Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон

Роҳнамои боваринок сӯйи ояндаи дурахшон

Аз мақолаҳои гузашта мо фаҳмидем, ки одамон ояндаи хушбахтро бо ҳар роҳ мекобанд. Баъзеҳо ба фолбинӣ, маълумоти олӣ ва боигарӣ такя мекунанд. Инчунин онҳое ҳастанд, ки ба ақидаашон одами хуб шудан кафолати ҳаёти хуб аст. Лекин ба ин роҳҳо умед бастан мисли он аст, ки шахс харитаи хаторо истифода бурда ба ҷойи нодуруст меравад. Пас, оё гуфтан мумкин аст, ки сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамое нест? Не албатта!

РОҲНАМОИ БЕҲТАРИН

Вақте мо қарор қабул карданӣ мешавем, одатан аз шахсе, ки аз мо калонтару хирадмандтар аст, маслиҳат мепурсем. Ба ин монанд барои ба даст овардани ояндаи дурахшон ба Сарчашмае рӯ меорем, ки аз мо калонтару хирадмандтар аст, то роҳнамоии беҳтарин гирем. Маслиҳатҳои ӯ дар навиштаҳои илоҳӣ омадааст, ки 3500 сол пеш ба қалам оварда шудаанд. Ин ҷамъи навиштаҳоро одамон Китоби Муқаддас меноманд.

Чаро Китоби Муқаддас сазовори боварӣ аст? Зеро муаллифаш Онест, ки дар Коинот аввалин ва хирадмандтарин мебошад. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки ӯ аз «Қадимулайём» ва «аз азал то абад» вуҷуд дорад (Дониёл 7:9; Забур 90:2). Ӯ «Офаридгори осмон, Худои ҳақиқӣ, Офарандаи замин» аст (Ишаъё 45:18). Ӯ ба мо номашро ошкор кардааст, ки Яҳува мебошад (Забур 83:18).

Азбаски Муаллифи Китоби Муқаддас Офаридгори тамоми одамизод аст, дар ин китоб рӯйбинӣ дида намешавад. Маслиҳатҳои он дар ҳар давру замон корбурданд ва ба тамоми одамон манфиат меоранд. Ягон китоб мисли Китоби Муқаддас ба бисёр забонҳои гуногун тарҷума ва паҳн нашудааст *. Аз ин ҷост, ки одамон дар кадом кунҷи дунё набошанд, онро ба осонӣ фаҳмида аз роҳнамоиаш баҳра бурда метавонанд. Суханони мазкур ба гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддас рост меоянд:

«Худо ҳамаро бо як чашм мебинад, ва ҳар кӣ аз ӯ тарсаду дуруст рафтор кунад, аз кадом халқе набошад, ба ӯ маъқул аст» (КОРНОМА 10:34, 35).

Чи хеле ки волидон фарзандонашонро дӯст медоранд ва роҳнамоӣ мекунанд, Яҳува Худо низ, ки Падари меҳрубон аст, ба воситаи Каломаш моро роҳнамоӣ мекунад (2 Тимотиюс 3:16). Бале, Китоби Муқаддас сазовори боварист. Шумо аз он дилпур буда метавонед. Охир, Яҳува моро офаридааст ва ӯ беҳтар медонад, ки чӣ моро хушбахт карда метавонад.

Барои соҳиби чунин оянда шудан чӣ кор кардан лозим? Ҷавоби ин савол дар мақолаи навбатӣ оварда шудааст.

^ сарх. 6 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи тарҷума ва паҳн гаштани Китоби Муқаддас ба сомонаи www.pr418.com нигаред (бахши БИБЛЕЙСКИЕ УЧЕНИЯ > ИСТОРИЯ И БИБЛИЯ).

^ сарх. 16 Барои гирифтани маълумоти бештар ба боби 9-уми китоби «Китоби Муқаддас. Каломи Худо ё инсон?» (рус.) нигаред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст ва дар сомонаи www.pr418.com дастрас мебошад (бахши БИБЛИОТЕКА > КНИГИ И БРОШЮРЫ).