Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35

Ҳар як аъзои ҷамъомадро эҳтиром кунед

Ҳар як аъзои ҷамъомадро эҳтиром кунед

«Чашм ба даст гуфта наметавонад: “Ту ба ман даркор нестӣ”, ё ин ки сар наметавонад ба пойҳо чунин гӯяд: “Шумо ба ман даркор нестед”» (1 ҚӮР. 12:21).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува ба ҳар хизматгори содиқаш чӣ гуна имконият додааст?

ЯҲУВА дар ҷамъомади Худ ба ҳар як хизматгори азизаш ҷой додааст. Ҳамаи мо дар ҷамъомад нақшҳои гуногунро иҷро кунем ҳам, дар чашми Худо пурарзишем ва ба якдигар мӯҳтоҷем. Павлуси расул барои фаҳмидани ин дарси муҳим ба мо кӯмак мекунад. Чӣ тавр?

2. Мувофиқи Эфсӯсиён 4:16 чаро мо бояд якдигарро қадр кунем ва бо ҳам якдилона ҳамкорӣ кунем?

2 Чуноне ки дар ояти асосии мақола мебинем, Павлус таъкид мекунад, ки ҳеҷ кадоми мо набояд ба дигар хизматгори Яҳува чунин гӯем: «Шумо ба ман даркор нестед» (1 Қӯр. 12:21). Барои он ки дар ҷамъомад сулҳу ягонагӣ бошад, мо бояд ҳамдигарро қадр кунем ва якдилона ҳамкорӣ кунем. (Эфсӯсиён 4:16-ро хонед.) Вақте мо дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем, ҷамъомад нашъунамо ёфта гул-гул мешукуфад ва ҳар як аъзои он худро даркорӣ ҳис мекунад.

3. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

3 Дар кадом соҳаҳо мо ба дигар аъзоёни ҷамъомад эҳтиром нишон дода метавонем? Дар ин мақола се мавридро дида мебароем. Якум, чӣ тавр пирон ба якдигар ҳурмату эҳтиром зоҳир карда метавонанд? Дуюм, ҳар яки мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки хоҳару бародарони муҷаррадро қадр мекунем? Ва сеюм, мефаҳмем, ки чӣ тавр бо онҳое, ки ба забони мо ҳоло равон гап намезананд, эҳтиромона муносибат кунем.

ПИРОНИ ҶАМЪОМАД, ЯКДИГАРРО ЭҲТИРОМ КУНЕД

4. Ба кадом маслиҳати Павлус пирон бояд итоат кунанд (Рум. 12:10)?

4 Ҳама пирони ҷамъомад бо ёрии рӯҳи муқаддаси Яҳува таъйин карда шудаанд. Вале ҳар яки онҳо қобилиятҳои гуногун доранд (1 Қӯр. 12:17, 18). Баъзеҳоро шояд ба наздикӣ пири ҷамъомад таъйин намуданд ва онҳо мисли дигар пирон ҳоло таҷрибанок нестанд. Дигар пирон шояд аз сабаби синну сол ва саломатӣ имконияташон маҳдуд аст. Лекин ягон пири ҷамъомад набояд фикр кунад, ки аз ин ё он пир фоидае нест. Баръакс, ҳар яки онҳо бояд мувофиқи суханони Павлус, ки дар Румиён 12:10 навишта шудааст, амал кунанд. (Оятро хонед.)

Пирон фикри ҳамдигарро бодиққат гӯш карда ҳамин тавр ба якдигар эҳтиром зоҳир мекунанд (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.)

5. Чӣ тавр пирон нишон дода метавонанд, ки ҳамдигарро эҳтиром мекунанд ва чаро ин муҳим аст?

5 Масалан, пирон фикри якдигарро бодиққат гӯш карда бо ин ба ҳамдигар эҳтиром нишон медиҳанд. Хусусан вақте ки пирон бо ҳам ҷамъ омада масъалаҳои ҷиддиро муҳокима мекунанд, якдигарро гӯш карданашон муҳим аст. Чаро? Аҳамият диҳед, ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 октябри с. 1988 чӣ гуфта шуда буд: «Пирон дарк мекунанд, ки Исо бо ёрии рӯҳи муқаддас метавонад ба ҳар пири ҷамъомад ёрӣ диҳад, ки барои ҳалли ягон масъала ё қабули қарори муҳим принсипи даркории Китоби Муқаддасро ба ёд орад (Аъм. 15:6–15). Ягон пир набояд фикр кунад, ки рӯҳи муқаддас танҳо ба воситаи ӯ амал мекунад. Рӯҳи муқаддас танҳо ба як пир не, балки ба ҳамаи онҳо ёрӣ медиҳад».

