Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 31

Оё шумо «интизори шаҳре» ҳастед, ки «таҳкурсии ҳақиқӣ дорад»?

Оё шумо «интизори шаҳре» ҳастед, ки «таҳкурсии ҳақиқӣ дорад»?

«Вай интизори шаҳре буд, ки таҳкурсии ҳақиқӣ дорад ва меъмору бинокори он Худо мебошад» (ИБР. 11:10).

СУРУДИ 16 Сӯи Салтанати Худо гурезед!

ПЕШГУФТОР *

1. Бисёр хизматгорони Худо аз баҳри кадом чизҳо гузаштаанд ва барои чӣ?

МИЛЛИОНҲО хизматгорони Яҳува имрӯз аз баҳри ин ё он чиз гузаштаанд. Масалан, бисёр бародару хоҳарон қарор доданд, ки муҷаррад мемонанд. Баъзе ҷуфтон қарор додаанд, ки фарзанддор намешаванд. Ҳамсароне, ки фарзанд доранд, кӯшиш мекунанд, ки ҳаёти одӣ ба сар баранд ва аз қафои пулу моли дунё надаванд. Чаро ҳамаи онҳо чунин қарор карданд? Чунки онҳо мехоҳанд ба Яҳува ҳарчи бештар хизмат кунанд. Онҳо аз чизҳои доштаашон қаноатманданд ва боварӣ доранд, ки Яҳува онҳоро бо чизҳои зарурии ҳаёт таъмин мекунад. Оё ин боварии онҳо барабас аст? Не! Чӣ инро исбот мекунад? Дар замони қадим Яҳува ниёзҳои хизматгоронашро ҳамеша қонеъ мекард. Масалан, Ӯ Иброҳимро, ки «падари ҳамаи имондорон» аст, баракат дода буд (Рум. 4:11).

2. а) Мувофиқи Ибриён 11:8–10, 16 чаро Иброҳим тайёр буд, ки шаҳри Урро тарк кунад? б) Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Иброҳим дар шаҳри Ур мезист, ки он ҷо ҳаёти бароҳату осуда дошта метавонист. Вале ӯ тайёр буд, ки ҷойи гармашро хунук карда ба дигар ҷо кӯчад. Чаро? «Зеро вай интизори шаҳре буд, ки таҳкурсии ҳақиқӣ дорад». (Ибриён 11:8–10, 16-ро хонед.) Мо дар ин мақола ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: Он «шаҳре», ки Иброҳим интизор буд, чӣ аст? Бино шудани онро интизор шуда ӯ бо чӣ гуна мушкилиҳо дучор шуд? Чӣ тавр мо ба Иброҳим ва онҳое, ки ба намунаи ӯ пайравӣ мекунанд, монанд буда метавонем?

«ШАҲРЕ», КИ ТАҲКУРСИИ ҲАҚИҚӢ ДОРАД, ЧИСТ?

3. «Шаҳре», ки Иброҳим интизор буд, кадом аст?

3 «Шаҳре», ки Иброҳим интизор буд, Подшоҳии Худо аст. Исои Масеҳ Шоҳи он мебошад ва 144 000 масеҳиёни тадҳиншуда ҳамроҳи ӯ ҳукмронӣ мекунанд. Павлус ба он Подшоҳӣ чун ба «шаҳри Худои зинда, яъне ба Ерусалими осмонӣ» ишора кардааст (Ибр. 12:22; Ваҳй 5:8–10; 14:1). Исо пайравонашро таълим медод, ки дар бораи омадани он Подшоҳӣ дуо гӯянд, то ки хости Худо дар замин иҷро шавад, чуноне ки дар осмон иҷро шуда истодааст (Мат. 6:10).

4. Мувофиқи Ҳастӣ 17:1, 2, 6 Иброҳим дар бораи «шаҳр» ё Подшоҳии ваъдакардаи Худо то чӣ андоза маълумот дошт?

