Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 51

«Худованд... рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод»

«Худованд... рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод»

«Худованд ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (ЗАБ. 33:19).

СУРУДИ 51 Ба Яҳува бичасп

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

БАЪЗАН шояд мо фикр мекунем, ки умри инсон чӣ қадар кӯтоҳ ва «азобаш бисёр» аст (Айюб 14:1). Ин чиз гоҳ вақт моро рӯҳафтода мекунад. Дар замони қадим низ бисёр хизматгорони Худо чунин ҳиссиёт доштанд, баъзеашон ҳатто мурдан мехостанд (3 Подш. 19:2–4; Айюб 3:1–3, 11; 7:15, 16). Вале Яҳува — Худое, ки такягоҳи онҳо буд, гаштаву баргашта онҳоро рӯҳбаланд мекард ва қувват мебахшид. Худо саргузашти онҳоро барои он дар Каломаш ҷо дод, ки мо онҳоро хонда тасаллӣ ёбем ва ба худ дарс гирем (Рум. 15:4).

2 Дар ин мақола мо мисоли баъзе ходимони Яҳуваро муҳокима мекунем, ки бо ҳолатҳои андӯҳовар дучор шуда буданд. Мо ҳаёти писари Яъқуб — Юсуф, Ноомии бевазан ва келинаш Рут, левизодае, ки таронаи 72-юми Забурро навиштааст ва Петруси расулро дида мебароем. Чӣ тавр Яҳува ба онҳо қувват бахшид? Аз саргузашти онҳо ҳар яки мо чӣ омӯхта метавонем? Ҷавоб ба ин саволҳо моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува «ба дилшикастагон наздик аст, ва рӯҳафтодагонро наҷот хоҳад дод» (Заб. 33:19).

ЮСУФ БА БЕРАҲМӢ ВА БЕАДОЛАТӢ ТОБ ОВАРД

3, 4. Дар ҷавониаш бо Юсуф чӣ рӯй дод?

3 Юсуф тахминан дар 17-солагӣ ду хобе хоб дид, ки аз тарафи Худо буданд. Таъбири хобҳои ӯ ин буд, ки рӯзе Юсуф шахси мӯътабаре мегардад, ки наздиконаш ӯро ҳурмат мекунанд (Ҳас. 37:5–10). Вале аз дидани хобҳояш чанде нагузашта ҳаёти Юсуф тамоман тағйир ёфт. Бародаронаш, ки он вақт ӯро заррае писанд намекарданд, ӯро ба ғуломӣ фурӯхтанд ва Юсуф дар Миср хизматгори Фӯтифар ном мансабдоре гашт (Ҳас. 37:21–28). Дар як муддати кӯтоҳ Юсуф аз писари нозпарвари падар ба ғуломи ночизи мисрие табдил ёфт, ки хӯҷаинаш умуман Яҳуваро намешинохт (Ҳас. 39:1).

4 Сипас вазъияти Юсуф боз ҳам бадтар гашт. Зани Фӯтифар ӯро ноҳақ айбдор кард, ки гӯё Юсуф ба номуси вай таҷовуз карданӣ шуд. Фӯтифар масъаларо ҳаллу фасл накарда Юсуфро ба зиндон партофт ва он ҷо ӯро бо занҷирҳои оҳанӣ бастанд (Ҳас. 39:14–20; Заб. 104:17, 18). Тасаввур кунед, ки Юсуфи ҷавон аз ин тӯҳмат худро чӣ хел ҳис мекард; эҳтимол ӯ зиқ мешуд, ки ин айбдоркунии ноҳақ номи Яҳуваро доғдор карда метавонад. Бешубҳа, ин чизҳо Юсуфро рӯҳафтода мекарданд.

5. Чӣ ба Юсуф кӯмак мекард, ки аз ҳад ба ғаму андӯҳ дода нашавад?

5 Юсуф ғулом буд ва баъдтар ба зиндон афтод, аз ин рӯ барои дигар шудани вазъияташ ҳеҷ кор карда наметавонист. Вале чӣ ба вай кӯмак кард, ки рӯҳияи хубро нигоҳ дорад? Ба ҷойи диққатро ба маҳдудиятҳояш равона кардан, ӯ боғайратона кори ба вай супорида шударо иҷро мекард. Аз ҳама муҳимаш, Юсуф бештар дар бораи ба Яҳува писанд омадан фикр мекард. Яҳува бошад, Юсуфро дар ҳар кори ӯ баракат медод (Ҳас. 39:21–23).

