Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 43

Яҳува воқеан ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад!

Яҳува воқеан ташкилоташро роҳнамоӣ мекунад!

«На бо ҷасорат ва на бо қувват, балки бо Рӯҳи Ман, мегӯяд Худованди лашкарҳо» (ЗАК. 4:6).

СУРУДИ 31 Мо Шоҳидони Яҳува ҳастем!

ПЕШГУФТОР *

1. Масеҳиёни таъмидёфта минбаъд низ бояд чӣ кор кунанд?

ОЁ ШУМО таъмид гирифтаед? Пас, шумо дар рӯзи таъмидатон дар пеши ҳама иброз намудед, ки ба Яҳува имон доред ва тайёред, ки ҳамроҳи ташкилоташ * ба Ӯ хизмат кунед. Албатта, шумо баъди таъмид низ бояд имонатонро ба Яҳува мустаҳкам кунед. Ва ҳамчунин шумо бояд бовариатонро қавӣ гардонед, ки Яҳува имрӯз иродаи Худро ба воситаи ташкилоташ иҷро карда истодааст.

2, 3. Дар тарзи роҳнамоӣ кардани ташкилоташ мо кадом ҷонибҳои шахсияти Яҳуваро мебинем? Мисол оред.

2 Бешак, Яҳува имрӯз ба ташкилоти Худ роҳбарӣ мекунад. Дар тарзи роҳнамоӣ карданаш мо мебинем, ки Яҳува дорои чӣ гуна хислатҳост, Ӯ чӣ ният дорад ва кадом меъёрҳои ахлоқиро меписандад. Биёед ҳоло се ҷониби шахсияти Яҳуваро, ки имрӯз дар ташкилоти Ӯ мушоҳида кардан мумкин аст, дида бароем.

3 Якум, «Худо ба ҳама бо як чашм менигарад» (Аъм. 10:34). Масалан, аз муҳаббат Яҳува Писарашро «барои ҳама дод» (1 Тим. 2:6; Юҳ. 3:16). Ӯ ба воситаи халқаш хушхабарро ба тамоми одамони хоҳишманд мерасонад, то шумораи ҳарчи бештар тавонанд аз фидия манфиат гиранд. Дуюм, Яҳува Худои тартибу низом ва осоиштагӣ аст (1 Қӯр. 14:33, 40). Барои ҳамин аз халқаш интизор аст, ки ба Ӯ бо тартибу низом ва дар ягонагӣ ибодат кунанд. Сеюм, Яҳува Муаллими бузург аст (Иш. 30:20, 21). Аз ин рӯ ташкилоти Яҳува бисёр кӯшиш ба харҷ медиҳад, то Каломи Ӯро ба воситаи ҷамъомад ва хизмати мавъиза ба дигарон таълим диҳад. Чӣ тавр ин се ҷониби шахсияти Яҳуваро дар ҷамъомади масеҳиёни аввал дидан мумкин буд? Чӣ хел дар ташкилоти имрӯзаи Яҳува ин се чиз дида мешавад? Ва чӣ тавр мо дар ташкилоти Яҳува хизмат карда дастгирии рӯҳи муқаддаси Ӯро ҳис карда метавонем?

ЯҲУВА БА ҲАМА БО ЯК ЧАШМ МЕНИГАРАД

4. Чи хеле ки дар Аъмол 1:8 омадааст, Исо ба пайравонаш чӣ гуна амр дод ва барои ба ҷо овардани он ӯ ба онҳо чӣ хел кӯмак ваъда дод?

4 Дар асри як. Хабаре, ки Исо мавъиза мекард, ба тамоми инсоният умед мебахшид (Луқ. 4:43). Ӯ ба пайравонаш амр дод, ки кори оғозкардаи ӯро давом дода он хабарро «то гӯшаю канори замин» паҳн кунанд. (Аъмол 1:8-ро хонед.) Албатта, онҳо танҳо бо қуввати худ ин корро ба ҷо оварда наметавонистанд ва ба кӯмаки рӯҳи Худо — «ёрдамчӣ»-е, ки Исо ваъда дода буд, мӯҳтоҷ буданд (Юҳ. 14:26; Зак. 4:6).

