Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 3

Мардуми сершумор Худо ва Масеҳро ҷалол медиҳанд

Мардуми сершумор Худо ва Масеҳро ҷалол медиҳанд

«Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст, ва аз ҷониби Барра аст!» (ВАҲЙ 7:10).

СУРУДИ 30 Яҳува ҳукмронии худро сар кард

ПЕШГУФТОР *

1. Нутқе, ки соли 1935 дар як анҷуман гуфта шуд, ба ҷавоне чӣ гуна таъсир кард?

СОЛИ 1926 ҷавони 18-солае таъмид гирифт. Волидони ӯ Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас буданд, ки он вақт Шоҳидони Яҳуваро чунин меномиданд. Онҳо се писару ду духтар доштанд ва фарзандонашонро чун хизматгори Худо ва пайрави Масеҳ тарбия карданд. Он ҷавон дар қатори ҳамаи дигар Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас он вақт дар Шоми ёдбуди марги Масеҳ аз рамзҳо қабул мекард. Вале нутқи хотирмони таърихӣ, ки «Мардуми сершумор» ном дошт, умедашро ба оянда пурра дигар кард. Бо он нутқ соли 1935 бародар Рутерфорд дар анҷумане, ки дар шаҳри Вашингтон (ИМА) гузашт, баромад кард. Дар он анҷуман ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас чӣ ошкор шуд?

2. Дар нутқаш бародар Рутерфорд кадом ҳақиқати ҳаяҷонбахшро фаҳмонд?

2 Дар ин нутқаш бародар Рутерфорд фаҳмонд, ки «мардуми сершумор» аз Ваҳй 7:9 киҳоро ташкил медиҳанд. То он вақт Тадқиқотчиён фикр мекарданд, ки «мардуми сершумор» гурӯҳи одамоне мебошанд, ки ба осмон мераванд, вале назар ба тадҳиншудагон камтар содиқанд. Аммо бародар Рутерфорд бо ёрии Навиштаҳо фаҳмонд, ки мардуми сершумор ба ҳаёти осмонӣ даъват нашудаанд, балки гӯсфандони дигари * Масеҳ мебошанд, ки дар «мусибати бузург» наҷот ёфта дар замин абадан зиндагӣ хоҳанд кард (Ваҳй 7:14). Исо чунин гуфта буд: «Ман гӯсфандони дигаре ҳам дорам, ки аз ин қӯра нестанд ва онҳоро низ бояд биёрам. Онҳо овози маро хоҳанд шунид ва як рама хоҳанд шуд ва як чӯпон хоҳанд дошт» (Юҳ. 10:16). Ин «гӯсфандони дигар» Шоҳидони содиқи Яҳува мебошанд, ки умед доранд дар биҳишти рӯйи замин ҷовидона зиндагӣ кунанд (Мат. 25:31–33, 46). Биёед фаҳмем, ки чунин дурахшидани нури ҳақиқат чӣ тавр ҳаёти бисёр Шоҳидон, аз он ҷумла ҳаёти он бародари 18-соларо дигар кард (Заб. 96:11; Мас. 4:18).

ФАҲМИШИ НАВ ҲАЁТИ ҲАЗОРҲО ОДАМОНРО ТАҒЙИР ДОД

3, 4. Дар анҷумани соли 1935 ҳазорон иштирокчиён дар бораи умеди худ чиро дарк карданд ва чаро?

3 Лаҳзаи ҳаяҷонбахши он анҷуман вақте фаро расид, ки нотиқ ба шунавандагон чунин гуфт: «Онҳое, ки умеди дар замин абадан зиндагӣ карданро доранд, лутфан аз ҷоятон хезед». Мувофиқи гуфти як шоҳид аз нисф зиёди ҳузурдоштагон аз ҷо хестанд. Ва бародар Рутерфорд хитоб кард: «Ана, мардуми сершумор!» Сипас ҳама ҷоро нидои шодӣ ва овози кафкӯбиҳои баланд фаро гирифт. Онҳое, ки аз ҷояшон хеста буданд, дарк мекарданд, ки ба ҳаёти осмонӣ даъват нашудаанд ва Худо бо рӯҳаш онҳоро тадҳин накардааст. Рӯзи дигари анҷуман 840 нафар шогирди нав таъмид гирифт, ки аксарияташон аз ҷумлаи гӯсфандони дигар буданд.

