Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 45

Ба дигарон дар риоя кардани амрҳои Исо кӯмак кунед

Ба дигарон дар риоя кардани амрҳои Исо кӯмак кунед

«Равед... шогирд тайёр кунед... ва риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед» (МАТ. 28:19, 20).

СУРУДИ 6 Дуои хизматгори Худо

ПЕШГУФТОР *

1. Мувофиқи Матто 28:18–20 Исо ба шогирдонаш чӣ гуна амр дод?

БАЪДИ эҳёшавиаш Исо ба шогирдони худ, ки дар Ҷалил ҷамъ омада буданд, зоҳир шуд. Ӯ ба онҳо як чизи муҳимро гуфтан мехост. Чиро? Суханони ӯ дар Матто 28:18–20 оварда шудаанд. (Оятҳоро хонед.)

2. Мо дар ин мақола кадом саволҳоро муҳокима мекунем?

2 Амри Исо оиди шогирдсозӣ ба ҳар як ходими имрӯзаи Худо низ дахл дорад. Аз ин рӯ биёед се саволи бо ин супориш алоқамандро дида бароем. Якум, ба шогирдони нав ғайр аз таълим додани талаботи Худо, боз мо бояд чӣ кор кунем? Дуюм, чӣ тавр ҳар як воизи ҷамъомад метавонад дар рӯҳан рушд кардани омӯзандагон саҳм гузорад? Сеюм, чӣ тавр мо ба ҳамимонони ғайрифаъол кӯмак карда метавонем, то аз нав дар кори шогирдсозӣ иштирок кунанд?

БА ОНҲО РИОЯ КАРДАНИ АМРҲОИ ИСОРО ЁД ДИҲЕД

3. Дар дастуроти худ Исо чиро ба таври махсус қайд кард?

3 Дастури Исо ба мо равшан фаҳмост. Мо бояд ба одамон чизҳоеро, ки ӯ фармуд, таълим диҳем. Лекин як ҷузъиёти муҳими он амрро мо набояд фаромӯш кунем. Исо нагуфт, ки «ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед». Балки чунин гуфт: «риоя кардани ҳар он чизеро, ки ба шумо фармудаам, омӯзонед». Барои ин мо ба омӯзандагон гуфтаҳои Исоро на танҳо бояд таълим диҳем, балки чӣ тавр иҷро кардани онҳоро низ фаҳмонем (Аъм. 8:31). Чаро ин муҳим аст?

4. Бо мисол фаҳмонед, ки чӣ тавр мо ба омӯзанда риоя кардани амрҳои Исоро ёд дода метавонем.

4 Мо чӣ тавр ба касе «риоя», яъне иҷрои амрҳои Исоро таълим дода метавонем? Барои фаҳмидани ин мисоле меорем. Чӣ тавр муаллими мактаби ронандагӣ ба талабагон риояи қоидаҳои роҳро таълим дода метавонад? Аввал ӯ он қоидаҳоро дар синф ба онҳо мефаҳмонад. Вале барои он ки талабагон ин қоидаҳоро риоя кунанд, боз як қадам муҳим аст. Вақте талаба мошинрониро машқ мекунад, муаллим бояд дар бараш нишаста ба ӯ фаҳмонад, ки қоидаҳои омӯхтаашро дар амал чӣ тавр ба кор барад. Мо аз ин мисол чӣ меомӯзем?

5. а) Мувофиқи Юҳанно 14:15 ва 1 Юҳанно 2:3 ба омӯзандагони худ бояд чиро ёд диҳем? б) Бо кадом роҳҳо мо ба омӯзандагон риояи чизҳои омӯхтаашонро ёд дода метавонем? Мисолҳо оред.

Вақте мо бо дигарон омӯзиш мегузаронем, ба онҳо аҳкому талаботи Худоро таълим медиҳем. Аммо ин кифоя нест. Мо бояд ба омӯзандагон ёд диҳем, ки чизҳои омӯхтаашонро дар ҳаёти ҳаррӯза ба кор баранд. (Юҳанно 14:15; 1 Юҳанно 2:3-ро хонед.) Бо намунаи худ ба онҳо нишон диҳед, ки чӣ тавр принсипҳои асосии Китоби Муқаддасро дар мактаб, дар ҷойи кор ё ҳангоми дамгирӣ ба кор бурдан мумкин аст. Аз ҳаёти худ нақл кунед, ки чӣ тавр бакорбарии маслиҳати Каломи Худо шуморо аз хатар муҳофизат кард ё барои қабули қарори бохирадона кӯмак намуд. Ғайр аз ин вақте дар ҳузури омӯзандагон дуо мегӯед, аз Яҳува кӯмак пурсед, ки бо рӯҳи муқаддасаш онҳоро роҳнамоӣ кунад (Юҳ. 16:13).

