Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 21

Оё шумо неъматҳои Худоро қадр мекунед?

Оё шумо неъматҳои Худоро қадр мекунед?

«Корҳои зиёде Ту кардаӣ, эй Худованд Худои ман! Корҳои аҷоиб ва андешаҳоеро, ки Ту дар ҳаққи мо зоҳир намудаӣ,— кист, ки монанди Ту бошад!» (ЗАБ. 39:6).

СУРУДИ 15 Офаридаҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Яҳува ба мо чӣ гуна неъматҳо додааст ва чӣ тавр Забур 39:6 инро тасдиқ мекунад? Барои чӣ оиди ин неъматҳои илоҳӣ мулоҳиза рондан хуб аст?

ЯҲУВА Худои саховатманд мебошад. Масалан, дар бораи баъзе неъматҳои Ӯ фикр кунед: Ӯ ба мо сайёраи Заминро чун хонаи зебою беҳамто додааст, мағзи сари моро ба таври аҷоиб сохтааст ва Каломаш — Китоби Муқаддасро тӯҳфа кардааст. Азбаски Яҳува ин се неъматро ба мо додааст, мо барои зиндагӣ кардан макон дорем, қобилият дорем, ки фикр кунем ва бо дигарон муошират намоем ва аз манбаи боваринок ба саволҳои муҳими худ ҷавоб ёбем. (Забур 39:6-ро хонед.)

2 Дар ин мақола мо ин се атои Яҳуваро мухтасар дида мебароем. Чи қадаре ки дар бораи ин неъматҳо фикр кунем, ҳамон қадар миннатдориамон нисбати онҳо меафзояд ва хоҳиши дили Яҳуваро хурсанд кардан дар мо зиёд мегардад (Ваҳй 4:11). Инчунин бо ёрии ин мақола мо ба шахсоне, ки ба таълимоти эволютсия бовар мекунанд, ба таври беҳтар ёрдам дода метавонем.

САЙЁРАИ МО БЕҲАМТОСТ

3. Замин аз сайёраҳои дигар бо чӣ фарқ мекунад?

Вақте мо дар бораи Замин ва тарзи сохта шудани он мулоҳиза меронем, ба хиради Яҳува қоил мешавем (Рум. 1:20; Ибр. 3:4). Дар гирди офтоб ғайр аз Замин сайёраҳои дигар низ давр мезананд, вале танҳо дар Замин барои зиндагии инсон шароити мусоид вуҷуд дорад.

4. Чаро гуфтан мумкин аст, ки сайёраи Замин аз ҳар киштие, ки одамон сохтаанд, садҳо маротиба беҳтар аст?

4 Аз баъзе ҷиҳатҳо сайёраи Замин ба киштии мусофиркашоне, ки дар уқёнуси калон шино мекунад, монанд аст. Вале сайёраи мо аз киштии сохтаи одамон фарқиятҳои калон дорад. Масалан, агар дар даруни киштӣ гази оксиген ва обу хӯрока набошад ва партовҳо ба берун партофта нашаванд, одамон дар он бисёр зиндагӣ карда наметавонанд. Вале дар сайёраи мо бошад, миллиардҳо мавҷудот зиндагӣ карда метавонад. Замин тавре сохта шудааст, ки тамоми гази оксиген ва обу ғизоро худаш истеҳсол мекунад ва захираи ин чизҳои муҳим ҳеҷ гоҳ тамом намешавад. Партовҳои он ба фазои коинот хориҷ карда намешавад; бо вуҷуди ин сайёраи мо зебо ва барои зиндагӣ мутобиқ мемонад. Инро чӣ имконпазир мегардонад? Яҳува Заминро тавре офаридааст, ки партови он ба ягон чизи хуб табдил меёбад, ки онро аз нав истифода бурдан мумкин аст. Биёед ҳоло ба таври кӯтоҳ дида бароем, ки чаро дар табиат гази оксиген ва об ҳеҷ гоҳ тамом намешавад ва чӣ тавр хиради Яҳува дар онҳо аён мегардад.

5. Чаро дар табиат гази оксиген тамом намешавад ва ин чиро тасдиқ мекунад?

