Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

«Инак мо ҳозирем, моро фиристед!»

«Инак мо ҳозирем, моро фиристед!»

ОЁ шумо дар бораи васеъ кардани хизмататон фикр мекунед? Мумкин шумо орзу доред ба давлате рафта хизмат кунед, ки он ҷо воизон намерасанд? Пас, шумо аз саргузашти бародар ва хоҳар Бергейм барои худ бисёр дарс гирифта метавонед.

Ҳамсарон Ҷек ва Мерилин аз соли 1988 инҷониб якҷоя пурравақт хизмат мекунанд. Аз сабаби ба шароити нав тез мутобиқ шуда тавонистанашон онҳо дар бисёр ҷойҳои Гваделупа ва Гвианаи Фаронса хизмат намудаанд. Ҳар дуи ин ҷо ҳоло зери назорати филиали Фаронса мебошанд. Биёед аз Ҷек ва Мерилин мусоҳиба гирем.

Барои чӣ шумо хизмати пурравақтро сар кардед?

Мерилин: Ман дар Гваделупа калон шудам. Аз хурдӣ бо модарам ба хизмат мерафтам ва мо бисёр вақт рӯзи дароз хизмат мекардем. Модарам воизи боғайрат буд. Ман одамонро дӯст медорам, барои ҳамин баъди хатми мактаб, соли 1985 дарҳол хизмати пешравиро сар кардам.

Ҷек: Дар ҷавонӣ ман доимо дар байни ходимони пурравақти Яҳува будам, ки онҳо хизматро дӯст медоштанд. Одатан ҳангоми таътилам ман чун пешрави ёвар хизмат мекардам. Дар рӯзҳои истироҳат мо баъзан бо автобус ҳамроҳи пешравон ба минтақаашон рафта рӯзи дароз хизмат мекардем. Ва бегоҳ дар соҳили баҳр дам мегирифтем. Он рӯзҳо хеле аҷоиб буданд.

Чанде пас аз оиладоршавӣ бо Мерилин соли 1988 ман ба худ гуфтам: «Барои ба Яҳува зиёдтар хизмат кардан чӣ халал мерасонад?» Ва дар хизмати пешравӣ ба занам ҳамроҳ шудам. Баъди як соли дар мактаби пешравон хондан моро пешрави махсус таъйин карданд. Мо аввал дар Гваделупа якчанд таъйиноти шавқовар доштем, сипас моро ба Гвианаи Фаронса таъйин намуданд.

Дар давоми солҳо таъйиноти шумо якчанд бор дигар шуд. Чӣ ба шумо кӯмак кард, ки ба вазъиятҳои нав мутобиқ шавед?

Мерилин: Бародарон аз Байт-Или Гвианаи Фаронса медонистанд, ки ояти дӯстдоштаи мо ин Ишаъё 6:8 аст. Аз ин рӯ вақте онҳо моро даъват менамуданд, бисёр вақт шӯхиомез гапро чунин сар мекарданд: «Ояти дӯстдоштаатонро дар хотир доред?» Мо мефаҳмидем, ки таъйинотамон боз дигар мешавад. Ва мегуфтем: «Инак мо ҳозирем, моро фиристед!»

Мо таъйиноти навамонро бо таъйиноти пештара муқоиса намекардем, чунки ин ба мо барои қадр кардани чизи доштаамон халал мерасонд. Мо инчунин ҳаракат мекардем, ки худамон рафта бо бародару хоҳарон шинос шавем.

Ҷек: Пеш баъзе дӯстонамон аз ниятҳои нек моро аз кӯчидан ба ҷойи нав боздоштанӣ мешуданд, зеро мехостанд, ки мо бо онҳо монем. Вале вақте мо аз Гваделупа мерафтем, як бародар суханони Исоро аз Матто 13:38 ба мо хотиррасон карда гуфт: «Киштзор ҷаҳон аст». Барои ҳамин вақте таъйиноти мо дигар мешуд, мо ба худ ёдрас мекардем, ки дар куҷое ҳам набошем дар «киштзор»-и Яҳува ҳастем. Охир муҳим нест, ки мо ба куҷо меравем, муҳим он, ки дар он ҷо одамон бошанд!

