Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИ 39

Хоҳарони ҷамъомадатонро дастгирӣ кунед

Хоҳарони ҷамъомадатонро дастгирӣ кунед

«Худованд амр мефармояд; мубашширзанон анбӯҳи азиманд» (ЗАБ. 67:12).

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

ПЕШГУФТОР *

Хоҳарони боғайрати мо дар вохӯриҳои ҷамъомад ва хизмат иштирок доранд, дар нигоҳубин ва таъмири ибодатгоҳҳо ёрӣ медиҳанд. Онҳо инчунин ба ҳамимонон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунанд. (Ба сархати 1 нигаред.)

1. Хоҳарон ташкилотро бо кадом роҳҳо дастгирӣ мекунанд, вале онҳо бо чӣ гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

МО ХЕЛЕ хурсандем, ки дар ҷамъомад бисёр хоҳарон ҳастанд, ки ҳамроҳи мо якдилона сахт меҳнат мекунанд. Масалан, онҳо дар ҷамъомад ва мавъиза иштирок мекунанд, ба бародару хоҳарон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир карда онҳоро рӯҳбаланд месозанд, баъзеашон дар нигоҳубини ибодатгоҳ ёрӣ медиҳанд. Албатта, хоҳарон душвориҳо низ доранд. Баъзеашон ба волидони пиронсоли худ нигоҳубин мекунанд. Дигарон ба зиддияти хонаводаашон тоб меоранд ва баъзеи дигар фарзандонашонро танҳо ба воя мерасонанд ва барои таъмини онҳо сахт меҳнат мекунанд.

2. Чаро мо бояд барои хоҳаронро дастгирӣ кардан ҳаракат кунем?

2 Чаро мо бояд хоҳаронро дастгирӣ кунем? Чунки дар ҷаҳон занонро на ҳама вақт ба таври лозима эҳтиром мекунанд. Каломи Худо бошад, моро даъват мекунад, ки занонро ҳурмат ва дастгирӣ кунем. Масалан, Павлуси расул ба ҷамъомади Рум гуфт, ки хоҳар Фубиро нағз қабул кунанд ва «дар ҳар он чӣ эҳтиёҷ пайдо карда метавонад, кӯмак» расонанд (Рум. 16:1, 2). Вақте ки Павлус фарисӣ буд, ӯ аз ҷумлаи одамоне ба ҳисоб мерафт, ки зоти занро паст мешумориданд. Вале баъди масеҳӣ шуданаш ӯ ҳам мисли Исо бо занҳо меҳрубонона муносибат мекард ва шаъни онҳоро паст намезад (1 Қӯр. 11:1).

3. Исо бо занон чӣ хел муносибат мекард ва ба заноне, ки хости Худоро иҷро менамуданд, чӣ гуна назар дошт?

3 Исо ҳама занонро иззату эҳтиром мекард (Юҳ. 4:27). Ӯ бо онҳо мисли роҳбарони динии замонаш муносибат намекард. Дар як маълумотнома омадааст: «Исо ҳеҷ гоҳ занонро бо ягон суханаш паст намезад». Ба заноне, ки хости Падарашро иҷро мекарданд, Исо ҳурмати махсус нишон медод. Ӯ ба онҳо чун ба хоҳаронаш менигарист ва онҳоро аз мардҳо паст наҳисобида аъзои оилаи рӯҳониаш номид (Мат. 12:50).

4. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

4 Исо ҳамеша тайёр буд, ки хоҳарони рӯҳониашро дастгирӣ кунад. Ӯ вақт ҷудо карда бо онҳо муошират менамуд, онҳоро қадр мекард ва тарафашонро мегирифт. Биёед дида бароем, ки чӣ тавр мо мисли Исо ба хоҳарон ғамхорӣ зоҳир карда метавонем.

БАРОИ ХОҲАРОНИ АЗИЗ ВАҚТ ҶУДО КУНЕД

5. Чаро баъзе хоҳарон аз муоширати рӯҳбаландкунанда баҳра бурда наметавонанд?

