Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 50

«Мурдагон чӣ тавр зинда мешаванд?»

«Мурдагон чӣ тавр зинда мешаванд?»

«Эй марг, ғалабаи ту куҷост? Эй марг, неши ту куҷост?» (1 ҚӮР. 15:55).

СУРУДИ 130 Ҳаёт — атои бебаҳо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Чаро ба ҳамаи масеҳиён дар бораи эҳёшавӣ ба ҳаёти осмонӣ донистан муҳим аст?

АКСАРИ хизматгорони имрӯзаи Яҳува ба ҳаёти абадӣ дар рӯйи замин умед доранд, бақияи тадҳиншудагон бошад, ба ҳаёти осмонӣ. Тадҳиншудагон фаҳмидан мехоҳанд, ки оянда ҳаёташон дар осмон чӣ гуна хоҳад буд. Вале дар бораи касоне, ки умеди заминӣ доранд, чӣ гуфтан мумкин аст? Чуноне ки ҳоло дида мебароем, ба ҳаёти осмонӣ эҳё шудани тадҳиншудагон ба онҳое, ки дар замин абадӣ зиндагӣ мекунанд, баракатҳои зиёд меорад. Аз ин рӯ хоҳ мо умеди осмонӣ дорем, хоҳ заминӣ, ба ҳамаи мо дар бораи эҳёшавӣ ба ҳаёти осмонӣ донистан муҳим аст.

2 Дар асри як Худо баъзе шогирдони Исоро илҳом бахшид, ки дар бораи эҳёшавӣ ба ҳаёти осмонӣ нависанд. Юҳаннои расул фаҳмонд: «Ҳарчанд мо акнун фарзандони Худо ҳастем, ба мо ҳанӯз маълум нашудааст, ки ҷисмамон чӣ гуна мешавад. Лекин ҳаминашро медонем, ки вақте Ӯ ба мо зоҳир мешавад, мо мисли Ӯ хоҳем буд» (1 Юҳ. 3:2). Яъне масеҳиёни тадҳиншуда аниқ намедонанд, ки бо тани рӯҳонӣ ба ҳаёти осмонӣ эҳё шудан чӣ хел аст. Вале аниқ маълум, ки баъди гирифтани мукофоти осмониашон онҳо ба маънои аслӣ Яҳуваро мебинанд. Дар Китоби Муқаддас оиди эҳёшавӣ ба осмон ҳама чиз пурра гуфта нашудааст, лекин мо аз суханони Павлуси расул дар ин бора баъзе чизҳоро фаҳмида метавонем. Вақте Масеҳ «ҳамаи ҳукумату ҳокимиятҳо ва қувваҳо», аз он ҷумла «душмани охирин» — маргро нест мекунад, тадҳиншудагон ҳамроҳи ӯ хоҳанд буд. Оқибат, Исо ва онҳое, ки ҳамроҳаш ҳукмронӣ мекунанд, «ҳама чизро», аз он ҷумла худашонро низ ба Яҳува тобеъ месозанд (1 Қӯр. 15:24–28). Чӣ замони ҳаяҷонбахше хоҳад буд он вақт! *

3. Чуноне ки дар 1 Қӯринтиён 15:30–32 қайд шудааст, ба эҳёшавӣ бовар доштани Павлус ба ӯ чӣ хел кӯмак мекард?

3 Боварӣ ба эҳёшавӣ ба Павлус кӯмак мерасонд, ки ба озмоишҳои гуногун тоб орад. (1 Қӯринтиён 15:30–32-ро хонед.) Ӯ ба бародару хоҳарони шаҳри Қӯринт гуфт: «Ман ҳар рӯз бо марг рӯ ба рӯ мешавам». Инчунин вай илова кард, ки «дар Эфсӯс бо даррандагон мубориза» бурд. Мумкин, Павлус дар назар дошт, ки дар Эфсӯс душманонаш ӯро барои ҷазо додан ба пеши ҳайвонҳои дарранда партофтанд (2 Қӯр. 1:8; 4:10; 11:23). Ё шояд ин ҷо Павлус ба яҳудиён ва онҳое ишора кардааст, ки аз нафрат ӯро мисли дарранда пора-пора кардан мехостанд (Аъм. 19:26–34; 1 Қӯр. 16:9). Чизе ки набошад, Павлус бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда вай бовариашро ба ояндаи хуб гум намекард (2 Қӯр. 4:16–18).