6. Ҳангоми таълим додани дигарон боз чӣ кор кардан лозим аст?

6 Чуноне ки гуфтем, мо бояд риояи амрҳои Исоро ба дигарон таълим диҳем. Яке аз амрҳои ӯ бошад, ин шогирдсозӣ аст. Барои ҳамин ба омӯзандагон ёрӣ диҳед, ки ба ин кор хоҳиш пайдо кунанд. Баъзе омӯзандаҳо аз худи фикри мавъиза кардан ба ваҳм меоянд. Аз ин рӯ ба мо лозим аст, ки онҳоро пурсаброна таълим диҳем. Вақте фаҳмиши онҳо оиди ҳақиқат зиёдтар мегардад ва имонашон бақувваттар мешавад, онҳо ба мавъиза кардан хоҳиш пайдо карда метавонанд. Бо кадом роҳҳо ин хоҳишро дар дили онҳо зиёд кардан мумкин аст?

7. Чӣ тавр ба омӯзанда кӯмак кунем, ки дар дилаш хоҳиши мавъиза кардан зиёд шавад?

7 Мо ба омӯзандаамон чунин саволҳоро дода метавонем: «Ба кор бурдани гуфтаҳои Китоби Муқаддас чӣ тавр ҳаёти туро беҳтар кард? Оё ба фикрат дигарон низ ба шунидани хушхабар мӯҳтоҷанд? Чӣ тавр ту ба онҳо ёрӣ дода метавонӣ?» (Мас. 3:27; Мат. 9:37, 38). Аз маводи таълимӣ ба омӯзанда рисолаҳоро нишон дода аз ӯ пурсед, ки ба фикраш кадоме аз онҳо ба хешу табор, дӯстон ва ҳамкоронаш шавқоваранд. Ба омӯзандаатон якчанд рисола диҳед. Бо ӯ машқ кунед, ки чӣ тавр ӯ онҳоро эҳтиромона ба дигарон пешниҳод карда метавонад. Албатта, вақте омӯзандаи мо воизи таъмиднаёфта мегардад, мо мехоҳем ҳамроҳаш ба хизмат рафта чӣ тавр мавъиза карданро ба ӯ фаҳмонем (Воиз 4:9, 10; Луқ. 6:40).

ЧӢ ТАВР ҶАМЪОМАД БА ПЕШРАВИИ ОМӮЗАНДАГОН КӮМАК КАРДА МЕТАВОНАД?

8. Чаро муҳим аст, ки омӯзандагон ба Худо ва ба одамон муҳаббати қавӣ инкишоф диҳанд? (Ҳамчунин нигаред ба чорчӯбаи  «Чӣ тавр ба омӯзандагон кӯмак кунем, ки меҳрашон ба Худо зиёд шавад?»)

8 «Риоя кардани ҳар он чизе», ки Исо фармуд, бешубҳа ду амри муҳимтаринро, яъне дӯст доштани Худо ва дигаронро низ дар бар мегирад. Ҳардуи онҳо бо кори мавъиза ва шогирдсозӣ зич алоқаманданд (Мат. 22:37–39). Чӣ хел? Мо асосан барои он дар кори мавъиза иштирок мекунем, ки Худо ва одамонро дӯст медорем. Фаҳмост, ки баъзе омӯзандагонро худи фикри мавъиза кардан ба тарс меорад. Вале мо ин гуна омӯзандагонро боварӣ бахшида метавонем, ки бо ёрдами Яҳува онҳо оҳиста-оҳиста бар одамтарсӣ ғолиб омада метавонанд (Заб. 17:2–4; Мас. 29:25). Якчанд қадами дар чорчӯба овардашуда барои Яҳуваро зиёдтар дӯст доштан кӯмак мекунанд. Лекин аъзоёни ҷамъомад ба шогирдони нав чӣ тавр кӯмак карда метавонанд?

9. Ронандаи навшогирд бо кадом роҳҳо дарсҳои муҳимро аз худ мекунад?

