Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мо ёд гирифтем, ки ҳеҷ гоҳ ба Яҳува «не» нагӯем

Мо ёд гирифтем, ки ҳеҷ гоҳ ба Яҳува «не» нагӯем

БАЪД аз тӯфони сахт оби дарё хеле лойқа шуда буд ва сангҳои калонро шуста меовард. Мо бояд ба соҳили дигар мегузаштем, вале ҷараёни сахти об кӯпрукро вайрон карда буд. Ману шавҳарам Ҳарви ва тарҷумонамон, ки бо забони амис гап мезад, ба тарс афтодем ва чӣ кор карданамонро намедонистем. Бародароне, ки дар соҳили дигар меистоданд, аз дарё гузашта истодани моро дида хавотиромез нигоҳ мекарданд. Дар аввал, мо мошини хурдамонро ҳай карда бо он ба қафои мошини боркаше баромадем ва мошинамон бе ёрии ресмону занҷир дар он истод. Баъд мошини боркаш оҳиста-оҳиста ба даруни оби тезҷараён ҳай кард. Ба назарамон масофа то соҳили дигар беохир метофт; мо беист ба Яҳува дуо мегуфтем ва ниҳоят сиҳату саломат дарёро гузаштем. Ин воқеа соли 1971 рӯй дод. Мо он вақт дар қисми шарқии Тайван будем, ки аз зодгоҳамон хеле дур буд. Биёед, дар бораи саргузаштамон ба шумо нақл кунам.

ЯҲУВАРО ТОРАФТ БЕШТАР ДӮСТ МЕДОРЕМ

Ҳарви дар оила аз байни чор писар калонӣ буд. Оилаи ӯ ҳақиқатро солҳои 1930-юм дар Мидленд-Ҷанкшен (Австралияи Ғарбӣ) дар вақти бӯҳрони иқтисодӣ фаҳмида буд. Муҳаббати Ҳарви ба Яҳува торафт зиёд шуд ва ӯ дар 14 солагӣ таъмид гирифт. Дере нагузашта ӯ фаҳмид, ки супоришҳоеро, ки дар ҷамъомад дода мешаванд, ҳама вақт қабул кардан лозим аст. Дар наврасиаш боре ба ӯ гуфтанд, ки дар ҷамъомад «Бурҷи дидбонӣ»-ро хонад, вале ӯ рад намуд. Зеро фикр мекард, ки онро хуб иҷро карда наметавонад. Лекин бародаре ӯро насиҳат карда гуфт: «Вақте дар ташкилоти Яҳува касе ба ту ягон супориш медиҳад, ӯ боварӣ дорад, ки ту онро иҷро карда метавонӣ» (2 Қӯр. 3:5).

Ман мисли модар ва апаи калониам ҳақиқатро дар Англия фаҳмидам. Падарам дар аввал ба он зид буд, вале хело баъдтар ӯ ҳам ҳақиқатро қабул кард. Ба розӣ набудани падарам нигоҳ накарда ман дар 9-солагиам таъмид гирифтам. Ман мақсад гузоштам, ки аввал пешрав ва баъд миссионер мешавам. Лекин падарам ба ман то ба синни 21 баромаданам иҷозат додан намехост, ки пешрав шавам. Ман бисёр интизор шудан намехостам. Аз ин рӯ ҳамин ки 16-сола шудам, бо розигии падарам ба Австралия, ба назди апаи калониам кӯчидам. Ниҳоят, вақте синнам ба 18 расид, хизмати пешравиро сар кардам.

Рӯзи тӯямон, соли 1951

Дар Австралия, ман бо Ҳарви шинос шудам. Ҳардуи мо мехостем, ки ба Яҳува чун миссионер хизмат кунем. Соли 1951 мо оиладор шудем. Баъд аз ду соли хизмати пешравиамон ӯро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Минтақаи мо қисми зиёди Австралияи Ғарбиро дар бар мегирифт, барои ҳамин бисёр вақт мо мавзеъҳои хушку беобро тай карда ба ҷойҳои дурдаст сафар мекардем.

