Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26

«Сӯи Ман баргардед»

«Сӯи Ман баргардед»

«Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт» (МАЛ. 3:7).

СУРУДИ 22 Яҳува Чӯпони ман аст

ПЕШГУФТОР *

1. Вақте як гӯсфанди Яҳува ба наздаш бармегардад, Ӯ чӣ ҳис мекунад?

ЧИ ХЕЛЕ КИ дар мақолаи гузашта дида баромадем, Яҳува мисли чӯпони нек аст, ки дар ҳаққи ҳар як гӯсфандаш ғамхорӣ мекунад. Ӯ ҳар як гӯсфанди гумшудаашро ҷустуҷӯ мекунад. Яҳува ба исроилиёне, ки ӯро тарк карданд, гуфта буд: «Сӯи Ман баргардед, ва Ман сӯи шумо хоҳам баргашт». Мо медонем, ки Ӯ дигар нашудааст, зеро Худи Ӯ мегӯяд: «Ман, ки Худованд ҳастам, тағйир наёфтаам» (Мал. 3:6, 7). Ҳазрати Исо гуфт, ки вақте ҳатто як гӯсфанди аз рама дуршуда ба ҷамъомад бармегардад, Яҳува ҳамроҳи фариштагонаш бениҳоят шодӣ мекунад (Луқ. 15:10, 32).

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Дар ин мақола мо се масали Исоро дида мебароем. Аз онҳо мо мефаҳмем, ки барои кӯмак кардан ба гӯсфандони гумшудаи Яҳува чӣ кор карда метавонем ва кадом хислатҳоро бояд дошта бошем. Инчунин мо мебинем, ки вақту қуввати худро барои дастгирии воизони ғайрифаъол сарф кардан ба мо то чӣ андоза хурсандии зиёд меорад.

КОФТУКОВИ ТАНГАИ ГУМШУДА

3, 4. Чаро зане, ки дар Луқо 15:8–10 тасвир шудааст, тангаи гумкардаашро хеле бодиққат мекобад?

3 Мо барои ёфтани гӯсфандони гумшудаи Яҳува бояд сахт кӯшиш кунем. Дар Инҷили Луқо Исо масале овард, ки дар он зане як тангаи нуқрагинашро гум карда онро мекобад. Дар ин масал диққати асосӣ ба чӣ тавр кофтуков кардани танга равона шудааст. (Луқо 15:8–10-ро хонед.)

4 Исо хурсандиеро, ки зан аз ёфтани тангааш ҳис кард, тасвир мекунад. Дар он рӯзҳо баъзе модарони яҳудӣ дар рӯзи тӯйи духтарашон ба ӯ даҳ тангаи нуқра ҳадия мекарданд. Эҳтимол ин бисоти арӯсии духтар буд. Он зан гумон кард, ки тангаи нуқра ба фарш афтодааст. Барои ҳамин ӯ чароғи равғанинро даргиронда гирду атрофро мекобад, вале аз сабаби паст будани рӯшноӣ тангаи хурдро ёфта наметавонад. Ниҳоят, ӯ хонаро аз сар то охир мерӯбад ва аз қабати хокрӯбаи ҷамъшуда тангаи ӯ дар равшанӣ медурахшад. Зан аз ёфтани тангааш оҳи сабуке мекашад! Ӯ дугонаю ҳамсоягонашро ҷеғ мезанад, то бо вай хурсандӣ кунанд.

5. Чаро ёфтани воизони ғайрифаъол душвор буда метавонад?

5 Чуноне ки аз масали Исо мебинем, барои ёфтани чизи гумшуда саъю кӯшиши зиёд дар талаб аст. Ба ин монанд мо бояд барои ёфтани бародару хоҳароне, ки аз ҷамъомад дур шудаанд, сахт кӯшиш кунем. Мумкин аллакай солҳои зиёд аст, ки онҳо ба ҷамъомад намеоянд. Ё шояд онҳо ба дигар ҷо кӯчидаанд ва Шоҳидони маҳаллӣ онҳоро намешиносанд. Бешубҳа, гуфтан мумкин аст, ки ҳоло баъзеи он воизони ғайрифаъол сахт мехоҳанд ба ҷамъомад баргарданд ва ҳамроҳи дигар ҳамимонон Яҳуваро ибодат кунанд. Вале ин бародару хоҳарон ба кӯмаки мо мӯҳтоҷанд.