5 Ҳамаи мо — хоҳ мард бошем, хоҳ зан ба муоширати хуб эҳтиёҷ дорем. Лекин баъзан ба хоҳарон қонеъ кардани ин эҳтиёҷоташон шояд душвор аст. Аҳамият диҳед, ки баъзе хоҳарон чӣ мегӯянд. «Азбаски ман муҷаррадам, бисёр вақт намедонам, ки дар ҷамъомад бо кӣ дӯстӣ кунам, ва худро бегона ҳис мекунам»,— мегӯяд Дилором *. Хоҳари пешрав Фирӯза, ки барои васеъ кардани хизматаш ба дигар ҷо кӯчид, мегӯяд: «Вақте шумо ба ҷамъомади нав меоед, баъзан шояд худро танҳо ҳис кунед». Баъзе бародарон низ мумкин чунин эҳсосот доранд. Онҳое, ки наздиконашон Шоҳиди Яҳува нестанд, шояд аз оилаашон худро ба андозае дур ҳис кунанд ва ҳамзамон ба ҷамъомад низ худро наздик ҳис намекунанд. Шахсоне, ки аз боиси касалӣ аз хона намебароянд ё ки ба аъзоёни бемори оилаашон нигоҳубин мекунанд, шояд аз ҳисси танҳоӣ азоб кашанд. Аниса қайд мекунад: «Вақте бародару хоҳарон маро ба меҳмонӣ таклиф мекунанд, ман рафта наметавонам, чунки нигоҳубини модари беморам асосан бар ӯҳдаи ман аст».

Мисли Исо мо ба хоҳарони содиқ ғамхорӣ ва муҳаббат нишон медиҳем (Ба сархатҳои 6–9 нигаред.) *

6. Чи хеле ки дар Луқо 10:38–42 омадааст, чӣ тавр Исо ба Марто ва Марям кӯмак кард?

6 Исо барои муошират бо хоҳарони рӯҳониаш вақт ҷудо мекард ва ба онҳо дӯсти ҳақиқӣ буд. Биёед дӯстии ӯро бо Марям ва Марто, ки аз афташ муҷаррад буданд, дида бароем. (Луқо 10:38–42-ро хонед.) Эҳтимол Исо ба онҳо тавре сухан мегуфт ва рафтор мекард, ки онҳо худро бо ӯ озод ҳис мекарданд. Масалан, Марям бемалол дар назди пойҳои Устодаш — Исо нишаста аз ӯ таълим мегирифт *. Ва Марто бошад, рӯйирост ба Исо шикоят кард, ки Марям дар пухтупаз ба ӯ кӯмак намекунад. Дар он маврид, Исо ба ҳардуи онҳо дарсҳои муҳимеро таълим дод. Ӯ бо ин хоҳарон ва бародарашон Лаъзор муносибати наздик дошт ва дар вақтҳои дигар низ ба хонаи онҳо ташриф меовард (Юҳ. 12:1–3). Барои ҳамин тааҷҷубовар нест, ки вақте Лаъзор сахт касал шуд, Марям ва Марто бемалол аз Исо кӯмак пурсиданд (Юҳ. 11:3, 5).

7. Як роҳи рӯҳбаланд кардани хоҳарон кадом аст?

7 Баъзе хоҳарон бо ҳамимонон асосан дар вохӯрии ҷамъомад муошират карда метавонанд. Аз ин рӯ хуб мебуд, ки мо ин имкониятро истифода бурда то вохӯрӣ ва баъди он бо онҳо аҳволпурсӣ кунем ва ба онҳо нишон диҳем, ки нисбаташон бепарво нестем. Дилором, ки дар боло ёдовар шудем, мегӯяд: «Вақте дигарон барои шарҳҳоям раҳмат мегӯянд, бо ман ба хизмат гапзанон мекунанд ё бо ягон роҳи дигар ба ман таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд, аз шодӣ сарам ба осмон мерасад». Мо бо хоҳарони азиз бояд тавре муомила кунем, ки онҳо худро боқадр ҳис кунанд. «Агар ман ба ягон вохӯрӣ нарафта монам,— мегӯяд Рамзия — медонам, ки ҳатман ба ман смс меояд, ки оё аҳволам хуб аст. Ин нишон медиҳад, ки бародару хоҳарон нисбати ман бепарво нестанд».

8. Боз бо кадом роҳҳо мо ба Исо пайравӣ карда метавонем?

8 Мисли Исо мо метавонем барои бо хоҳарон муошират кардан вақт ҷудо кунем. Масалан, мо метавонем онҳоро ба ягон хӯроки одӣ таклиф кунем ё дар ягон вохӯрии дӯстона ҳамроҳашон чақ-чақ кунем. Ҳангоми муошират мо кӯшиш мекунем, ки сӯҳбати мо рӯҳбаландкунанда бошад (Рум. 1:11, 12). Ба пирон лозим аст, ки ба рӯҳияи Исо пайравӣ кунанд. Исо медонист, ки барои баъзеҳо муҷаррадӣ душвор буда метавонад, вале ӯ равшан қайд кард, ки хушбахтии бардавоми инсон на аз издивоҷ вобаста асту на аз фарзанддорӣ (Луқ. 11:27, 28). Балки хизмати Яҳуваро дар ҷойи аввал гузошта мо ҳамеша хушбахт буда метавонем (Мат. 19:12).

