аз намунаи ӯ чӣ меомӯзем?

14 Ба тасаллӣ мӯҳтоҷ буданатонро пинҳон накунед. Павлус фурӯтан буд, барои ҳамин аз ҳамимонон пинҳон намекард, ки рӯҳафтода ва ба тасаллӣ мӯҳтоҷ аст. Ва ӯ кӯмаки дӯстонашро қабул мекард. Вай фикр намекард, ки дигарон ӯро заиф мешуморанд. Дар нома ба Филемӯн ӯ навишт: «Ман дар бораи муҳаббати ту шунида хурсандиву тасаллии зиёде ёфтам» (Филем. 7). Павлус боз якчанд ҳамимононро номбар кард, ки дар вақтҳои душворӣ ӯро хеле рӯҳбаланд мекарданд (Қӯл. 4:7–11). Вақте мо фурӯтанӣ зоҳир карда ба бародару хоҳарон мегӯем, ки ба тасаллӣ мӯҳтоҷем, онҳо бо хурсандӣ моро дастгирӣ хоҳанд кард.

15. Дар ҳолатҳои хеле вазнин Павлус аз чӣ қувват мегирифт?

15 Аз Каломи Худо қувват ёбед. Павлус медонист, ки Навиштаҳо ӯро тасаллӣ дода метавонанд (Рум. 15:4). Дар озмоишҳои гуногун Каломи Худо ба Павлус ҳамчунин хирад ва фаҳмиш мебахшид (2 Тим. 3:15, 16). Ҳангоми бори дуюм дар Рум ҳабс шуданаш Павлус ҳис кард, ки маргаш наздик аст. Ӯ дар он вазъияти мушкил чӣ кор кард? Ӯ аз Тимотиюс хоҳиш кард, ки ҳарчи зудтар ба наздаш ояд ва ҳамроҳаш «дастхатҳоро» гирифта орад (2 Тим. 4:6, 7, 9, 13). Барои чӣ? Он дастхатҳо эҳтимол порчаи Навиштаҳои ибронӣ буданд, ки Павлус дар омӯзиши шахсии худ истифода бурда метавонист. Вақте мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда мунтазам омӯзиши шахсӣ мегузаронем, бо кадом озмоише, ки дучор нашавем, Яҳува бо ёрии Навиштаҳо моро оромӣ хоҳад бахшид.

МО АЗ ДОВУД ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

Агар хатои ҷиддие содир карда бошем, чун дар мавриди Довуд чӣ ба мо кӯмак мекунад? (Ба сархатҳои 16–19 нигаред.)

16. Довуд ба сари худ чӣ ғаму андӯҳ овард?

16 Довуд гуноҳи азиме содир кард. Ӯ бо Батшобаъ зино кард, куштори шавҳари ӯро ташкил намуд ва ҷиноятҳояшро муддате пинҳон кард (2 Подш. 12:9). Виҷдонаш ӯро азоб медод, лекин ӯ ба садои он гӯш намедод. Дар натиҷа муносибаташ бо Яҳува суст гашт, ӯро ғаму андӯҳ фаро гирифт ва ҳатто бемор шуд (Заб. 31:3, 4). Чӣ ба Довуд ёрдам кард, ки аз ғаму ғуссае, ки ба сари худ овард, раҳо ёбад? Ва агар мо гуноҳи ҷиддие содир кунем, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

17. Чӣ тавр суханони Забур 50:1–6 нишон медиҳанд, ки Довуд самимона пушаймон шуд?

17 Ба Яҳува дуо гуфта бахшиш пурсед. Довуд оқибат дар дуо ба Яҳува муроҷиат кард. Ӯ аз самими дил пушаймон шуда ба гуноҳҳояш иқрор шуд. (Забур 50:16-ро хонед.) Ва чӣ сабукие ҳис кард ӯ баъд аз ин! (Заб. 31:1, 2, 4, 5). Агар шумо гуноҳи ҷиддие содир карда бошед, онро пинҳон накунед. Баръакс, ба Яҳува дуо гуфта ба кори кардаатон ошкоро иқрор шавед. Он гоҳ виҷдонатон оромтар мешавад ва шумо сабукӣ ҳис мекунед. Вале барои бо Яҳува барқарор кардани дӯстиатон танҳо дуо гуфтан кифоя нест. Барои ин боз чӣ кор кардан лозим?

18. Довуд ба ҷазои Яҳува чӣ гуна муносибат кард?

