Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 13

Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред

Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред

«Якдигарро аз сидқи дил дӯст доред» (1 ПЕТ. 1:22).

СУРУДИ 25 Якдигарро аз дилу ҷон дӯст доред

ПЕШГУФТОР *

Шаби пеш аз маргаш Исо ба расулонаш мегӯяд, ки муҳаббат зоҳир кардан хеле муҳим аст. (Ба сархатҳои 1 ва 2 нигаред.)

1. Исо ба шогирдонаш чӣ амри муҳиме дод? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

ШАБИ пеш аз маргаш Исо ба шогирдони худ амри муҳиме дод. Ӯ гуфт: «Чуноне ки ман шуморо дӯст доштам, шумо низ якдигарро дӯст доред». Сипас, илова намуд: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:34, 35).

2. Чаро ба якдигар муҳаббат зоҳир кардан муҳим аст?

2 Исо гуфт, ки агар мо одамонро мисли ӯ дӯст дорем, дигарон ба осонӣ фаҳмида метавонанд, ки мо пайравони ҳақиқии ӯ ҳастем. Ин амри Исо ба масеҳиёни асри як дахл дошт ва имрӯз ба мо ҳам дахл дорад. Аз ин рӯ хеле муҳим аст, ки якдигарро ҳатто агар душвор бошад ҳам, аз таҳти дил дӯст дорем.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Нокомилӣ ба мо халал мерасонад, ки якдигарро аз дилу ҷон дӯст дорем. Бо вуҷуди ин, мо бояд кӯшиш кунем, ки ба Исо пайравӣ намоем. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр муҳаббат ба мо кӯмак мекунад, ки сулҳдӯст бошем, ба ҳама бо як чашм нигарем ва меҳмоннавозӣ кунем. Ҳангоми хондани ин мақола ба худ савол диҳед: «Ман аз бародару хоҳароне, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда ба якдигар муҳаббат зоҳир мекунанд, чӣ дарс гирифта метавонам?»

СУЛҲДӮСТ БОШЕД

4. Мувофиқи Матто 5:23, 24 чаро бо бародар ё хоҳаре, ки аз мо хафа шудааст, бояд сулҳро барқарор кунем?

4 Исо таълим медод, ки бо шахсе, ки аз мо хафа аст, сулҳро барқарор кардан муҳим аст. (Матто 5:23, 24-ро хонед.) Ӯ қайд кард, ки барои розигии Худоро ба даст овардан мо бояд бо дигарон муносибати хубро нигоҳ дорем. Вақте ки мо барои барқарор кардани сулҳ бо ҳамимонон ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, Яҳува аз ин хурсанд мешавад. Лекин агар мо хафагиро дар дил гирифта гардем ё барои оштӣ шудан кӯшиш накунем, Ӯ ибодати моро қабул намекунад (1 Юҳ. 4:20).

5. Чаро барқарор кардани сулҳ ба бародар Акрам душвор шуд?

5 Сулҳро барқарор кардан душвор буда метавонад. Чаро? Биёед дида бароем, ки бо бародар Акрам * чӣ рӯй дод? Вақте бародаре ӯро танқид карда дар борааш ба дигар аъзоёни ҷамъомад суханони бад гуфт, ӯ сахт хафа шуд. Вай чӣ гуна рафтор кард? «Ман ба ғазаб омада ба ӯ гапҳои пасту баланд задам»,— ба хотир меорад Акрам. Баъдтар ӯ аз кори кардааш пушаймон шуда аз он бародар бахшиш пурсид ва якчанд бор кӯшиш кард, ки сулҳро бо ӯ барқарор кунад, вале кӯшишҳояш беҳуда буданд. Ниҳоят Акрам ба худ гуфт: «Агар вай оштӣ шудан нахоҳад, ба ман чӣ?! Ман дигар аз қафояш намедавам». Лекин нозири ноҳиявӣ ба ӯ маслиҳат дод, ки таслим нашавад. Акрам чӣ кор кард?

6. а) Бародар барои барқарор кардани сулҳ боз чӣ кор кард? б) Чӣ тавр Акрам принсипи Қӯлассиён 3:13, 14-ро ба кор бурд?