4 Баъд аз шунидани ин нутқ он ҷавоне, ки оидаш дар боло гуфтем ва ҳазорҳо нафари дигар дар Шоми ёдбуд аз рамзҳо қабул карданро бас карданд. Як бародар фурӯтанона ҳиссиёти бисёр касонро баён намуда гуфт: «Бори охир ман дар Шоми ёдбуди соли 1935 аз рамзҳо қабул кардам. Ман дарк кардам, ки Яҳува ба воситаи рӯҳи муқаддасаш дар ман умеди осмонӣ наниҳодааст; баръакс, ман умед доштам, ки дар замин зиндагӣ кунам ва барои ба биҳишт табдил додани он ёрӣ диҳам» (Рум. 8:16, 17; 2 Қӯр. 1:21, 22). Аз он вақт инҷониб миқдори он мардуми сершумор зиёд шудан гирифт ва онҳо якдилона бо бақияи тадҳиншудагон ҳамкорӣ мекунанд.

5. Яҳува ба онҳое, ки аз рамзҳои Шоми ёдбуд қабул карданро бас карданд, чӣ тавр менигарад?

5 Яҳува ба он нафароне, ки баъди соли 1935 қабули рамзҳоро дар Шоми ёдбуд бас карданд, чӣ хел муносибат мекунад? Ва агар имрӯз ягон Шоҳиди Яҳува, ки пеш дар Шоми ёдбуд аз нон ва шароб қабул мекард, дарк кунад, ки ӯ дар асл тадҳиншуда нест, Яҳува дар бораи ӯ чӣ фикр мекунад? (1 Қӯр. 11:28). Баъзеҳо аз рамзҳо қабул мекарданд, зеро дар бораи умеди худ фаҳмиши нодуруст доштанд. Вале, агар онҳо хатои худро фаҳмида самимона ба ин иқрор шаванд, аз рамзҳо қабул карданро бас кунанд ва содиқона хизмати Яҳуваро давом диҳанд, ӯ албатта онҳоро чун гӯсфандони дигар қабул мекунад. Онҳо аз нон ва шароб қабул накунанд ҳам, ба Шоми ёдбуд меоянд, зеро барои он корҳое, ки Яҳува ва Исо барояшон карданд, хеле миннатдоранд.

УМЕДИ ОЛИҶАНОБ

6. Исо ба фариштагон чӣ гуна амр додааст?

6 Азбаски мусибати бузург наздик шуда истодааст, хуб мебуд боби 7-уми китоби Ваҳйро дида бароем, ки он ҷо дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда ва мардуми сершумор боз чӣ гуфта шудааст. Дар он рӯъё Исо ба фариштагон амр медиҳад, ки чор боди ҳалокатоварро маҳкам дошта истанд, то даме ки ба ҳамаи масеҳиёни тадҳиншуда мӯҳри охирон гузошта нашавад, яъне то вақте ки Яҳува пурра содиқ будани онҳоро тасдиқ накунад (Ваҳй 7:1–4). Бародарони тадҳиншудаи Масеҳ барои садоқатмандиашон бо он мукофотонида мешаванд, ки онҳо дар осмон ҳамроҳи Исо чун подшоҳон ва коҳинон хизмат мекунанд (Ваҳй 20:6). Яҳува, Исо ва тамоми фариштагон бесаброна интизори онанд, ки 144 000 тадҳиншуда мукофоти осмонии худро гиранд.