18 Танбеҳро қабул кунед. Вақте Яҳува пайғамбар Нотонро фиристода гуноҳи Довудро фош намуд, ӯ худро сафед накард ё нагуфт, ки гуноҳаш он қадар ҷиддӣ нест. Вай ҳамон лаҳза иқрор шуд, ки на танҳо бар зидди шавҳари Батшобаъ, балки пеш аз ҳама ба муқобили Яҳува гуноҳ кардааст. Довуд ҷазои Яҳуваро қабул кард ва Худо ӯро бахшид (2 Подш. 12:10–14). Агар мо гуноҳи ҷиддие карда бошем, ба мо лозим аст, ки бо чӯпонони ҷамъомад гап занем (Яъқ. 5:14, 15). Ва мо набояд худро сафед кунем. Чи қадаре ки тезтар мо чораи ислоҳкунандаро аз тарафи пирон қабул кунем, оромӣ ва хурсандиамон низ ҳамон қадар тезтар барқарор мегардад.

19. Мо боқатъият бояд чӣ кор кунем?

19 Қатъиян кӯшиш намоед, ки гуноҳатонро такрор накунед. Шоҳ Довуд медонист, ки барои ба васваса дода нашудан ва такроран содир накардани он гуноҳҳояш ӯ ба кӯмаки Яҳува мӯҳтоҷ аст (Заб. 50:9, 12, 14). Баъди бахшиши Яҳуваро ба даст овардан, Довуд қатъиян бо фикру хоҳишҳои нодуруст мубориза мебурд. Дар натиҷа оромии ботиниаш аз нав ба ӯ баргашт.

20. Вақте Яҳува гуноҳи моро мебахшад, мо чӣ тавр ба Ӯ миннатдорӣ нишон дода метавонем?

20 Мо ба Яҳува барои бахшанда буданаш миннатдорӣ нишон медиҳем, агар дар дуо ба Ӯ раҳмат гӯем, чораҳои ислоҳкунандае, ки пирон таъйин мекунанд, қабул кунем ва барои такрор накардани гуноҳамон сахт кӯшиш намоем. Баъди гузоштани ин қадамҳо мо аз нав оромии ботинӣ пайдо карда метавонем. Ҷеймс ном бародаре, ки гуноҳи ҷиддӣ содир карда буд, ба ҳақ будани ин чиз худаш боварӣ ҳосил кард. Ӯ мегӯяд: «Баъди он ки ман дар назди пирон ба гуноҳам иқрор шудам, худро сабук ҳис кардам. Гӯё бори гароне аз китфам афтод. Оҳиста-оҳиста дар ақлу дилам боз оромӣ пайдо шуд». Чӣ тасаллибахш аст донистани он ки Яҳува «ба дилшикастагон наздик аст ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Заб. 33:19).

21. Чӣ тавр мо барои оромӣ ёфтан ба Яҳува такя карда метавонем?

21 Азбаски анҷоми ин тартибот хеле наздик аст, чизҳое, ки ба мо ғаму андӯҳ меоранд, эҳтимол зиёд шаванд. Вақте худро ноором ва хотирпарешон ҳис мекунед, дарҳол ба Яҳува дуо гуфта мадад пурсед. Китоби Муқаддасро бо ҷидду ҷаҳд омӯзиш кунед. Аз намунаи Ҳанно, Павлус ва Довуд барои худ дарс гиред. Аз Падари осмониамон илтиҷо кунед, то барои муайян кардани сабаби хавотириатон кӯмак кунад (Заб. 138:23). Ба Ӯ бори дили худро вогузор кунед, хусусан он душвориҳоеро, ки дар ҳал карданашон азоб мекашед ё умуман ҳаллашон аз шумо вобаста нест. Чунин карда шумо мисли забурнавис оромӣ ҳис мекунед. Ӯ ба Яҳува сароида гуфт: «Вақте ки андешаҳоям андаруни ман биафзояд, тасаллиҳои Ту ҷонамро осудагӣ мебахшад» (Заб. 93:19).

СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст

^ сарх. 5 Баъзан ҳар яки мо бо душвориҳо дучор шуда аз он ғамгин мешавем. Дар ин мақола намунаи се хизматгори Яҳува оварда шудаанд, ки ғаму ташвиш онҳоро азоб медод. Биёед фаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ҳар яки онҳоро тасаллӣ ва оромӣ бахшид.

^ сарх. 1 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ғаму андӯҳ ҳолатест, ки шахс аз он худро асабӣ ва дилтангу ноором ҳис мекунад. Ин гуна ҳиссиёт аз сабаби душвориҳои моддӣ, бад шудани саломатӣ, носозгориҳо дар оила, мушкилиҳои шахсӣ пайдо шуда метавонад. Ҳамчунин кас шояд аз сабаби хатоҳои пешинааш ё озмоишҳое, ки ба гумонаш дар оянда бо ӯ рӯй дода метавонанд, ғамгин шавад.