4 Оё Иброҳим дар бораи он ки Подшоҳии Худо чӣ тавр ташкил меёбад, ҳама маълумотро медонист? Не! Давоми асрҳои зиёд бисёре аз он маълумот «сирри муқаддас» буд (Эфс. 1:8–10; Қӯл. 1:26, 27). Вале Иброҳим медонист, ки аз насли ӯ дар оянда подшоҳон ба вуҷуд меоянд, зеро инро Худи Яҳува ба ӯ ваъда дода буд. (Ҳастӣ 17:1, 2, 6-ро хонед.) Иброҳим ба ваъдаҳои Худо чунон боварии қавӣ дошт, ки ӯ гӯё Масеҳро, ки шоҳи Подшоҳии Худо бояд мешуд, медид. Барои ҳамин Исо ба яҳудиёни замони худ чунин гуфт: «Падари шумо Иброҳим дидани рӯзи маро интизор буд ва аз ин бисёр шодӣ мекард. Ва ӯ инро диду шод гашт» (Юҳ. 8:56). Аён аст, ки Иброҳим медонист, ки насли ӯ як подшоҳиеро ташкил медиҳад, ки онро Яҳува барпо мекунад. Ва ӯ тайёр буд, ки иҷрошавии он ваъдаи Яҳуваро мунтазир шавад.

Иброҳим ба ваъдаҳои Яҳува имон доштанашро чӣ тавр нишон медод? (Ба сархати 5 нигаред.)

5. Аз куҷо мо медонем, ки Иброҳим «интизори шаҳре буд», ки Худо бино кардааст?

5 Чӣ тавр Иброҳим нишон дод, ки «шаҳр» ё Подшоҳиеро, ки Худо барпо карданист, интизор аст? Инро тарзи ҳаёти ӯ нишон медод. Вай шаҳрванди ягон салтанати заминӣ набуд. Ӯ аз як ҷо ба ҷойи дигар кӯчида чун мусофир зиндагӣ мекард; ҳеҷ гоҳ хонаи доимӣ ва бароҳат намесохт ва ягон ҳокимияти одамиро дастгирӣ намекард. Илова бар ин Иброҳим намекӯшид, ки ҳокимияти худро барпо кунад. Ба ҷойи ин вай ба Яҳува итоаткор мемонд ва иҷрошавии ваъдаи Ӯро интизор мешуд. Ҳамин тавр Иброҳим нишон медод, ки ба Яҳува имон ва боварии хеле қавӣ дорад. Биёед бинем, ки ӯ бо кадом мушкилиҳо дучор шуд ва мо аз ӯ чӣ дарс гирифта метавонем.

ИБРОҲИМ БО ЧӢ ГУНА МУШКИЛИҲО РӮ БА РӮ ШУД?

6. Ур чӣ гуна шаҳр буд?

6 Шаҳре, ки Иброҳим тарк кард, нисбатан шаҳри бехатар, пешрафта ва обод буд. Гирди шаҳр деворҳои баланд дошт ва дар се тарафи он оброҳа кофта шуда буд, ки шаҳрро хуб муҳофизат мекард. Сокинони шаҳри Ур дар хондану навиштан ва ҳисобу китоб моҳир буданд. Он шаҳр эҳтимол маркази савдо буд, зеро бостоншиносон бисёр ҳуҷҷатҳои бо тиҷорат алоқамандро дарёфт намуданд. Девори хонаҳои Ур аз хишт сохта шуда бо оҳак андова ва сафед мешуданд. Саҳни ҳавлиҳо сангфарш карда мешуданд ва баъзе ҳавлиҳо 13 ё 14 ҳуҷра доштанд.

7. Чаро Иброҳим бояд имони қавӣ медошт, ки Яҳува ӯ ва оилаашро дар паноҳаш нигоҳ медорад?