6 Акрам фикррониашро тафтиш карда пай бурд, ки ба вай фурӯтанӣ намерасад ва ӯ баъзан худро аз дигарон одилтар мешуморад. Ӯ дарк кард, ки бояд фикру рӯҳияи худро дигар кунад (Қӯл. 3:8, 9, 12). Ӯ боз ба назди он бародар рафта барои рафтораш фурӯтанона бахшиш пурсид. Акрам ҳамчунин ба вай нома навишта гуфт, ки хеле пушаймон аст ва мехоҳад, ки онҳо мисли пештара дӯст бошанд. Ҳатто ба ӯ тӯҳфаҳои хурд тақдим кард, чизҳоеро, ки ба фикраш ба вай маъқул буданд. Аммо афсӯс, ки он бародар ҳоло ҳам хафа буд. Акрам бошад, мувофиқи амри Исо амал карда нишон медод, ки бародарашро дӯст медорад ва аз ӯ хафа нест. (Қӯлассиён 3:13, 14-ро хонед.) Вақте мо барои барқарор кардани сулҳ ҳаракат мекунему шахси дигар инро рад мекунад, муҳаббати масеҳӣ моро бармеангезад, ки нисбати ӯ кина нагирем ва дар бораи оштӣ шудан дуо гӯем (Мат. 18:21, 22; Ғал. 6:9).

Агар касе аз мо хафа шуда бошад, барои бо ӯ сулҳро барқарор кардан шояд якчанд бор кӯшиш кардан лозим ояд (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.) *

7. а) Исо ба мо чӣ насиҳат дода буд? б) Як хоҳар бо кадом мушкилӣ дучор шуд?

7 Исо моро насиҳат кард, то бо дигарон тавре муносибат кунем, ки чи хеле мехостем бо мо кунанд. Ӯ ҳамчунин гуфта буд, ки танҳо он шахсонеро дӯст надорем, ки моро дӯст медоранд (Луқ. 6:31–33). Агар дар ҷамъомад касе аз шумо худашро дур кашаду бо шумо салом накунад, худро чӣ хел ҳис мекардед? Албатта, ин гуна ҳолатҳо хеле кам рӯй медиҳанд. Лекин хоҳар Лара бо чунин ҳолат дучор шуд. Ӯ мегӯяд: «Намедонам, ки аз чӣ сабаб хоҳаре бо ман саломуалек намекард. Ман аз ин хеле зиқ мешудам ва ба ҷамъомад рафтанам намеомад». Дар аввал Лара чунин фикр мекард: «Ман айб надорам, охир ба вай ягон бадӣ накарда бошам, ғайр аз ин, дигарон низ дар ҷамъомад мегӯянд, ки рафторҳои он хоҳар каме ғалатӣ аст».

8. Лара барои барқарор кардани сулҳ чӣ кор кард ва мо аз ӯ чӣ меомӯзем?

8 Лара кӯшиш кард, то бо он хоҳар муросо кунад. Ӯ мегӯяд: «Ман аз Яҳува илтиҷо кардам, то бо хоҳар рӯ ба рӯ гап зада нофаҳмиро ҳал кунам». Баъди бо ҳамдигар сӯҳбат кардан онҳо якдигарро ба оғӯш гирифтанд ва сулҳро барқарор карданд. Ҳамин тавр мушкилӣ гӯё ҳал шуд. Лара мегӯяд: «Вале баъдтар, он хоҳар боз мисли пештара рафтор кард. Ин маро хеле рӯҳафтода сохт». Дар аввал Лара фикр мекард, ки кай вақте ки рӯҳияи он хоҳар дигар шавад, танҳо ҳамон вақт ӯ худро нағз ҳис мекунад. Лекин оқибат ӯ дарк кард, ки беҳтараш он хоҳарро «бо омодагӣ» бахшаду меҳрубонона муносибат кардан гирад (Эфс. 4:32–5:2). Ӯ ба худ хотиррасон мекард, ки муҳаббати ҳақиқӣ «ба дил кина намегирад, ҳама чизро рӯпӯш мекунад, ба ҳама чиз боварӣ дорад, ба ҳама чиз умед мебандад, ба ҳама чиз тоб меорад» (1 Қӯр. 13:5, 7). Лара аз нав дар дил осоиштагӣ пайдо кард. Бо гузашти вақт муносибати он хоҳар бо ӯ беҳтар шуд. Агар шумо бо бародару хоҳарон сулҳҷӯёна рафтор кунед ва пайваста муҳаббат зоҳир намоед, бешубҳа «Худои муҳаббат ва осоиштагӣ бо шумо хоҳад буд» (2 Қӯр. 13:11).

