Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё барои ояндаи хушбахт доштан инсони хуб будан басанда аст?

Оё барои ояндаи хушбахт доштан инсони хуб будан басанда аст?

Тӯли асрҳо бисёр одамон бовар мекарданд, ки барои ояндаи хушбахт доштан инсони хуб будан лозим аст. Масалан, мардуми Осиё бо ақидаи файласуф ва муаллим Конфутсия (с. 551–479-и то милод) розиянд, ки гуфтааст: «Чизеро немехоҳед, ки дигарон ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо чунин накунед» *.

КОРЕ, КИ БИСЁР ОДАМОН МЕКУНАНД

Бисёр одамон то ҳол бовар доранд, ки рафтори хуб калиди хушбахтии оянда аст. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки боэҳтирому хушмуомила бошанд, мавқеашонро дар ҷомеа донанд ва виҷдони пок дошта бошанд. Лин ном зане аз Ветнам мегӯяд: «Ман ҳамеша мегуфтам, ки агар боинсофу ростқавл бошам, ҳаёти хуб хоҳам дошт».

Баъзеҳо барои эътиқодашон шуда некӣ мекунанд. Марде бо номи Шу-Юн, ки аз Тайван аст, мегӯяд: «Моро таълим медоданд, ки ба рафторамон вобаста аст, ки баъд аз марг то абад хушбахтона зиндагӣ мекунем ё ҷовидона азоб мекашем».

ОЁ ИНСОНИ ХУБ БУДАН, ДАР АСЛ, КАФОЛАТИ ОЯНДАИ ХУШБАХТ АСТ?

Рост аст, ки вақте мо ба дигарон некӣ мекунем, самари хуб мебинем. Бо вуҷуди ин бисёриҳо фаҳмидаанд, ки нигоҳ накарда ба некиҳояшон дигарон на ҳама вақт ба онҳо аз рӯйи адолат рафтор мекунанд. Зане бо номи Ши Пин аз Ҳонконг мегӯяд: «Ман аз таҷрибаи худ гуфта метавонам: онҳое, ки некӣ мекунанд, на ҳама вақт некиашон бармегардад. Ман ҳамеша дар бораи оилаам ғамхорӣ менамудам ва кӯшиш мекардам, ки некукор бошам. Ба ин нигоҳ накарда шавҳарам ману писарамро партофта рафт».

Бисёриҳо боварӣ ҳосил карданд, ки дин на ҳама вақт ба рафтори кас таъсири хуб мерасонад. Зане бо номи Этсуко, ки дар Ҷопон зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Ман узви як ташкилоти динӣ шуда роҳбари гурӯҳи ҷавонон таъйин гаштам. Рости гап, ба ҳайрат омадам, вақте дидам, ки то чӣ андоза ахлоқи одамон дар ин ташкилот паст аст. Онҳо барои қудрат рақобат мекарданд ва маблағи хайрияро беинсофона истифода мебурданд».

«Ман ҳамеша дар бораи оилаам ғамхорӣ менамудам ва кӯшиш мекардам, ки некукор бошам. Ба ин нигоҳ накарда шавҳарам ману писарамро партофта рафт» (ШИ ПИН, ҲОНКОНГ).

Баъзе имондорон, вақте мебинанд, ки корҳои некашон онҳоро аз бадбахтӣ эмин намекунад, дилшикаста мегарданд. Дар ин хусус зане аз Ветнам, ки Ван ном дорад, мегӯяд: «Ҳар рӯз ман мева, гулҳо ва хӯрок харида ба наздикони фавтидаам мебахшидам, бо нияте, ки дар оянда некӣ мебинам. Новобаста ба корҳои нек ва қурбониҳое, ки тӯли солҳо меовардам, шавҳарам ба бемории сахт гирифтор шуд. Ба болои ин духтарам, ки дар дигар давлат таҳсил мекард, хеле ҷавон аз дунё гузашт».

Агар инсони хуб будан кафолати ояндаи осуда набошад, пас, чӣ аст? Барои ёфтани ҷавоби ин савол ба мо роҳнамои боваринок лозим аст, манбае, ки ба саволҳоямон ҷавоб медиҳаду сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамоӣ мекунад. Ин роҳнаморо аз куҷо ёфтан мумкин?

^ сарх. 2 Маълумоти бештарро дар бораи таълимоти Конфутсия аз боби 7-уми китоби «Одамизод дар ҷустуҷӯйи Худо», сарх. 31–35 (рус.) гирифта метавонед. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр гаштааст ва дар сомонаи www.pr418.com дастрас мебошад.