6. Чӣ тавр ҳар як аъзои ҷамъомад дар ҷустуҷӯйи воизони ғайрифаъол кӯмак карда метавонад?

6 Ҷустуҷӯйи воизони ғайрифаъол вазифаи кӣ аст? Дар ин кор ҳамаи мо — пирони ҷамъомад, пешравон, воизон ва аъзои оилаи воизони ғайрифаъол иштирок карда метавонем. Шояд ягон дӯст ё хеши шумо ғайрифаъол шудааст. Ё мумкин шумо ҳангоми хизмати хона ба хона ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ягон воизи ғайрифаъолро вохӯред. Шумо бояд чӣ кор кунед? Ба он шахс фаҳмонед, ки агар ӯ хоҳад, ки бо вай пирони ҷамъомад сӯҳбат кунанд, шумо суроға ё рақами телефони ӯро ба пирони маҳаллӣ дода метавонед.

7. Аз суханони бародар Томас мо чӣ дарс гирифта метавонем?

7 Ёфтани гӯсфандони гумшуда асосан вазифаи пирони ҷамъомад мебошад. Онҳо инро чӣ тавр карда метавонанд? Томас * ном пири ҷамъомад, ки дар Испониё зиндагӣ мекунад, ба беш аз 40 воизи ғайрифаъол кӯмак кард, ки ба ҷамъомад баргарданд. Аҳамият диҳед, ки ӯ чӣ мегӯяд: «Аввал ман аз бародару хоҳарони гуногун мепурсам, ки оё онҳо касонеро мешиносанд, ки ғайрифаъол шудаанд ва баъд суроғаи онҳоро мегирам. Аксарияти аъзоёни ҷамъомад бо ҷону дил ба ин кор кӯмак мекунанд, зеро онҳо низ дар бораи чунин шахсон ғам мехӯранд. Сипас, вақте ман он бародарон ва хоҳарони аз ҷамъомад дуршударо рафта хабар мегирам, аз онҳо мепурсам, ки оё ягон фарзанд ё хешашон низ ғайрифаъол шудааст. Баъзе воизоне, ки ғайрифаъол шудаанд, пеш ҳамроҳи худ ба ҷамъомад фарзандони худро меоварданд ва шояд онҳо ҳам як вақтҳо воиз буданд. Ба онҳо низ барои ба ҷамъомад баргаштан кӯмак кардан лозим аст».

ДУХТАРОНУ ПИСАРОНИ ГУМШУДАИ ЯҲУВАРО БА ОИЛААШ БАРГАРДОНЕД

8. Дар масали Исо аз Луқо 15:17–24 падар бо писари пушаймонгаштааш чӣ тавр муносибат кард?

8 Агар мо ба онҳое, ки ба оилаи Яҳува баргаштан мехоҳанд, кӯмак карданӣ бошем, ба мо кадом хислатҳо даркоранд? Дар ин бобат мо аз масали Исо дар бораи писари саркаш, ки хонаи падарро тарк кард, якчанд дарс гирифта метавонем. (Луқо 15:17–24-ро хонед.) Исо мефаҳмонад, ки чӣ тавр он писар оқибат хатои худро фаҳмида ба хонаи падараш бармегардад. Падар давида ӯро бо оғӯши кушода пешвоз мегирад, то ба писараш нишон диҳад, ки ӯро дӯст медорад. Писар бошад, барои корҳои кардааш худро гунаҳкор ҳис карда фикр мекунад, ки дигар ба писар хонда шудан сазовор нест. Падар бо дилсӯзӣ дарди дили писарашро гӯш мекунад ва баъд бо якчанд амалаш нишон медиҳад, ки ӯро на чун хизматгор, балки чун писари азизаш қабул карданӣ аст. Ӯ барои писари пушаймонгаштааш зиёфате ташкил мекунад ва либоси беҳтаринро оварда ба ӯ мепӯшонад.