БА ҲАМА БО ЯК ЧАШМ НИГАРЕД

9. Мувофиқи Аъмол 10:34, 35 чаро бояд ба ҳама бо як чашм нигарем?

9 Яҳува рӯйбин нест. (Аъмол 10:34, 35-ро хонед.) Вақте мо нисбати ҳеҷ кас бадгумонӣ намекунем ва ҳамаро бо як чашм мебинем, фарзандони Худо буданамонро нишон медиҳем. Чуноне ки Худо амр додааст, мо дигаронро мисли худ дӯст медорем ва бо бародару хоҳарон сулҳро нигоҳ медорем (Рум. 12:9, 10; Яъқ. 2:8, 9).

10, 11. Чӣ тавр як хоҳар бар ҳиссиёти манфиаш ғолиб омад?

10 Баъзан бадгумониро аз худ дур кардан осон нест. Диққат диҳед, ки бо хоҳар Рут чӣ рӯй дод. Дар наврасиаш як зане, ки аз давлати дигар буд, бо оилаи ӯ хеле бад рафтор кард. Ин ба вай чӣ хел таъсир расонд? Рут мегӯяд: «Аз ҳама чизҳое, ки бо он давлат алоқаманд буд, ман нафрат доштам. Ман фикр мекардам, ки ҳама одамоне, ки аз он ҷо мебошанд, ҳатто бародару хоҳарон чунинанд». Рут чӣ кор кард?

11 Ӯ фаҳмид, ки бо ҳиссиёти манфиаш бояд мубориза барад. Аз «Солнома» оиди он давлат хонда ӯ маълумоти бештар гирифт. Рут мегӯяд: «Ман кӯшиш кардам, ки дар бораи одамони он ҷо нағз фикр кунам. Бо гузашти вақт пай бурдам, ки бародару хоҳарон аз он ҷо бо тамоми дил ба Яҳува хизмат мекунанд. Ва ин равшан сохт, ки онҳо низ қисми бародарияти умумиҷаҳонианд». Рут оқибат дарк кард, ки бояд муҳаббаташро нишон диҳад. Ӯ мефаҳмонад: «Ҳар боре ки бародару хоҳарони аз он давлат бударо вомехӯрдам, ман бисёр кӯшиш мекардам, ки бо онҳо меҳрубон бошам. Ва ҳамроҳашон сӯҳбат карда бо онҳо хубтар шинос мешудам». Ин чӣ натиҷа овард? Рут мегӯяд: «Рафта-рафта ҳиссиёти манфии ман нест шуд».

Агар мо ҳамаи бародару хоҳаронро аз дилу ҷон дӯст дорем, мо рӯйбинӣ намекунем (Ба сархатҳои 12 ва 13 нигаред.) *

12. Хоҳар Сарра чӣ камбудӣ дошт?

12 Баъзеҳо рӯйбин будани худро шояд ҳатто дарк накунанд. Масалан, хоҳар Сарра фикр мекард, ки ӯ рӯйбин нест, чунки одамонро аз рӯйи миллат, вазъи иқтисодӣ ва таъйиноти онҳо дар ҷамъомад баҳо намедиҳад. Вале ӯ иқрор мешавад: «Ман пай бурдам, ки дар асл рӯйбинӣ мекунам». Чӣ хел? Сарра дар оилае калон шуда буд, ки ҳамаашон маълумоти олӣ доштанд ва барои ҳамин ба вай бо чунин тоифаи одамон муошират кардан маъқул буд. Боре ӯ ҳатто ба як дӯсти оилааш чунин гуфт: «Ман бо бародару хоҳарони хондагӣ ва босавод муошират мекунам. Аз онҳое, ки нохонда ҳастанд, худро дур мекашам». Сарра бояд фикррониашро ислоҳ мекард. Чӣ ба ӯ ёрӣ дод?

13. Хоҳар Сарра чӣ тавр фикррониашро ислоҳ кард ва мо аз ӯ чӣ меомӯзем?