6. Барои дар ягонагӣ ҳамкорӣ кардан пирон бояд чӣ кор кунанд? Чӣ тавр ин ба манфиати ҷамъомад хизмат мекунад?

6 Пире, ки ҳурмати пирони дигарро ба ҷо меорад, дар вохӯрии пирон фақат худаш гап намезанад ва фикр намекунад, ки доимо ақидаи ӯ дуруст аст. Баръакс, ӯ нуқтаи назарашро хоксорона ва фурӯтанона баён мекунад. Вай фикри дигаронро бодиққат гӯш мекунад. Аз ҳама муҳимаш ӯ фикр мекунад, ки кадом принсипи Китоби Муқаддасро ба кор бурдан мумкин аст ва бо омодагӣ онро муҳокима мекунад. Инчунин ӯ ҳамеша тайёр аст ба дастуроти «ғуломи бовариноку боандеша» гӯш диҳад (Мат. 24:45–47). Вақте пирон дар рафти вохӯрӣ ба ҳамдигар муҳаббат ва эҳтиром нишон медиҳанд, рӯҳи муқаддас бо онҳо хоҳад буд. Бо ёрдами он рӯҳ онҳо қарорҳое қабул карда метавонанд, ки тамоми ҷамъомадро обод мекунанд (Яъқ. 3:17, 18).

БА МАСЕҲИЁНИ МУҶАРРАД ЭҲТИРОМ НИШОН ДИҲЕД

7. Исо ба шахсоне, ки оиладор набуданд, чӣ гуна назар дошт?

7 Имрӯз дар ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува бисёр ҷуфти ҳамсарон ҳастанд ва баъзеи онҳо фарзанд доранд. Лекин хоҳару бародарони муҷаррад низ зиёданд. Ба ҳамимонони муҷаррад чӣ гуна назар доштан дуруст мебуд? Дар ин бобат Исо ба мо намунаи хуб аст. Ҳангоми дар замин хизмат карданаш Исо оиладор набуд. Ӯ муҷаррад монд, ҳушаш пурра ба таъйиноташ банд буд ва вақташро ба иҷрои он сарф мекард. Исо ҳеҷ гоҳ таълим намедод, ки барои масеҳиён муҷаррад мондан талабот аст. Аммо ӯ гуфт, ки баъзе масеҳиён муҷаррадиро интихоб мекунанд (Мат. 19:11, 12). Исо онҳоеро, ки оиладор набуданд, ҳурмат мекард. Ӯ ба шахсони муҷаррад чун ба одамони бечора назар намекард ва онҳоро аз одамони оиладор паст намешуморид.

8. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 7:7–9 Павлус масеҳиёнро оиди чӣ насиҳат кард?

8 Мисли Исо Павлуси расул низ ба Яҳува чун масеҳии муҷаррад хизмат мекард. Лекин ӯ ягон бор таълим намедод, ки оиладор шудани масеҳиён нодуруст аст. Ӯ мефаҳмид, ки ин қарори шахсӣ аст. Ба ҳар ҳол, ӯ ба масеҳиён насиҳат кард, то оиди он фикр кунанд, ки оё метавонанд чун шахсони муҷаррад ба Яҳува хизмат кунанд. (1 Қӯринтиён 7:7–9-ро хонед.) Павлус гумон намекард, ки қадри муҷаррадон аз оиладорон дида пасттар аст. Мо медонем, ки ӯ Тимотиюси ҷавон — бародари муҷаррадро барои иҷрои корҳои дар хизмати Яҳува муҳим интихоб кард * (Флп. 2:19–22). Аз ин рӯ чунин фикр кардан нодуруст мебуд, ки ба ягон таъйинот мувофиқ будан ё набудани бародаре аз муҷаррад ё оиладор буданаш вобаста аст (1 Қӯр. 7:32–35, 38).

9. Дар бораи издивоҷ ва муҷаррадӣ чӣ гуфтан мумкин аст?