Оилае дар минтақае зиндагӣ мекунанд, ки фаъолиятамон маҳдуд аст. Онҳо бо имони қавӣ ба Яҳува ибодат карданро давом медиҳанд, зеро боварӣ доранд, ки Худо барои онҳо чизҳои хубро пешбинӣ намудааст. (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Чӣ тавр умед ба эҳёшавӣ имрӯз ба хизматгорони Худо қувват мебахшад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

4 Мо дар замонҳои хатарнок зиндагӣ мекунем. Баъзе бародарони мо қурбони ҷинояткорӣ мегарданд. Дигарон бошад, дар ҷойҳое зиндагӣ доранд, ки ҷанг дар авҷ аст ва ҳаёти онҳо ҳамеша дар хатар мебошад. Дар баъзе мамлакатҳо фаъолияти мо маҳдуд ё ҳатто манъ аст ва ҳамимонони мо метавонанд аз барои хизмати Яҳува ҳабс ё кушта шаванд. Лекин ба чунин душвориҳо нигоҳ накарда ҳамаи бародару хоҳарон ба Яҳува ибодат карданро давом медиҳанд ва ба мо намунаи ибратанд. Онҳо наметарсанд, зеро медонанд, ки ҳатто агар дар ин ҷаҳон ҳаёташонро аз даст диҳанд ҳам, Яҳува дар оянда ба онҳо ҳаёти чандин маротиба беҳтарро ато мекунад.

5. Кадом ақидаи нодуруст имони моро ба эҳёшавӣ суст карда метавонад?

5 Павлус бародаронро огоҳ кард, ки мисли баъзе одамон ба чунин ақидаи хатарнок дода нашаванд: «Биёед бихӯрем ва бинӯшем, зеро фардо хоҳем мурд». Ин гуна ақида ҳанӯз пеш аз давраҳои Павлус вуҷуд дошт. Ӯ шояд аз Ишаъё 22:13 иқтибос овард, ки дар он оят рӯҳияи исроилиён тасвир шуда буд. Онҳо ба ҷойи он ки ба Худо наздик шаванд, бештар аз пайи роҳати худ буданд. Фикрронии он исроилиён асосан чунин буд: «Дар ин дунёи дурӯза бояд ҳузуру ҳаловат кунӣ». Имрӯз ҳам бисёр одамон бо чунин шиор зиндагӣ мекунанд. Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки чунин рӯҳия доштан ба халқи Исроил оқибати нохуш овард (2 Вақ. 36:15–20).

6. Умед ба эҳёшавӣ дар интихоби дӯстон ба мо бояд чӣ тавр таъсир кунад?

6 Умеде, ки мо ба эҳёшавӣ дорем, бояд ба мо дар интихоби дӯстон таъсир расонад. Бародарон аз шаҳри Қӯринт бояд бо онҳое, ки ба эҳёшавӣ бовар надоштанд, дӯстӣ намекарданд. Мо аз ин барои худ чунин дарс мегирем: Муоширати зиёд бо касоне, ки дар бораи оянда фикр намекунанду танҳо дар фикри вақтхушиянд, оқибати хуб надорад. Бо чунин касон бисёр шинухез кардан ақида ва рафтори моро вайрон карда метавонад. Дӯстӣ бо онҳо моро ҳатто ба корҳои нораво, яъне гуноҳ тела доданаш мумкин. Барои ҳамин Павлус боқатъият гуфт: «Ба худ оед, дуруст рафтор намоед ва гуноҳ накунед» (1 Қӯр. 15:33, 34).

«ТАНИ ОНҲО ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?»

7. Чуноне ки дар 1 Қӯринтиён 15:35–38 омадааст, баъзеҳо дар бораи эҳёшавӣ чӣ гуна савол медоданд?