Мардуми сершумор дар тан либосҳои сафед ва дар даст шохаҳои нахл доранд. Онҳо пеши равшании тахти Худо ва пеши Барра истодаанд (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Дар Ваҳй 7:9, 10 Юҳанно дар рӯъё киҳоро мебинад ва онҳо чӣ кор карда истодаанд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

Юҳанно оиди 144 000 подшоҳон ва коҳинон нақл карда сипас боз як чизи ҳаяҷонбахшро тасвир мекунад. Ӯ дар рӯъё «мардуми сершумореро» мебинад, ки аз Ҳармаҷиддӯн зинда мегузаранд. Баръакси гурӯҳи якум, гурӯҳи дуюм хеле калон аст ва шумораи аниқи он маълум нест. (Ваҳй 7:9, 10-ро хонед.) Онҳо дар тан «либосҳои дарози сафед» доранд. Ин нишон медиҳад, ки онҳо худро бо ҷаҳони Шайтон «олуда» насохтаанд ва ба Худо ва Масеҳ содиқ мондаанд (Яъқ. 1:27). Онҳо бо овози баланд хитоб мекунанд, ки ба шарофати фидия, ки Яҳува ва Исо — Барраи Худо фароҳам оварданд, наҷот ёфтанд. Инчунин онҳо дар даст шохаҳои нахл доранд ва бо ин нишон медиҳанд, ки Подшоҳи таъйинкардаи Яҳува — Исоро бо шодиву хурсандӣ эътироф мекунанд. (Бо Юҳанно 12:12, 13 муқоиса кунед.)

8. Дар Ваҳй 7:11, 12 дар бораи оилаи осмонии Яҳува чӣ гуфта шудааст?

8 Ваҳй 7:11, 12-ро хонед. Юҳанно дар рӯъё мебинад, ки оилаи осмонии Яҳува аз дидани он мардуми сершумор шодмонӣ мекунанд ва Яҳуваро ҳамду сано мегӯянд. Вақте ин рӯъё иҷро мешавад ва мардуми сершумор дар мусибати бузург наҷот меёбанд, Яҳува, Исо, фариштагон ва тадҳиншудагони эҳёшуда аз ин хушнуд хоҳанд шуд.

9. Мувофиқи Ваҳй 7:13–15 онҳое, ки ба мардуми сершумор тааллуқ доранд, ҳоло бо кадом кор машғуланд?

9 Ваҳй 7:13–15-ро хонед. Юҳанно менависад, ки мардуми сершумор «либосҳои худро бо хуни Барра шуста, сафед кардаанд». Ин суханон маънои онро доранд, ки онҳо виҷдони пок доранд ва Яҳува аз онҳо розӣ аст (Иш. 1:18). Онҳо ҳаёти худро ба Худо бахшида таъмид гирифтаанд, ба қурбонии Исо имони қавӣ доранд ва бо Яҳува муносибати наздик инкишоф додаанд (Юҳ. 3:36; 1 Пет. 3:21). Барои ҳамин онҳо мақбули Худоянд ва онҳо метавонанд «шабу рӯз» дар саҳни заминии маъбади рӯҳонии Ӯ хизмат кунанд. Онҳо имрӯз низ боғайратанд ва қисми зиёди кори мавъиза ва шогирдсозиро ба ҷо меоранд, зеро Подшоҳии Худо дар ҳаёти онҳо аз ҳама чизи муҳим аст (Мат. 6:33; 24:14; 28:19, 20).

Мардуми сершумор аз ҷумлаи гӯсфандони дигар баъди гузаштани мусибати бузург хурсандӣ доранд (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Мардуми сершумор аз чӣ дилпуранд ва онҳо иҷрошавии кадом ваъдаро хоҳанд дид?