9. Чӣ тавр пирон ба хоҳарон кӯмак карда метавонанд?

9 Хусусан ба пирон муҳим аст, ки бо занони масеҳӣ чун бо хоҳарон ва модарони худ муносибат кунанд (1 Тим. 5:1, 2). Хуб мебуд, ки пирон пеш аз ҷамъомад ва баъди он барои аҳволпурсӣ бо хоҳарон вақт ҷудо кунанд. Фирӯза, ки оидаш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Азбаски ман ҳам кор мекардаму ҳам пешрав шуда хизмат мекардам, хеле серкор будам ва як пири ҷамъомад инро пай бурда самимона аз кору борам пурсон шуд. Барои чунин таваҷҷӯҳи ӯ ман хеле миннатдор шудам». Вақте пирон мунтазам вақт ҷудо карда бо хоҳарони ҷамъомад сӯҳбат мекунанд, бо ин роҳ ба онҳо ғамхории худро нишон медиҳанд *. Аниса низ мефаҳмонад, ки як манфиати зуд-зуд бо пирон сӯҳбат кардан кадом аст. Ӯ мегӯяд: «Бо ин роҳ ман пирони ҷамъомадамро хубтар мешиносам ва онҳо бошанд, маро. Баъд, ҳангоми бо душворие дучор шудан ба ман осонтар мегардад, ки ба онҳо муроҷиат карда кӯмак пурсам».

ХОҲАРОНИ АЗИЗРО ҚАДР КУНЕД

10. Чӣ метавонад ба хоҳарон болу пар ва қуввати тоза бахшад?

10 Вақте дигарон моро барои ин ё он қобилиятамон таъриф мекунанд ва барои корамон миннатдор мешаванд, мо аз хурсандӣ гӯё болу пар мебарорем. Аз дигар тараф, агар касе ба кори хуби мо эътибор надиҳад ва онро чун чизи муқаррарӣ қабул кунад, рӯҳафтода мешавем. Хоҳари муҷарради пешрав бо номи Абигейл мегӯяд, ки баъзан нисбати худ беэътиноӣ ҳис мекунад. Ӯ мегӯяд: «Дар ҷамъомад маро танҳо чун хоҳари фалонӣ ё духтари фалонӣ мешиносанд. Аз ин сабаб ман баъзан худро одам нею сояи касе ҳис мекунам». Вале аҳамият диҳед, ки хоҳари дигар бо номи Пам чӣ мегӯяд. Ӯ муҷаррад аст ва солҳои зиёд дар хизмати миссионерӣ буд. Оқибат ӯ ба хона баргашт, то ба волидони пиронсолаш нигоҳубин кунад. Имрӯз ӯ 70-сола аст ва то ҳол хизмати пешравиро давом медиҳад. Пам мегӯяд: «Барои давом додани хизматам ба ман маҳз суханони миннатдории дигарон қуввати калон мебахшид».

11. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки аз заноне, ки ӯро дар хизмат ҳамроҳӣ мекарданд, миннатдор аст?

11 Баъзе занони содиқ имконияти пуршараф доштанд, ки «бо дороии худ» ба Исо хизмат кунанд ва ӯ аз онҳо миннатдор буд (Луқ. 8:1–3). Ӯ иҷозат медод, ки онҳо ӯро дар хизмат ҳамроҳӣ кунанд, инчунин ҳақиқатҳои муҳимро ба онҳо таълим медод. Масалан, ӯ ба онҳо гуфт, ки ӯ мемирад ва баъд эҳё мегардад (Луқ. 24:5–8). Исо дар қатори расулонаш ин занони содиқро низ ба рӯзҳои душвори дар пешистода, яъне дидани марги пуразоби худ тайёр кард (Марқ. 9:30–32; 10:32–34). Ҷолиби диққат аст, ки ҳангоми дастгир шудани Исо расулонаш ӯро партофта гурехтанд, вале вақте Исо дар сутуни шиканҷа ҷон медод, баъзе заноне, ки пайрави ӯ буданд, наздаш меистоданд (Мат. 26:56; Марқ. 15:40, 41).