МО БА ОРЗУЯМОН РАСИДЕМ

Маъракаи хатми Ҷилъод дар стадиони Янки, соли 1955

Соли 1954 моро ба синфи 25-уми Мактаби Ҷилъод даъват карданд. Мо орзу доштем, ки миссионер шавем ва амалӣ гаштани он орзуямон наздик буд! Мо ба воситаи киштӣ ба Ню-Йорк рафтем ва дар Мактаби Ҷилъод омӯзиши чуқури Китоби Муқаддасро сар кардем. Дар он мактаб мо ҳамчунин забони испаниро бояд меомӯхтем. Ба испанӣ ҳарфи «р»-ро ба таври махсус талаффуз кардан лозим буд ва Ҳарви дар ин душворӣ мекашид.

Ҳангоми таҳсил дар Ҷилъод муаллимон эълон карданд, ки онҳое, ки дар Ҷопон хизмат кардан мехоҳанд, метавонанд дар курси омӯзиши забони ҷопонӣ худро номнавис кунанд. Мо қарор кардем, ки беҳтараш худи ташкилоти Яҳува барои мо таъйинот интихоб кунад. Чанде пас, Алберт Шрёдер яке аз муаллимони мактаб фаҳмид, ки мо худро ба он курс номнавис накардаем. Барои ҳамин ӯ ба мо гуфт, ки дар бораи ин нағзтар фикр кунем. Мо ҳоло ҳам дудила будем, вале бародар Шрёдер чунин гуфт: «Ман ва муаллимони дигар шуморо ба ин курс нависондем. Канӣ як санҷида бинед-чӣ, забони ҷопониро омӯхта метавонед ё не». Ба Ҳарви аз худ кардани забони ҷопонӣ назар ба испанӣ осонтар буд.

Мо соли 1955 ба Ҷопон омадем, ки он вақт дар тамоми мамлакат ҳамагӣ 500 воиз буд. Ҳарви ҳамон вақт 26-сола буд, ман бошам 24-сола. Моро ба шаҳри бандарии Кобе таъйин карданд, ки он ҷо мо чор сол хизмат кардем. Баъд ба мо аз нав хизмати нозириро пешниҳод карданд, ки аз ин мо хеле хурсанд шудем. Мо дар наздикии шаҳри Нагоя хизмат мекардем ва бародару хоҳарон, хӯрокҳои он ҷо ва табиати атрофро хеле дӯст доштем. Каме баъдтар бошад, ба мо боз як имконият пайдо шуд, ки ба Яҳува «не» нагӯем.

ТАЪЙИНОТИ НАВ ДУШВОРИҲОИ НАВРО БА МИЁН ОВАРД

Ману Ҳарви бо дигар миссионерон дар шаҳри Кобе (Ҷопон), соли 1957

Баъди се соли хизмати нозирӣ, филиали Ҷопон аз мо хоҳиш кард, ки ба Тайван рафта ба халқияти таҳҷоии амис мавъиза кунем. Дар он ҷо осиён пайдо шуда буданд ва филиали Тайван барои пешгирӣ кардани осият ба бародаре ниёз дошт, ки бо забони ҷопонӣ гап зада метавонист *. Мо хизмати худро дар Ҷопон дӯст медоштем, барои ҳамин қабули ин қарор ба мо душвор буд. Вале Ҳарви таълим гирифта буд, ки ҳеҷ гоҳ ягон супоришро рад накунад, аз ин рӯ мо ба рафтан розӣ шудем.

Мо ноябри соли 1962 ба Тайван омадем. Он 2271 воиз дошт, ки аксарияти онҳо аз халқияти амис буданд. Вале ба мо лозим омад, ки аввал забони хитоиро омӯзем. Мо ба ин забон танҳо як китоби дарсӣ доштем ва ба мо муаллиме дарс медод, ки бо англисӣ гап намезад. Лекин ба ҳар ҳол мо забонро ёд гирифтем.