6. Юсуф аз хобҳои дидааш чӣ тавр тасаллӣ ёфта метавонист?

6 Боз Юсуф шояд дар бораи хобҳои чанд сол пеш дидааш мулоҳиза ронда аз ин тасаллӣ меёфт. Он хобҳо нишон медоданд, ки рӯзе вазъияташ беҳтар мешавад ва ӯ боз оилаашро мебинад. Ва айнан ҳамин хел шуд. Вақте Юсуф тахминан 37-сола буд, хобҳои ӯ ба таври аҷоиб ба иҷрошавӣ сар карданд (Ҳас. 37:7, 9, 10; 42:6, 9).

7. Мувофиқи 1 Петрус 5:10 чӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба озмоишҳо тоб орем?

7 Дарсҳо барои мо. Саргузашти Юсуф ба мо хотиррасон мекунад, ки ин ҷаҳон бераҳм аст ва одамон метавонанд бо мо беадолатона муносибат кунанд. Ҳатто ягон ҳамимонамон бо мо ноҳақ рафтор карданаш мумкин. Вале, агар мо Яҳуваро Кӯҳпора ва Паноҳгоҳи худ донем, аз ҳад зиқу рӯҳафтода намешавем ва ба Ӯ хизмат карданро бас намекунем (Заб. 61:7, 8; 1 Петрус 5:10-ро хонед.) Инчунин ба хотир оред, ки Яҳува ба Юсуф тахминан дар 17-солагиаш меҳрубонии хоса зоҳир карда он хобҳоро дод. Ин нишон медиҳад, ки Яҳува ба ходимони ҷавони Худ боварӣ дорад. Имрӯз бисёр ҷавонон мисли Юсуф ба Яҳува имон доранд. Баъзеи онҳо аз боиси садоқатмандиашон ба Худо ҳатто ноҳақ ҳабс мешаванд (Заб. 109:3).

ДУ ЗАНЕ, КИ ҒАМУ ҒУССАРО АЗ САР ГУЗАРОНДАНД

8. Бо Ноомӣ ва Рут чӣ рӯй дод?

8 Ноомӣ ва оилааш аз сабаби қаҳтии сахте, ки дар Яҳудо рӯй дод, зодгоҳашонро тарк карда дар Мӯоб чун мусофир маскан гирифтанд. Дар он ҷо шавҳари Ноомӣ Элимелех вафот кард ва Ноомӣ бо ду писараш танҳо монд. Бо гузашти вақт ҳарду писараш бо занони Мӯобӣ — Рут ва Орфо хонадор шуданд. Тахминан баъди 10 сол писарони Ноомӣ низ мурданд ва насле аз худ боқӣ нагузоштанд (Рут 1:1–5). Тасаввур кунед, ки ғаму андӯҳи он се зан то чӣ андоза азим буд! Албатта, Рут ва Орфо аз нав шавҳар карда метавонистанд. Лекин баъд дар ҳаққи Ноомии пиронсол кӣ ғамхорӣ мекард? Ноомӣ чунон дилшикаста буд, ки боре чунин гуфт: «Маро Ноомӣ нахонед, балки Марро бихонед, зеро ки Қодир талхии зиёде бар сарам овард». Баъди ҳамаи ин мусибат Ноомӣ қарор кард, ки ба Байт-Лаҳм бармегардад ва Рут низ ҳамроҳи ӯ рафт (Рут 1:7, 18–20).

Худо ба Ноомӣ ва Рут нишон дод, ки Ӯ метавонад ба хизматгоронаш барои паси сар кардани ғаму андӯҳ кӯмак кунад. Оё боварӣ доред, ки Ӯ ба шумо ҳам кӯмак мекунад? (Ба сархатҳои 8–13 нигаред.) *

9. Чуноне ки дар Рут 1:16, 17, 22 навишта шудааст, чӣ тавр Рут Ноомиро дастгирӣ кард?

9 Ба дарди Ноомӣ муҳаббати содиқонаи келинаш — Рут дармон шуд. Масалан, ӯ бо Ноомӣ истода ба вай содиқиашро нишон медод. (Рут 1:16, 17, 22-ро хонед.) Дар Байт-Лаҳм Рут сахт меҳнат карда хӯшаҳои ҷавро мечид ва барои худ ва Ноомӣ ризқу рӯзӣ пайдо мекард. Аз ин рӯ чанде нагузашта ӯ дар байни мардуми он ҷо обрӯйи нек пайдо кард (Рут 3:11; 4:15).