5 Оксиген газе мебошад, ки ҳаёти баъзе ҷонзод, аз ҷумла одамон аз он вобаста аст. Ҳисоб карда шудааст, ки дар як сол мавҷудоти зинда сад миллиард тонн гази оксигенро нафас мекашанд. Ва ин мавҷудот ҳангоми нафасбарорӣ аз худ гази карбон хориҷ мекунанд, ки он партов аст. Вале гази оксиген дар табиат ҳеҷ гоҳ тамом намешавад ва атмосфераи мо ҳеҷ гоҳ аз «партов», яъне гази карбон пур намегардад. Чаро? Зеро Яҳува инчунин чизҳоеро офаридааст, ки гази карбонро фурӯ бурда аз худ гази оксиген мебароранд. Масалан, аз дарахтони калон сар карда то обсабзҳои хурд ин вазифаро иҷро мекунанд. Ба туфайли чунин гардиши оксиген ҳавои тоза ҳосил мешавад, ки мо онро нафас мекашем. Ин ҷараён суханони зерини Аъмол 17:24, 25-ро тасдиқ мекунад: «Худованд... ҳаёт ва нафас ва ҳар чизро ба ҳама мебахшад».

6. Фаҳмонед, ки чаро об дар табиат тамом намешавад ва ин аз чӣ гувоҳӣ медиҳад. (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Гардиши об неъмати худодод аст» нигаред.)

6 Дар сайёраи мо об дар намуди моеъ вуҷуд дорад, зеро Замин аз офтоб ба масофаи мувофиқ ҷойгир аст. Агар он ба офтоб каме наздик мебуд, тамоми оби рӯйи замин ҷӯшида бухор мешуд ва замин ба биёбоне табдил меёфт, ки дар он зиндагӣ карда намешуд. Агар Замин аз офтоб каме дур мебуд, ҳамаи оби он ях мекард ва Замин ба як тӯби калони яхин мубаддал мешуд. Лекин Яҳува Заминро дар масофаи беҳтарин гузоштааст, аз ин рӯ об дар табиат гардиш карда ҳаётро нигоҳ медорад. Офтоб оби кӯлу уқёнусҳоро гарм мекунад ва он бухор шуда ба абрҳо табдил меёбад. Аз таъсири гармии офтоб ҳар сол чунон оби зиёд бухор мешавад, ки он аз оби тамоми баҳру уқёнус бисёр аст. Ин обҳо қариб даҳ рӯз дар ҳаво меистанд ва баъд борон ё барф шуда мерезанд. Оби барфу борон оқибат боз ба дарёҳо ҷорӣ мешавад ва ҳамин тавр гардиши об такрор мегардад. Ин гардишро дар табиат Яҳува муқаррар кардааст, ки он бешубҳа аз хираду қудрати Ӯ гувоҳӣ медиҳад (Айюб 36:27, 28; Воиз 1:7).

7. Дар Забур 113:24 оиди кадом неъмат гуфта мешавад ва мо барои он чӣ тавр миннатдориамонро нишон дода метавонем?

7 Бале, сайёраи мо хеле аҷоиб аст ва он бисёр чизҳои хуб дорад. Чӣ тавр мо барои ин неъматҳои Худо миннатдории бештар пайдо карда метавонем? (Забур 113:24-ро хонед.) Масалан, вақте мо дар бораи офаридаҳои Яҳува мулоҳиза меронем, аз таҳти дил ҳар рӯз ба Ӯ раҳмат гуфтан мехоҳем. Инчунин, агар макону манзиламонро то қадри имкон тозаву озода нигоҳ дорем, бо ин нишон медиҳем, ки неъмати Худо — Заминро қадр мекунем.

МАЙНАИ ИНСОН НЕЪМАТИ БЕМИСЛ АСТ

8. Чаро мағзи сари инсонро мӯъҷиза номидан мумкин аст?

8 Мағзи сари моро Худо чунон аҷоиб офаридааст, ки онро мӯъҷиза гуфтан мумкин аст. Дар батни модар мағзи сари одам бо тартиби муайян инкишоф меёбад ва ҳар як дақиқа ҳазорон ҳуҷайраҳои нави майна ба вуҷуд меояд. Олимон мегӯянд, ки майнаи одами калон қариб аз 100 миллиард ҳуҷайраҳои махсус, яъне нейронҳо иборат аст. Ин ҳуҷайраҳо дар якҷоягӣ мағзи сари моро ташкил медиҳанд, ки вазни он қариб 1,5 кг аст. Биёед чанд хусусияти ҳайратовари майнаи инсонро дида бароем.

9. Чӣ шуморо боварӣ мебахшад, ки қобилияти сухан гуфтани инсон тӯҳфаи Худованд аст?