9. Барои ба воизи ғайрифаъол кӯмак кардан мо бояд кадом хислатҳоро зоҳир кунем? (Ба чорчӯбаи  «Ба онҳое, ки ба ҷамъомад баргаштан мехоҳанд, чӣ тавр кӯмак кунем?» нигаред.)

9 Яҳува ба падаре, ки дар ин масал оварда шудааст, монанд мебошад. Ӯ бародару хоҳарони ғайрифаъолро дӯст медорад ва сахт мехоҳад, ки онҳо наздаш баргарданд. Ба Яҳува пайравӣ карда мо ба онҳо кӯмак карда метавонем. Барои ин пурсабр, ҳамдард ва меҳрубон будан лозим аст. Чаро доштани ин хислатҳо муҳиманд ва чӣ тавр мо онҳоро зоҳир карда метавонем?

10. Чаро ҳангоми кӯмак ба воизони ғайрифаъол пурсабр будан лозим аст?

10 Барои ба чунин шахсон ёрдам кардан мо бояд пурсабр бошем, зеро то ба оилаи Яҳува баргаштани онҳо вақт лозим аст. Бисёри воизоне, ки дар гузашта ғайрифаъол буданд, мегӯянд, ки танҳо баъди борҳои зиёд ба хабаргирӣ омадани пирон ва дигарон онҳо аз нав ба ҷамъомад рафтанро сар карданд. Хоҳаре бо номи Нэнси, ки аз Осиёи Ҷанубу Шарқӣ аст, менависад: «Як дӯсти наздикам аз ҷамъомад ба ман бисёр ёрдам кард. Ӯ барои ман чун апаи калониам буд ва маро дӯст медошт. Ӯ ба хотирам меовард, ки чӣ тавр мо пеш хурсандона якҷоя хизмат мекардем. Вақте ман диламро ба вай холӣ мекардам, ӯ пурсаброна маро гӯш мекард ва маслиҳати даркорӣ медод. Ӯ чун дӯсти ҳақиқӣ тайёр буд, ки дар вақти дилхоҳ ба ман кӯмак кунад».

11. Чаро барои ба захми дили касе малҳам шудан дилсӯзӣ лозим аст?

11 Ҳамдардию дилсӯзӣ ба дили захмин мисли малҳам аст. Баъзеҳо барои он ғайрифаъол шудаанд, ки чанд сол пеш аз ягон аъзои ҷамъомад хафа шуда буданд ва то ҳол аламашон зӯр аст. Ин ҳиссиёт ба онҳо халал мерасонад, ки ба ҷамъомад баргарданд. Шояд баъзеи онҳо фикр кунанд, ки нисбаташон беадолатона муносибат кардаанд. Мумкин онҳо мӯҳтоҷанд, ки касе дарди дилашонро гӯш кунад ва онҳоро дуруст фаҳмад (Яъқ. 1:19). Мария, ки як вақтҳо воизи ғайрифаъол буд, мегӯяд: «Ман мехостам касе бошад, ки маро гӯш кунад, тасалливу маслиҳат диҳад ва кӯмак кунад».

12. Чаро муҳаббати Яҳуваро ба арғамчин монанд кардан мумкин аст? Мисол оред.

12 Китоби Муқаддас муҳаббатеро, ки Яҳува ба халқаш дорад, ба таноб ё арғамчин монанд мекунад. Барои инро фаҳмидан оиди мисоли зерин фикр кунед: Фарз мекунем, ки шумо дар баҳри пурталотум ғӯтида истодаед ва касе аз киштӣ ба шумо баллони резинӣ мепартояд. Албатта, шумо аз ӯ хеле миннатдор мешудед, зеро он ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ғарқ нашавед. Вале об хеле хунук аст ва барои зинда монданатон касе бояд ба шумо арғамчин партофта шуморо аз об кашида барорад. Дар замони қадим Яҳува дар бораи исроилиёне, ки аз Ӯ дур шуда буданд, гуфт: «Бо танобҳои муҳаббат онҳоро пеш кашидам» (Ҳуш. 11:4). Имрӯз низ Худо ба онҳое, ки ба Ӯ хизмат карданро бас кардаанд ва ба ташвишу проблемаҳо ғӯтида истодаанд, «арғамчин»-и Худро дароз мекунад. Яҳува мехоҳад, то онҳо донанд, ки барояш онҳо азизанд ва бо муҳаббат онҳоро ба сӯйи Худ кашидан мехоҳад. Барои ба онҳо кӯмак кардан Яҳува метавонад шуморо истифода барад.