9 Бори дигар мисоли ронандаи навшогирдро ба хотир оред. Вақте ӯ дар бари муаллимаш нишаста бо мошин ба роҳ мебарояд, вай бояд ба гуфтаҳои муаллимаш гӯш кунад ва дигар ронандаҳои ботаҷрибаро мушоҳида намояд. Масалан, муаллим шояд ба шофёре ишора кунад, ки ба ронандаи дигар эҳтиромона роҳ медиҳад. Ё диққати талабаро ба ронандае равона мекунад, ки чароғи пеши мошинашро пасттар мекунад, то чашми ронандагони дигарро нагирад. Аз чунин мисолҳо талаба барои худ дарсҳои муҳим гирифта, оянда ҳангоми мошинронӣ онҳоро ба кор бурда метавонад.

10. Чӣ ба омӯзанда дар пешравии рӯҳонӣ кӯмак мекунад?

10 Ба ин монанд, омӯзандаи Китоби Муқаддас, ки дар роҳи ҳақиқат қадамҳои аввалинро мегузорад, на танҳо аз омӯзгори худ, балки аз намунаи хуби дигар воизон низ таълим мегирад. Аз ин рӯ вохӯриҳои ҷамъомад дар пешравии рӯҳонии онҳо нақши калон мебозанд. Аз чизҳое, ки онҳо дар ҷамъомад мешунаванд, донишашон чуқуртар мегардад, имонашон мустаҳкам ва муҳаббаташон ба Худо торафт зиёд мешавад (Аъм. 15:30–32). Ғайр аз ин, омӯзандаро дар вохӯриҳо бо бародару хоҳароне шинос кардан мумкин аст, ки шароит ё душвориҳояшон бо ҳам монанданд. Вақте ӯ мебинад, ки то чӣ андоза онҳо Худоро дӯст медоранд ва инро бо корҳояшон нишон медиҳанд, ӯ ҳам рӯҳан пешравӣ мекунад. Биёед якчанд мисолро дида бароем.

11. Омӯзандагон дар ҷамъомад чӣ гуна намунаҳоро дида метавонанд ва ин чӣ натиҷа оварданаш мумкин аст?

11 Омӯзандае, ки волиди танҳо аст, мебинад, ки чӣ хел хоҳаре аз ҷамъомад дар вазъияти ба ӯ монанд қарор дорад. Вақте вай мебинад, ки хоҳар барои ба ҷамъомад овардани кӯдакони хурдсолаш чӣ қадар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ин ба дили ӯ сахт таъсир мекунад. Омӯзандае, ки дар партофтани сигор душворӣ мекашад, бо бародаре шинос мешавад, ки чунин душворӣ дошту аммо ба он ғолиб омада тавонист. Ӯ ба омӯзанда нақл мекунад, ки вақте муҳаббаташ ба Яҳува торафт зиёд шуд, хоҳиш пайдо кард, ки аз рӯйи гуфтаҳои Ӯ зиндагӣ кунад (2 Қӯр. 7:1; Флп. 4:13). Шунидани нақли бародар ба омӯзанда боварӣ мебахшад, ки ӯ ҳам ин одати бадро партофта метавонад. Духтараке, ки омӯзиш мекунад, дар ҷамъомад бо хоҳари ҷавоне шинос мешавад, ки чун Шоҳиди Яҳува аз ҳаёт қаноатманд аст. Рӯҳияи он хоҳарро пай бурда он омӯзанда бештар фаҳмидан мехоҳад, ки чаро ӯ ҳамеша шоду хандон аст.

12. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳар як аъзои ҷамъомад ба омӯзанда аз ягон ҷиҳат кӯмак карда метавонад?

12 Омӯзандагон бо воизони гуногун шинос шуда аз намунаи онҳо мефаҳманд, ки чӣ тавр дар амал ба Худо ва одамон муҳаббат нишон додан мумкин аст (Юҳ. 13:35; 1 Тим. 4:12). Беш аз ин, чи хеле дар боло гуфтем, омӯзанда аз воизоне, ки душвориҳояшон ба душвориҳои ӯ монанданд, ҳал кардани онҳоро ёд мегирад. Намунаи чунин шахсонро дида ӯ боварӣ пайдо мекунад, ки ба ҳаёташ дигаргунӣ даровардан аз дасти ӯ ҳам меояд (Такр. Ш. 30:11). Хуллас, ҳар як аъзои ҷамъомад бо роҳҳои гуногун метавонад ба пешравии рӯҳонии омӯзандагон саҳм гузорад (Мат. 5:16). Шахсан шумо барои ба онҳо кӯмак кардан чӣ кор мекунед?

