Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17

«Шуморо дӯст меномам»

«Шуморо дӯст меномам»

«Шуморо дӯст меномам, зеро тамоми чизҳоеро, ки аз Падар шунидаам, ба шумо маълум сохтам» (ЮҲ. 15:15).

СУРУДИ 5 Масеҳ намуна барои мост

ПЕШГУФТОР *

1. Байни одамон дӯстӣ чӣ тавр пайдо мешавад?

ОДАТАН барои бо касе дӯсти наздик шудан мо бояд бо он шахс вохӯрем ва ҳамроҳаш муошират кунем. Вақте мо бо ҳамдигар дар бораи фикру ҳиссиёти худ нақл мекунем, бо ӯ муносибатамон наздик мешавад. Лекин вақте гап дар бораи дӯстӣ бо Исо меравад, чанд мушкилӣ пеш меояд. Чӣ гуна мушкилиҳо?

2. Якум мушкилие, ки мо дучор мешавем, кадом аст?

2 Якум душворӣ ин аст, ки мо бо Исо шахсан вонахӯрдаем. Бисёри масеҳиёни асри як низ Исоро надида буданд. Вале Петруси расул чунин гуфт: «Ҳарчанд шумо Масеҳро ҳеҷ гоҳ надидаед, дӯсташ медоред. Агарчи ҳоло ӯро намебинед, ба ӯ имон меоред» (1 Пет. 1:8). Аз ин бармеояд, ки мо Исоро шахсан надида бошем ҳам, бо ӯ дӯст шуда метавонем.

3. Душвории дуюме, ки мо дорем, кадом аст?

3 Душвории дуюм ин аст, ки мо бо Исо гап зада наметавонем. Ҳангоми дуо гуфтан мо ба Яҳува гап мезанем. Мо ба номи Исо дуо гӯем ҳам, дуоямонро ба ӯ равона намекунем. Ва худи Исо низ намехоҳад, ки мо ба ӯ дуо гӯем, чунки танҳо Яҳува сазовори ибодати мост (Мат. 4:10). Бо вуҷуди ин мо муҳаббатамонро ба Исо нишон дода метавонем.

4. Душвории сеюм кадом аст ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Сеюм душворӣ ин аст, ки Исо дар осмон мебошад, барои ҳамин дар назди ӯ будан барои мо имконнопазир аст. Вале мо бо ӯ набошем ҳам, дар бораи вай бисёр чизро фаҳмида метавонем. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки бо кадом чор роҳ бо Исо дӯст шудан мумкин аст. Лекин, аввал биёед фаҳмем, ки чаро бо Исо дӯст шудан хеле муҳим аст.

БАРОИ ЧӢ ДӮСТИ ИСО ШУДАН МУҲИМ АСТ?

5. Чаро мо бояд дӯстони Исо бошем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаҳои  «Дӯстӣ бо Исо барои бо Яҳува дӯст шудан роҳ мекушояд» ва  «Нигоҳи дуруст ба нақши Исо» нигаред.)

5 То ки бо Яҳува муносибати наздик пайдо кунем. Чаро муносибати мо бо Худо аз дӯстӣ бо Исо вобаста аст? Биёед, ду сабабро бинем. Якум, Исо ба шогирдонаш гуфт: «Худи Падар шуморо дӯст медорад, чунки маро дӯст доштед» (Юҳ. 16:27). Ӯ ҳамчунин гуфт: «Ҳеҷ кас наметавонад назди Падар ояд, магар ин ки ба воситаи ман» (Юҳ. 14:6). Аз ин оятҳо бармеояд, ки мо то бо Исо дӯсти наздик нашавем, бо Яҳува муносибати наздик пайдо карда наметавонем. Дар акси ҳол, мо гӯё ба хона аз дар неву аз дигар ҷо даромаданӣ мешавем. Боре Исо мисоли ба ин монандро истифода бурда гуфт: «Ман барои гӯсфандон дар ҳастам» (Юҳ. 10:7). Дуюм, Исо хислатҳои Падарашро комилан инъикос мекард. Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Ҳар касе, ки маро дидааст, Падарро низ дидааст» (Юҳ. 14:9). Яъне роҳи муҳим барои шинохтани Яҳува ин омӯхтани ҳаёти Исо мебошад. Чи қадаре ки дар бораи Исо ва хислатҳои вай зиёдтар фаҳмем, меҳри мо ба ӯ зиёдтар мегардад. Ва чи қадаре ки Исоро бисёртар дӯст дорем, муҳаббатамон ба Яҳува ҳамон қадар меафзояд.

6. Боз аз кадом сабаб мо бояд бо Исо дӯст шавем? Фаҳмонед.