Вақте мо ба минтақаи нав меомадем, медидем, ки аҳолии он ҷо новобаста аз шароити худ аз зиндагӣ хушҳоланд. Барои ҳамин мо кӯшиш мекардем мисли онҳо зиндагӣ кунем. Хӯрокаи онҳо баъзан дигар хел буд, вале мо он чиро ки онҳо мехӯрданд, мехӯрдем ва он чиро ки менӯшиданд, менӯшидем ва ба таври лозима тозагиро риоя мекардем. Мо кӯшиш мекардем, то ба ҳар як таъйинотамон бо назари мусбӣ нигарем.

Мерилин: Мо ҳамчунин бисёр чизҳоро аз бародару хоҳарони маҳаллӣ ёд мегирифтем. Дар ёд дорам, ки вақте мо нав ба Гвианаи Фаронса омадем, чӣ рӯй дод. Сахт борон меборид ва мо фикр кардем, ки борон монад баъд ба хизмат меравем. Вале хоҳаре аз ман пурсид: «Оё ту тайёрӣ, ки ба хизмат равем?» Ман ҳайрон шуда гуфтам: «Дар ин боронӣ чӣ хел меравем?» Ӯ гуфт: «Чатратро гир, бо велосипедҳоямон меравем». Ҳамин тавр ман ёд гирифтам, ки чӣ тавр ҳам чатрро дораму ҳам велосипед ҳай кунам. Агар ман инро ёд намегирифтам, ҳеҷ гоҳ дар боронгариҳо ба хизмат рафта наметавонистам.

Шумо қариб 15 бор аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчидед. Оё оиди кӯчидан ягон маслиҳат дода метавонед?

Мерилин: Кӯчидан осон нест. Ба ҳар ҳол шахс бояд ҷое дошта бошад, то ки баъди хизмат омада дам гирифта тавонад.

Ҷек: Ҳар бори кӯчидан ман одатан даруни хонаи навамонро ранг мекунам. Барои ҳамин, агар бародарон аз филиал донанд, ки мо дар хонае кам меистем, шӯхӣ карда чунин мегуфтанд: «Ҷек, боз ин хонаро ранг накунӣ!»

Мерилин дар ҷамъ кардани чизу чора аллакай усто шудааст. Ӯ ҳама чизро дар қуттиҳо ҷо карда дар болои онҳо менависад, ки кадом ашё аз они куҷост, масалан, «ҳаммом», «ошхона» ва ғайраҳо. Аз ин рӯ вақте мо ба хонаи нав мекӯчем, чизҳоро дар ҷойи даркорӣ ҷо ба ҷо кардан осонтар мешавад. Ғайр аз ин ӯ рӯйхат мекунад, ки дар ҳар як қуттӣ чӣ гуна ашёҳо монда шудааст, то ки чизҳои даркориамонро дарҳол ёфта тавонем.

Мерилин: Азбаски мо тез ҷо ба ҷо шуданро ёд гирифтаем, ба ҷойи нав омада мо метавонем дарҳол хизматро сар кунем.

Барои «хизмати худро пурра ба ҷо» овардан шумо чӣ тавр реҷа тартиб медиҳед? (2 Тим. 4:5)

Мерилин: Рӯзҳои душанбе мо дам мегирем ва ба вохӯриҳои ҷамъомад тайёрӣ мебинем. Баъд аз рӯзи сешанбе саҳарӣ ба хизмат мебароем.

Ҷек: Ҳарчанд мо ҳар моҳ бояд ба миқдори муайян соат супорем, лекин мо дар бораи соатҳо бисёр фикр намекунем. Хизмат дар ҳаёти мо дар ҷойи аввал меистад. Аз хона баромадан замон мо мавъизаро сар мекунем ва то ба он баргаштан кӯшиш мекунем, ки ба ҳама одамоне, ки вомехӯрем, гап занем.

Мерилин: Ҳатто вақте мо ба ягон ҷо дамгирӣ меравем, ман ҳамеша бо худ рисолаҳо мегирам. Баъзе одамон ба назди мо омада аз мо адабиёт мепурсанд, ҳарчанд мо ба онҳо Шоҳидони Яҳува буданамонро нагуфта бошем ҳам. Барои ҳамин мо кӯшиш мекунем, ки рафтор ва тарзи либоспӯшиамон хуб бошад, чунки одамон ба ин чизҳо аҳамият медиҳанд.

Ҷек: Инчунин мо бо корҳои некамон ба ҳамсоягонамон шаҳодат медиҳем. Ман аз гирду атрофи хонаамон қоғазпораҳоро мечинам, қуттиҳои партовро бурда холӣ мекунам ва бо панҷшох баргҳоро мегирам. Ҳамсоягон ин корҳоро дида баъзан мепурсанд: «Ба ман Китоби Муқаддас медиҳед?»

