Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё Худо дуоҳои шуморо мешунавад?

Оё Худо дуоҳои шуморо мешунавад?

Вақте шумо дуо мегӯед, оё боварӣ доред, ки Парвардигор дар ҳақиқат шуморо гӯш мекунад?

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧӢ МЕГӮЯД?

  • Худо дуоҳоро гӯш мекунад. Китоби Муқаддас моро боварӣ мебахшад, ки «Худованд наздик аст ба ҳамаи онҳое ки Ӯро мехонанд, ба ҳамаи онҳое ки Ӯро ба ростӣ мехонанд... истиғосаи онҳоро мешунавад, ва онҳоро наҷот медиҳад» (Забур 144:18, 19).

  • Худо мехоҳад, ки шумо ба Ӯ дуо гӯед. Китоби Муқаддас моро даъват мекунад: «Дар бораи ҳеҷ чиз ғам нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо ва шукру миннатдорӣ хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед» (Филиппиён 4:6).

  • Яҳува ҳақиқатан ҳам дар бораи шумо ғамхорӣ мекунад. Худо аз ҳамаи ғаму ташвишҳои мо бохабар аст ва ба мо кӯмак кардан мехоҳад. «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед, зеро Ӯ ба шумо ғамхорӣ мекунад» (1 Петрус 5:7).