Чанде пас аз омаданамон Ҳарвиро ходими филиали Тайван таъйин карданд. Азбаски филиал хурд буд, Ҳарви метавонист вазифаашро ҳам дар филиал иҷро кунад ва ҳам бо бародарони амис ҳар моҳ қариб се ҳафта дар хизмати мавъиза ҳамкорӣ кунад. Инчунин вақт аз вақт ӯ чун нозири вилоятӣ хизмат мекард ва дар анҷуманҳо нутқ мегуфт. Ҳарви бо забони ҷопонӣ баромад мекард ва бародарони амис ӯро хуб мефаҳмиданд. Вале ҳукумат иҷозат намедод, ки вохӯриҳои динӣ ғайр аз забони хитоӣ бо дигар забон гузаронда шаванд. Барои ҳамин ба Ҳарви душвор бошад ҳам, ӯ нутқҳояшро бо забони хитоӣ мегуфт ва бародаре онҳоро ба забони амис тарҷума мекард.

Он вақт дар Тайван реҷаи ҳарбӣ ҷорӣ буд, аз ин рӯ бародарон барои гузаронидани анҷуманҳо аз ҳукумат иҷозат мепурсиданд. Гирифтани иҷозат осон набуд ва баъзан ин вақти дурударозро талаб мекард. Агар дар ҳафтаи анҷуман полис кори моро кашол диҳад, Ҳарви дар шӯъбаи полис менишаст ва то иҷозат ба даст наорад, аз он ҷо намерафт. Полис дар шӯъбаи худ интизор шуда нишастани марди хориҷиро раво надониста, даррав кори моро ҳал мекард.

БОРИ АВВАЛ БА КӮҲ МЕБАРОЯМ

Яке аз дарёчаҳои Тайванро гузашта ба хизмат равонаем

Ҳафтаҳое, ки мо бо бародарон ҳамкорӣ мекардем, одатан як соат ё аз ин зиёд роҳ мегаштем, ба кӯҳҳо мебаромадем ва аз дарёҳо мегузаштем. Бори аввал ба кӯҳ баромаданамро фаромӯш намекунам. Он рӯз мо тезакак наҳорӣ карда соати 5:30-и саҳар ба автобусе, ки ба қишлоқи дурдаст мерафт, нишастем. Баъд, пиёда аз шохоби васеи як дарё гузаштем ва ба кӯтале баромадем. Хамиши кӯтал чунон баланд буд, ки ҳангоми қадам мондан, ман дар рӯ ба рӯям пойҳои бародари аз ман пешбударо медидам.

Он саҳар Ҳарви бо баъзе бародарони маҳаллӣ хизмат кард, ман бошам, дар қишлоқчае, ки сокинонаш ҷопонзабон буданд, танҳо́ мавъиза кардам. Як соат нагузашта ман хеле бемадор шудам, чунки аз наҳорӣ карданам чанд соат гузашта буд. Ниҳоят вақте ман Ҳарвиро вохӯрдам, дар атроф бародарони дигар набуданд. Ҳарви якчанд маҷалларо бо се дона тухми мурғ иваз карда буд. Ӯ нишон дод, ки чӣ тавр тухмро хомохом аз ду тарафаш сӯрох карда ҳӯп кашидан мумкин аст. Албатта, он иштиҳоовар набуд, лекин ман яктоашро чашидам. Вале тухми сеюм ҳаққи кӣ шуд? Онро ман хӯрдам, чунки агар аз гуруснагӣ беҳол мешудам, Ҳарви маро бардошта аз кӯҳ фароварда наметавонист.