12. Исо занонро ба чӣ сазовор медонист?

12 Исо занонро сазовор дониста ба онҳо корҳои муҳимро супориш медод. Масалан, маҳз занони худотарс аввалин шуда фаҳмиданд, ки Исо эҳё шудааст. Ӯ ба онҳо супориш дод, ки рафта ба расулонаш дар бораи аз марг бархестани ӯ хабар диҳанд (Мат. 28:5, 9, 10). Ва дар Пантикости соли 33-юми милодӣ вақте ба шогирдон рӯҳи муқаддас рехта шуд, дар байни онҳо эҳтимол занон ҳам ҳузур доштанд. Пас, ин хоҳарони нав тадҳиншуда низ ба таври мӯъҷиза қобилият пайдо карданд, ки бо забонҳои дигар гап зада ба дигарон «дар бораи корҳои бузурги Худо» нақл кунанд (Аъм. 1:14; 2:2–4, 11).

13. Хоҳарони мо дар кадом корҳо иштирок мекунанд ва мо чӣ тавр барои хизмати онҳо миннатдорӣ нишон дода метавонем?

13 Хоҳарони азизи мо сазовори таҳсинанд, зеро онҳо дар хизмати Яҳува бисёр корҳоро ба ҷо меоранд. Масалан, онҳо дар кори сохтмон ва нигоҳубини биноҳои ташкилот иштирок мекунанд, гурӯҳҳои хориҷизабонро дастгирӣ мекунанд ва дар Байт-Илҳо чун ихтиёриён ёрӣ медиҳанд. Онҳо дар кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ иштирок мекунанд, дар тарҷумаи адабиётамон ёрдам мерасонанд ва чун пешравону миссионерон хизмат мекунанд. Дар қатори бародарон хоҳарон низ дар мактаб барои пешравон, Мактаб барои воизони хушхабар ва Мактаби Ҷилъод таҳсил мекунанд. Илова бар ин хоҳарони оиладор ба шавҳари худ барои ба ҷо овардани масъулиятҳояшон ёрӣ медиҳанд. Бе дастгирии занонашон ба бародарони масъул дар ҷамъомад чун «ато» хизмат кардан амри маҳол мебуд (Эфс. 4:8). Ҳар яки мо метавонем фикр кунем, ки бо кадом роҳҳо ин хоҳаронро дар хизматашон дастгирӣ карда метавонем.

14. Дар Забур 67:12 оиди хоҳарон чӣ гуфта шудааст ва пирони бохирад чӣ кор мекунанд?

14 Пирони бохирад дарк мекунанд, ки «мубашширзанон анбӯҳи азиманд» ва аксари воизони кордону боғайрат маҳз хоҳарон мебошанд. (Забур 67:12-ро хонед.) Барои ҳамин пирон кӯшиш мекунанд аз таҷрибае, ки хоҳарон дар хизмат ба даст овардаанд, манфиат гиранд. Хоҳар Абигейл, ки дар боло ёдовар шудем, мегӯяд: «Вақте бародарон аз ман мепурсанд, ки бо кадом тарзҳо сӯҳбатро сар карда ман шавқи одамонро бедор мекунам, аз ин рӯҳбаланд мешавам. Ин маро боварӣ мебахшад, ки ман ҳам дар ҷамъомад қадру қимат дорам». Бародарон инчунин дарк мекунанд, ки хоҳарони содиқу баркамол ба хоҳарони ҷавон ҳангоми ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуданашон нағз ёрдам карда метавонанд (Тит. 2:3–5). Бешубҳа, хоҳарони мо сазоворанд, ки онҳоро дӯст дорем ва қадр кунем!

ХОҲАРОНРО ҲИМОЯ КУНЕД

15. Дар кадом мавридҳо хоҳарон эҳтиёҷманд мешаванд, ки касе онҳоро ҳимоя кунад?