Медонем, ки шумо дар маҳаллҳои дурдаст бисёр хизмат кардаед. Аз сафарҳоятон ягон воқеаро нақл мекардед.

Ҷек: Давлати Гвиана баъзе маҳаллҳое дорад, ки ба он ҷо рафта расидан душвор аст. Барои ба он ҷойҳо рафтан як ҳафта дар роҳ сарф мешуд ва мо қариб 600 км роҳҳои душворро тай мекардем. Сафарамонро ба яке аз он қишлоқҳо, ки Сент-Эли ном дошту дар ҷангали Амазон ҷой гирифтааст, ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Барои ба он ҷо расидан мо чанд соат бо мошин рафтем ва баъд бо қаиқи мотордор. Бисёри одамони он ҷо дар кони тилло кор мекарданд. Баъзеҳо аз миннатдорӣ барои адабиётамон ба мо тиллопораҳо хайрия карданд. Бегоҳӣ мо яке аз видеонаворҳои ташкилотамонро нишон додем ва ба тамошои он бисёр одамони маҳаллӣ омаданд.

Мерилин: Ба наздикӣ аз Ҷек хоҳиш карданд, ки дар деҳаи Камопи нутқи Шоми ёдбудро гӯяд. Барои ба он ҷо рафтан мо бо воситаи дарёи Ояпок чор соат бо қаиқи мотордор сафар кардем. Он дар ҳақиқат воқеаи аҷоиб буд.

Ҷек: Аз ҷойҳои тезоби дарё гузаштан хеле хатарнок буд. Лекин бовар кунед, вақте қаиқ ба чунин ҷойҳо наздик мешавад, аз дидани он одам ба ҳаяҷон меояд. Қаиқрон бояд корашро хуб донад. Лекин он саёҳати мо зӯр буд. Ҳарчанд дар он деҳа ҳамагӣ 6 нафар Шоҳиди Яҳува хизмат мекард, вале ба Шоми ёдбуд 50 кас омад, ки дар қатори онҳо америндҳо низ буданд.

Мерилин: Агар ҷавонон бисёртар ба Яҳува хизмат кардан хоҳанд, дар хизмати онҳо чунин воқеаҳои шавқовар рӯй медиҳанд. Ҳангоми хизмат шахс бояд ба Яҳува такя кунад, он гоҳ имонаш мустаҳкам хоҳад шуд. Мо дар ҳаётамон бисёр вақт дасти Яҳуваро медидем.

Шумо якчанд забонҳоро омӯхтед. Оё забономӯзӣ ба шумо осон аст?

Ҷек: Не. Ман ин забонҳоро бо мақсади мавъиза кардан ва ба ҷамъомадҳо кӯмак намудан омӯхтам. Ман бояд бо забони сранан-тонго * омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» мегузарондам, ҳарчанд ҳоло ба ин забон ҳатто бо хониш баромад накарда будам. Баъди вохӯрӣ ман аз як бародар пурсидам, ки баромадам чӣ хел буд. Ӯ гуфт: «Баъзан мо суханони туро намефаҳмидем, лекин он хеле хуб буд». Кӯдакон дар забономӯзӣ ба ман хеле кӯмак мекарданд. Агар мабодо хато гап зада монам, онҳо дарҳол маро ислоҳ мекарданд, одамони калон бошанд, не. Ман бо ёрдами кӯдакон бисёр чизро омӯхтам.

Мерилин: Дар як маҳал ман бо се забон омӯзиш мегузарондам: бо забонҳои фаронсавӣ, португалӣ ва сранан-тонго. Хоҳаре ба ман маслиҳат дод, ки дар аввал омӯзишро бо забоне, ки ба ман душвор аст, гузаронам, баъд бо забоне, ки ман нағз медонам, тамом кунам. Баъдтар ман фаҳмидам, ки маслиҳати хоҳар хирадмандона буд.

Медонед, рӯзе ман бо забони сранан-тонго омӯзиш гузарондам, баъд бояд бо забони португалӣ омӯзиш мегузарондам. Вақте ба омӯзиши дуюмам рафтем хоҳаре, ки бо ман буд, чунин гуфт: «Мерилин, ба фикрам ба ту чӣ гапе шудааст!» Баъд ман фаҳмидам, ки бо зане, ки аз Бразилия аст, ба ҷойи бо забони португалӣ гап задан, бо забони сранан-тонго гап зада истодаам.