13. Чӣ хел мисоли бародар Пабло нишон медиҳад, ки зоҳир кардани муҳаббат хеле муҳим аст?

13 Хуб мебуд, воизони ғайрифаъолро боварӣ бахшем, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад ва барои мо низ онҳо азизанд. Бародар Пабло, ки дар мақолаи гузашта оидаш гуфта будем, беш аз 30 сол ғайрифаъол буд. Ӯ чунин мегӯяд: «Як саҳар вақте аз хона мебаромадам, хоҳари меҳрубони пиронсолеро вохӯрдам. Ӯ ба ман суханони мулоим ва нағз гуфт. Ман аз ин мисли кӯдак зор-зор гиристам. Ман ба он хоҳар гуфтам, ки шояд Яҳува ӯро ба наздам фиристодааст, то бо ман гуфтугӯ кунад. Аз ҳамон вақт ман қарор додам, ки назди Яҳува бармегардам».

НОТАВОНОНРО БО МЕҲРУБОНӢ ДАСТГИРӢ КУНЕД

14. Чуноне ки дар Луқо 15:4, 5 тасвир шудааст, чӯпон баъди ёфтани гӯсфанди гумшуда чӣ кор мекунад?

14 Вақте мо воизони ғайрифаъолро меёбем, бояд пайваста онҳоро дастгирӣ кунем. Чи хеле ки аз масали Исо дар бораи писари саркаш бармеояд, барои ба худ омадани шахс шояд вақти бисёр даркор аст. Ва азбаски онҳо дар ҷаҳони Шайтон буданд, хоҳ нохоҳ муносибаташон бо Яҳува суст шудааст. Мо бояд ба онҳо кӯмак кунем, ки имонашон аз нав бақувват шавад. Дар масал оиди гӯсфанди гумшуда Исо қайд мекунад, ки чӯпон баъди ёфтани гӯсфанди худ онро дар китфаш гузошта ба рама мебарад. Аз ин мо ба кадом хулоса меоем? Чӯпон ғайр аз вақту қувваташро барои ҷустуҷӯйи гӯсфанди гумшуда сарф кардан, дарк мекунад, ки бояд онро бардошта ба рама биёрад, чунки гӯсфанд ҳоло заиф аст ва барои роҳ гаштан худаш қувват надорад. (Луқо 15:4, 5-ро хонед.)

15. Онҳоеро, ки ба ҷамъомади Яҳува баргаштан мехоҳанд, мо чӣ тавр дастгирӣ карда метавонем? (Ба чорчӯбаи  «Маводи хеле муфид» нигаред.)

15 Баъзе касоне, ки аз ҷамъомад дур шудаанд, шояд душвориҳое доранд, ки ба онҳо барои аз нав хизматгори Яҳува шудан халал мерасонанд. Барои ба онҳо кӯмак кардан шояд вақту қуввати зиёд сарф кардан лозим аст. Вале бо ёрии рӯҳи муқаддаси Яҳува, Каломи Ӯ, адабиёти ташкилотамон мо ба онҳо кӯмак карда метавонем, ки аз нав рӯҳан бақувват гарданд (Рум. 15:1). Чӣ тавр? Як пири ботаҷриба мегӯяд: «Аксари воизони ғайрифаъол, ки дар ҳақиқат ба ҷамъомад баргаштан мехоҳанд, ба омӯзиши Китоби Муқаддас ниёз доранд» *. Барои ҳамин, агар пирон аз шумо хоҳиш кунанд, ки бо шахси ғайрифаъол омӯзиш гузаронед, ин супоришро бо омодагӣ қабул кунед. Он пир боз мегӯяд: «Воизе, ки бо шахси ғайрифаъол омӯзиш мегузаронад, бояд барои ӯ дӯсти бовариноке шавад, ки омӯзанда ба вай озодона гапашро гуфта тавонад».

