Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 7

Принсипи сарварӣ дар ҷамъомад чӣ маъно дорад?

Принсипи сарварӣ дар ҷамъомад чӣ маъно дорад?

«Масеҳ сардори ҷамъомад ва наҷотдиҳандаи ин бадан аст» (ЭФС. 5:23).

СУРУДИ 3 «Худо муҳаббат аст»

ПЕШГУФТОР *

1. Яке аз сабабҳои ягонагӣ дар байни халқи Яҳува кадом аст?

АЪЗОИ оилаи Яҳува будан ба мо шодӣ мебахшад. Чаро дар ин оила байни мо дӯстиву ягонагӣ ҳукмфармост? Яке аз сабабҳо ин аст, ки ҳамаи мо принсипи сарвариро, ки Яҳува муқаррар кардааст, эҳтиром мекунем. Бале, чи қадаре ки мо ин принсипро хубтар фаҳмем, ягонагии байни мо ҳамон қадар мустаҳкамтар мешавад.

2. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

2 Мақолаи мазкур ба мавзӯи сарварӣ дар ҷамъомад бахшида шудааст. Мо дар он саволҳои зеринро дида мебароем: нақши хоҳарон дар ҷамъомад чӣ гуна аст? Оё дуруст аст, ки ҳар як бародар сарвари ҳар хоҳар ҳисоб ёбад? Оё пирони ҷамъомад низ ба бародару хоҳарон чунин ҳокимият доранд, ки сарвари оила ба зану фарзандонаш дорад? Дар аввал, биёед фаҳмем, ки ба хоҳарон назари мо бояд чӣ гуна бошад.

БА ХОҲАРОН ЧӢ ГУНА БОЯД НАЗАР КУНЕМ?

3. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки меҳнати хоҳаронро зиёдтар қадр кунем?

3 Хоҳарони мо корҳои зиёдро ба ҷо меоранд — боғайратона ба оилаи худ ғамхорӣ мекунанд, хушхабарро мавъиза менамоянд ва аъзои ҷамъомадро дастгирӣ мекунанд. Агар мо оиди муносибате, ки Яҳува ва Исо нисбати хоҳарон доранд, мулоҳиза ронем, он гоҳ меҳнати хоҳаронро зиёдтар қадр хоҳем кард. Дар бобати муносибат бо занон Павлуси расул низ намунаи хуб гузоштааст.

4. Чӣ тавр Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува ҳам мардон ва ҳам занонро қадр мекунад?

4 Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки Яҳува занонро аз мардон паст намеҳисобад. Масалан, мо медонем, ки дар асри як Яҳува ҳам ба мардон ва ҳам ба занон рӯҳи муқаддасашро дода буд, то мӯъҷизаҳо ба амал оранд, аз он ҷумла бо забонҳои гуногун гап зананд (Аъм. 2:1–4, 15–18). Ӯ ҳам мардон ва ҳам занонро барои дар оянда бо Масеҳ ҳукмронӣ кардан бо рӯҳи муқаддасаш тадҳин мекунад (Ғал. 3:26–29). Инчунин Ӯ ҳаёти ҷовидонаро ҳам ба занон ва ҳам ба мардон мукофот медиҳад (Ваҳй 7:9, 10, 13–15). Барои мавъизаи хушхабар ва таълим додани Каломи Худо Яҳува ҳам мардон ва ҳам занонро таъйин намудааст (Мат. 28:19, 20). Масалан, китоби Аъмол дар бораи Прискила ном хоҳар нақл мекунад, ки ӯ ҳамроҳи шавҳараш Акило ба Апуллус ном марди босавод ёрдам дод, ки ҳақиқатро аниқтар фаҳмад (Аъм. 18:24–26).

5. Чӣ тавр Луқо 10:38, 39, 42 нишон медиҳад, ки Исо занонро ҳурмат мекард?