6 То ки дуоҳои мо шунида шаванд. Ҳангоми дуо мо одатан ба Худо мегӯем, ки «ба номи Исои Масеҳ дуои моро қабул кун». Лекин фақат гуфтани ин чиз ҳоло маънои онро надорад, ки мо дӯсти Исо ҳастем. Мо бояд дарк кунем, ки чӣ тавр Яҳува барои ба дуоҳои мо ҷавоб додан Исоро истифода мебарад. Исо ба расулонаш гуфт: «Ҳар чизеро, ки ба номи ман талаб кунед, онро ба ҷо меорам» (Юҳ. 14:13). Албатта, фақат Яҳува дуоҳои моро мешунавад ва ба онҳо ҷавоб мегардонад. Вале Ӯ ба Исо қудрат додааст, ки қарорҳои баровардаи Ӯро иҷро кунад (Мат. 28:18). Пеш аз он ки Худо ба дуоҳои мо ҷавоб диҳад, Ӯ мебинад, ки оё мо аз рӯйи гуфтаҳои Исо амал мекунем ё не. Масалан, Исо гуфт: «Агар шумо хатоҳои одамонро бахшед, Падари осмониатон низ шуморо мебахшад, лекин, агар шумо хатоҳои одамонро набахшед, Падари шумо низ хатоҳои шуморо нахоҳад бахшид» (Мат. 6:14, 15). Пас, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо ҳам мисли Яҳува ва Исо дигаронро бахшем.

7. Киҳо аз қурбонии фидияи Исо манфиат гирифта метавонанд?

7 То ки аз фидия манфиат гирем. Танҳо онҳое, ки бо Исо дӯсти наздиканд, аз фидияи ӯ пурра манфиат бурда метавонанд. Мо инро аз куҷо медонем? Исо гуфт, ки «ҷони худро барои дӯстонаш фидо» кард (Юҳ. 15:13). Одамони содиқе, ки пеш аз омадани Исо дар замин зиндагӣ карда буданд, дар оянда ҳангоми эҳё шудан бояд дар бораи Исо фаҳманд ва дӯсти ӯ шаванд. Чунин шахсон ба монанди Иброҳим, Соро, Мӯсо ва Роҳоб эҳё мешаванд, вале ҳатто ба ин хизматгорони одили Яҳува лозим меояд, ки барои ҳаёти ҷовидониро ба даст овардан бо Исо дӯст шаванд (Юҳ. 17:3; Аъм. 24:15; Ибр. 11:8–12, 24–26, 31).

8, 9. Чуноне ки дар Юҳанно 15:4, 5 фаҳмонда шудааст, дӯстӣ бо Исо дар чӣ ба мо кӯмак мекунад? Чаро бо Исо дар ягонагӣ мондан муҳим аст?

8 Мо хурсандем, ки бо Исо дар кори мавъизаи хушхабар ва шогирдсозӣ ҳамкорӣ мекунем. Ҳангоми дар замин буданаш Исо одамонро дар бораи Худо таълим медод. Ва аз вақти ба осмон баргаштанаш ӯ сарвари ҷамъомадҳо аст ва то ҳол кори мавъиза ва таълимдиҳиро роҳбарӣ мекунад. Вақте Исо мебинад, ки мо саъю кӯшиш карда ба шумораи бештари одамон барои дар бораи ӯ ва Падараш фаҳмидан кӯмак мекунем, ӯ инро қадр мекунад. Дар асл, ин корро мо танҳо бо ёрдами Яҳува ва Исо иҷро карда метавонем. (Юҳанно 15:4, 5-ро хонед.)

9 Каломи Худо аниқ таълим медиҳад, ки барои ба Яҳува писанд омадан мо бояд ба Исо муҳаббат дошта бошем ва ин муҳаббатамонро нигоҳ дорем. Биёед ҳоло дида бароем, ки кадом чор қадам барои бо Исо дӯст шудан ба мо кӯмак мекунад.

ЧӢ ТАВР БО ИСО ДӮСТӢ ПАЙДО КУНЕМ?

Шумо дӯсти Исо буда метавонед, агар 1) дар бораи ӯ дониш гиред, 2) ба фикррониву рафтори вай пайравӣ кунед, 3) бародарони тадҳиншударо дастгирӣ кунед, 4) ба қарорҳои пирони ҷамъомад итоат кунед (Ба сархатҳои 10–14 нигаред.) *

10. Барои бо Исо дӯстӣ пайдо кардан якум қадам кадом аст?