7 Иброҳим бояд имони қавӣ медошт, ки Яҳува ӯ ва оилаашро дар паноҳаш нигоҳ медорад. Чаро? Чунки ӯ ва занаш Соро хонаи бехатар ва бароҳати худро дар шаҳри Ур тарк карда ба саҳроҳои кушоди Канъон рафт, то дар хаймаҳо зиндагӣ кунад. Дар ин ҷо манзили онҳоро дигар деворҳои ғафс ва оброҳаҳои чуқур ҳимоя намекарданд ва душманон ба осонӣ метавонистанд ба онҳо ҳамла оранд.

8. Боре Иброҳим бо кадом мушкилӣ дучор шуд?

8 Иброҳим хости Худоро иҷро мекард, вале боре чунин шуд, ки ӯ барои хӯрондани оилааш хӯроки кофӣ надошт. Дар замине, ки Яҳува ӯро ба он ҷо фиристод, қаҳтӣ рӯй дод. Он қаҳтӣ чунон сахт буд, ки Иброҳим қарор дод бо оилааш муваққатан ба Миср меравад. Аммо вақте ки ӯ дар Миср буд, фиръавн — подшоҳи он сарзамин зани Иброҳимро аз назди ӯ гирифта ба хонаи худ овард. Тасаввур кунед, ки Иброҳим барои занаш чӣ қадар хавотир шуд, то даме ки Яҳува фиръавнро ба баргардондани Соро водор кунад (Ҳас. 12:10–19).

9. Иброҳим бояд ба кадом душвориҳои оилавӣ тоб меовард?

9 Дар оилаи Иброҳим мушкилиҳои ҷиддӣ буданд. Ҳамсари азизи ӯ Соро кӯдакдор шуда наметавонист. Онҳо аз доғи бефарзандӣ солҳои зиёд азоб мекашиданд. Оқибат Соро канизаш Ҳоҷарро ба Иброҳим ба занӣ дод, то ки вай барои онҳо фарзанд таваллуд кунад. Вале вақте дар қади Ҳоҷар Исмоил пайдо шуд, ӯ Сороро паст задан гирифт. Муносибати онҳо то дараҷае бад шуд, ки аз дасти Соро Ҳоҷар аз хона гурехт (Ҳас. 16:1–6).

10. Бо Исмоил ва Исҳоқ кадом воқеаҳо рӯй доданд, ки аз боиси онҳо боварии Иброҳим ба Яҳува озмуда шуд?

10 Ниҳоят, Соро ҳомиладор шуда писаре зоид, ки Иброҳим номи ӯро Исҳоқ гузошт. Иброҳим ҳар ду писарашро — ҳам Исмоил ва ҳам Исҳоқро дӯст медошт. Вале аз боиси он ки Исмоил бо Исҳоқ бад муомила мекард, Иброҳим маҷбур шуд, ки Исмоил ва Ҳоҷарро аз хонааш равона кунад (Ҳас. 21:9–14). Баъдтар Яҳува аз Иброҳим хоҳиш кард, ки Исҳоқро ба қурбонӣ орад (Ҳас. 22:1, 2; Ибр. 11:17–19). Дар ҳарду маврид ҳам Иброҳим бояд ба Яҳува такя мекард, ки Ӯ ваъдаҳояшро дар бобати писарони ӯ иҷро мекунад.

11. Чаро ба Иброҳим лозим буд, ки Яҳуваро босаброна интизор шавад?

11 Дар давоми тамоми ҳаёташ Иброҳим пурсабрӣ ва ба Яҳува такя карданро ёд гирифт. Вақте ӯ бо оилааш шаҳри Урро тарк кард, эҳтимол синнаш аз 70 гузашта буд (Ҳас. 11:31–12:4). Қариб 100 сол ӯ замини Канъонро гаштугузор намуда дар хаймаҳо зиндагӣ кард. Иброҳим дар синни 175-солагӣ аз олам чашм пӯшид (Ҳас. 25:7). Вале ӯ иҷрошавии ваъдаи Яҳуваро, ки замини мусофираташ ба насли ӯ дода мешавад, надид. Ҳамчунин умри ӯ ба он нарасид, ки барпо шудани шаҳри деринтизор, яъне Подшоҳии Худоро бинад. Бо вуҷуди ин Иброҳим умри дароз дид ва аз ҳаёти худ серу қаноатманд вафот кард (Ҳас. 25:8). Ҳарчанд ба вай лозим омад, ки ба душвориҳои зиёд тоб орад, ӯ имонашро қавӣ нигоҳ дошт ва умедашро аз Яҳува намеканд. Чаро ӯ истодагарӣ карда тавонист? Зеро Яҳува Иброҳимро тамоми умраш дар паноҳи Худ нигоҳ медошт ва бо ӯ чун дӯст муносибат мекард (Ҳас. 15:1; Иш. 41:8; Яъқ. 2:22, 23).