5, 6. Аз кадом ҷиҳатҳо рӯҳи муқаддас ба пайравони Исо ёрдам дод?

5 Ба шогирдони Масеҳ дар Иди ҳафтаҳои соли 33-юми милодӣ рӯҳи муқаддас рехта шуд. Бо мадади он рӯҳ онҳо зуд ба иҷро намудани супориши Исо шурӯъ намуданд ва дар муддати кӯтоҳ ҳазорҳо одамон хушхабарро қабул карданд (Аъм. 2:41; 4:4). Вақте таъқибот сар шуд, шогирдон ба тарс дода нашуданд, баръакс ба Яҳува муроҷиат карда аз Ӯ мадад пурсиданд. Онҳо бо чунин суханон дуо гуфтанд: «Эй Яҳува... ба ғуломони Худ ато кун, ки каломи Туро бо ҷасорати тамом гап зананд». Сипас онҳо аз рӯҳи муқаддас пур шуда каломи Худоро «бо ҷасорати тамом» мавъиза карданро давом доданд (Аъм. 4:18–20, 29, 31).

6 Пайравони Исо дигар душвориҳо низ доштанд. Масалан, дар он замон нусхаи Навиштаҳо кам буд. Онҳо мисли мо адабиёте надоштанд, ки Китоби Муқаддасро маънидод кунад. Ва онҳо бояд хушхабарро ба одамони ҳар қавму қабила мерасонданд. Ба ин душвориҳо нигоҳ накарда он масеҳиёни боғайрат кореро карданд, ки аз нигоҳи одамӣ амри маҳол буд. Зеро пас аз сипарӣ шудани қариб 30 сол онҳо хушхабарро «ба тамоми офаридаҳои зери осмон мавъиза» карданд (Қӯл. 1:6, 23).

7. Зиёда аз 100 сол пеш хизматгорони Худо аз куҷо медонистанд, ки Худо аз онҳо чӣ талаб дорад ва онҳо чӣ кор карданд?

7 Дар замони мо. Яҳува то ҳол халқи Худро роҳнамоӣ мекунад ва барои иҷро кардани хосташ қувват медиҳад. Ӯ ба мо асосан ба воситаи Каломаш, ки зери таъсири рӯҳи муқаддас навишта шудааст, роҳ нишон медиҳад. Дар он навишта шудааст, ки Исо хабари Подшоҳиро мавъиза мекард ва ба шогирдонаш амр дод, ки кори оғозкардаи ӯро давом диҳанд (Мат. 28:19, 20). Зиёда аз сад сол пеш, дар «Бурҷи дидбонӣ» аз моҳи июли с. 1881 бародарони мо навишта буданд: «Худо моро на барои обрӯманд шудан ё боигарӣ ҷамъ кардан даъват ва тадҳин намудааст, балки барои он ки мо баҳри мавъизаи хушхабар худамон ва дороиамонро сарф кунем». Дар рисолаи «Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст» (англ., с. 1919) қайд шуда буд: «Кор ба назар хеле азим метобад, лекин ин кори Худо аст ва бо қуввати Ӯ мо онро ба ҷо меорем». Бале, он бародарон мисли масеҳиёни пешин далер буданд ва боғайратона хизмат мекарданд, зеро боварӣ доштанд, ки рӯҳи муқаддас барои ба ҳама гуна одамон мавъиза кардан ба онҳо ёрӣ медиҳад. Ва мо ҳам боварӣ дорем, ки рӯҳи муқаддас ба мо кӯмак мекунад.

Ташкилоти Яҳува барои паҳн кардани хушхабар воситаҳои беҳтаринро истифода мебарад (Ба сархатҳои 8 ва 9 нигаред.)