БА ВОИЗОНИ ҒАЙРИФАЪОЛ КӮМАК КУНЕД

13, 14. Исо бо расулони рӯҳафтодааш чӣ тавр муносибат кард?

13 Мо мехоҳем ба бародару хоҳарони ғайрифаъол кӯмак кунем, то онҳо аз нав ҳамроҳи мо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок кунанд. Биёед фаҳмем, ки аз тарзи муносибати Исо бо расулони рӯҳафтодааш мо чӣ омӯхта метавонем.

14 Дар охири хизмати заминии Исо, шаби пеш аз марги ӯ, «ҳамаи шогирдонаш ӯро тарк карданд ва гурехта рафтанд» (Марқ. 14:50; Юҳ. 16:32). Исо бо расулони худ, ки муддате ғамгину рӯҳафтода буданд, чӣ хел муносибат кард? Чанде пас аз эҳёшавиаш ӯ ба баъзе пайравонаш гуфт: «Натарсед! Рафта, бародарони маро хабардор созед, [ки ман зинда шудаам]» (Мат. 28:10а). Ҳарчанд онҳо ӯро партофта гурехта буданд, ӯ аз онҳо рӯй нагардонд. Ӯ онҳоро то ҳол «бародарон» меномид. Мисли Яҳува ӯ дилсӯз ва бахшанда буд (4 Подш. 13:23).

15. Ба бародару хоҳарони ғайрифаъол мо чӣ гуна муносибат дорем?

15 Мо ҳам дар ҳаққи бародару хоҳарони ғайрифаъол бисёр ғам мехӯрем. Онҳо аъзои оилаи моянд ва мо онҳоро дӯст медорем! Мо то ҳол дар хотир дорем, ки ин ҳамимонон аз муҳаббат ба Яҳува пеш чӣ қадар сахт меҳнат мекарданд, баъзеашон шояд ҳатто тӯли даҳсолаҳо (Ибр. 6:10). Мо ҳақиқатан онҳоро ёд мекунем (Луқ. 15:4–7). Бо кадом роҳҳо мо мисли Исо ба онҳо ғамхорӣ нишон дода метавонем?

16. Ба хоҳару бародарони ғайрифаъол мо чӣ хел ғамхорӣ нишон дода метавонем?

16 Онҳоро меҳрубонона ба ҷамъомад таклиф кунед. Барои рӯҳбаланд кардани расулони ғамгинаш Исо онҳоро ба вохӯрие таклиф кард (Мат. 28:10б; 1 Қӯр. 15:6). Ба ин монанд, мо метавонем ҳамимонони ғайрифаъолро ба вохӯриҳои ҷамъомад таклиф кунем. Шояд як-ду бор таклиф кардан кофӣ набошад ва танҳо баъди якчанд даъвати мо онҳо баъд ба ҷамъомад оянд. Исо бешубҳа хурсанд шуд, ки расулонаш даъвати ӯро қабул карда ба ҷойи таъйинкардаи ӯ омаданд (Бо Матто 28:16 ва Луқо 15:6 муқоиса кунед.)

17. Вақте бародар ё хоҳари ғайрифаъол ба ҷамъомад меояд, мо бояд чӣ тавр рафтор кунем?

17 Онҳоро гарм пазироӣ кунед. Вақте расулон бо Исо вохӯрданд, ӯ бо онҳо меҳрубонона муносибат кард ва худаш якум шуда бо онҳо гап зад (Мат. 28:18). Вақте ягон бародар ё хоҳари ғайрифаъол ба ҷамъомад меояд, мо бояд ба вай чӣ тавр муносибат кунем? Хуб мебуд, ки худамон ба пешаш рафта ӯро гарму ҷӯшон пазироӣ намоем. Дар аввал мо шояд чӣ гуфтанамонро надониста каме худро гум кунем. Вале биёед тавре гап занем, ки ӯ худро ногувор ҳис накунад. Мо метавонем самимона гӯем, ки аз дидораш хеле шодем.

