Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 11

Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?

Оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред?

«Таъмид низ... ҳоло шуморо... наҷот медиҳад» (1 ПЕТ. 3:21).

СУРУДИ 106 Дӯстӣ бо Яҳува

ПЕШГУФТОР *

1. Пеш аз сар кардани сохтмони хона одам бояд чӣ кор кунад?

ШАХСЕРО тасаввур кунед, ки хона бино карданист. Ӯ медонад, ки кадом намуди хонаро сохтанӣ аст. Лекин оё вай зуд баъзе масолеҳи сохтмониро харида сохтмонро сар мекунад? Не. Пеш аз ин вай аввал бояд як кори муҳимро анҷом диҳад. Ӯ бояд ҳисоб кунад, ки харҷи хона чӣ қадар мешавад. То боварӣ ҳосил кунад, ки ба сохтан ва буд кардани хона зӯраш мерасад ё не. Агар вай сарфу хароҷотро пешакӣ ҳисоб кунад, эҳтимоли зиёд аст, ки сохтмони хонаи навро бомуваффақият ба охир мерасонад.

2. Мувофиқи Луқо 14:27–30 пеш аз таъмид шумо оиди чӣ бояд нағз фикр кунед?

2 Шояд шумо аз муҳаббат ва миннатдорӣ ба Яҳува хизматгори Ӯ шудан мехоҳед. Лекин пеш аз таъмид ба шумо низ лозим аст, ки мисли ҳамон шахсе ки хона сохтан мехост, амал кунед. Чаро чунин гуфтан мумкин? Дар бораи суханони Исо, ки дар Луқо 14:27–30 навишта шудаанд, фикр кунед. (Оятҳоро хонед.) Дар ин оятҳо Исо фаҳмонд, ки шогирди ӯ будан чӣ маъно дорад. Барои пайрави Исо шудан, мо бояд ба «харҷи» он, яъне ба баъзе душвориҳо ва қурбониҳо тайёр бошем (Луқ. 9:23–26; 12:51–53). Барои ҳамин пеш аз таъмид шумо бояд оиди ҳамаи ин бодиққат фикр кунед. Он гоҳ хубтар тайёр мешавед, ки чун масеҳии таъмидёфта содиқона ба Худо хизмат кунед.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Оё шогирди Масеҳ шудан ба он «хароҷотҳо» меарзад? Бе ягон шубҳа! Таъмид сӯйи баракатҳои беҳисоби ҳозираву оянда роҳ мекушояд. Биёед баъзе саволҳои муҳимро оиди таъмид муҳокима кунем. Ҷавобҳоятон маълум месозанд, ки шумо ба таъмид гирифтан тайёред ё не.

ДАР БОРАИ ХУДРО БА ХУДО БАХШИДАН ВА ТАЪМИД ЧИРО ДОНИСТАН ЛОЗИМ АСТ?

4. а) Шахс чӣ тавр худро ба Яҳува мебахшад? б) Мувофиқи Матто 16:24 «аз баҳри худ» баромадан чӣ маъно дорад?

4 Ҳаёти худро ба Худо бахшидан чӣ маъно дорад? Пеш аз таъмид як қадами муҳимро гузоштан лозим аст. Шумо бояд худро ба Яҳува бахшед. Ин дуои самимӣ аст, ки дар он шахс ба Яҳува ваъда медиҳад, ки якумр ба Ӯ хизмат мекунад. Ҳаётатонро ба Яҳува бахшида шумо «аз баҳри худ» мебароед. (Матто 16:24-ро хонед.) Аз ин пас шумо ба Яҳува тааллуқ хоҳед дошт, ки ин шарафи бузург аст (Рум. 14:8). Ҳаёти худро ба Худо бахшида шумо қавл медиҳед, ки минбаъд хоҳишу мақсадҳои худро неву хости Худоро дар ҷойи аввал мегузоред. Яҳува моро ба додани чунин ваъда маҷбур намекунад. Лекин вақте қавл додем, Ӯ интизор мешавад, ки ба он вафо кунем (Заб. 115:3, 5).

