Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Саволҳои хонандагон

Саволҳои хонандагон

Дар Масалҳо 24:16 гуфта шудааст: «Одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад». Оё ин ба шахсе дахл дорад, ки гаштаву баргашта ба гуноҳ даст мезанад, лекин Худо ӯро мебахшад?

Дар асл, ин оят чунин маъно надорад. Ин ҷо гап дар бораи шахсе меравад, ки гаштаву баргашта бо душвориву мусибатҳо дучор мешавад ва ба он маъно аз нав «мехезад», ки ба онҳо тоб меорад.

Биёед, Масалҳо 24:16-ро якҷоя бо оятҳои пеш ва баъди он дида бароем. «Эй шарир! Бар маскани одил камин нагир; оромгоҳи ӯро безобита накун. Зеро ки одил ҳафт маротиба афтад ҳам, мехезад, вале шарирон гирифтори бало мешаванд. Вақте ки душмани ту фурӯ ғалтад, шодӣ накун, ва ҳангоме ки вай ба нокомӣ дучор шавад, бигзор дили ту ба ваҷд наояд» (Мас. 24:15–17).

Баъзе одамон фикр мекунанд, ки ояти 16 ба шахсе дахл дорад, ки шояд ба гуноҳ даст мезанад ва тавба карда боз бо Худо муносибати хубро барқарор мекунад. Масалан, ду роҳбари динӣ аз Англия навиштанд, ки ин оятро рӯҳониён аз вақтҳои пеш то имрӯз маҳз ҳамин хел маънидод мекунанд. Он ду рӯҳонӣ илова карданд, ки чунин фаҳмиш боз маънои онро дошта метавонад, ки «шахси хубе эҳтимол ба гуноҳи ҷиддӣ даст мезанад, вале ҳеҷ гоҳ муҳаббаташро ба Худо гум намекунад ва ҳар дафъа тавба карда аз нав “мехезад”». Ба касе, ки бо майли гуноҳ кардан мубориза бурдан намехоҳад, чунин маънидодкунӣ мумкин маъқул бошад. Ӯ шояд фикр кунад, ки гаштаву баргашта гуноҳ кардан гирад ҳам, Худо ҳама вақт вайро мебахшад.

Аммо маънои ояти 16 дар асл чунин нест.

Калимаи иброние, ки дар ояти 16 ва 17 чун «афтад» ва «ғалтад» тарҷума шудааст, дар Китоби Муқаддас ҳам ба маънои аслӣ истифода шудааст, ҳам ба маънои рамзӣ. Масалан, вақте гове дар роҳ меафтад ё касе аз бом меғалтад ё сангмайдае ба замин меафтад (Такр. Ш. 22:4, 8; Омӯс 9:9). Он калима дар ояти зерин ба маънои рамзӣ омадааст: «Худованд қадамҳои мардро барқарор мекунад, ва ба роҳи вай таваҷҷӯҳ менамояд, ба тавре ки вай афтад ҳам, сахт афканда намешавад, зеро ки Худованд дасташро мегирад» (Заб. 36:23, 24; Мас. 11:5; 13:17; 17:20).

Лекин профессор Эдвард Пламтри қайд мекунад: «Калимаи иброние, ки “афтидан” тарҷума шудааст, ҳеҷ гоҳ ба маънои ба гуноҳ даст задан истифода нашудааст». Аз ин рӯ як профессори дигар Масалҳо 24:16-ро чунин маънидод мекунад: «Бо халқи Худо бад муносибат кардан бефоида аст, зеро онҳо ҳамеша комёб хоҳанд буд, вале бадкорон бошанд, комёб намегарданд!»

Бале, ҳамаи ин нишон медиҳад, ки дар Масалҳо 24:16 на оиди содир кардани гуноҳ, балки оиди такроран бо мушкилиҳо дучор шудан гуфта шудааст. Дар дунёи пур аз бадӣ шахси одил мумкин бо мушкилиҳои бо саломатӣ алоқаманд ё дигар душвориҳо рӯ ба рӯ шавад. Барои имонаш шуда вай ҳатто шояд бо таъқиботи ҳокимиятдорон дучор гардад. Вале ӯ дилпур буда метавонад, ки Худо ҳатман ӯро дастгирӣ мекунад, то ки ба душвориҳояш тоб орад ва комёб гардад. Фикр кунед: магар мо борҳои зиёд шоҳиди он нагаштаем, ки бо хизматгорони Худо чизе нашавад, оқибат ҳамааш ба хубӣ меанҷомад. Зеро мо боварӣ дорем, ки Яҳува «ҳамаи афтодагонро дастгирӣ мекунад, ва ҳамаи хамидақоматонро рост мегардонад» (Заб. 40:2–4; 144:14–19).

Одил аз душвориву мусибати дигарон шод намегардад, балки донистани он ба ӯ хурсандӣ меорад, ки «оқибат некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд», зеро онҳо аз Ӯ метарсанд (Воиз 8:11–13; Айюб 31:3–6; Заб. 26:5, 6).