9 Исо ва Павлус таълим намедоданд, ки масеҳиён бояд ҳатман оиладор шаванд ё муҷаррад монанд. Пас, дар бораи ин ду вазъият ба чӣ хулоса омадан дуруст аст? Дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 ноябри с. 2012 ба ин савол ҷавоби хуб дода шуда буд. Он ҷо омадааст: «Дар ҳақиқат, ҳам издивоҷ ва ҳам муҷаррадӣ атои Худо мебошанд... Яҳува [муҷаррадиро] сабаби шармандагӣ ва ғаму андӯҳ намеҳисобад». Барои ҳамин моро лозим аст, ки бародару хоҳарони муҷаррадро ҳурмату эҳтиром кунем.

Аз эҳтиром ба хоҳару бародарони муҷаррад мо чӣ кор намекунем? (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Аз эҳтиром ба хоҳару бародарони муҷаррад мо чӣ кор намекунем?

10 Чӣ тавр мо ба бародару хоҳарони муҷаррад эҳтиром нишон дода метавонем? Хуб мебуд дар хотир дорем, ки онҳо бо сабабҳои гуногун муҷаррад мемонанд. Баъзеи онҳо худашон қарор мекунанд, ки муҷаррад мемонанд. Баъзеҳо оиладор шудан мехоҳанду аммо ҳамсари мувофиқ намеёбанд. Ҳамсари баъзеҳо бошад, шояд вафот кардааст. Чизе ки набошад, оё ба фикратон дуруст мебуд аз онҳо пурсем, ки чаро оиладор нестанд ё барои ҳамсар ёфтан ба онҳо кӯмаки худро пешниҳод кунем? Албатта, баъзе масеҳиён шояд чунин кӯмакро дархост намоянд. Вале, агар онҳо аз шумо ин чизро хоҳиш накарда бошанду шумо аз пеши худ ин гуна пешниҳодҳо кунед, онҳо худро чӣ хел ҳис мекунанд? (1 Тас. 4:11; 1 Тим. 5:13). Биёед ба шарҳи баъзе бародару хоҳарони муҷаррад аҳамият диҳем.

11, 12. Аз чӣ бародару хоҳарони муҷаррад рӯҳафтода шуданашон мумкин?

11 Як нозири ноҳиявии муҷаррад, ки хизматашро хеле хуб ба ҷо меорад, қайд мекунад, ки муҷаррадӣ манфиатҳои зиёд дорад. Вале ӯ мегӯяд, ки вақте бародару хоҳарон аз ниятҳои хуб ба ӯ савол медиҳанд, ки чаро то ҳол оиладор нест, ӯ баъзан рӯҳафтода мешавад. Дигар бародари муҷаррад, ки дар як филиал хизмат мекунад, мегӯяд: «Баъзан бародару хоҳарон тавре муносибат мекунанд, ки гӯё одамони муҷаррад бадбахту бечораанд. Аз чунин муносибати онҳо муҷаррадӣ ба назар ато неву, бори гарон тофта метавонад».

12 Хоҳари муҷарраде, ки дар Байт-Ил хизмат мекунад, чунин гуфт: «Баъзе воизон гумон мекунанд, ки ҳамаи муҷаррадон барои худ ҳамсар кофта мегарданд ё ба маъракаҳои калон барои ёфтани ҳамсар мераванд. Боре ман бо кори Байт-Ил ба шаҳри дигаре сафар кардам ва рӯзи ҷамъомад омада расидам. Хоҳаре, ки ман бояд дар хонааш меистодам, ба ман гуфт, ки дар ҷамъомади онҳо ду бародари ҳамсинну соли ман ҳаст. Вай хоҳар маро боварӣ бахшид, ки маро бо касе шинос карданӣ нест ва он гапро ҳамту, барои маълумот гуфт. Аммо бо баробари ба ибодатгоҳ даромадан ӯ маро кашола карда ба назди он ду бародар бурд, то маро бо онҳо шинос кунад. Рости гап, аз ин ҳар сеи мо дар ҳолати ногувор мондем».

13. Як хоҳари муҷаррадро намунаи чӣ гуна ҳамимонон рӯҳбаланд мекунад?