10. Ба одамоне, ки мисли Рут ва Ноомӣ мӯҳтоҷ буданд, Яҳува муҳаббаташро бо кадом роҳҳо нишон медод?

10 Яҳува ба исроилиён қонуне дода буд, ки дилсӯзии Ӯро нисбати шахсоне, ки мисли Ноомӣ ва Рут бенаво буданд, нишон медод. Ӯ ба халқаш гуфта буд, ки ҳангоми ғундоштани ҳосил канораи киштзори худро пурра дарав накунанд ва барои одамони ғарибу бечора боқӣ гузоранд (Ибд. 19:9, 10). Барои ҳамин ҳоҷат набуд, ки Ноомӣ ва Рут барои хӯрок гадоӣ кунанд. Онҳо ризқу рӯзиашонро ба таври шоиста ба даст оварда метавонистанд.

11, 12. Чӣ тавр Бӯаз ба хушбахтии Ноомӣ ва Рут мусоидат кард?

11 Хӯҷаини замине, ки Рут дар он ҷо хӯша мечид, Бӯаз ном марди сарватманде буд. Меҳру садоқате, ки Рут нисбати хушдоманаш дошт, ба Бӯаз чунон таъсир кард, ки вай рафта замини меросии он оиларо гашта харид ва сипас Рутро ба занӣ гирифт (Рут 4:9–13). Бӯаз ва Рут писардор шуда номашро Убид гузоштанд ва ӯ баъд бобокалони шоҳ Довуд гардид (Рут 4:17).

12 Тасаввур кунед, ки Ноомӣ набераи хурдакакашро дар даст дошта чӣ қадар шодӣ мекард! Ӯ ба Яҳува аз сидқи дил шукрона мегуфт. Вале вақте Ноомӣ ва Рут оянда дар рӯйи замин эҳё мешаванд, шодии аз ин ҳам бузурге ҳис мекунанд, зеро мефаҳманд, ки Масеҳи ваъдашуда — Исо аз насли Убид ба дунё омад!

13. Мо аз саргузашти Ноомӣ ва Рут кадом дарсҳои манфиатбахшро омӯхта метавонем?

13 Дарсҳо барои мо. Вақте мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем, шояд рӯҳафтода ва ҳатто дилшикаста гардем. Мумкин мо ягон роҳи ҳалли мушкилиҳоямонро набинем. Дар чунин ҳолатҳо мо бояд пурра ба Падари осмониамон такя кунем ва бо ҳамимонон алоқаи зичро нигоҳ дорем. Рост аст, ки Яҳува на ҳама вақт мушкилии моро бартараф мекунад. Масалан, Ӯ шавҳар ва писарони Ноомиро ба вай барнагардонд. Аммо онҳоро бе дастгирӣ намонд. Ӯ ба мо низ барои тоб овардан ба мушкилиҳо, албатта, мадад мекунад. Дасти ёрии Яҳуваро мо метавонем ба воситаи корҳои неки бародару хоҳарон ҳис кунем (Мас. 17:17).

ЛЕВИЗОДАЕ, КИ БА АФТИДАН НАЗДИК БУД

Ба назари нависандаи Забур 72 чунин тофт, ки онҳое, ки Яҳуваро дар ҷойи аввал намегузоранд, зиндагии хуб доранд. Ӯ ба онҳо ҳасад бурда қариб буд, ки пешпо хӯрад. Бо мо низ чунин шуда метавонад (Ба сархатҳои 14–16 нигаред.)

14. Барои чӣ як левизода сахт рӯҳафтода шуд?