10 Қадами якум: Дар бораи Исо дониш гиред. Мо аз Каломи Худо китобҳои Матто, Марқӯс, Луқо ва Юҳанноро хонда дар бораи ҳаёти Исо фаҳмида метавонем. Оиди он воқеаҳо мулоҳиза ронда мо мефаҳмем, ки то чӣ андоза Исо бо одамон меҳрубон буд. Ҳамин тавр мо ба ӯ муҳаббату эҳтиром пайдо мекунем. Масалан, Исо Хӯҷаин бошад ҳам, бо расулонаш чун ғулом муносибат намекард. Баръакс, ӯ ба онҳо фикру ҳиссиёташро мегуфт (Юҳ. 15:15). Исо ба ғаму андӯҳи онҳо шарик буд (Юҳ. 11:32–36). Ҳатто душманонаш медиданд, ки Исо бо онҳое, ки хабари ӯро қабул мекунанд, дӯст мешавад (Мат. 11:19). Агар мо бо дигарон мисли Исо рафтор кунем, муносибати мо бо онҳо наздик мешавад ва мо хушбахтиву қаноатмандии бештар ҳис мекунем, инчунин меҳру эҳтиромамон ба Исо зиёд мегардад.

11. Қадами дуюме, ки барои бо Исо дӯст шудан бояд гузорем, кадом аст ва чаро он муҳим мебошад?

11 Қадами дуюм: Ба тарзи фикрронӣ ва рафтори Исо пайравӣ кунед. Чи қадаре ки мо тарзи фикрронии Исоро хубтар аз худ кунем ва ба он пайравӣ кунем, дӯстиамон бо ӯ ҳамон қадар қавитар мегардад (1 Қӯр. 2:16). Мо чӣ хел ба Исо пайравӣ карда метавонем? Оиди мисоли зерин фикр кунед: Исо бештар на дар бораи роҳати худ, балки дар бораи ба дигарон кӯмак кардан фикр мекард (Мат. 20:28; Рум. 15:1–3). Азбаски ӯ чунин тарзи фикрронӣ дошт, ӯ фидокорона ба дигарон ёрӣ медод ва онҳоро мебахшид. Аз гапҳои дигарон Исо тез хафа намешуд (Юҳ. 1:46, 47). Агар касе пеш ягон хато карда бошад, Исо фикр намекард, ки он шахс ҳеҷ гоҳ дигар намешавад (1 Тим. 1:12–14). Хеле муҳим аст, ки ба дигарон мисли Исо муносибат кунем, зеро ӯ гуфт: «Агар дар байнатон муҳаббат бошад, ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони ман ҳастед» (Юҳ. 13:35). Хуб мебуд, ки ба худамон чунин савол диҳем: «Оё ман ба намунаи Исо пайравӣ карда то ҳадди имкон кӯшиш мекунам, ки бо бародару хоҳарон сулҳро нигоҳ дорам?»

12. Қадами сеюм барои бо Исо дӯст шудан кадом аст ва мо чӣ тавр онро гузошта метавонем?

12 Қадами сеюм: Бародарони Масеҳро дастгирӣ кунед. Кадом коре, ки мо барои бародарони тадҳиншуда кунем, ба ин Исо чунин назар мекунад, ки гӯё мо барои ӯ кардаем (Мат. 25:34–40). Роҳи асосие, ки мо тадҳиншудагонро дастгирӣ карда метавонем, ин иштирок дар мавъизаи хушхабар ва шогирдсозӣ аст, ки онро Исо ба пайравонаш амр дода буд (Мат. 28:19, 20; Аъм. 10:42). Танҳо бо дастгирии «гӯсфандони дигар» бародарони Масеҳ кори бузурги мавъизаро дар тамоми замин иҷро карда метавонанд (Юҳ. 10:16). Агар шумо аз ҷумлаи гӯсфандони дигар бошед, ҳар бор дар ин кор саҳм гузошта нишон медиҳед, ки на танҳо тадҳиншудагон, балки Исоро низ дӯст медоред.

13. Чӣ тавр мо дастуроти дар Луқо 16:9 додаи Исоро ба ҷо оварда метавонем?

13 Мо бо Яҳува ва Исо дӯст шуда метавонем, агар ҳамчунин бо маблағи худ кореро, ки онҳо роҳбарӣ карда истодаанд, дастгирӣ кунем. (Луқо 16:9-ро хонед.) Масалан, мо метавонем ба кори умумиҷаҳонӣ хайрия кунем, ки он барои мавъиза дар ҷойҳои дурдаст, сохтмон ва нигоҳубини ибодатгоҳу филиалҳо ва барои кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ сарф мегардад. Боз мо метавонем барои фаъолияти ҷамъомади худ хайрия кунем ва ба бародару хоҳарони мӯҳтоҷ аз ҷиҳати моддӣ кӯмак намоем (Мас. 19:17). Бо ин роҳҳо мо бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ карда метавонем.