5. Ба Худо бахшидани худ аз таъмид гирифтан чӣ фарқ дорад?

5 Худро ба Яҳува бахшидан ва таъмид гирифтан чӣ алоқамандӣ доранд? Вақте шумо худро ба Худо мебахшед, инро дар дуои шахсӣ мегӯед; ин танҳо байни шумо ва Яҳува мешавад, ки дигарон намедонанд. Таъмид бошад, дар пеши ҳама мегузарад. Вақте шумо дар анҷуман таъмид мегиред, ба дигарон нишон медиҳед, ки аллакай ҳаёти худро ба Яҳува бахшидед *. Аз таъмид гирифтанатон дигарон мефаҳманд, ки шумо Худоро бо тамоми дил, ҷон ва қувват дӯст медоред ва мехоҳед абадан ба Ӯ хизмат кунед (Марқ. 12:30).

6, 7. Мувофиқи 1 Петрус 3:18–22 аз кадом ду сабаб таъмид гирифтан зарур аст?

6 Оё таъмид гирифтан шарт аст? Ба суханони 1 Петрус 3:18–22 аҳамият диҳед. (Оятҳоро хонед.) Киштие, ки Нӯҳ-пайғамбар сохт, ба одамон нишон медод, ки Нӯҳ ба Худо имон дорад. Ба ин монанд, аз таъмидатон дигарон мефаҳманд, ки шумо ҳаёти худро ба Яҳува бахшидаед. Вале оё таъмид гирифтан дар ҳақиқат зарур аст? Бале. Петруси расул сабабҳояшро фаҳмонд. Якум, таъмид шуморо «наҷот медиҳад». Барои ин мо бояд ба Исо, қурбонии ӯ, ба эҳёшавиаш ва ба он ки ҳоло ӯ «дар тарафи рости Худост», имон орем. Ва ин имонамонро бояд бо корҳоямон нишон диҳем.

7 Дуюм, таъмид гирифта шумо дар назди Худо виҷдони пок дошта метавонед. Чӣ тавр? Баъди ҳаёти худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтан, мо бо Ӯ муносибати махсус пайдо мекунем. Вақте Яҳува мебинад, ки мо аз хатоҳоямон дар ҳақиқат пушаймонем ва ба фидияи Исо имон дорем, Ӯ гуноҳҳоямонро мебахшад. Ҳамин тавр мо дар назди Ӯ виҷдони пок пайдо мекунем.

8. Кадом чиз бояд шахсро ба таъмид гирифтан барангезад?

8 Барои таъмид гирифтан сабаби асосӣ бояд кадом бошад? Вақте шумо бо яке аз Шоҳидон Китоби Муқаддасро бодиққат омӯзиш кардед, дар бораи Яҳува, хислатҳои Ӯ ва корҳояш бисёр чизҳоро фаҳмидед. Дар натиҷа шумо ба Яҳува меҳри самимӣ пайдо кардед. Ва маҳз муҳаббат ба Худо бояд шуморо ба таъмид гирифтан барангезад.

9. «Ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас» таъмид гирифтан чӣ маъно дорад?

Вақте шумо таълимоти Китоби Муқаддасро фаҳмида ба ҳақ будани онҳо боварӣ ҳосил мекунед, ин низ шуморо бармеангезад, ки таъмид гиред. Биёед ба хотир орем, ки вақте Исо оиди шогирдсозӣ амр дод, ӯ чӣ гуфт. (Матто 28:19, 20-ро хонед.) Мувофиқи суханони Исо онҳое, ки таъмид мегиранд, бояд инро «ба номи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас» кунанд. Ин чӣ маъно дорад? Ба шумо лозим аст, ки ба ҳамаи он чизҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува, Писари Ӯ ва рӯҳи муқаддас таълим медиҳад, пурра боварӣ дошта бошед. Ин ҳақиқатҳо хеле таъсирноканд (Ибр. 4:12). Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.

10, 11. Шумо кадом чизҳоро дар бораи Падар фаҳмидед ва қабул кардед?