9 Он ки мо қобилияти сухан гуфтан дорем, ин мӯъҷиза аст. Лаҳзае дар бораи он фикр кунед, ки вақте мо гап мезанем, чӣ рӯй медиҳад. Ҳангоми талаффуз кардани ҳар як калима мағзи сари мо ҳаракати қариб 100 мушакро дар забон, гулӯ, лабҳо, ҷоғи поён ва қафаси сина идора мекунад. Барои он ки талаффузи мо бурро шавад, ҳамаи он мушакҳоро бо тартиби муайян ҷунбондан лозим аст. Дар бобати қобилияти сухангӯйӣ олимон таҳқиқоте гузаронданд, ки соли 2019 натиҷаи он ба чоп баромад. Ин таҳқиқот нишон дод, ки кӯдакони навзод қобилият доранд, ки вақти шунидани суханронӣ калимаҳои алоҳидаро шиносанд. Ин бори дигар исбот мекунад, ки инсон бо чунин қобилият таваллуд мешавад, ки забонеро, ки мешунавад, шинохта аз худ кунад. Бешубҳа, чунин қобилият тӯҳфа аз ҷониби Худо мебошад (Хур. 4:11).

10. Барои қобилияти сухангӯйӣ, ки неъмати Худост, мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем?

10 Барои ин неъмати Худо мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем? Як роҳаш ин аст, ки ба тарафдорони эволютсия дар бораи вуҷуд доштани Офаридгор нақл кунем (Заб. 9:2; 1 Пет. 3:15). Чунин касон боварӣ доранд, ки Замин ва мавҷудоти он тасодуфан пайдо шудааст. Мо метавонем бо онҳое, ки моро гӯш мекунанд, дар асоси Китоби Муқаддас ва баъзе фикрҳои ин мақола сӯҳбат кунем ва фаҳмонем, ки чаро мо боварӣ дорем, ки Яҳува Офаридгори осмону замин аст (Заб. 101:26; Иш. 40:25, 26).

11. Мағзи сари инсон ба чӣ қодир аст?

11 Хотираи инсон низ як мӯъҷиза аст. Нависандае изҳор кардааст, ки майнаи инсон қодир аст маълумотеро, ки дар 20 миллион китоб меғунҷад, дар хотир нигоҳ дорад. Аммо ҳоло гумон меравад, ки хотираи мо маълумоти аз ин ҳам бисёрро ғунҷонда метавонад. Ин қобилияти беҳамто ба одамон чӣ манфиат меорад?

12. Инсон аз ҳайвон бо чӣ фарқ мекунад?

12 Дар байни ҳамаи офаридаҳои рӯйи замин танҳо мо одамон қобилият дорем, ки воқеаҳои ҳаёти худ ва дигаронро ба хотир оварда барои худ дарс гирем. Ҳамин тавр мо метавонем фикру рафтори худро ислоҳ карда одами хубтар шавем (1 Қӯр. 6:9–11; Қӯл. 3:9, 10). Дар асл мо виҷдони худро таълим дода метавонем, ки неку бадро фарқ кунад (Ибр. 5:14). Боз мо ёд мегирем, ки бо дигарон меҳрубону дилсӯз ва бахшанда бошем ва мисли Яҳува адлу инсофро дӯст дорем.

13. Мувофиқи Забур 76:12, 13 мо хотираи худро чӣ тавр истифода бурда метавонем?

13 Хотираи мо неъмати худодод аст. Чӣ тавр нишон диҳем, ки онро қадр мекунем? Як роҳаш ин ҳамеша дар ёд доштани он аст, ки чӣ тавр Яҳува пеш ба мо кӯмак карда буду моро тасаллӣ мебахшид. Ин боварии моро қавӣ мегардонад, ки Ӯ дар оянда низ ба мо кӯмак мекунад. (Забур 76:12, 13-ро хонед; Заб. 77:4, 7.) Боз як роҳаш ин аст, ки мо некиҳое, ки дигарон ба мо карданд, фаромӯш накунем ва аз онҳо миннатдор бошем. Олимон муайян карданд, ки одамони миннатдор бештар хушбахтанд. Инчунин хуб мебуд, ки ба Яҳува пайравӣ карда баъзе чизҳоро фаромӯш кунем. Масалан, Яҳува хотираи комил дошта бошад ҳам, Ӯ шахсонеро, ки самимона тавба мекунанд, мебахшад ва хатогии онҳоро дигар ба ёд намеорад (Заб. 24:7; 129:3, 4). Ва Ӯ мехоҳад, то мо низ хатогии дигаронро бахшем ва фаромӯш кунем (Мат. 6:14; Луқ. 17:3, 4).