5 Исо занонро иззату эҳтиром мекард. Ӯ аз рӯйи одати фарисиён рафтор намекард. Фарисиён занонро аз мардон паст меҳисобиданд, дар ҷойи ҷамъиятӣ бо онҳо ҳатто гап намезаданд ва ҳеҷ гоҳ бо занҳо Навиштаҳоро муҳокима намекарданд. Исо бошад, мавзӯъҳои муҳими рӯҳониро ҳам бо мардон муҳокима менамуд ва ҳам бо занон *. (Луқо 10:38, 39, 42-ро хонед.) Инчунин, вақте Исо ба шаҳрҳои гуногун сафар карда хушхабарро мерасонд, ӯ ба занон иҷозат медод, ки ӯро ҳамроҳӣ кунанд (Луқ. 8:1–3). Ва Исо занонро сазовори чунин шараф дониста ба онҳо гуфт, ки рафта ба расулонаш эҳё шудани ӯро хабар диҳанд (Юҳ. 20:16–18).

6. Аз чӣ маълум, ки Павлуси расул занонро ҳурмат мекард?

6 Павлуси расул ба занон эҳтиром нишон медод. Масалан, ӯ Тимотиюсро таъкид кард, ки ҳурмати занонро ба ҷо орад. Ӯ ба вай гуфт, ки «ба пиразанон чун ба модар» ва «ба ҷавонзанон чун ба хоҳар» муносибат кунад (1 Тим. 5:1, 2). Павлус барои масеҳии баркамол шудани Тимотиюс бисёр саҳм гузошта бошад ҳам, ӯ медонист, ки аввалин шуда модар ва бибиаш ба ӯ Навиштаҳои Муқаддасро таълим додаанд (2 Тим. 1:5; 3:14, 15). Павлус дар номаи худ ба румиён хоҳаронро ном ба ном гирифта ба онҳо салом расондааст. Ӯ корҳои хуби хоҳаронро қайд карда барои меҳнати онҳо миннатдорӣ баён намуд (Рум. 16:1–4, 6, 12; Флп. 4:3).

7. Кадом саволҳоро мо дида мебароем?

7 Чуноне ки дар мақолаи гузашта дидем, дар ягон ҷойи Навиштаҳо гуфта нашудааст, ки қадри хоҳарон аз бародарон пасттар аст. Хоҳарони азиз ва саховатманди мо дар ободии ҷамъомад саҳми калон мегузоранд. Ва пирон дар нигоҳ доштани сулҳу ягонагии ҷамъомад ба ёрдами онҳо ниёз доранд. Вале баъзе саволҳоро бояд дида бароем. Масалан, чаро Яҳува аз хоҳарон талаб мекунад, ки дар баъзе мавридҳо сари худро пӯшанд? Агар танҳо бародарон пир ё хизматгузори ҷамъомад таъйин гарданд, оё ин маънои онро дорад, ки ҳар як бародар ба ҳар як хоҳари дар ҷамъомад буда сарвар ҳисоб меёбад?

ОЁ ҲАР БАРОДАР САРВАРИ ҲАР ХОҲАР МЕБОШАД?

8. Мувофиқи Эфсӯсиён 5:23 оё ҳар як бародар сарвари ҳар хоҳар ҳисоб меёбад? Фаҳмонед.

8 Агар кӯтоҳ ҷавоб диҳем, не! Ин ё он бародар сарвари ҳар як хоҳар ҳисоб намеёбад, балки сарвари онҳо Масеҳ аст. (Эфсӯсиён 5:23-ро хонед.) Дар оила шавҳар сардори зани худ мебошад. Писари таъмидёфта сарвари модари худ ҳисоб намеёбад (Эфс. 6:1, 2). Дар ҷамъомад бошад, пирон ба бародару хоҳарон танҳо ба андозаи муайян ҳокимият доранд (1 Тас. 5:12; Ибр. 13:17). Хоҳари муҷаррад, ки дигар бо падар ва модараш зиндагӣ намекунад, минбаъд низ волидонашро ҳурмат мекунад, вале падараш дигар сарвари ӯ ҳисоб намеёбад. Ва хоҳар эҳтироми пиронро ба ҷо меорад, вале чуноне ки сарвари мардони ҷамъомад Исо аст, сарвари хоҳари муҷаррад низ танҳо Исо мебошад.