10 Мардуми сершуморе, ки аз мусибати бузург мегузаранд, дилпуранд, ки Яҳува дар бораи онҳо минбаъд низ ғамхорӣ мекунад, зеро «Нишинандаи тахт барои онҳо хайма тайёр карда, онҳоро муҳофизат хоҳад кард». Гӯсфандони дигар иҷрошавии ваъдаи зеринро хоҳанд дид: «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ваҳй 21:3, 4).

11, 12. а) Чуноне ки дар Ваҳй 7:16, 17 гуфта шудааст, мардуми сершуморро чӣ гуна баракатҳо интизоранд? б) Гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд чӣ кор карда метавонанд ва барои чӣ?

11 Ваҳй 7:16, 17-ро хонед. Имрӯз аз боиси вазъияти душвори иқтисодӣ ё натиҷаи харобиовари ҷангҳо баъзе хизматгорони Худо гуруснагӣ мекашанд. Дигарон барои имонашон дар ҳабсанд. Вале ходимони Худо аз донистани он хурсанданд, ки баъди нобудшавии ин ҷаҳони шарир дар тамоми замин серию пурӣ мешавад ва онҳо на аз хӯроки ҷисмонӣ танқисӣ мекашанду на аз ғизои рӯҳонӣ. Вақте Яҳува тартиботи Шайтонро нест мекунад, Ӯ мардуми сершуморро аз хашми Худ, ки мисли «гармии тоқатфарсо» аст, ҳимоя хоҳад кард. Баъд аз мусибати бузург Исо наҷотёфтагонро «ба сӯйи чашмаҳои оби ҳаёт роҳнамоӣ хоҳад намуд», яъне ба онҳо ёрӣ медиҳад, ки ҳаёти ҷовидонӣ ба даст оранд. Танҳо тасаввур кунед, ки мардуми сершумор чӣ умеди олиҷанобе доранд! Аз байни миллиардҳо одамоне, ки дар рӯйи замин зистаанд, онҳо метавонанд ҳеҷ гоҳ намиранд! (Юҳ. 11:26).

12 Гӯсфандони дигар барои ин умеди беҳамто аз Яҳува ва Исо хеле миннатдоранд! Онҳо барои ҳаёти осмонӣ интихоб нашуда бошанд ҳам, ин қадри онҳоро дар пеши Яҳува кам намекунад. Барои ҳамин дар Шоми ёдбуд ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигар метавонанд Худо ва Масеҳро ҷалол диҳанд. Як роҳи ин ба маросими Шоми ёдбуди марги Исо омадан аст.

ХУДО ВА МАСЕҲРО ДАР ШОМИ ЁДБУД ҲАМД ГӮЕД

Дар Шоми ёдбуд ба ҳозирон дароз карда шудани нон ва шароб ба мо ёдрас мекунад, ки Исо ба ҷойи мо мурд, то мо соҳиби ҳаёт шавем (Ба сархатҳои 13–15 нигаред.)

13, 14. Чаро ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигар бояд ба Шоми ёдбуд оянд?

13 Солҳои охир дар Шоми ёдбуд тахминан аз байни ҳазор воиз як нафар аз рамзҳо қабул мекунад. Дар аксарияти ҷамъомадҳо касе аз онҳо қабул намекунад. Қисми бештари онҳое, ки ба Шоми ёдбуд меоянд, умеди заминӣ доранд. Пас, онҳо барои чӣ дар маросими Шоми ёдбуд иштирок мекунанд? Масалан, ба тӯй дӯстони арӯсу домод барои он меоянд, ки муҳаббаташонро ба навхонадорон нишон диҳанд ва онҳоро дастгирӣ кунанд. Ба ин монанд гӯсфандони дигар дар Шоми ёдбуд иштирок карда бо ин нишон медиҳанд, ки Масеҳ ва тадҳиншудагонро дӯст медоранд ва онҳоро дастгирӣ мекунанд. Онҳо бо иштироки худ дар ин маросим боз нишон медиҳанд, ки барои қурбонии Исо миннатдоранд, зеро ин қурбониест, ки ба туфайлаш онҳо дар замин абадӣ зиндагӣ карда метавонанд.