ШУСТУШӮ ДАР ШАРОИТИ ҒАЙРИОДӢ

Дар айёми як анҷумани ноҳиявӣ ман бо вазъияти ғайриодие дучор шудам. Мо дар хонаи бародаре истодем, ки хонааш назди ибодатгоҳ буд. Азбаски барои халқияти амис шустушӯй аҳамияти калон дошт, зани нозири ноҳиявӣ ҳама чизро барои мо муҳайё кард. Ҳарви бо коре банд буд, барои ҳамин ба ман гуфт, ки якум оббозӣ кунам. Хоҳар дар як сатил оби хунук, дар яктояш оби гарм ва як тағораи холӣ тайёр кард. Аҷоибаш ин ки ӯ тағораву сатилҳоро ба беруни ҳавлӣ баровард, ки дар рӯбарӯяш бародарон дар ибодатгоҳ ба анҷуман тайёрӣ медиданд. Барои худро паноҳ кардан ман аз ӯ хоҳиш кардам, ки ягон хел парда диҳад. Ӯ ба ман клеёнкаи беранг оварда дод. Ман фикр кардам, ки ба қафои хона гузашта дар ҷои соя оббозӣ карда метавонам, вале он ҷо баъзе мурғобиҳо буданд, ки маро чӯқӣ заданашон мумкин буд. Ман ба худ гуфтам: «Бародарон бо кори худ банд, оббозӣ кардани маро аз куҷо мебинанд. Агар шустушӯ накунам, соҳибони хона хафа мешаванд. Пас, ман бояд оббозӣ кунам». Ва ҳамин тавр кардам.

Бо либоси миллии амис

АДАБИЁТ БА ЗАБОНИ АМИС

Ҳарви медид, ки ба бародарони амис рӯҳан пешравӣ кардан душвор аст, чунки бисёрашон хонда наметавонистанд ва ба забони онҳо ягон адабиёт набуд. Азбаски чанде пеш дар забони амис навиштаҷот пайдо шуд, ба бародарон бо забони модариашон хонданро ёд додан ёрдами калон буд. Ин меҳнати зиёдро талаб кард, вале натиҷаи хуб дод, зеро бародарон акнун бо забони худ дар бораи Яҳува омӯхта метавонистанд. Адабиёт ба забони амис дар охири солҳои 60-ум дастрас шуд ва нашри «Бурҷи дидбонӣ» аз соли 1968 оғоз ёфт.

Лекин ҳокимият ба паҳн кардани адабиёте, ки ба забони хитоӣ набуд, иҷозат намедод. Аз ин рӯ барои бехатарӣ «Бурҷи дидбонӣ» ба забони амис бо шаклҳои гуногун чоп мешуд. Масалан, давоми чанд моҳ маҷалла тавре чоп шуд, ки мақолаҳо ҳам ба забони хитоӣ-мандаринӣ буданд, ҳам ба забони амис. Агар касе бисёр савол медод, мо чунин вонамуд мекардем, ки гӯё бо ёрии ин маҷалла ба одамони маҳаллӣ забони хитоиро меомӯзем. Аз он вақт инҷониб ташкилоти Яҳува ба забони амис адабиёти зиёд баровард, то ба мардуми азизи амис барои фаҳмидани ҳақиқат кӯмак расонад (Аъм. 10:34, 35).

ДАВРАИ ТОЗАКУНӢ

Давоми солҳои 1960-ум ва 70-ум аксари бародарони амис аз рӯйи меъёрҳои Худо зиндагӣ намекарданд. Азбаски онҳо пурра принсипҳои Китоби Муқаддасро намефаҳмиданд, баъзеашон ҳаёти бадахлоқона мебурданд, ба арақхӯриву сигоркашӣ даст мезаданд ва мағзи бетелро (чун нашъа) мехоиданд. Ҳарви бисёр ҷамъомадҳоро хабар мегирифт ва кӯшиш мекард, ки назари Яҳуваро оид ба ин чизҳо ба бародарон фаҳмонад. Дар яке аз чунин сафарҳо воқеае рух дод, ки оидаш дар пешгуфтор қайд карда будам.