Фарзандони муҷаррад, ки дигар бо волидонашон зиндагӣ намекунанд, зери сарварии Масеҳ қарор доранд. (Ба сархати 8 нигаред.)

9. Чаро хоҳарон дар баъзе мавридҳо бояд сари худро пӯшанд?

9 Лекин Яҳува маҳз бародаронро таъйин кардааст, ки дар ҷамъомад таълим диҳанд ва дар ибодати Яҳува роҳбариро ба ӯҳда гиранд. Ба занон бошад, чунин ҳуқуқро надодааст (1 Тим. 2:12). Чаро? Ин қоидаест, ки Яҳува ҷорӣ кардааст, то ки дар оилааш як тартиби муайян бошад. Исоро низ Ӯ бо ҳамин мақсад сарвари мард таъйин намуд. Агар аз боиси ягон вазъият кореро, ки дар асл бояд бародар иҷро мекард, хоҳар ба ҷо орад, пас дар ин ҳолат хоҳар бояд сарашро пӯшад * (1 Қӯр. 11:4–7). Ин талаботи Яҳува маънои онро надорад, ки Ӯ хоҳаронро паст мешуморад, балки бо ин роҳ Ӯ ба онҳо имконият медиҳад, ки эҳтироми худро ба принсипи сарварӣ нишон диҳанд. Акнун биёед дида бароем, ки сарварони оила ва пирон то кадом андоза ҳокимият доранд.

ВАЗИФАИ САРВАРОНИ ОИЛА ВА ПИРОН

10. Бо кадом ният пири ҷамъомад шояд барои бародару хоҳарон қоидаҳо ҷорӣ карданӣ шавад?

10 Пирон Масеҳро дӯст медоранд, инчунин онҳо «барраҳо»-еро, ки Яҳува ва Исо барои ғамхорӣ ба онҳо супоридаанд, дӯст медоранд (Юҳ. 21:15–17). Пири ҷамъомад аз ниятҳои хуб мумкин фикр кунад, ки ӯ ба бародару хоҳарон падарвор сарварӣ карда метавонад. Чуноне ки сарвари оила ҳуқуқ дорад, ки барои ҳимоя кардани оилааш қоидаҳо барорад, пири ҷамъомад низ шояд фикр кунад, ки барои муҳофизати рамаи Худо қоидаҳо бароварда метавонад. Ва баъзе бародару хоҳарон пирони ҷамъомадро сарвари рӯҳонӣ дониста мумкин аз онҳо хоҳиш кунанд, ки оиди ягон масъала ба ҷояшон қарор қабул кунанд. Вале оё гуфтан мумкин аст, ки ҳокимияти пирон дар ҷамъомад чени ҳокимияти падар дар оила аст?

Пирон ба аъзоёни ҷамъомад кӯмак мекунанд, ки бо Яҳува муносибати наздикро нигоҳ доранд ва худро боқадру даркорӣ ҳис кунанд. Яҳува онҳоро ӯҳдадор кардааст, ки ҷамъомадро ахлоқан пок нигоҳ доранд. (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.)

11. Аз кадом ҷиҳатҳо нақши сарварони оила ва пирон монанданд?

11 Павлуси расул қайд кард, ки нақши пири ҷамъомад аз баъзе ҷиҳатҳо ба нақши сарвари оила монанд аст (1 Тим. 3:4, 5). Масалан, Яҳува мехоҳад, ки зану фарзандон ба сарвари оила итоаткор бошанд (Қӯл. 3:20). Ба ин монанд, Ӯ мехоҳад, ки аъзоёни ҷамъомад ба пирон итоат кунанд. Яҳува ҳам аз сарварони оила ва ҳам аз пирон талаб мекунад, ки дар бораи саломатии рӯҳонии касоне, ки зери назораташон ҳастанд, ғамхорӣ кунанд. Инчунин падарон ва пирон бояд дар бораи ниёзҳои эмотсионалии аъзои оила ва ҷамъомад ғамхорӣ кунанд. Ва мисли падари хуб пирон ба бародару хоҳароне, ки бо душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ёрӣ медиҳанд (Яъқ. 2:15–17). Ғайр аз ин, Яҳува аз пирон ва сарварони оила интизор аст, ки ба дигарон дар риояи меъёрҳои Ӯ кӯмак кунанд ва «аз доираи он чӣ» дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, берун набароянд (1 Қӯр. 4:6).

