Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

Зане бо номи Памела бо бемории ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд ва барои муолиҷа аз духтурони баландихтисос кӯмак ҷуст. Вале ӯ ҳамчунин ба Худо дуо гуфта қувват мепурсид, ки ба ин вазъияти душвораш тоб орад. Оё дуо ба вай кӯмак кард?

«Ҳангоми табобати саратон маро бисёр вақт тарсу ваҳм фаро мегирифт,— мегӯяд Памела.— Аммо вақте ман ба Яҳува Худо дуо мегуфтам, дилам тинҷ ва фикрҳоям ҷо ба ҷо мешуданд. Ман ҳоло ҳам аз дарди зиёд азоб мекашам, вале дуо ба ман ёрдам мекунад, ки дар бораи чизҳои хуб фикр кунам. Вақте одамон маро аҳволпурсӣ мекунанд, ман мегӯям: “Ман худро нағз ҳис намекунам, вале дилам зиқ нест”».

Албатта, шарт нест, ки мо танҳо баъди бо душвориҳои ҷиддӣ дучор шудан ба Худо дуо гӯем. Ҳамаи мо хоҳу нохоҳ бо ҳар гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешавем ва барои тоб овардан ба онҳо ба ёрӣ мӯҳтоҷ мегардем. Дуо ба мо чӣ тавр кӯмак карда метавонад?

Китоби Муқаддас чунин мегӯяд: «Бори дилатро ба Худованд парто, ва Ӯ ба ту ғамхорӣ хоҳад кард. Ӯ ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки одил фурӯ ғалтад» (Забур 54:23). Чӣ фикри тасаллибахш, ҳамин тавр-не?

Хӯш, дуо ба шумо чӣ тавр кӯмак карда метавонад? Вақте ба Худо бо тарзи дуруст дуо мегӯед, Ӯ барои тоб овардан ба мушкилиҳоятон ёрии лозимаро мерасонад. Ба чорчӯбаи  «Манфиате, ки дуо меорад» нигаред.