14 Боз як сабаби муҳими иштироки онҳо ин аст, ки онҳо ба амри Исо итоат мекунанд. Зеро вақте Исо он маросими муҳимро бо расулони содиқаш бори аввал қайд кард, ӯ ба онҳо гуфт: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 11:23–26). Аз ин рӯ гӯсфандони дигар то он вақте ки бақияи тадҳиншудагон дар заминанд, қайд кардани Шоми ёдбудро давом медиҳанд. Ва онҳо дигаронро низ ба ин маросим таклиф мекунанд.

15. Чӣ тавр мо дар Шоми ёдбуд Худо ва Масеҳро ҳамд гуфта метавонем?

15 Дар Шоми ёдбуд мо имконият дорем, ки Худо ва Масеҳро бо сурудхонӣ ва дуо ҳамд гӯем. Нутқе, ки имсол дар Шоми ёдбуд гуфта мешавад, чунин ном дорад: «Он чиро, ки Худо ва Масеҳ барои шумо карданд, қадр кунед!» Ин нутқ миннатдории моро ба Яҳува ва Исо зиёд мегардонад. Вақте нону шароб ба ҳозирон дароз карда мешавад, ба онҳо хотиррасон мегардад, ки ин рамзҳо ҷисм ва хуни Исоро тасвир мекунанд. Мо ёдовар мешавем, ки Яҳува то чӣ андоза моро дӯст медорад ва Писарашро қурбон кард, то мо ҳаёт дошта бошем (Мат. 20:28). Ҳар касе, ки Падари осмониамон ва Писари Ӯро дӯст медорад, бо камоли майл ба Шоми ёдбуд хоҳад омад.

БАРОИ УМЕДЕ, КИ ЯҲУВА ДОДААСТ, МИННАТДОР БОШЕД

16. Аз кадом ҷиҳатҳо тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар монанданд?

16 Фарқи тадҳиншудагон ва гӯсфандони дигар дар он нест, ки Яҳува як гурӯҳро аз дигараш зиёдтар дӯст медорад. Аъзоёни ҳар ду гурӯҳ барои ӯ азиз ва пурқиматанд. Охир, Яҳува ҳам тадҳиншудагон ва ҳам гӯсфандони дигарро бо як нарх — бо хуни Писари азизаш харидааст. Фарқияти байни онҳо ин аст, ки онҳо умеди гуногун доранд. Ҳар ду гурӯҳ ҳам бояд ба Худо ва Масеҳ содиқ монанд (Заб. 30:24). Инчунин дар хотир доред, ки рӯҳи Худо ба ҳамаи мо як хел таъсир мекунад. Ин маънои онро дорад, ки Яҳува рӯҳи муқаддасашро ба ҳар як шахс мувофиқи ниёзаш ато мекунад ва ин новобаста аз он ки ӯ тадҳиншуда аст ё гӯсфанди дигар.

17. Бақияи тадҳиншудагон чиро интизоранд?

17 Масеҳиёни тадҳиншуда бо умеди осмонӣ таваллуд нашудаанд. Ин умедро Худо ба онҳо додааст. Тадҳиншудагон оиди умедашон мулоҳиза меронанд, дар ин бора дуо мегӯянд ва гирифтани мукофоти осмониашонро бесаброна интизоранд. Онҳо намедонанд, ки дар осмон тани онҳо чӣ гуна мешавад (Флп. 3:20, 21; 1 Юҳ. 3:2). Вале онҳо орзуманди онанд, ки бо Яҳува, Исо, фариштагон ва дигар тадҳиншудагон вохӯранд ва дар Подшоҳии осмонӣ байни онҳо ҷойи худро ишғол намоянд.

18. Гӯсфандони дигар чиро мунтазиранд?