18. Чӣ тавр мо воизони ғайрифаъолро рӯҳбаланд карда метавонем?

18 Онҳоро аз таҳти дил рӯҳбаланд кунед. Шогирдони Исо эҳтимол аз он дар ташвиш буданд, ки аз ӯҳдаи иҷрои супориши Исо намебароянд. Охир, онҳо бояд дар тамоми ҷаҳон хушхабарро мавъиза мекарданд. Аммо Исо пайравонашро боварӣ бахшида гуфт: «Ман ҳамеша... бо шумо ҳастам» (Мат. 28:20). Ин суханони Исо пайравонашро хеле рӯҳбаланд кард, зеро баъд аз ин онҳо камари худро маҳкам баста аз пайи кори мавъиза ва таълими хушхабар шуданд (Аъм. 5:42). Воизони ғайрифаъол низ ба рӯҳбаландӣ мӯҳтоҷанд. Онҳо шояд барои аз нав ба мавъиза баромадан тарс доранд. Мо метавонем онҳоро боварӣ бахшем, ки дар ин кор танҳо нестанд. Вақте онҳо мавъиза карданро сар мекунанд, мо метавонем ҳамроҳашон ба хизмат равем. Онҳо дастгирӣ ва кӯмаки моро бешубҳа қадр хоҳанд кард. Вақте бародару хоҳарони ғайрифаъол муҳаббат ва ғамхории моро ҳис мекунанд, онҳо метавонанд аз нав фаъол гарданд ва ин ба аҳли ҷамъомад шодиву хурсандӣ меорад.

КОРИ БА МО СУПОРИДАШУДАРО ТО ОХИР ИҶРО МЕКУНЕМ

19. Мо ба кадом кор тайёрем ва чаро?

19 Кори мавъиза ва шогирдсозиро то кай бояд иҷро кард? То анҷом ёфтани ин тартибот (Мат. 28:20; Нигаред ба Луғати Китоби Муқаддас, калимаи «Охирзамон»). Оё мо то он вақт ин корро ба ҷо оварда метавонем? Ба ин мо азми қавӣ дорем. Мо бо хурсандӣ вақту қувват ва дороиамонро барои ёфтани онҳое, ки «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил»-анд, сарф мекунем (Аъм. 13:48). Чунин карда мо ба намунаи Исо пайравӣ мекунем. Ӯ гуфт: «Хӯроки ман ин аст, ки хости Фиристандаи худро ба ҷо орам ва кореро, ки Ӯ ба ман супурдааст, ба анҷом расонам» (Юҳ. 4:34; 17:4). Мо ҳам самимона мехоҳем, ки кори ба мо супоридашударо то ба охир иҷро кунем (Юҳ. 20:21). Инчунин мо ба дигарон, аз он ҷумла ба воизони ғайрифаъол кӯмак мекунем, то бо истодагарӣ ин корро давом диҳанд (Мат. 24:13).

20. Чӣ тавр Филиппиён 4:13 моро боварӣ мебахшад, ки супориши Исоро то охир иҷро карда метавонем?

20 Иҷро кардани супориши Исо кори осон нест. Лекин дар иҷрои он мо танҳо нестем. Исо ваъда дод, ки бо мо хоҳад буд. Супориши шогирдсозиро мо чун «ҳамкорони Худо» ва «дар ягонагӣ бо Масеҳ» ба ҷо меорем (1 Қӯр. 3:9; 2 Қӯр. 2:17). Барои ҳамин мо онро то охир иҷро карда метавонем. Ба ҷо овардани ин супориш ва ба дигарон низ дар он кӯмак кардан барои мо шарафи бузург аст! (Филиппиён 4:13-ро хонед.)

СУРУДИ 139 Ёрӣ ба шогирдони нав

^ сарх. 5 Исо ба пайравонаш дастур дод, ки шогирд тайёр кунанд ва ба онҳо риоя кардани ҳамаи он чиро ки ӯ фармудааст, таълим диҳанд. Дар ин мақола фаҳмонда шудааст, ки чӣ тавр мо мувофиқи ин дастуроти ӯ амал карда метавонем.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМҲО: Хоҳаре ба омӯзандааш мефаҳмонад, ки барои муҳаббати худро ба Худо зиёд кардан кадом қадамҳоро гузоштан лозим аст. Баъдтар, омӯзанда се маслиҳати аз хоҳар гирифтаашро ба кор мебарад.