15 Баъзан хоҳарон бо душвориҳои махсус дучор мешаванд ва мӯҳтоҷи онанд, ки касе онҳоро ҳимоя кунад (Иш. 1:17). Масалан, хоҳаре, ки шавҳараш вафот кардааст ё аз ӯ ҷудо шудааст, эҳтимол ниёз дорад, ки дар баъзе масъалаҳо касе ҳимоячии ӯ бошад ва дар баъзе корҳое, ки шавҳараш пеш мекард, кӯмак расонад. Хоҳари пиронсоле шояд эҳтиёҷманди он аст, ки касе аз номи ӯ ба духтурон гап занад. Ё хоҳари пешраве шояд аз сабаби ба дигар корҳои теократӣ ёрӣ доданаш муддате мисли дигарон бисёр ба мавъиза набарояд; агар шахсе ӯро барои ин танқид кунад, ӯ мехост касе ӯро ҳимоя кунад. Дар чунин ҳолатҳо мо метавонем хоҳаронро дастгирӣ ва тарафдорӣ кунем. Боз чӣ тавр мо ба хоҳаронамон кӯмак карда метавонем? Биёед аз нав мисоли Исоро ба хотир орем.

16. Мувофиқи Марқӯс 14:3–9 чӣ тавр Исо Марямро тарафгирӣ кард?

16 Вақте Исо медид, ки дигарон рафтори хоҳарони рӯҳониашро хато мефаҳманд, дарҳол онҳоро ҳимоя мекард. Масалан, вақте Марто Марямро танқид кард, Исо Марямро тарафдорӣ намуд (Луқ. 10:38–42). Ҳамчунин вақте дигарон рафтори Марямро нодуруст ҳисобида ӯро сарзаниш карданд, боз Исо тарафи ӯро гирифт. (Марқӯс 14:3–9-ро хонед.) Исо медонист, ки нияти Марям пок аст ва ӯро таъриф карда гуфт: «Ин зан барои ман кори нек кард... ҳар чӣ аз дасташ омад, кард». Ӯ ҳатто пешгӯйӣ кард, ки амали неки Марямро «дар ҳар гӯшаву канори дунё, ки ин хушхабар эълон карда мешавад» ба ёд хоҳанд овард. Масалан, мо дар ин мақола аз он рафтори неки Марям ёдовар шудем. Эҳтимол Марям дар он лаҳза аз суханони танқидомези дигарон каме хиҷолат кашид, вале баъди шунидани суханони Исо ӯ бешубҳа ҷуръату боварии бештар пайдо кард!

17. Мисол оред, ки кай мо хоҳареро тарафгирӣ карда метавонем.

17 Оё шумо низ дар мавриди лозима хоҳаронро тарафгирӣ мекунед? Фарз мекунем, баъзе воизон пай мебаранд, ки хоҳаре, ки шавҳараш Шоҳиди Яҳува нест, бисёр вақт ба ҷамъомад дер монда меояду баъди ҷамъомад тез меравад, ғайр аз ин ӯ фарзандонашро фақат гоҳ-гоҳ ҳамроҳаш меорад. Онҳо ин хоҳарро байни худ танқид мекунанд, ки гапашро ба шавҳараш гузаронда наметавонад. Лекин дар асл, онҳо намедонанд, ки хоҳар бо тамоми қувваташ кӯшиш карда истодааст. Реҷаи хонааш пурра дар дасти ӯ нест, барои ҳамин шояд ӯ баъзан ба ҷамъомад дер меояд ва зуд меравад; дар бобати кӯдакон бошад, охирон гап гапи падарашон аст, барои ҳамин ӯ на ҳама вақт онҳоро ҳамроҳаш оварда метавонад. Баногоҳ шумо суханони танқидомези он воизонро шунида монед, чӣ кор мекунед? Шумо метавонед қайд кунед, ки он хоҳар ҳама кори аз дасташ меомадаро карда истодааст ва ӯро барои ин таъриф кунед. Чунин карда шумо пеши роҳи ғайбатро мегиред ва хоҳарро ҳимоя мекунед.

18. Боз бо кадом тарзҳо мо хоҳаронро дастгирӣ карда метавонем?

18 Боз мо метавонем ба хоҳарон кӯмаки амалӣ пешкаш кунем ва ҳамин тавр ба онҳо ғамхорӣ нишон диҳем (1 Юҳ. 3:18). Хоҳар Аниса, ки ба модари бемораш нигоҳубин мекунад, мегӯяд: «Баъзе бародару хоҳарон ба хона омада як дам бо модарам мешинанд, то ман ягон кори дигарамро карда тавонам; баъзеҳо бошанд, хӯрок меоранд. Дар ин корҳо ман муҳаббати онҳоро мебинам ва худро қисми ҷамъомад ҳис мекунам». Ба Дилором низ ёрдам расонда шуд. Бародаре ба ӯ таъмир ва нигоҳубини мошинашро ёд дод. Дилором мегӯяд: «Ман хурсанд, ки бародару хоҳарон дар бораи ман ғамхорӣ мекунанд, то мошинам бехатар бошад».