14 Боби 72-юми Забурро як левизода навиштааст. Ӯ дар ибодатгоҳи Яҳува хизмати пуршарафро иҷро мекард. Ба ҳар ҳол, боре ӯ сахт рӯҳафтода шуд. Чаро? Ӯ ба одамони бадкор ва ҳавобаланд ҳасад пайдо кард. Албатта, ӯ мисли онҳо ба корҳои бад даст заданӣ набуд, балки ба назараш чунин тофт, ки зиндагии онҳо аз ҳаёти ӯ дида беҳтар аст (Заб. 72:2–9, 11–14). Ӯ гумон кард, ки онҳо аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд, ҳаёташон нағз аст ва ягон ғам надоранд. Ба назараш чунин тофт, ки онҳо торафт нашъунамо меёбанд, барои ҳамин сахт ошуфта шуда чунин гуфт: «Беҳуда ман диламро соф кардаам, ва кафҳоямро ба покӣ шустаам». Аз ин фикру хаёл ӯ қариб буд, ки ба Яҳува хизмат карданро бас кунад.

15. Мувофиқи Забур 72:16–19, 22–25 чӣ тавр левизодаи таронасаро бар рӯҳафтодагии худ ғолиб омад?

15 Забур 72:16–19, 22–25-ро хонед. Он левизода «ба қудсҳои Худо даромад». Дар хонаи Худо, эҳтимол дар байни дигар ҳамимонон, ӯ тавонист оромона андеша карда ба вазъияти худ дуруст баҳо диҳад ва оиди он дуо гӯяд. Дар натиҷа ӯ фаҳмид, ки ба фикрҳои беақлона дода шудааст ва дар роҳи хатарнок қарор дорад, ки ӯро аз Яҳува дур месозад. Ӯ ҳамчунин дарк кард, ки бадкорон «дар ҷойҳои лағжонак» қарор доранд ва «ба ҳалокат» хоҳанд расид. Барои ба ҳасад ва рӯҳафтодагӣ ғолиб омадан левизода бояд ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ мекард. Баъди чунин кардан ӯ аз нав оромӣ ва хурсандӣ пайдо намуд. Ӯ гуфт, ки ғайр аз Яҳува дар замин хоҳони чизе нест.

16. Мо аз мисоли як левизода чӣ гуна дарсҳо омӯхта метавонем?

16 Дарсҳо барои мо. Биёед ҳеҷ гоҳ ба одамони бадкор, ки ҳаёташон ба назар хуб метобад, ҳасад набарем. Хурсандии онҳо зудгузар аст ва онҳо абадӣ зиндагӣ нахоҳанд кард (Воиз 8:12, 13). Ба онҳо ҳасад бурда мо ғамгину рӯҳафтода мешавем ва ҳатто муносибатамонро бо Яҳува аз даст дода метавонем. Аз ин рӯ, агар пай баред, ки дар дили шумо ба ҳаёти «хуб»-и бадкорон ҳасад пайдо шудааст, мисли левизода амал кунед. Ба панду насиҳати меҳрубононаи Яҳува гӯш диҳед ва бо касоне муошират кунед, ки хости Ӯро иҷро мекунанд. Вақте шумо Яҳуваро аз ҳама чӣ бештар дӯст медоред, шумо хурсандии ҳақиқӣ пайдо мекунед. Инчунин шумо дар роҳи «ҳаёти ҳақиқӣ» мемонед (1 Тим. 6:19).

ПЕТРУС АЗ КАМБУДИҲОЯШ ҒАМГИН МЕШУД

Чӣ тавр Петрус аз ҳолати рӯҳафтодагӣ баромада диққаташро боз ба хизмат равона кард? Дар вақти ғамгинӣ мо метавонем оиди намунаи ӯ мулоҳиза кунем ва бо ёрии мисоли ӯ ба дигарон низ кӯмак кунем (Ба сархатҳои 17–19 нигаред.)

17. Аз кадом сабабҳо Петрус рӯҳафтода шуда метавонист?

17 Петруси расул шахси боғайрат буд, вале баъзан ӯ фикр накарда чизе мегуфт ё коре мекард, ки баъдтар аз он пушаймон мегашт. Мисол, вақте Исо ба расулонаш гуфт, ки бояд азоб кашида бимирад, Петрус ӯро сарзаниш карда гуфт: «Ҳаргиз бо ту ин тавр нахоҳад шуд» (Мат. 16:21–23). Он вақт Исо ӯро ислоҳ кард. Вақте тӯдаи одамон барои дастгир кардани Исо омаданд, Петрус андеша накарда ҳамон дам гӯши як ғуломи саркоҳинро бурид (Юҳ. 18:10, 11). Дар ин маврид ҳам, Исо Петрусро ислоҳ намуда гуфт, ки ин рафтораш нодуруст аст. Ҳамчунин Петрус манманӣ кард, ки ҳатто агар дигарон Исоро тарк кунанд ҳам, ӯ ҳеҷ гоҳ вайро тарк намекунад (Мат. 26:33). Ҳарчанд ӯ ба худаш боварии калон дошт, вай ба одамтарсӣ дода шуд ва се бор Устодашро инкор кард. Аз ин рафтораш ӯ сахт рӯҳафтода шуд ва «берун баромада, зор-зор гиря кард» (Мат. 26:69–75). Ӯ шояд хавотир буд, ки Исо ӯро мебахшида бошад ё не.