7 1 Қӯринтиён 15:35–38-ро хонед. Касе, ки дар дили дигарон оиди эҳёшавӣ шубҳа андохтанӣ мешуд, шояд чунин савол медод: «Мурдагон чӣ тавр зинда мешаванд?» Хуб мебуд, то оиди ҷавоби Павлус, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, фикр кунем, зеро бисёр одамон имрӯз дар бораи он ки баъд аз марг бо одам чӣ мешавад, ақидаҳои гуногун доранд.

Мисоли тухмӣ ва растаниро истифода бурда Павлус фаҳмонд, ки Худо метавонад ба эҳёшудагон танеро диҳад, ки барояшон мувофиқ аст (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Кадом мисол ба мо ёрӣ медиҳад, ки эҳёшавӣ ба ҳаёти осмониро фаҳмем?

Вақте одам мемирад, баданаш мепӯсад. Вале Оне, ки оламро офаридааст, метавонад он шахсро аз ҳеҷ чиз аз нав зинда кунад ва ба вай тани мувофиқ диҳад (Ҳас. 1:1; 2:7). Оиди эҳёшавӣ ба осмон сухан ронда Павлус мисоле овард, то нишон диҳад, ки ба Худо ҳоҷат нест, ки одами вафоткардаро аз нав бо тани пешинааш зинда кунад. Мисол, дар бораи «донаи гандум» ё тухми растанӣ фикр кунед. Вақте тухмӣ ба замин кошта мешавад, он ба сабзидан сар мекунад ва растании нав мегардад. Ин растании нав аз тухмии хурди кошташуда тамоман фарқ мекунад. Павлус бо ёрии ин мисол нишон дод, ки Офаридгорамон қодир аст, ба шахсе, ки эҳё карданист, танеро, ки «ба Ӯ [Худо] маъқул аст» диҳад.

9. Дар 1 Қӯринтиён 15:39–41 дар бораи ҷисмҳои гуногун чӣ гуфта шудааст?

9 1 Қӯринтиён 15:39–41-ро хонед. Павлус қайд кард, ки ҷисми ҳамаи офаридаҳо гуногунанд. Масалан, тани чорво, паррандагон ва моҳиҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ӯ гуфт, ки дар осмон низ байни офтоб ва моҳтоб мо фарқиятро мебинем. Ва «ҷалоли як ситора аз ситораи дигар фарқ мекунад». Ҳатто бо чашми одӣ ин фарқиятро дида натавонем ҳам, олимон мегӯянд, ки ситораҳо гуногунанд — баъзеашон калон, баъзеашон хурдтар, як хелашон сурх, дигарашон сафед, баъзеашон бошанд, мисли офтоби мо зарданд. Павлус ҳамчунин қайд кард, ки «ҳам ҷисмҳои осмонӣ вуҷуд доранд ва ҳам ҷисмҳои заминӣ». Ин чӣ маъно дорад? Дар замин мо тани ҷисмонӣ дорем, вале офаридаҳое, ки дар осмонанд, масалан, фариштагон, тани рӯҳонӣ доранд.

10. Онҳое, ки ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд, ҷисмашон чӣ гуна хоҳад буд?

10 Аҳамият диҳед, ки Павлус баъди овардани мисол оиди тухмӣ ва растанӣ чӣ мегӯяд: «Эҳёшавии мурдагон низ чунин аст: он чӣ кошта мешавад, нобудшаванда аст, вале он чӣ бармехезад, нобуднашаванда». Албатта, баъди мурдан ҷисми одам пӯсида оқибат хок мешавад (Ҳас. 3:19). Пас, Павлус оиди кадом ҷисме гуфт, ки «бармехезад» ва «нобуднашаванда» аст? Ин ҷо ӯ на дар бораи одамоне мегӯяд, ки Илёс, Элишоъ ва Исо эҳё карда буданд. Балки ӯ шахсонеро дар назар дошт, ки ба ҳаёти осмонӣ бо «тани рӯҳонӣ» эҳё мешаванд (1 Қӯр. 15:42–44).