8, 9. Барои паҳн кардани хушхабар ташкилоти Яҳува кадом усули мавъизаро ба роҳ монд?

8 Ташкилоти Яҳува барои паҳн кардани хушхабар ҳамеша воситаҳои беҳтаринро истифода мебарад. Аз таърих мо медонем, ки бародарон барои мавъиза адабиёти чопӣ, «Фотодрамаи офариниш», фонографҳо ва мошини баландгӯякдорро истифода мебурданд, тавассути радио мавъиза мекарданд ва дар замони мо бошад, адабиёти электронӣ ва интернетро низ ба кор мебаранд. Ташкилоти Худо ҳамчунин кори тарҷумониро хеле васеъ ба роҳ мондааст, то ки ҳамаи одамон хушхабарро ба забони модариашон шунида тавонанд. Аз ин пеш дар таърих ба ин қадар забонҳои зиёд маълумот тарҷума намешуд. Ин бори дигар нишон медиҳад, ки Яҳува рӯйбин нест; Ӯ пешгӯйӣ карда буд, ки хушхабар «ба ҳар миллат, қабила, забон ва халқ» эълон мегардад (Ваҳй 14:6, 7). Ӯ мехоҳад, ки ҳама одамон хушхабари Подшоҳиро шунида тавонанд.

9 Баъзе одамон дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд, ки даромадгоҳашон маҳкам аст ё қаровул дорад. Шояд аз ин сабаб мо ба хонаи онҳо рафта мавъиза карда наметавонем. Вале ташкилоти мо барои хушхабарро ба шумораи зиёди чунин одамон расондан намудҳои дигари мавъизаро ба роҳ монд. Ин мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ мебошад. Масалан, соли 2001 Ҳайати роҳбарикунанда иҷозат дод, ки бародарон дар Фаронса барои мавъиза дар ҷойҳои серодам аробача ва мизҳои адабиётдорро истифода баранд ва баъдтар дар ҷойҳои дигар низ ин тарзро ба кор мебурдагӣ шуданд. Ин натиҷаи хеле хуб дод. Соли 2011 ин усули мавъизаро дар яке аз ҷойҳои серодамтарини шаҳри Ню-Йорк (ИМА) низ ҷорӣ карданд ва дар давоми як сол 102 129 китоб ва 68 911 маҷалла паҳн карда шуд, 4701 кас омӯзиши Китоби Муқаддас дархост намуд. Маълум, ки Яҳува бо рӯҳи муқаддасаш ин корро дастгирӣ кард. Аз ин лиҳоз Ҳайати роҳбарикунанда розигӣ дод, ки чунин усули мавъиза дар саросари ҷаҳон ба кор бурда шавад.

10. Барои воизи бомаҳорат шудан мо чӣ кор карда метавонем?

10 Яҳува аз шумо чиро интизор аст? Дар вохӯриҳои ҷамъомад Яҳува мавъиза карданро ёд медиҳад. Чизҳои дар он ҷо омӯхтаатонро ҳарчи бештар ба кор баред. Бо бародару хоҳароне, ки дар гурӯҳи хизматиатон ҳастанд, мунтазам ҳамкорӣ кунед. Онҳо ба шумо барои воизи бомаҳорат шудан кӯмак карда бо хислатҳои хубашон намунаи ибрат буда метавонанд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда бо истодагарӣ мавъиза кунед. Чуноне ки ояти асосии мақола ёдрас мекунад, мо хости Худоро на бо қуввати худамон, балки бо ёрдами рӯҳи муқаддаси Ӯ ба ҷо оварда метавонем (Зак. 4:6). Дилпур бошед, ки Яҳува ба мо қуввати лозима медиҳад, чунки мо кори Ӯро иҷро карда истодаем.