18. Чӣ тавр Исо ба Петрус кӯмак кард, ки ба рӯҳафтодагӣ ғолиб ояд?

18 Лекин Петрус аз ҳад ба ғаму андӯҳ дода нашуд ва ба Яҳува хизмат карданро бас накард. Баъди хато карданаш ӯ пушаймон шуд ва боз ҳамроҳи дигар шогирдон хизматашро давом дод (Юҳ. 21:1–3; Аъм. 1:15, 16). Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки аз нав ба по хезад? Масалан, ӯ ба ёд овард, ки Исо чанде пеш дар ҳаққи ӯ дуо гуфта буд, ки имонаш суст нашавад ва ӯро насиҳат карда буд, ки баргашта бародаронашро устувор гардонад. Яҳува ба он дуои самимии Исо ҷавоб дод. Баъдтар, Исо шахсан ба Петрус зоҳир шуд, ки ӯ аз ин бешубҳа рӯҳбаланд гашт (Луқ. 22:32; 24:33, 34; 1 Қӯр. 15:5). Инчунин, баъд аз он ки расулон шаби дароз тӯр андохтанду ягон моҳӣ нақапиданд, Исо ба онҳо зоҳир шуд. Ва он вақт ӯ ба Петрус имконият дод, то изҳор кунад, ки то чӣ андоза Устодашро дӯст медорад. Исо дӯсти азизашро бахшид ва ба ӯ вазифаи бештаре супурд (Юҳ. 21:15–17).

19. Чӣ тавр Забур 102:13, 14 ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба гуноҳҳои худ бо назари Яҳува нигарем?

19 Дарсҳо барои мо. Бо Петрус меҳрубонона муносибат кардани Исо нишон медиҳад, ки Исо мисли Падараш хеле дилсӯз аст. Аз ин рӯ вақте мо хато мекунем, набояд фикр кунем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ моро намебахшад. Ин Шайтон мехоҳад, ки мо чунин ҳиссиёт дошта бошем. Биёед кӯшиш кунем, ки ҳам ба худамон ва ҳам ба онҳое, ки моро меранҷонанд, бо чашмони Яҳува нигарем ва дар ёд дорем, ки Ӯ дилсӯз аст ва моро чун фарзандонаш дӯст медорад. (Забур 102:13, 14-ро хонед.)

20. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

20 Мисоли Юсуф, Ноомию Рут, як левизода ва Петрус моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува «ба дилшикастагон наздик аст» (Заб. 33:19). Баъзан Яҳува ба ҳаёти мо озмоишҳоро роҳ медиҳад ва мо аз онҳо рӯҳафтода мегардем. Вале вақте мо ба онҳо бо кӯмаки Яҳува тоб меорем, имонамон қавитар мешавад (1 Пет. 1:6, 7). Аз мақолаи навбатӣ мо бештар мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ходимони содиқашро, ки эҳтимол аз нокомилии худ ё вазъиятҳои душвор рӯҳафтодаанд, дастгирӣ мекунад.

СУРУДИ 23 Яҳува қуввати мост

^ сарх. 5 Юсуф, Ноомӣ, Рут, як левизода ва Петруси расул дар ҳаёташон бо вазъиятҳое дучор шуданд, ки онҳоро рӯҳафтода месохт. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува онҳоро тасаллӣ дод ва қувват бахшид. Мо инчунин мефаҳмем, ки аз мисолҳои онҳо ва аз дилсӯзиву меҳрубоние, ки Худо ба онҳо зоҳир кард, чӣ дарс гирифта метавонем.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМҲО: Ноомӣ, Рут ва Орфо аз марги шавҳарони худ зиқ ва рӯҳафтода буданд. Баъдтар Руту Ноомӣ ҳамроҳи Бӯаз аз таваллуди Убид хурсандӣ мекунанд.