Шуморо бародару хоҳароне, ки ҳамроҳашон хизмат кардаед, хеле дӯст медоранд. Чӣ хел шумо бо онҳо дӯсти наздик шудед?

Ҷек: Дар Масалҳо 11:25 гуфта шудааст: «Ҷони сахӣ пурфайз мешавад». Мо вақту қувватамонро аз бародару хоҳарон дареғ намедорем. Ҳангоми таъмир ё рӯбучини Ибодатгоҳ баъзе бародарон ба ман мегӯянд: «Мон, воизон кунанд». Вале ман мегӯям: «Ман ҳам воиз ҳастам ва дар куҷое, ки кор бошад, бояд дар он ҷо бошам». Ҳарчанд баъзан барои худ низ вақт ҷудо кардан даркор аст, лекин ману ҳамсарам намехоҳем, ки барои роҳати худ шуда аз некӣ кардан ба дигарон даст кашем.

Мерилин: Мо кӯшиш мекунем, ба бародару хоҳарон муҳаббати худро дар амал нишон диҳем. Масалан, мо ба онҳо мегӯем, ки агар фарзандонатонро нигоҳубин кардан лозим шавад ё онҳоро аз мактаб гирифтан даркор бошад, бемалол ба мо муроҷиат кунед. Баъд ҳаракат мекунем, ки нақшаҳои худро тавре тартиб диҳем, то ба онҳо ёрдам дода тавонем. Ҳамин тавр дӯстии мо бо онҳо наздик мешавад, чунки кадом вақте ба онҳо ёрдам даркор нашавад, мо онҳоро дастгирӣ мекунем.

Хизмат кардан дар маҳалле, ки воизон намерасанд, ба шумо чӣ гуна баракатҳо овард?

Ҷек: Хизмати пурравақт ҳаёти моро бой гардонд. Мо бисёр вақт имконият доштем, ки ба табиат наздик бошем ва аз мушоҳидаи офаридаҳои гуногуни Яҳува баҳра барем. Ҳарчанд душвориҳо низ буданд, вале мо дар дил оромиву осоиштагӣ ҳис мекунем, чунки медонем, ки дар куҷое набошем, халқи Худо моро дастгирӣ мекунад.

Дар ҷавониам ман барои ба аскарӣ нарафтанам дар Гвианаи Фаронса ҳабс шуда будам. Ба гӯшаи хаёлам наомада буд, ки рӯзе ба ин ҷо чун миссионер бармегардам ва ба маҳбусон мавъиза мекунам. Ҳақиқатан ҳам, Яҳува хизматгоронашро саховатмандона баракат медиҳад.

Мерилин: Ба дигарон кӯмак кардан ба ман шодии бузург меорад. Мо хушбахтем, ки хизматгори Яҳува ҳастем. Ин ҳамчунин худи моро чун зану шавҳар ба ҳамдигар наздиктар сохт. Баъзан Ҷек ба ман мегӯяд, ки фалон оиларо ба меҳмонӣ ҷеғ занем, чунки онҳо рӯҳафтодаанд. Бисёр вақт ман мегӯям: «Ман ҳам навакак дар ин бора фикр карда будам!» Ин гуна ҳолатҳо тез-тез рӯй медиҳанд.

Ҷек: Ба наздикӣ ба ман бемории саратони простатаро муайян намуданд. Ҳарчанд Мерилин намехоҳад дар ин бора гап занад, ман ба ӯ чунин гуфтам: «Азизам, ман ҳоло пир нашудаам, лекин агар мабодо пагоҳ вафот кунам, хотирам ҷамъ аст, ки ҳаётамро ба корҳои арзанда — ба хизмати Яҳува сарф кардам ва аз ин хушбахт ҳастам» (Ҳас. 25:8).

Мерилин: Яҳува барои хизмат ба мо дарҳои зиёдро боз кард ва ба мо ёрӣ дод, то корҳое кунем, ки ҳеҷ тасаввур карда наметавонистем. Ҳаёти мо дар ҳақиқат бою пурмазмун аст. Агар ташкилоти Яҳува боз моро ба ягон ҷой фиристад, мо, албатта, меравем, зеро боварӣ дорем, ки Яҳува моро ҳамеша дастгирӣ мекунад.

^ сарх. 32 Забони сранан-тонго ин омехтаи забонҳои англисӣ, ҳолландӣ, португалӣ ва дигар забонҳои африқоӣ аст ва пайдоиши он аз ғуломон сарчашма мегирад.