11, 12. Исо бо чӣ гуна тан эҳё шуд ва тадҳиншудагон низ бо чӣ гуна тан эҳё мешаванд?

11 Вақте Исо дар замин буд, ӯ тани ҷисмонӣ дошт. Лекин вақте эҳё гашт, ӯ «рӯҳи ҳаётбахш шуд» ва ба осмон баргашт. Мисли ин, масеҳиёни тадҳиншуда низ ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Павлус фаҳмонд: «Чи тавре ки мо ба касе, ки аз хок офарида шудааст, монанд гаштем, ҳамон тавр ба касе, ки аз осмон омад, монанд хоҳем шуд» (1 Қӯр. 15:45–49).

12 Бояд қайд кард, ки Исо бо тани одамӣ эҳё нашуд. Павлус дар анҷоми муҳокимаи мавзӯи эҳёшавӣ аниқ қайд кард: «Ҷисм ва хун наметавонад Подшоҳии Худоро мерос гирад» (1 Қӯр. 15:50). Расулони Исо ва дигар тадҳиншудагон ба ҳаёти осмонӣ бо тани ҷисмонӣ ва хун, ки фасодшавандаанд, эҳё шуда наметавонистанд. Дар бораи вақти эҳёшавии онҳо чӣ метавон гуфт? Павлус қайд кард, ки эҳёшавии онҳо дарҳол баъди маргашон не, балки дар оянда рӯй медиҳад. Вақте Павлус номаи якумашро ба қӯринтиён навишт, баъзе шогирдон аллакай «ба хоби марг рафта» буданд, масалан, Яъқуби расул (Аъм. 12:1, 2). Дигар расулон ва масеҳиёни тадҳиншуда бошанд, баъдтар вафот карданд (1 Қӯр. 15:6).

ҒАЛАБА БАР МАРГ

13. Дар вақти «ҳузури» Масеҳ чиҳо бояд рӯй медод?

13 Ҳам Исо ва ҳам Павлус оиди фаро расидани замони махсуси таърихӣ, яъне оиди ҳузури Масеҳ пешгӯйӣ карда буданд. Аломати ҳузури Исо ин буд, ки дар тамоми дунё ҷангҳо, заминҷунбиҳо, вабоҳо ва дигар чизҳои бад рӯй медоданд. Иҷрошавии ин пешгӯии Китоби Муқаддасро мо аз соли 1914 мебинем. Боз як аломати ҳузури худро пешгӯйӣ карда Исо гуфт, ки хушхабар оиди ҳукмронии Подшоҳии Худо «дар тамоми дунё эълон карда мешавад, то ҳамаи халқҳо имконияти шунидани онро дошта бошанд ва пас аз ин анҷом фаро хоҳад расид» (Мат. 24:3, 7–14). Павлус инчунин қайд кард, ки «дар вақти ҳузури Ҳазратамон» масеҳиёни тадҳиншудае, ки ба хоби марг рафтаанд, эҳё мешаванд (1 Тас. 4:14–16; 1 Қӯр. 15:23).

14. Бо тадҳиншудагоне, ки дар вақти ҳузури Масеҳ мемиранд, чӣ рӯй медиҳад?

14 Тадҳиншудагоне, ки имрӯз ҳаёти заминиашонро ба охир мерасонанд, баъд аз марг ҳамон замон ба ҳаёти осмонӣ эҳё мешаванд. Суханони Павлус аз 1 Қӯринтиён 15:51, 52 инро тасдиқ мекунанд: «На ҳамаи мо ба хоби марг меравем, вале ҳамаамон дигаргун мешавем. Ин дар як лаҳза, дар як мижа задан, ҳангоми садо додани карнайи охирин, рӯй медиҳад». Ин гуфтаҳои Павлус имрӯз иҷро шуда истодаанд. Баъди эҳёшавӣ ин бародарони Масеҳ хурсандии бузург хоҳанд дошт; онҳо «ҳамеша ҳамроҳи Ҳазрат» хоҳанд буд (1 Тас. 4:17).