18 Гӯсфандони дигар дар дил умеде мепарваранд, ки ба одамон табиӣ аст — онҳо интизоранд, ки дар замин ҷовидона зиндагӣ кунанд (Воиз 3:11). Онҳо рӯзеро мунтазиранд, ки метавонанд тамоми заминро обод карда онро ба биҳишт табдил диҳанд. Ва ҳамчунин рӯзеро пазмонанд, ки метавонанд барои худ хонаҳо бино кунанд, боғҳо шинонанд ва фарзандонашонро бо саломатии комил ба воя расонанд (Иш. 65:21–23). Онҳо орзу доранд, ки ба бисёр ҷойҳои замин саёҳат карда кӯҳҳо, ҷангалҳо ва баҳрҳоро тамошо кунанд ва ҳамаи офаридаҳои Яҳуваро омӯзанд. Аз ҳама муҳимаш, онҳо аз он хушнуданд, ки дар оянда дӯстиашон бо Яҳува боз ҳам қавитар ва наздиктар хоҳад гашт.

19. Шоми ёдбуд ба ҳар яки мо чӣ имконият медиҳад ва имсол он кай мегузарад?

19 Яҳува ба ҳар як ходимаш, ки ҳаёти худро ба Ӯ бахшидааст, оиди оянда умеди беҳамто мебахшад (Ирм. 29:11). Дар Шоми ёдбуди марги Масеҳ ҳар яки мо имконияти махсус дорем, ки Худо ва Масеҳро ҷалол диҳем, зеро маҳз ба шарофати фидияе, ки онҳо фароҳам оварданд, мо аз ҳаёти беохир баҳра бурда метавонем. Бешубҳа, Шоми ёдбуд вохӯрии муҳимтарин барои масеҳиёни ҳақиқӣ мебошад, ки онро онҳо ҳар сол ҷашн мегиранд. Имсол ин маросим санаи 27-уми март, рӯзи шанбе баъди ғуруби офтоб баргузор мегардад. Имсол бисёриҳо имконият доранд, ки ин маросимро дар шароите, ки фаъолияти мо нисбатан озод аст, қайд кунанд. Дигарон бошанд, новобаста аз зиддият ба ин маросим меоянд ва баъзеҳо онро дар маҳбас қайд мекунанд. Модоме ки Яҳува, Исо ва қисми осмонии оилаи Худо ба мо нигоҳ мекунанд, биёед дар ҳар як ҷамъомад, гурӯҳ ва шахсан Шоми ёдбудро ба таври хуб қайд кунем!

СУРУДИ 12 Худо ҳаёти ҷовидониро ваъда медиҳад

^ сарх. 5 27-уми марти соли 2021 барои халқи Худо рӯзи махсус ба ҳисоб меравад. Он бегоҳ мо Шоми ёдбуди марги Масеҳро қайд мекунем. Аксари онҳое, ки дар он иштирок мекунанд, аз ҷумлаи касонеанд, ки Исо онҳоро «гӯсфандони дигар» номид. Соли 1935 дар бораи онҳо кадом ҳақиқати ҳаяҷонбахш кушода шуд? Баъди мусибати бузург «гӯсфандони дигар»-ро чӣ гуна ҳаёти олиҷаноб интизор аст? Ва онҳо дар Шоми ёдбуди марги Масеҳ иштирок карда чӣ тавр Худо ва Масеҳро ҷалол дода метавонанд?

^ сарх. 2 МАЪНОИ БАЪЗЕ КАЛИМАВУ ИБОРАҲО: Гӯсфандони дигар он пайравони Масеҳанд, ки умед доранд дар замин абадӣ зиндагӣ кунанд. Баъзеи онҳо дар давоми охирзамон хизматгори Яҳува шуданд. Ба мардуми сершумор бошад, он гӯсфандони дигар дохил мешаванд, ки дар давоми мусибати бузург ҳангоми инсониятро доварӣ кардани Масеҳ зинда хоҳанд буд ва Ҳармаҷиддӯнро паси сар хоҳанд кард.