13 Дигар хоҳари муҷаррад аз Байт-Ил чунин мегӯяд: «Ман бисёр бародару хоҳарони пешравро мешиносам, ки солҳои зиёд муҷаррад монда худро ба хизмати Яҳува бахшидаанд. Онҳо фидокоранд, бо омодагӣ ба дигарон кӯмак мекунанд ва аз ҳаёти худ қаноатманданд. Ин гуна пешравон барои дастгирии ҷамъомад саҳми калон мегузоранд. Аз боиси ҳамсар ва оила надоштанашон онҳо худро бадбахт ё бечора ҳис намекунанд, ҳамзамон худро аз оиладорон беҳтар намешуморанд». Чӣ хурсандиовар аст аъзои ҷамъомаде будан, ки дар он ҳама якдигарро қадр ва эҳтиром мекунанд! Зеро шумо медонед, ки бародару хоҳарон шуморо аз боиси оиладор набуданатон бечора намешуморанд ё ба шумо ҳасад намебаранд, инчунин онҳо шуморо аз оиладорон паст ё беҳтар намедонанд, балки дар ҳақиқат ҳам дӯст медоранд.

14. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ҳамимонони муҷаррадро эҳтиром мекунем?

14 Хуб мебуд, то мо ба бародару хоҳарони муҷаррад нигариста ба ҳоли онҳо таассуф нахӯрем, балки барои хислатҳои нек ва ба Яҳува содиқона хизмат карданашон онҳоро қадр кунем. Он гоҳ бародару хоҳарони муҷаррад ҳеҷ гоҳ худро нодаркор ҳис намекунанд (1 Қӯр. 12:21). Бигзор онҳо донанд, ки мо онҳоро эҳтиром мекунем ва хурсандем, ки онҳо дар ҷамъомади мо ҳастанд.

КАСОНЕРО, КИ ЗАБОНИ ШУМОРО НАҒЗ НАМЕДОНАНД, ЭҲТИРОМ КУНЕД

15. Баъзеҳо барои васеъ кардани хизматашон чӣ кор карданд?

15 Солҳои охир бисёр воизон мақсад гузоштанд, ки забони дигарро ёд мегиранд, то хизмати худро васеъ кунанд. Барои ин ба онҳо шояд лозим омад, ки ба ҳаёташон баъзе тағйиротҳо дароранд. Ин бародару хоҳарон аз ҷамъомади пештараашон, ки бо забони модариашон буд, ба ҷамъомади хориҷизабон гузаштанд, ки дар он ҷо воизон каманд (Аъм. 16:9). Ин масеҳиён худашон қарор карданд, ки дар хизмати Яҳува бисёртар меҳнат мекунанд. Ба онҳо то бо забони нав равон гап заданашон шояд якчанд сол даркор шавад, лекин онҳо ба ҷамъомад аз бисёр ҷиҳат кӯмак карда истодаанд. Аъзоёни ҷамъомад аз хислатҳои хуб ва таҷрибанокии онҳо манфиат мегиранд. Мо чунин бародару хоҳарони фидокорро хеле қадр мекунем.

16. Пирон дар асоси чӣ бояд муайян кунанд, ки ин ё он бародар барои пир ё хизматгузори ҷамъомад шудан мувофиқ аст ё не?

16 Агар бародаре ҳоло бо забони нав он қадар равон гап зада натавонад, оё ин сабаб шуда метавонад, ки ҳайати пирон ӯро барои пир ё хизматгузори ҷамъомад шудан пешниҳод накунанд? Не. Пирон бародарро дар асоси талаботи Навиштаҳо барои пирон ва хизматгузорони ҷамъомад баҳо медиҳанд, на аз рӯйи он ки ӯ бо забони ҷамъомади маҳаллӣ то чӣ андоза хуб гап мезанад (1 Тим. 3:1–10, 12, 13; Тит. 1:5–9).

17. Вақте ягон оила ба дигар давлат мекӯчад, волидон бояд оиди чӣ қарор бароранд?

17 Баъзе оилаҳои масеҳӣ аз боиси вазъияти муташанниҷ дар давлаташон паноҳгоҳ ҷуста ба давлати дигар мекӯчанд ё ба он ҷо барои коркунӣ мераванд. Дар натиҷа фарзандони онҳо шояд ба мактабе мераванд, ки бо забони асосии он давлат аст. Ба волидон низ шояд лозим аст, ки барои ёфтани кор он забонро ёд гиранд. Фарз мекунем, дар он маҳал ҷамъомад ё гурӯҳе ҳаст, ки бо забони модарии онҳо мегузарад. Волидон бояд қарор бароранд, ки оилаашон ба кадом ҷамъомад меравад — ба ҷамъомаде, ки бо забони асосии он давлат мегузарад ё бо забони модариашон?

18. Мувофиқи Ғалотиён 6:5 чӣ тавр мо ба қарори сардори оила эҳтиром нишон дода метавонем?