ШОДӢ ДАР ОСМОН ВА ДАР ЗАМИН

16. Аз куҷо мо медонем, ки фариштагон ба мо кӯмак мекунанд?

16 Воқеаҳои зиёд нишон медиҳанд, ки фариштагон низ дар ёфтани шахсони ғайрифаъол, ки ба ҷамъомад баргаштан мехоҳанд, ёрӣ медиҳанд (Ваҳй 14:6). Масалан, Силвио ном бародари ғайрифаъол, ки аз Эквадор мебошад, аз сидқи дил дуо гуфт, ки ба ҷамъомад баргаштан мехоҳад. Ҳоло дуояшро тамом накарда ба дари ӯ занг заданд. Ӯ баромада дид, ки ду пири ҷамъомад дар назди дар истодаанд. Онҳо бо хурсандӣ ба Силвио ёрӣ доданро сар карданд.

17. Аз кӯмак ба шахсони ғайрифаъол мо чӣ ҳис мекунем?

17 Вақте мо ба гӯсфандони гумшудаи Яҳува барои ба рамаи Ӯ баргаштан кӯмак мекунем, аз ин хурсандии зиёд меёбем. Салвадор ном бародари пешрав, ки ба бародару хоҳарони ғайрифаъол диққати махсус медиҳад, чунин мегӯяд: «Дар бораи шахсони ба ҷамъомад баргашта фикр карда ашки шодиамро базӯр нигоҳ медорам. Ман хурсанд мешавам, ки боз як хизматгори азизи Яҳува аз ҷаҳони Шайтон ба ҷамъомад баргашт ва ман тавонистам дар ин кор бо Яҳува ҳамкорӣ кунам» (Аъм. 20:35).

18. Агар шумо аз ҷамъомади Яҳува дур шуда бошед, аз чӣ дилпур буда метавонед?

18 Агар шумо аз халқи Яҳува дур шуда бошед, илтимос ягон зарра шубҳа накунед, ки Яҳува то ҳол шуморо дӯст медорад. Барои ба наздаш баргаштан саъю кӯшиш кунед. Чун падаре, ки дар масали Исо буд, Яҳува интизор аст, ки шумо ба хонаатон баргардед ва Ӯ бо хурсандӣ шуморо қабул хоҳад кард.

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

^ сарх. 5 Яҳува мехоҳад, ки онҳое ки аз ҷамъомад дур шуданд, ба наздаш баргарданд ва онҳоро даъват карда мегӯяд: «Сӯи Ман баргардед». Мо ба касоне, ки ин даъвати Яҳуваро қабул кардан мехоҳанд, чӣ тавр кӯмак карда метавонем? Аз мақолаи мазкур мо ба ин савол ҷавоб меёбем.

^ сарх. 7 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 15 Ба баъзе шахсони ғайрифаъол омӯзиш кардани бобҳои муайяни китоби «Муҳаббати Худо» кӯмак кард, ба дигарон бошад аз нав дида баромадани баъзе бобҳои китоби «Ба Яҳува наздик шавед» фоиданок буд. Кумитаи хизматии ҷамъомад қарор мекунад, ки кадом воиз барои бо шахси ғайрифаъол омӯзиш кардан мувофиқтар аст.

^ сарх. 68 ШАРҲИ РАСМҲО: Се бародари гуногун ба бародари ғайрифаъоле, ки ба ҷамъомад баргаштан мехоҳад, кӯмак мекунанд. Онҳо ба ӯ занг мезананд, муҳаббаташонро дар амал нишон медиҳанд ва бо ҳамдардӣ ӯро гӯш мекунанд.