10 Чизҳоеро, ки шумо дар бораи Падар фаҳмидед, ба хотир оред. Номи Ӯ Яҳува аст, Ӯ «бар тамоми замин Ҳаққи Таоло» ва «Худои ягона» мебошад (Заб. 82:19; Иш. 37:16). Ӯ «чашмаи ҳаёт» аст ва наҷот аз ҷониби Ӯст (Заб. 3:9; 35:10). Яҳува барои аз гуноҳу марг наҷот додани мо роҳ кушод ва ба ҳаёти ҷовидонӣ умед дод (Юҳ. 17:3). Ба Худо худро бахшида таъмид гирифтанатон нишон медиҳад, ки шумо яке аз Шоҳидони Яҳува гаштед (Иш. 43:10–12). Баъд аз ин шумо аъзои оилаи умумиҷаҳонии хизматгорони Яҳува мешавед, ки ҳар аъзои он бар худ доштани номи Худо ва оиди Ӯ ба дигарон нақл карданро шараф меҳисобад (Заб. 85:12).

11 Аз Китоби Муқаддас ҳақиқатро дар бораи Падар фаҳмидан шарафи бузург аст! Боварии комил ба ин чизҳо шуморо бармеангезад, ки худро ба Яҳува бахшида таъмид гиред.

12, 13. Дар бораи Писар шумо кадом чизҳоро фаҳмида ба онҳо имон овардед?

12 Дар бораи Писар бошад, шумо чизҳои зеринро фаҳмидед: Исо дуюм шахси муҳимтарин дар олам аст. Ӯ бо омодагӣ ҳаёти худро барои мо қурбон кард. Мо бояд ба фидия имон оварда инро бо корҳоямон нишон диҳем. Он гоҳ метавонем бахшиши гуноҳҳоямонро ба даст орем, бо Худо дӯстӣ инкишоф диҳем ва оянда ҳаёти ҷовидона ёбем (Юҳ. 3:16). Исо Саркоҳини мост ва мехоҳад ба мо кӯмак кунад, ки ба воситаи ӯ ба Худо наздик шавем (Ибр. 4:15; 7:24, 25). Исо Шоҳи таъйинкардаи Худо аст ва Яҳува ба воситаи ӯ номи Худро пок месозад, ба бадиҳо хотима мебахшад ва дар биҳишт одамонро абадан баракат медиҳад (Мат. 6:9, 10; Ваҳй 11:15). Масеҳ намунаи ибрат барои мост (1 Пет. 2:21). Ӯ тамоми ҳаёташ гуфти Яҳуваро иҷро мекард ва мо бояд ба ӯ пайравӣ кунем (Юҳ. 4:34).

13 Шумо аз Китоби Муқаддас оиди Писари азизи Худо бисёр чизҳоро фаҳмидед. Имон ва муҳаббат ба Исо шуморо бармеангезад, ки мисли ӯ ҳаётатонро ба Яҳува бахшида таъмид гиред.

14, 15. Дар бораи рӯҳи муқаддас шумо кадом чизҳоро фаҳмидед ва ба онҳо имон овардед?

14 Дар бораи рӯҳи муқаддас чӣ гуфтан мумкин аст? Шумо фаҳмидед, ки он ягон шахсият нест, балки қувваи фаъоли Худо аст. Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш нависандагони Китоби Муқаддасро илҳом бахшид. Ва ин рӯҳ ба мо кӯмак мекунад, ки он китобро фаҳмем ва чизҳои хондаамонро ба кор барем (Юҳ. 14:26; 2 Пет. 1:21). Ба воситаи рӯҳи Худ Яҳува дар душвориҳо ба мо «қувваи барзиёд» медиҳад (2 Қӯр. 4:7). Он ба мо қувват мебахшад, ки хушхабарро мавъиза кунем, ба васвасаҳо дода нашавем, бо рӯҳафтодагӣ мубориза барем ва ба озмоишҳо тоб орем. Инчунин бо ёрдами он мо хислатҳои зебои «самари рӯҳ»-ро зоҳир карда метавонем (Ғал. 5:22, 23). Худо ба касоне, ки ба Ӯ такя мекунанд ва аз таҳти дил рӯҳи муқаддас мепурсанд, онро бо саховатмандӣ ато мекунад (Луқ. 11:13).