13 Нозири ноҳиявӣ ба ин хоҳар кӯмак кард, ки рӯҳияи худро тафтиш кунад. Сарра нақл мекунад: «Ӯ маро барои содиқона хизмат карданам, шарҳҳои хубам ва дониши аз Навиштаҳо доштаам таъриф кард. Сипас вай ба ман фаҳмонд, ки чи қадаре ки дониши кас зиёд шавад, вай бояд чунин хислатҳои масеҳиро ба монанди фурӯтанӣ, хоксорӣ ва меҳрубонӣ бештар инкишоф диҳад». Сарра ба маслиҳати нозири ноҳиявӣ гӯш дод. Ӯ мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки чизи аз ҳама муҳим на саводнокӣ, балки некдил ва меҳрубон будан аст». Дар натиҷа Сарра бо бародару хоҳарон муносибаташро дигар кард. Ӯ мефаҳмонад: «Ман кӯшиш мекардам, то фаҳмам, ки кадом хислатҳо шахсро дар назари Яҳува пурқимат мегардонанд». Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Мо барои саводи зиёдтар доштанамон худро аз дигарон ҳеҷ гоҳ набояд боло гирем! Агар мо ҳамаи ҳамимононро аз дилу ҷон дӯст дорем, пас ҳаргиз рӯбинӣ намекунем (1 Пет. 2:17).

МЕҲМОНДӮСТ БОШЕД

14. Мувофиқи Ибриён 13:16 вақте мо меҳмоннавозӣ нишон медиҳем, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

14 Яҳува меҳмондӯстиро бениҳоят қадр мекунад. (Ибриён 13:16-ро хонед.) Ӯ меҳмоннавозиро як қисми ибодатамон мешуморад, хусусан вақте мо бо ин роҳ мӯҳтоҷонро дастгирӣ мекунем (Яъқ. 1:27; 2:14–17). Аз ин рӯ Навиштаҳо моро бармеангезанд, ки «меҳмоннавозиро одати худ» созем (Рум. 12:13). Дигаронро ба меҳмонӣ қабул карда, мо нишон медиҳем, ки ба онҳо меҳрубону ғамхорем ва инсондӯстем. Вақте мо дигаронро ба як пиёла чой, ба хӯрокхӯрӣ даъват мекунем ё барои онҳо вақти худро сарф мекунем ва таваҷҷӯҳ зоҳир мекунем, Яҳува аз ин хеле хурсанд мешавад (1 Пет. 4:8–10). Лекин баъзе чизҳо барои меҳмоннавоз будан халал расонда метавонад. Кадом чизҳо?

«Пеш ман меҳмондӯст набудам, лекин ҳоло меҳмоннавоз будан ба ман хурсандии бисёр меорад» (Ба сархати 16 нигаред.) *

15, 16. а) Чаро баъзеҳо фикр мекунанд, ки меҳмоннавозӣ карда наметавонанд? б) Чӣ ба Эдит кӯмак кард, ки меҳмондӯст бошад?

15 Ба баъзеҳо шароити ҳозираашон ё тарбияву одатҳои пешинаашон халал мерасонад, ки меҳмондӯст бошанд. Масалан, хоҳаре бо номи Эдит, ки бевазан мебошад, пеш аз Шоҳиди Яҳува шуданаш бо дигарон муошират карданро дӯст намедошт. Ӯ фикр мекард, ки мисли дигарон хуб меҳмоннавозӣ карда наметавонад.

16 Баъди Шоҳиди Яҳува шудан Эдит тарзи фикррониашро дигар кард. Ӯ хост меҳмоннавоз буданро ёд гирад. Эдит нақл мекунад: «Вақте ибодатгоҳи моро аз нав месохтанд, як пири ҷамъомад ба наздам омада гуфт, ки ҷуфте барои кӯмак ба сохтмон аз дигар ҷо омада истодаанд. Ӯ пурсид, ки оё ман онҳоро ду ҳафта дар хонаи худ ҷо дода метавонам. Инро шунида ман ба хотир овардам, ки Яҳува бевазани сорефотиро чӣ қадар баракат дода буд» (3 Подш. 17:12–16). Эдит ба қабул кардани он ҷуфти ҳамсарон розӣ шуд. Ин ба ӯ чӣ гуна баракатҳо овард? Ӯ мефаҳмонад: «Ман хурсанд шудам, ки онҳо дар хонаи ман ду ҳафта нею ду моҳ истоданд. Дар он муддат мо бо ҳам дӯстони наздик шудем». Эдит ҳамчунин аз ҷамъомад дӯстони наздик пайдо кард. Ҳоло ӯ чун пешрав хизмат мекунад ва ҳамкорони худро баъди хизмат ба як пиёла чой ба хонааш таклиф мекунад. Ӯ мегӯяд: «Меҳмоннавоз будан маро хушбахт месозад ва ба ман баракатҳои зиёд меорад» (Ибр. 13:1, 2).