Мисли Иброҳиму Соро чӣ тавр хизматгорони имрӯзаи Яҳува имон ва пурсабрӣ нишон медиҳанд? (Ба сархати 12 нигаред.) *

12. Мо чиро интизорем? Дар давоми мақола чиро дида мебароем?

12 Мисли Иброҳим мо шаҳреро интизорем, ки «таҳкурсии ҳақиқӣ дорад». Лекин ба мо бино шудани онро мунтазир шудан лозим нест. Чунки Подшоҳии Худо соли 1914 барпо ёфт ва осмон аллакай зери идораи он мебошад (Ваҳй 12:7–10). Вале мо интизорем, ки кай он пурра дар замин ҳам ҳукмронӣ мекунад. То омадани он вақт мо бояд мисли Иброҳим ва Соро ба мушкилиҳои зиёд тоб орем. Оё хизматгорони имрӯзаи Яҳува ба намунаи Иброҳим пайравӣ мекунанд? Тарҷумаи ҳоли бародару хоҳароне, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» чоп мешавад, нишон медиҳанд, ки бисёриҳо имрӯз мисли Иброҳим имон ва пурсабрӣ зоҳир мекунанд. Биёед мисоли баъзеи онҳоро дида бароем ва фаҳмем, ки аз онҳо чӣ омӯхтан мумкин аст.

БА НАМУНАИ ИБРОҲИМ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Бил Уолден барои аз баҳри чизе гузаштан тайёр буд ва Яҳува ӯро баракат дод

13. Шумо аз мисоли бародар Бил Уолден чӣ омӯхтед?

13 Барои аз баҳри чизе гузаштан тайёр бошед. Агар мо шаҳри Худо, яъне Подшоҳии Ӯро дар ҷойи аввали ҳаётамон гузоштан хоҳем, мо бояд мисли Иброҳим бошем, ки барои ба Худо писанд омадан ба қурбониҳо тайёр буд (Мат. 6:33; Марқ. 10:28–30). Ба мисоли бародар Бил Уолден * аҳамият диҳед. Соли 1942 ӯ бояд як донишгоҳи ИМА-ро бо ихтисоси меъмор-лоиҳакаш хатм мекард. Ҳамон вақт ӯ бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кард. Яке аз муаллимонаш ба Бил гуфт, ки баъди хатми донишгоҳ дар ширкате барои ӯ кори сердаромад ёфтааст, вале Бил пешниҳоди ӯро рад кард. Ӯ ба муаллимаш фаҳмонд, ки ба кори сермаош даромаданӣ нест, чунки ба Худо бештар хизмат кардан мехоҳад. Чанде пас, ҳукуматдорон бародар Билро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ӯ эҳтиромона гуфт, ки намеравад, вале барои ин ӯро ба маблағи 10 000 доллар ҷарима карда ба муддати 5 сол ҳабс намуданд. Баъди се сол ӯ озод шуд. Баъдтар, ӯ дар Мактаби Ҷилъод хонд ва дар Африқо чун миссионер хизмат кард. Сипас, бародар Бил бо Ева ном хоҳар оиладор шуд. Онҳо якҷоя дар Африқо хизмат намуданд, ки ин фидокориҳои зиёдро талаб мекард. Баъд аз сипари шудани чанд сол онҳо ба ИМА баргаштанд, то модари Билро нигоҳубин кунанд. Дар охири тарҷумаи ҳоли худ бародар Бил мегӯяд: «Яҳува ба ман имконияти пуршараф дод, ки беш аз 70 сол ба Ӯ хизмат кунам. Дар ин бора мулоҳиза карда аз чашмонам ашкҳои шодӣ равон мешаванд. Ман ба Яҳува бисёр шукрона мегӯям, чунки Ӯ ёрдам дод, ҳаётамро ба хизматаш бахшам». Оё шумо ҳам хизмати пурравақтро пешаи худ сохта метавонед?