Онҳое, ки «дар як мижа задан» эҳё мешаванд, бо Исо тамоми бадиҳои рӯйи заминро нест мекунанд (Ба сархати 15 нигаред.)

15. Онҳое, ки «дар як мижа задан» эҳё мешаванд, бо кадом кор машғул хоҳанд шуд?

15 Онҳое, ки «дар як мижа задан» эҳё мешаванд, дар осмон бо чӣ кор машғул хоҳанд буд? Исо ба онҳо мегӯяд: «Ба оне, ки ғолиб меояд ва то охир ба ман пайравӣ мекунад, қудрат медиҳам, то бар халқҳо ҳукмронӣ кунад, чи тавре ки Падар ба ман қудрат додааст, ва ӯ халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард, то онҳо мисли зарфи сафолин шикаста, пора-пора гарданд» (Ваҳй 2:26, 27). Онҳо чун лашкари осмонӣ аз паси Сарфармондеҳи худ — Исо равона шуда аз пайи иҷрои он супориш мешаванд, яъне халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунанд (Ваҳй 19:11–15).

16. Чӣ тавр тадҳиншудагон ва дигар шахсони содиқ ба марг ғолиб хоҳанд омад?

16 Тадҳиншудагон баъди ба ҳаёти осмонӣ эҳё шуданашон ба марг ғолиб меоянд (1 Қӯр. 15:54–57). Аз ин рӯ онҳо имконият пайдо мекунанд, ки ҳангоми ҷанги Ҳармаҷиддӯн дар нест кардани тамоми бадиҳои рӯйи замин иштирок кунанд. Миллионҳо масеҳиёни дигар — мардону занон «аз мусибати бузург» гузашта ба дунёи нав дохил мешаванд (Ваҳй 7:14). Он наҷотёфтагон шоҳиди боз як ғолибият бар марг мегарданд — онҳо эҳёшавии миллиардҳо одамони вафоткардаро хоҳанд дид. Танҳо тасаввур кунед, ки рӯй додани он воқеаҳо чӣ қадар шодиву хурсандӣ меорад! (Аъм. 24:15). Ва ҳамаи онҳое, ки пурра ба Яҳува содиқ буданашонро исбот мекунанд, ба гуноҳи аз Одам меросгирифта ғолиб меоянд. Онҳо имконият пайдо мекунанд, ки абадӣ зиндагӣ кунанд.

17. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 15:58 имрӯз мо бояд ба кадом кор ҷидду ҷаҳд кунем?

17 Ҳар яки мо суханони тасаллибахши Павлусро, ки дар бораи эҳёшавӣ ба қӯринтиён навишт, бояд қадр кунем. Хуб мебуд, ки мо ба маслиҳати Павлус гӯш дода то ҳадди имкон «дар кори Сарвар» саъйу кӯшиш кунем. (1 Қӯринтиён 15:58-ро хонед.) Агар мо содиқона ва фаъолона дар ин кор иштирок кунем, ояндаи шоду хуррам моро интизор аст. Он ҳаёт аз ҳар чизе ки мо тасаввур мекунем, чандин маротиба олӣ хоҳад буд. Бешубҳа, ин моро боварӣ мебахшад, ки меҳнати мо дар роҳи Сарвар беҳуда нест.

СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!

^ сарх. 5 Дар қисми дуюми номаи 1 Қӯринтиён боби 15 мо дар бораи эҳёшавӣ, хусусан эҳёшавии масеҳиёни тадҳиншуда, бештар мефаҳмем. Аммо чизҳое, ки Павлус навишт, барои «гӯсфандони дигар» низ аҳамияти калон доранд. Аз ин мақола мефаҳмем, ки умед ба эҳёшавӣ ба ҳаёти имрӯзаи мо чӣ хел таъсир мерасонад ва чӣ тавр он ёрӣ медиҳад, ки ба оянда бо назари нек нигарем.

^ сарх. 2 Дар мақолаи «Саволҳои хонандагон», ки дар ин шумора нашр шудааст, суханони дар 1 Қӯринтиён 15:29 гуфтаи Павлус фаҳмонда мешаванд.