Бародарони фурӯтан ба ислоҳ шудан тайёр буданд, лекин сад афсӯс, ки бисёрашон ислоҳ шудан намехостанд. Шумораи воизон дар Тайван беш аз 2450 нафар буд, вале дар давоми 20 сол он қариб ба 900 фаромад. Ин хеле ғамангез буд. Ба ҳар ҳол, мо медонистем, ки Яҳува ҳаргиз ташкилоти нопокро баракат намедиҳад (2 Қӯр. 7:1). Ниҳоят, аҳли ҷамъомад ба тарзи дуруст Яҳуваро ибодат мекардагӣ шуданд ва Яҳува онҳоро баракат медод. Ҳоло дар Тайван 11 000 воиз хизмат мекунад.

Баъди соли 1980-ум ҳолати рӯҳонии ҷамъомадҳои амис рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Акнун Ҳарви метавонист вақти зиёдтарро барои одамони хитоизабон сарф кунад. Ӯ ба шавҳари якчанд хоҳарон кӯмак кард, ки Шоҳиди Яҳува шаванд ва аз ин бениҳоят хурсанд буд. Ман дар ёд дорам, ки вақте яке аз он мардон бори аввал ба Яҳува дуо гуфт, Ҳарви чӣ қадар шодӣ кард. Ман ҳам хурсандам, ки ба бисёр одамони самимӣ кӯмак карда тавонистам, то ба Яҳува наздик шаванд. Инчунин ман беҳад шодам, ки як писар ва духтари омӯзандаи пештараам ҳатто дар филиали Тайван бо мо хизмат карданд.

МАРГИ ҲАМСАРИ АЗИЗАМ

Лекин ман ҳоло бе ҳамсафари ҳаёт мондаам. Баъди тақрибан 59 соли ҳаёти оилавӣ, шавҳари азизам Ҳарви бо бемории саратон мубориза бурда 1-уми январи соли 2010 аз олам чашм пӯшид. Ӯ қариб 60 соли умрашро ба хизмати пурравақт бахшид. Ман ӯро то ҳол сахт ёд мекунам. Вале ман хеле хурсандам, ки мо ҳамроҳ дар ду давлати зебо хизмат кардем. Мо бо ду забони душвори Осиё гап заданро омӯхтем, Ҳарви бошад, бо он забонҳо навиштанро низ ёд гирифт.

Якчанд сол пас, Ҳайати роҳбарикунанда қарор кард, ки хубтар мебуд ман ба Австралия баргардам, чунки синну солам ба ҷое расидааст. Дар аввал ман аз Тайван рафтан нахостам. Вале Ҳарви ба ман ёд дода буд, ки ба ташкилоти Яҳува ҳеҷ гоҳ «не» нагӯям, барои ҳамин ман рафтам. Баъдтар, ман дарк кардам, ки он қарор дар ҳақиқат аз рӯйи хирад буд.

Ман хурсандам, ки бо забонҳои ҷопонӣ ва хитоӣ дар Байт-Ил экскурсия мегузаронам

Имрӯз ман дар филиали Австралосиё хизмат мекунам ва дар рӯзҳои истироҳат бо ҷамъомади маҳаллӣ ҳамкорӣ мекунам. Ман хурсандам, ки дар Байт-Ил бо забонҳои омӯхтаам — ҷопонӣ ва хитоӣ ба меҳмонон экскурсия мегузаронам. Аммо ман рӯзи эҳёшавии Ҳарвиро сахт интизорам. Ман медонам, ки Яҳува шавҳарамро, ки ба Ӯ ҳеҷ гоҳ «не» нагуфтанро омӯхта буд, дар хотирааш нигоҳ медорад (Юҳ. 5:28, 29).

^ сарх. 14 Ҳарчанд ҳозир забони расмӣ дар Тайван хитоӣ мебошад, аз ин пеш даҳсолаҳои зиёд он ҷо забони ҷопонӣ забони расмӣ буд. Барои ҳамин бисёр қабилаҳо он вақт дар Тайван ҳанӯз бо забони ҷопонӣ гап мезаданд.