Элени ва Аристотелис Апостолидис ҳис мекарданд, ки Яҳува ба онҳо қувват мебахшад

14, 15. Аз саргузашти бародар ва хоҳар Апостолидис шумо чӣ меомӯзед?

14 Интизор нашавед, ки ҳаёти шумо бе душвориҳо мегузарад. Аз мисоли Иброҳим мо мефаҳмем, ки ҳатто онҳое ки тамоми ҳаёташонро ба хизмати Яҳува мебахшанд аз сахтиву мусибатҳо эмин нестанд (Яъқ. 1:2; 1 Пет. 5:9). Инро саргузашти бародар Аристотелис Апостолидис * тасдиқ мекунад. Соли 1946 ӯ дар Юнон таъмид гирифт ва соли 1952 бо хоҳар Элени аҳду паймон баст, ки оиладор мешаванд. Ҳардуи онҳо мақсад доштанд, ки ба Яҳува пурра хизмат мекунанд. Лекин Элени пеш аз тӯяшон бемор шуд ва духтурон муайян карданд, ки ӯ дар майнаи сараш омос (опухоль) дорад. Онро духтурон ҷарроҳӣ карда гирифтанд. Вале баъди якчанд соли оиладоршавиашон омос аз нав пайдо шуд. Ӯро боз ҷарроҳӣ намуданд, аммо ин дафъа хоҳар қисман фалаҷ шуд ва ӯ дигар бурро гап зада наметавонист. Нигоҳ накарда ба беморӣ ва таъқиботи ҳукуматдорон ӯ воизи боғайрат мемонд.

15 Бародар Аристотелис 30 сол ба занаш нигоҳубин кард. Дар давоми ин вақт ӯ чун пири ҷамъомад хизмат мекард, дар ташкил кардани анҷуманҳо ёрӣ медод ва дар сохтмони як Толори анҷуман саҳм гузошт. Соли 1987 бо Элени ҳангоми мавъиза карданаш ҳодисаи нохуше рӯй дод. Ӯ се сол дар ҳолати беҳушӣ (кома) буд ва сипас вафот кард. Бародар Аристотелис шарҳи ҳолашро бо чунин суханон ба охир мерасонад: «Дар ҳаётам ман бо вазъиятҳои душвор ва озмоишҳои ногаҳонӣ дучор шудам, ки сабри бисёр ва истодагарӣ лозим буд. Вале Яҳува ҳамеша ба ман қуввати лозима мебахшид, ки онҳоро паси сар кунам» (Заб. 93:18, 19). Бале, Яҳува онҳоеро, ки нигоҳ накарда ба душвориҳо хости Ӯро содиқона ба ҷо меоранд, хеле дӯст медорад.

Одри Ҳайд диққаташро ба оянда равона карда рӯҳияи мусбиро нигоҳ медошт

16. Бародар Норр ба ҳамсараш чӣ гуна маслиҳати хуб дода буд?