14. Дар Эфсӯсиён 4:15, 16 оиди кадом қадам гуфта шудааст, ки барои бо Исо дӯст шудан кӯмак мекунад?

14 Қадами чорум: Қарорҳои пирони ҷамъомадро дастгирӣ кунед. Исо, ки сарвари ҷамъомад аст, баъзе касонро чӯпони мо таъйин кардааст. Пас, вақте мо бо ин чӯпонон, яъне пирони ҷамъомад ҳамкорӣ мекунем, дӯстии мо бо Исо қавитар мегардад. (Эфсӯсиён 4:15, 16-ро хонед.) Масалан, ҳоло ташкилоти мо кӯшиш карда истодааст, ки ҳамаи ибодатгоҳҳо ба таври беҳтарин истифода бурда шаванд. Барои ҳамин баъзе ҷамъомадҳо бо ҳам як шуданд ва ҳудуди минтақаи онҳо тағйир ёфт. Дар натиҷаи ин навоварӣ маблағҳои хайрияшуда хеле сарфа карда шуд, яъне хароҷот хеле кам гашт. Вале ин навигарӣ ҳамчунин ба вазъияти баъзе воизон таъсир кард. Он воизони содиқ шояд солҳои зиёд дар ҷамъомади худ хизмат мекарданд ва бо аъзоёни он дӯсти наздик шуда буданд. Лекин аз онҳо хоҳиш карда шуд, ки ба дигар ҷамъомад гузаранд. Вақте он бародару хоҳарони содиқ ба ин қарори пирон итоаткорӣ нишон медиҳанд, Исо бешубҳа хеле хурсанд мешавад.

ДӮСТИИ АБАДӢ БО ИСО

15. Чӣ тавр дӯстии мо бо Исо дар оянда боз ҳам қавитар хоҳад гашт?

15 Масеҳиёни тадҳиншуда дар оянда дар Подшоҳии Худо ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд. Онҳо умед доранд, ки абадан бо Исо мешаванд ва бо чашмони худ ӯро мебинанд (Юҳ. 14:2, 3). Лекин Исо ба масеҳиёни умеди заминидошта низ муҳаббат ва таваҷҷӯҳи худро зоҳир хоҳад кард. Онҳо Исоро набинанд ҳам, аз ҳаёте, ки Яҳува ва Исо барояшон имконпазир мегардонанд, ҳаловат мебаранд ва дар натиҷа пайвандҳои дӯстиашон бо Масеҳ боз ҳам қавӣ хоҳад гашт (Иш. 9:6, 7).

16. Дӯсти Исо шуда мо кадом баракатҳоро соҳиб мегардем?

16 Вақте мо даъвати Исоро қабул карда дӯсти ӯ мегардем, баракатҳои зиёдро соҳиб мешавем. Масалан, аллакай ҳозир мо муҳаббат ва дастгирии ӯро ҳис мекунем. Ҳамчунин ба мо имконият дода шудааст, ки абадӣ зиндагӣ кунем. Ва аз ҳама баракати калонтарин ва беҳамто ин аст, ки мо бо Падари Исо — Яҳува муносибати наздик дошта метавонем. Чӣ шарафи бузург аст дӯсти Исо будан!

СУРУДИ 25 Исботи шогирди Масеҳ будани мо

^ сарх. 5 Расулони Исо якчанд сол ҳамроҳи ӯ буданд, бо ӯ сӯҳбат мекарданд ва дар кори Яҳува бо ӯ ҳамкорӣ менамуданд. Ҳамин тавр онҳо бо ҳам дӯстони наздик шуданд. Ҳазрати Исо мехоҳад, ки мо ҳам дӯсти ӯ бошем, вале мо чанд мушкилие дорем, ки расулони ӯ надоштанд. Дар ин мақола мо баъзеи он мушкилиҳоро дида мебароем ва якчанд маслиҳатҳоеро мешунавем, ки барои бо Исо дӯст шудан ва ин дӯстиро нигоҳ доштан кӯмак мекунанд.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМҲО: 1) Ҳангоми ибодати оилавӣ мо дар бораи ҳаёт ва хизмати Исо омӯхта метавонем. 2) Ба мо лозим аст, ки барои бо бародару хоҳарон сулҳро нигоҳ доштан сахт кӯшиш кунем. 3) Дар хизмат пурра иштирок карда мо бародарони тадҳиншудаи Масеҳро дастгирӣ мекунем. 4) Вақте ҷамъомадҳо бо ҳам як мешаванд, хуб мебуд, ки мо қарори пиронро дастгирӣ кунем.