ЯҲУВА ХУДОИ ТАРТИБУ НИЗОМ ВА ОСОИШТАГӢ АСТ

11. Чӣ тавр дар асри як ҳайати роҳбарикунанда якдилона кӯшиш мекард, то дар байни халқи Худо тартиб ва ягонагӣ нигоҳ дошта шавад?

11 Дар асри як. Ҳайати роҳбарикунанда дар Ерусалим якдилона кӯшиш мекард, то дар байни халқи Худо тартибу низом ва сулҳу осоиштагӣ бошад (Аъм. 2:42). Масалан, вақте соли 49-уми милодӣ оиди хатна дар байни масеҳиён гуногунфикрӣ зиёд шуд, ҳайати роҳбарикунанда зери ҳидояти рӯҳи муқаддас ин масъаларо дида баромад. Агар аз боиси ин масъала дар ҷамъомад гуногунфикрӣ боқӣ мемонд, ин ба пешравии кори мавъиза халал мерасонд. Ҳарчанд аъзои ҳайати роҳбарикунанда — расулон ва пирон ҳамаашон яҳудӣ буданд, онҳо ба таъсири урфу одати аҷдодон ва тарафдорони ашаддии он дода нашуданд. Баръакс, онҳо аз Каломи Худо ва рӯҳи муқаддаси Ӯ роҳнамоӣ ҷустанд (Аъм. 15:1, 2, 5–20, 28). Ин чӣ натиҷа овард? Яҳува қарори онҳоро баракат дод, дар ҷамъомад сулҳу ягонагӣ нигоҳ дошта шуд ва кори мавъиза минбаъд низ пеш рафт (Аъм. 15:30, 31; 16:4, 5).

12. Чӣ нишон медиҳад, ки дар ташкилоти Яҳува ягонагӣ ва тартибу низом ҳукмфармо аст?

12 Дар замони мо. Ташкилоти Яҳува ба аъзоёнаш кӯмак мекунад, ки тартиб ва ягонагиро нигоҳ доранд. Ҳанӯз соли 1895 дар «Бурҷи дидбонии Сион ва қосиди ҳузури Масеҳ» аз 15 ноябр мақолае бо номи «Шоиста ва ботартиб» чоп шуд, ки бар 1 Қӯринтиён 14:40 асос меёфт. Дар он қайд шуда буд: «Расулон ба масеҳиёни асри як дар бораи тартибу низом бисёр менавиштанд... Ба мо хеле муҳим аст, то аз рӯйи “ҳар он чӣ пештар навишта шудааст”, амал карданро давом диҳем» (Рум. 15:4). Бале, чуноне ки дар байни масеҳиёни аввал тартибу ягонагӣ дида мешуд, имрӯз низ ташкилоти Яҳува сахт кӯшиш мекунад, ки дар ҷамъомадҳо сулҳу ягонагӣ ва тартибу низом пойдор бошад. Як мисол меорем: Агар шумо ба вохӯрии «Бурҷи дидбонӣ» ба дигар ҷамъомад ва ҳатто ба дигар давлат равед, шумо медонед, ки он вохӯрӣ чӣ тавр мегузарад ва кадом мақола муҳокима мешавад. Аз ин рӯ шумо худро гум намекунед ва нороҳат намешавед. Чунин ягонагиро танҳо рӯҳи Худо метавонад имконпазир гардонад (Саф. 3:9).

13. Баъд аз хондани Яъқуб 3:17 мо ба худ кадом саволҳоро дода метавонем?