19. Пирон боз бо кадом роҳҳо ба хоҳарон ёрдам дода метавонанд?

19 Пирон низ оиди ниёзҳои хоҳарон бепарвоӣ намекунанд. Онҳо медонанд, ки барои Яҳува чӣ тавр бо онҳо муомила кардани мо аҳамияти калон дорад (Яъқ. 1:27). Аз ин рӯ онҳо мекӯшанд мисли Исо бомулоҳиза бошанд ва дар ҳолатҳое, ки зоҳир кардани меҳрубониву фаҳмиш заруртар аст, сахт ба ҳарфи қонун начаспанд (Мат. 15:22–28). Вақте пирон барои расондани кӯмак ташаббус зоҳир мекунанд, хоҳарон ғамхориву муҳаббати Яҳува ва ташкилоти Ӯро ҳис мекунанд. Вақте нозири гурӯҳи Рамзия фаҳмид, ки ӯ ба хонаи дигар кӯчиданӣ аст, даррав хоҳару бародаронро ҷамъ кард, то ҳамакаса ба ӯ ёрӣ расонанд. «Ин маро аз ташвишу дарди сари зиёдатӣ халос кард,— мегӯяд Рамзия.— Ман фаҳмидам, ки узви муҳими ҷамъомадам ва дар душвориҳо танҳо нестам».

ҲАМАИ ХОҲАРОН БА ДАСТГИРИИ МО МӮҲТОҶАНД

20, 21. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки ҳамаи хоҳарони масеҳиро қадр мекунем?

20 Агар ба гирду атроф як назар дӯзем, хоҳарони бешумореро мебинем, ки дар кори Яҳува ҷадал карда арақи ҷабин мерезанд ва сазовори дастгирии моянд. Чуноне ки аз намунаи Исо омӯхтем, барои рӯҳбаланд ва дастгирӣ намудани онҳо мо метавонем вақт ҷудо карда бо онҳо муошират кунем, бо онҳо аз наздик шинос шавем, барои хизматашон миннатдорӣ баён кунем ва дар вақти лозима онҳоро тарафгирӣ намоем.

21 Павлуси расул дар охири нома ба Румиён ба нӯҳ нафар хоҳарони масеҳӣ алоҳида салом расонда онҳоро таъриф кардааст (Рум. 16:1, 3, 6, 12, 13, 15). Онҳо аз шунидани суханони гарми Павлус бешубҳа рӯҳбаланд шуданд. Биёед мо низ ҳамаи хоҳарони ҷамъомадамонро дастгирӣ кунем. Бо ин мо нишон медиҳем, ки онҳоро чун аъзои оилаи рӯҳониамон дӯст медорем ва қадр мекунем.

СУРУДИ 85 Подоши нек аз ҷониби Яҳува

^ сарх. 5 Хоҳарони мо бо бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ тавр ба намунаи Исо пайравӣ карда занони масеҳиро дастгирӣ карда метавонем. Исо занҳоро эҳтиром мекард, барои сӯҳбат бо онҳо вақташро дареғ намедошт ва онҳоро тарафгирӣ мекард.

^ сарх. 5 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 6 Дар як маълумотнома қайд шудааст: «Шогирдон одатан дар пеши пойҳои устодашон нишаста таълим мегирифтанд. Шогирдони пешқадам тайёрӣ медиданд, ки дар оянда муаллим шаванд. Аммо ба занҳо муаллим шудан иҷозат дода намешуд... Назди пойҳои Исо нишаста бодиққат аз ӯ таълим гирифтани Марям аксари мардони яҳудиро сахт дар ҳайрат гузошта метавонист».

^ сарх. 9 Пирон ҳангоми кӯмак кардан ба хоҳарон бояд дурандеш бошанд. Масалан, пири ҷамъомад ба хабаргирии ягон хоҳар танҳо намеравад.

^ сарх. 65 ШАРҲИ РАСМҲО: Чи хеле ки Исо ба занҳо ғамхорӣ мекард, бародаре ба ду хоҳар барои иваз кардани чархи мошинашон кӯмак карда истодааст; бародари дигар ба хабаргирии хоҳари маъюбе омадааст; ва сеюмӣ бо занаш ба хонаи хоҳаре равонаанд, ки бо духтараш онҳоро ба ибодати оилавиашон таклиф кардаанд.