16 Дар бораи баракатҳои оянда фикр кунед. Иброҳим ба мукофоти оянда, ки Яҳува ваъда дода буд, назар медӯхт ва ин ба ӯ кӯмак мекард, ки ба душвориҳои ҳаёташ тоб орад. Хоҳар Одри Ҳайд * ба намунаи Иброҳим пайравӣ мекард. Ҳарчанд шавҳари якуми ӯ Нейтан Норр аз бемории саратон вафот кард ва шавҳари дуюмаш Глен Ҳайд аз бемории Алтсгеймер азоб мекашид, ӯ кӯшиш мекард, ки рӯҳияи мусбиро нигоҳ дорад. Хоҳар нақл мекунад, ки суханони бародар Норр, ки чанд ҳафта пеш аз маргаш гуфта буд, ба ӯ қувват мебахшиданд. Бародар Норр гуфта буд: «Марг фарҷом нест. Умеди мо намемирад ва ба мо дигар лозим намеояд, ки ранҷу азоб кашем». Боз ӯ чунин васият карда буд: «Ба пеш, ба мукофоти ояндаи худ назар дӯз... Ҳамеша банд бош — кӯшиш кун, то доимо ба дигарон некӣ кунӣ. Ин дар ҳаёт ба ту кӯмак мекунад, ки хурсандӣ ёбӣ». Чӣ маслиҳати хуб аст ин, ки бо корҳои нек банд бошем ва «аз умеди худ хурсандӣ» гирем! (Рум. 12:12).

17. а) Барои чӣ ба мо лозим аст, ки диққатамонро ба оянда равона созем? б) Чаро мувофиқи суханони Мико 7:7 амал кардан ба мо кӯмак мекунад, ки баракатҳои ояндаро соҳиб шавем?

17 Хусусан имрӯз мо бояд диққатамонро ба оянда равона созем. Зеро воқеаҳои ҷаҳонӣ равшан нишон медиҳанд, ки мо дар поёни рӯзҳои охири дунёи Шайтон зиндагӣ дорем. Ба наздикӣ дигар ба мо лозим намеояд, ки Подшоҳии Худоро интизор шавем, зеро он бар тамоми замин ҳукмрониро сар мекунад. Баракатҳои зиёд моро дар пешанд, ки яке аз онҳо эҳё шудани мурдагон аст. Дар он вақт Яҳува Иброҳимро барои сабр ва имонаш мукофот дода ӯ ва оилаашро ба ҳаёт дар рӯйи замин эҳё мекунад. Оё шумо ҳам он ҷо мешавед, то онҳоро пешвоз гиред? Бале, шумо он ҷо буда метавонед, агар мисли Иброҳим баҳри Подшоҳии Худо ба фидокориҳо тайёр бошед; ба душвориҳо нигоҳ накарда имони худро қавӣ нигоҳ доред ва бо пурсабрӣ иҷрошавии ваъдаи Яҳуваро интизор шавед. (Мико 7:7-ро хонед.)

СУРУДИ 28 Суруди нав

^ сарх. 5 Иҷрошавии ваъдаеро интизор шудан сабри моро, ва баъзан имони моро меозмояд. Ба ҳазрати Иброҳим низ лозим буд, ки иҷрошавии ваъдаҳои Яҳуваро интизор шавад. Чӣ ба ӯ кӯмак мекард, ки иродаи қавӣ дошта бошад ва сабру тоқатро аз даст надиҳад? Аз ҳаёти ӯ мо чӣ дарс гирифта метавонем? Ва баъзе хизматгорони имрӯзаи Яҳува чӣ тавр ба намунаи ӯ пайравӣ мекунанд?

^ сарх. 13 Тарҷумаи ҳоли бародар Бил Уолден дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 декабри с. 2013, саҳ. 8–10 оварда шудааст.

^ сарх. 14 Тарҷумаи ҳоли бародар Аристотелис Апостолидис дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 феврали с. 2002, саҳ. 24–28 оварда шудааст.

^ сарх. 16 Тарҷумаи ҳоли хоҳар Одри Ҳайд дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 июли с. 2004, саҳ. 23–29 оварда шудааст.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Ҳамсарони солхӯрда ба душвориҳо нигоҳ накарда содиқона ба Яҳува хизмат карданро давом медиҳанд. Диққати худро ба иҷрошавии ваъдаҳои Яҳува равона кардан ба онҳо кӯмак мекунад, ки имонашонро қавӣ нигоҳ доранд.