Мо барои ақлу майнаи худ ба Яҳува миннатдорӣ нишон медиҳем, агар онро барои ҷалол додани Ӯ ба кор барем (Ба сархати 14 нигаред.) *

14. Барои ақлу майнаи худодод мо чӣ тавр миннатдорӣ нишон дода метавонем?

14 Мағзи сари моро Яҳува ба таври хеле аҷоиб офаридааст. Мо ба Ӯ миннатдорӣ нишон медиҳем, агар ақлу майнаамонро барои ҷалол додани Атокунандаи он истифода барем. Баъзеҳо ақлашонро худхоҳона истифода мебаранд, яъне худашон муқаррар карданӣ мешаванд, ки чӣ нек асту чӣ бад. Вале азбаски Яҳува моро офаридааст, Ӯ аз ҳар инсон хубтар медонад, ки барои мо чӣ беҳтар аст (Рум. 12:1, 2). Зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои Ӯ ба мо осудагӣ мебахшад ва ҳаёти мо маънои арзанда пайдо мекунад (Иш. 48:17, 18). Чунки маънои ҳаёт ин ҷалол додан ва хурсанд кардани Офаридгорамон Яҳува аст (Мас. 27:11).

КИТОБИ МУҚАДДАС АТОИ БЕБАҲОСТ

15. Чаро Яҳува Китоби Муқаддасро ба одамизод тӯҳфа кардааст?

15 Худо баъзе мардонро илҳом бахшид, ки Китоби Муқаддасро нависанд. Ӯ онро ба мо фарзандони заминиаш тӯҳфа кард, зеро моро дӯст медорад ва беҳад ғамхор аст. Ба воситаи Китоби Муқаддас Яҳува ба саволҳои муҳимтарини мо ҷавоб медиҳад. Масалан: «Ҳаёт чӣ тавр пайдо шуд? Маънои зиндагӣ дар чист? Дар оянда моро чӣ интизор аст?» Яҳува мехоҳад, ки ҳамаи фарзандонаш ба он саволҳо ҷавоб ёбанд. Барои ҳамин Ӯ роҳбарӣ кард, ки дар давоми асрҳо одамон Китоби Муқаддасро ба забонҳои гуногун тарҷума кунанд. Имрӯз он пурра ё қисман ба зиёда аз 3000 забон дастрас аст. Агар ба таърих нигарем, аз байни ҳамаи китобҳо танҳо Китоби Муқаддас ба забонҳои хеле бисёр тарҷума ва паҳн шудааст. Новобаста аз ҷойи зист ва забони худ аксари одамон имконият доранд, ки Китоби Муқаддасро бо забони модариашон хонанд. (Ба чорчӯбаи  «Китоби Муқаддас ба забонҳои африқоӣ» нигаред.)

16. Бо иҷро кардани суханони Матто 28:19, 20 мо чиро нишон медиҳем?

16 Мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки Каломи Худоро қадр мекунем? Агар мо онро ҳар рӯз хонда дар бораи чизҳои фаҳмидаамон мулоҳиза ронем ва кӯшиш кунем, ки гуфтаҳои онро ба кор барем. Миннатдории мо боз дар он дида мешавад, агар мо ба шумораи ҳарчи бештари одамон хушхабари Каломи Худоро расонем (Заб. 1:1–3; Мат. 24:14; Матто 28:19, 20-ро хонед).

17. Дар ин мақола мо оиди кадом неъматҳо ҳарф задем ва дар мавзӯи оянда чиро дида мебароем?

17 Инак, мо дар бораи якчанд неъмати Худо ҳарф задем. Ӯ ба мо хона, яъне Заминро додааст, мағзи сари моро ба таври ҳайратангез сохтааст ва Каломашро тӯҳфа кардааст. Вале баъзе неъматҳое, ки Худо барои мо муҳайё сохтааст, ноаёнанд. Оиди онҳо мо дар мавзӯи оянда сухан меронем.

СУРУДИ 112 Яҳува Худои бузург

^ сарх. 5 Ин мақола миннатдории моро ба Яҳува ва се неъмати Ӯ зиёд мегардонад. Он ҳамчунин ба мо кӯмак мекунад, то бо касоне, ки ба вуҷуд доштани Худо шубҳа доранд, муҳокима ронем.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМХО: Хоҳаре забони хориҷиро ёд гирифта истодааст, зеро мехоҳад ба муҳоҷирон ҳақиқатро таълим диҳад.