13 Яҳува аз шумо чиро интизор аст? Яҳува мехоҳад, ки халқи Ӯ «ба воситаи сулҳу осоиштагие, ки пайванд месозад, ягонагии рӯҳро нигоҳ» доранд (Эфс. 4:1–3). Пас, ҳар яки мо ба худ чунин саволҳоро дода метавонем: Оё ман дар ҷамъомад ба сулҳу ягонагӣ мусоидат мекунам? Оё ба онҳое, ки роҳбариро бар ӯҳда доранд, итоат мекунам? Оё ман масъулиятнок ҳастам ва ба гапам меистам, хусусан агар ягон таъйинот дошта бошам? Оё ман ҳама корро сари вақт ба ҷо меорам? Оё маро чун шахсе мешиносанд, ки ҳамеша ба ёрдами дигарон тайёр аст? (Яъқуб 3:17-ро хонед.) Агар пай баред, ки аз ягон ҷиҳат беҳтар шуданатон лозим аст, аз Яҳува дар дуо рӯҳи муқаддас пурсед. Вақте Ӯ барои беҳтар гардондани хислатҳо ва рафторатон бо рӯҳи Худ ба шумо роҳ нишон медиҳад, онро қабул кунед. Он гоҳ шумо эҳтироми бештари бародару хоҳаронро сазовор мегардед.

ЯҲУВА МОРО ТАЪЛИМ МЕДИҲАД ВА БО ҒИЗОИ ФАРОВОНИ РӮҲОНӢ ТАЪМИН МЕКУНАД

14. Мувофиқи Қӯлассиён 1:9, 10 масеҳиёни аввал ба чӣ ниёз доштанд? Яҳува ин ниёзи онҳоро чӣ тавр қонеъ кард?

14 Дар асри як. Яҳува бо омодагӣ халқашро таълим медиҳад (Заб. 31:8). Ӯ мехоҳад, ки мо Ӯро шиносем, дӯст дорем ва чун фарзандони азизаш ҷовидона зиндагӣ кунем. Агар мо аз Худо таълим намегирифтем, ҳамаи ин имконнопазир мебуд (Юҳ. 17:3). Яҳува дар асри як барои таълим додани халқаш ҷамъомади масеҳиро истифода мебурд. (Қӯлассиён 1:9, 10-ро хонед.) Инчунин, рӯҳи муқаддас — «ёрдамчӣ»-е, ки Исо ваъда дода буд, дар таълимгирии шогирдон нақши калон мебозид (Юҳ. 14:16). Бо ёрдами он рӯҳ онҳо Каломи Худоро хубтар мефаҳмиданд ва бисёр гуфтаҳо ва корҳои Исоро, ки баъдтар дар Инҷил навишта шуд, ба хотир меоварданд. Ин дониш боварӣ ва муҳаббати онҳоро ба Худо, Писараш ва ба якдигар мустаҳкам мекард.

15. Бо кадом роҳҳо шумо иҷрошавии пешгӯйии Ишаъё 2:2, 3-ро мебинед?

15 Дар замони мо. Яҳува пешгӯйи карда буд, ки «дар айёми охир» одамон аз тамоми халқу миллатҳо дар кӯҳи рамзие ҷамъ омада роҳҳои Худовандро таълим мегиранд. (Ишаъё 2:2, 3-ро хонед.) Имрӯз ин пешгӯйӣ иҷро шуда истодааст. Мо мебинем, ки Яҳува одамони самимӣ ва худотарсро ба ибодати поки Худ, ки аз ҳамаи намудҳои ибодати дурӯғу нопок боло меистад, ҷамъ оварда истодааст. Ӯ барои онҳо дастархони пурнозу неъмати рӯҳонӣ оростааст (Иш. 25:6). Ғизои рӯҳоние, ки Ӯ ба воситаи «ғуломи бовариноку боандеша» медиҳад, на танҳо фаровон, балки гуногун аст. Масалан, Яҳува халқашро ба воситаи мақолаҳои чопӣ, нутқҳо, филмҳои тасвирӣ ва видеонаворҳо таълим медиҳад (Мат. 24:45). Мо ҳам мисли дӯсти Айюб Элиҳу бешак чунин гуфта метавонем: «Кист, мисли [Худо] таълим диҳад?» (Айюб 36:22).

Ба чизҳои омӯхтаатон боварӣ ҳосил кунед ва онҳоро дар ҳаёт ба кор баред (Ба сархати 16 нигаред.) *

16. Барои аз таълими Яҳува манфиат гирифтан мо чӣ кор карда метавонем?