18 Ин гуна қарорро сардори оила мебарорад. Ӯ бояд ҳаматарафа фикр кунад, ки чӣ барои оилааш хуб аст. (Ғалотиён 6:5-ро хонед.) Азбаски ин масъалаи шахсист, мо бояд қарори сардори оиларо ҳурмат кунем ва ба он зид набароем. Биёед чунин оилаҳоро дар ҷамъомади худ бо хушнудӣ қабул намоем ва ба онҳо муҳаббат зоҳир кунем (Рум. 15:7).

19. Оиди чӣ бояд сардорони оила бодиққат фикр кунанд ва дуо гӯянд?

19 Баъзе оилаҳо шояд ба ҷамъомаде мераванд, ки бо забони модарии волидон мегузарад, вале фарзандон мумкин он забонро хуб надонанд. Шояд онҳо дар ин ҷамъомад барномаро хуб намефаҳманд ва рӯҳан пешравӣ кардан барояшон душвор аст. Зеро онҳо мумкин дар мактабе хонанд, ки ба забони он давлат аст ва маҳз он забонро онҳо хуб мефаҳманд. Дар ин ҳолатҳо сардорони оила бояд ҷиддӣ фикр кунанд ва дар дуо хирад пурсанд, ки чӣ тавр ба фарзандонашон барои ба Яҳува ва халқи Ӯ наздиктар шудан кӯмак карда метавонанд. Ба волидон лозим аст, ки ё забони модарии худро ба фарзандонашон нағз ёд диҳанд ё ба ҷамъомаде гузаранд, ки фарзандонашон хуб мефаҳманд. Вақте сардори оила ба кадом ҷамъомад рафтани оилаашро қарор мекунад, он ҷамъомад бояд ӯ ва оилаашро дастгирӣ ва эҳтиром кунад.

Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки ҳамимононеро, ки ягон забони навро меомӯзанд, қадр мекунем? (Ба сархати 20 нигаред.)

20. Чӣ тавр мо ба бародару хоҳароне, ки забони навро меомӯзанд, эҳтиром нишон дода метавонем?

20 Аз сабабҳои дар боло номбаршуда имрӯз дар бисёр ҷамъомадҳо бародару хоҳароне ҳастанд, ки кӯшиш карда забони наверо ёд гирифта истодаанд. Шояд ба онҳо баён кардани фикрашон мушкил аст. Лекин танҳо аз сабаби бо забони мо равон гап зада натавонистанашон, мо ба онҳо намегӯем, ки «шумо ба мо даркор нестед». Пеш аз ҳама мо бояд дар ёд дорем, ки онҳо чӣ қадар Яҳуваро дӯст медоранд ва ба Ӯ хизмат кардан мехоҳанд. Агар мо диққатамонро ба ин хислатҳои зебои бародару хоҳарон равона кунем, эҳтиром ва муҳаббатамон ба онҳо зиёд мешавад.

БАРОИ ЯҲУВА ҲАР ЯК ХИЗМАТГОРАШ АЗИЗ АСТ

21, 22. Яҳува ба мо чӣ гуна имконияти олиҷаноб додааст?

21 Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ ҳар яки моро дар ҷамъомадаш ҷой додааст. Хоҳ мо мард бошем, хоҳ зан, хоҳ муҷаррад бошем ё оиладор, хоҳ пир бошем ё ҷавон, ягон забонро кам медонем ё зиёд, ҳамаи мо барои Яҳува азизем ва ба якдигар даркорем (Рум. 12:4, 5; Қӯл. 3:10, 11).

22 Мо аз мисоле, ки Павлус дар бораи бадани инсон овард, бисёр дарсҳои олиҷанобро омӯхтем ва акнун танҳо ба кор бурданаш мондааст. Биёед, барои рӯҳбаланд кардани бародару хоҳарон роҳҳои бештарро ҷӯем, онҳоро ҳамеша дӯст дорем ва қадр кунем.

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

^ сарх. 5 Халқи Яҳува аз одамони гуногун иборат аст ва онҳо дар ҷамъомад нақшҳои гуногунро иҷро мекунанд. Дар ин мақола муҳокима карда мешавад, ки ҳар як бародару хоҳарро эҳтиром кардан то чӣ андоза муҳим аст.

^ сарх. 8 Мо аниқ гуфта наметавонем, ки Тимотиюс ҳеҷ гоҳ оиладор набуд.