15 Рӯҳи муқаддас дар хизмати Яҳува ба мо кӯмак мекунад ва донистани ин дилҳои моро гарм месозад. Вақте шумо ба чизҳои дар бораи рӯҳи муқаддас фаҳмидаатон боварӣ ҳосил мекунед, хоҳиш пайдо мекунед, ки худро ба Худо бахшида таъмид гиред.

16. То ин дам мо чиҳоро муҳокима кардем?

16 Ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид гирифтан қадами хеле муҳим дар ҳаёт аст. Чуноне ки гуфтем, шумо бояд ба «хароҷотҳо», яъне душвориҳо ва пастиву баландиҳое, ки масеҳиён дучор шуда метавонанд, тайёр бошед. Вале, агар баракатҳо ва душвориҳои масеҳиёнро гӯё ба тарозу гузорем, вазни баракатҳо чандҳо маротиба зиёд хоҳад буд. Таъмид сӯйи наҷот роҳ мекушояд ва имкон медиҳад, ки шахс виҷдони пок дошта бошад. Қарори шумо оиди таъмид бояд ба муҳаббате, ки шумо ба Яҳува Худо доред, асос ёбад. Инчунин шумо бояд ба ҳақиқатҳое, ки дар бораи Падар, Писар ва рӯҳи муқаддас фаҳмидед, пурра боварӣ дошта бошед. Баъди муҳокимаи ҳамаи ин чизҳо, акнун ба чунин савол ҷавоб диҳед: «Оё ман ба таъмид гирифтан тайёрам?»

ПЕШ АЗ ТАЪМИД ШУМО БОЯД ЧӢ КОР КУНЕД?

17. Баъзе қадамҳое, ки пеш аз таъмид гузоштан лозим аст, кадоманд?

17 Агар шумо фикр кунед, ки ба таъмид гирифтан тайёред, пас гуфтан мумкин аст, ки шумо аллакай баъзе қадамҳои муҳимро гузоштед *. Барои он ки шахс бо Яҳува муносибати наздик инкишоф диҳад, кардани ин корҳо зарур аст: Бо воситаи омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува ва Исо дониш гирифта имони қавӣ инкишоф диҳед (Ибр. 11:6). Шумо бояд пурра боварӣ дошта бошед, ки ваъдаҳои Яҳува иҷро мешаванд ва қурбонии Исо метавонад шуморо аз гуноҳ ва марг озод кунад. Аз гуноҳҳои содиркардаатон самимона тавба кунед. Гуфтору рафтори бадро тарк карда минбаъд ба таври ба Яҳува писанд зиндагӣ кунед (Аъм. 3:19). Бо ҷидду ҷаҳд ба дигарон оиди имони худ мавъиза кунед ва чун воиз бо дигар аъзоёни ҷамъомад ҳамкорӣ намоед (Мат. 24:14). Вақте Яҳува мебинад, ки шумо ин қадамҳои муҳимро гузоштед, Ӯ бо шумо фахр мекунад ва хеле хурсанд мешавад (Мас. 27:11).

18. Пеш аз таъмид шумо боз кадом корҳоро бояд анҷом диҳед?

18 Пеш аз таъмид гирифтан боз якчанд корро бояд анҷом диҳед. Чуноне ки дар боло гуфтем, шумо бояд худро ба Яҳува бахшед, яъне дар дуои самимӣ ба Яҳува ваъда диҳед, ки дар ҳаётатон гуфти Ӯро дар ҷойи аввал мемонед (1 Пет. 4:2). Сипас координатори ҳайати пиронро хабардор созед, ки таъмид гирифтан мехоҳед. Ӯ аз баъзе пирон хоҳиш мекунад, ки бо шумо сӯҳбат намоянд. Илтимос, аз чунин сӯҳбат натарсед. Ин бародарони азиз шуморо аллакай хуб мешиносанд ва дӯст медоранд. Онҳо таълимоти асосии Китоби Муқаддасро кӯтоҳ бо шумо муҳокима мекунанд, то боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳоро пурра мефаҳмед ва муҳим будани таъмидро дарк мекунед. Баъд, агар онҳо хулоса бароранд, ки шумо ба таъмид тайёред, дар анҷумани навбатӣ таъмид гирифта метавонед.