17. Бародар Лука ва ҳамсараш чиро дарк карданд?

17 Шояд мо аллакай меҳмоннавозем, вале оё боз аз ягон ҷиҳат беҳтар шуда метавонем? Масалан, Лука ва занаш ҳамсарони меҳмондӯстанд. Онҳо одат доштанд, ки волидон, хешу табор, дӯстони наздики худ ва нозири ноҳиявию занашро ба меҳмонӣ таклиф кунанд. Вале Лука мегӯяд: «Мо пай бурдем, ки шахсони ба мо наздикро доимо ба меҳмонӣ ҷеғ мезанему дигаронро не». Чӣ тавр Лука ва занаш камбудии худро ислоҳ карданд?

18. Лука ва занаш барои бисёртар меҳмоннавоз будан чӣ кор карданд?

18 Лука ва занаш оиди суханони зерини Исо мулоҳиза ронданд: «Агар шумо танҳо онҳоеро дӯст доред, ки шуморо дӯст медоранд, пас, мукофоти шумо чист?» (Мат. 5:45–47). Онҳо дарк карданд, ки бояд ба Яҳува пайравӣ карда нисбати ҳама саховатманд бошанд. Онҳо қарор доданд, ки бародару хоҳаронеро, ки пеш ба меҳмонӣ ҷеғ намезаданд, минбаъд таклиф мекунанд. Лука мегӯяд: «Акнун ҳамаи мо хурсандем. Ҳар яки мо рӯҳбаландӣ мегирем ва ҳам ба якдигар ва ҳам ба Яҳува худро наздиктар ҳис мекунем».

19. Чӣ тавр мо исбот мекунем, ки шогирди Масеҳ ҳастем? Шумо ба чӣ кор азми қавӣ доред?

19 Чуноне ки дида баромадем, якдигарро аз дилу ҷон дӯст доштан ба мо кӯмак мекунад, ки сулҳдӯст бошем, ҳамаро бо як чашм бинем ва меҳмоннавозӣ нишон диҳем. Мо бояд ҳиссиёти манфиро аз худ дур кунем ва бародару хоҳаронро самимона дӯст дорем. Агар чунин кунем, мо хушбахт мешавем ва исбот мекунем, ки дар ҳақиқат шогирди Исо ҳастем (Юҳ. 13:17, 35).

СУРУДИ 11 Дили Яҳуваро шод гардон

^ сарх. 5 Исо гуфт, ки аломати фарқкунандаи масеҳиёнӣ ҳақиқӣ ин муҳаббат мебошад. Муҳаббат нисбати бародару хоҳарон моро бармеангезад, ки сулҳдӯст бошем, ҳамаро бо як чашм бинем ва меҳмоннавозӣ нишон диҳем. Лекин ин корҳоро кардан на ҳама вақт осон аст. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр муҳаббатамонро ба якдигар зиёд гардонем.

^ сарх. 5 Баъзе номҳо дар ин мақола иваз шудаанд.

^ сарх. 57 ШАРҲИ РАСМҲО: Кӯшиши аввали хоҳар барои барқарор кардани сулҳ барор намеёбад, вале ӯ таслим намешавад. Азбаски вай кӯшиш карданро давом медиҳад, оқибат дили хоҳарро ба даст меорад

^ сарх. 59 ШАРҲИ РАСМ: Бародари калонсол дар ҷамъомад худро танҳо ҳис мекунад.

^ сарх. 61 ШАРҲИ РАСМ: Хоҳаре, ки пеш меҳмоннавоз набуд, фикррониашро ислоҳ кард ва ин ба ӯ хурсандии зиёд меорад.