16 Яҳува аз шумо чӣ интизор аст? Яҳува мехоҳад, ки мо аз таълими Ӯ манфиат гирем. Чӣ тавр? Якум, Худи Ӯ бо рӯҳи муқаддасаш ба мо кӯмак мекунад, ки дониши аз Каломаш гирифтаамонро дар амал ба кор барем. Дуюм, мо мисли забурнавис чунин дуо гуфта метавонем: «Тариқи Худро, эй Худованд, ба ман таълим деҳ, то ки дар ростии Ту рафтор намоям; диламро якто гардон, то ки фақат аз тарси исми Ту пур бошад» (Заб. 85:11). Барои аз таълими Худо манфиат гирифтан мо ҳамчунин бояд хондан ва омӯхтани Китоби Муқаддас ва адабиётеро, ки ташкилоти Яҳува медиҳад, давом диҳем. Албатта, мақсади мо танҳо дониш гирифтан нест. Мо мехоҳем ба чизҳои омӯхтаамон боварӣ ҳосил карда онҳоро дар ҳаёт ба кор барем. Ва рӯҳи Худо дар ин ба мо кӯмак мекунад. Боз мо мехоҳем бародару хоҳаронро рӯҳбаланд кунем (Ибр. 10:24, 25). Зеро онҳо оилаи рӯҳонии моянд. Аз Яҳува рӯҳи муқаддас пурсед, то дар ҷамъомадҳо шарҳҳои пурмазмун дода тавонед ва супоришҳоятонро бо сифати аъло иҷро кунед. Бо ин роҳҳо шумо ба Яҳува ва Писараш нишон медиҳед, ки баррачаҳои азизи онҳоро дӯст медоред (Юҳ. 21:15–17).

17. Бо кадом роҳҳо шумо нишон медиҳед, ки ташкилоти Яҳуваро содиқона дастгирӣ мекунед?

17 Ба қарибӣ дар замин танҳо ташкилоте боқӣ мемонад, ки онро рӯҳи муқаддаси Худо роҳнамоӣ мекунад. Аз ин рӯ бо ташкилоти Яҳува боғайратона ҳамкорӣ кунед. Чун Яҳува ба ҳама одамон бо як чашм нигаред ва аз муҳаббат хушхабарро ба онҳо расонед. Мисли Яҳува тартибу низом ва осоиштагиро дӯст доред ва дар ҷамъомад ба сулҳу ягонагӣ мусоидат кунед. Ва ба Муаллими бузурги худ гӯш дода аз ғизои фаровони рӯҳонӣ пурра баҳра баред. Он гоҳ дар вақти ба охир расидани ҷаҳони Шайтон шумо ба тарсу ҳарос нахоҳед афтид. Балки бо сари баланд дар сафи онҳое меистед, ки содиқона ташкилоти Яҳуваро дастгирӣ мекунанд.

СУРУДИ 152 Қувват, умед ва такягоҳи мо

^ сарх. 5 Оё шумо боварии комил доред, ки Яҳува ташкилоташро имрӯз роҳнамоӣ карда истодааст? Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ба ҷамъомади масеҳиёни пешин роҳбарӣ мекард ва чӣ хел Ӯ имрӯз роҳнамоӣ кардани халқашро давом медиҳад.

^ сарх. 1 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Ташкилоти оламгири Яҳува аз ду қисм иборат аст: қисми осмонӣ ва заминӣ. Дар ин мақола зери калимаи «ташкилот» қисми заминии он дар назар дошта шудааст.

^ сарх. 52 ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳари пешрав дар видеонаворе мебинад, ки чӣ тавр дигарон дар маҳалҳое хизмат мекунанд, ки он ҷо воизон намерасанд. Баъди ин ӯ ҳам чунин мақсад мегузорад ва ба он ноил мегардад.