БАЪДИ ТАЪМИД ГИРИФТАН БОЯД ЧӢ КОР КУНЕД?

19, 20. Баъди таъмид шумо бояд чӣ кор кунед ва дар ин чӣ кӯмак карда метавонад?

19 Баъди таъмид чӣ кор бояд кард *? Дар хотир доред, ки худро ба Яҳува бахшидани шумо ваъдаи ҷиддӣ буд. Барои ҳамин Яҳува интизор аст, ки шумо мувофиқи ваъдаи додаатон зиндагӣ мекунед. Шумо чӣ тавр инро карда метавонед?

20 Бо ҷамъомади худ алоқаи зичро нигоҳ доред. Чун масеҳии таъмидёфта шумо қисми бародарияти умумиҷаҳонӣ мешавед (1 Пет. 2:17). Бародару хоҳарон аз ҷамъомад оилаи рӯҳонии шумо мегарданд. Мунтазам ба ҷамъомадҳо омада дӯстиатонро бо онҳо мустаҳкам гардонед. Ҳар рӯз Каломи Худоро хонда дар борааш мулоҳиза ронед (Заб. 1:1, 2). Баъди хондани порча аз Китоби Муқаддас каме вақт ҷудо карда оиди чизи хондаатон чуқур фикр кунед, то ба дили шумо таъсир кунад. «Пайваста дуо гӯед» (Мат. 26:41). Дуоҳои самимӣ шуморо бо Яҳува наздиктар месозанд. «Ҳама вақт аввал Подшоҳии Худоро ҷӯед» (Мат. 6:33). Кори мавъизаро муҳим шуморед ва дар он фаъол бошед. Мунтазам ба хизмат рафта шумо имони худро қавӣ нигоҳ медоред ва ба дигарон ёрӣ медиҳед, ки ба ҳаёти ҷовидонӣ умед пайдо кунанд (1 Тим. 4:16).

21. Таъмид сӯйи чӣ роҳ мекушояд?

21 Ҳаёти худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтан қарори муҳимтарин дар ҳаёти шахс мебошад. Рост аст, ки шогирди Исо будан баъзе душвориҳоро дар бар мегирад. Лекин мукофоти он садчандон зиёд аст. Дар ин ҷаҳон ба сари шумо чӣ мушкилиҳо наоянд ҳам, онҳо «кӯтоҳмуддат ва сабуканд» (2 Қӯр. 4:17). Вале, агар шумо таъмид гирифта хизматгори Яҳува шавед, аллакай имрӯз ҳаёти пурмазмуну хушбахтона ба сар мебаред ва оянда «ҳаёти ҳақиқиро» соҳиб мегардед (1 Тим. 6:19). Аз ин рӯ дуо гӯед ва чуқур фикр кунед, ки оё шумо ба таъмид гирифтан тайёред.

СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

^ сарх. 5 Оё шумо дар бораи таъмид гирифтан фикр мекунед? Пас, ин мақола маҳз барои шумо пешбинӣ шудааст. Мо якчанд саволҳои муҳимро дида мебароем, ки бо таъмид алоқаманданд. Ҷавоби шумо ба ин саволҳо нишон медиҳанд, ки шумо ба таъмид гирифтан тайёред ё не.

^ сарх. 19 Агар шумо ҳоло омӯзишро бо «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» ва «Дар муҳаббати Худо бимонед» тамом накарда бошед, омӯзишро бо яке аз Шоҳидон то охир давом диҳед. (Агар ин китоб ҳоло ба забони шумо дастрас набошад, то вақти нашр шуданаш, метавонед аз китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» омӯзиш кунед.)