Сарварони оиларо Яҳува ӯҳдадор кардааст, ки ба оилаашон роҳбарӣ кунанд. Пеш аз қабули қарорҳо сардори хуби оила бо занаш маслиҳат мекунад. (Ба сархати 13 нигаред.)

12, 13. Дар Румиён 7:2 чӣ гуфта шудааст ва ҳуқуқи сарварони оила аз ҳуқуқи пирон чӣ фарқ дорад?

12 Аммо ҳуқуқе, ки пири ҷамъомад дорад, аз ҳуқуқи сарвари оила ба куллӣ фарқ мекунад. Масалан, Яҳува ба пирон ҳуқуқ додааст, ки чун довар амал кунанд ва онҳоро ӯҳдадор кардааст, ки гунаҳкорони тавбанакардаро аз ҷамъомад хориҷ намоянд (1 Қӯр. 5:11–13).

13 Лекин Яҳува ба сарварони оила ба кардани баъзе корҳо ҳуқуқ додааст, ки пирон дар ҷамъомад ба чунин корҳо ҳақ надоранд. Масалан, сардори оила ҳуқуқ дорад, ки барои оилааш қоидаҳо барорад ва риояи онҳоро назорат кунад. (Румиён 7:2-ро хонед.) Мисол, сардори оила ҳақ дорад муайян кунад, ки фарзандонаш шаб соати чанд бояд дар хона шаванд. Агар онҳо ин қоидаро риоя накунанд, ӯ ҳақ дорад онҳоро танбеҳ диҳад (Эфс. 6:1). Албатта, падаре, ки оилаашро дӯст медорад, пеш аз баровардани қоидаҳо бо ҳамсараш маслиҳат мекунад, чунки онҳо «як тан мебошанд» * (Мат. 19:6).

ИСОРО ЧУН САРВАРИ ҶАМЪОМАД ҲУРМАТ КУНЕД

Исо зери сарварии Яҳува ба ҷамъомадҳои масеҳӣ дастурот медиҳад. (Ба сархати 14 нигаред.)

14. а) Дар асоси Марқӯс 10:45 чаро Яҳува Исоро ба сарвари ҷамъомад таъин кардан сазовор донист? б) Ҳайати роҳбарикунанда чӣ гуна ӯҳдадорӣ дорад? (Ба чорчӯбаи  «Нақши Ҳайати роҳбарикунанда» нигаред.)

14 Яҳува ба воситаи фидияи Исо ҳаёти ҳар як шахси дар ҷамъомадбударо харидааст. (Марқӯс 10:45-ро хонед; Аъм. 20:28; 1 Қӯр. 15:21, 22). Азбаски Исо ҷонашро барои мо фидо кард, Яҳува сазовор донист, ки ӯро сарвари ҷамъомад таъйин кунад. Чун сарвари мо Исо ҳуқуқ дорад, ки оиди рафтору кирдори ҳар як хизматгори Худо, оилаҳои масеҳӣ ва тамоми ҷамъомад қоидаҳо муқаррар кунад ва иҷрои онҳоро назорат намояд (Ғал. 6:2). Вале сарвари мо Исо танҳо бо баровардани қонуну қоида банд нест. Ӯ ҳар яки моро дӯст медорад ва дар ҳаққамон ғамхорӣ мекунад (Эфс. 5:29).

 

15, 16. Шумо аз гуфтаҳои хоҳар Марли ва бародар Бенҷамин ба худ чӣ дарс мегиред?

15 Хоҳарон эҳтироми худро ба Масеҳ бо он нишон медиҳанд, ки ба дастуроти бародарони масъул итоат мекунанд. Хоҳаре бо номи Марли, ки аз ИМА аст, ақидаи бисёр хоҳаронро баён карда чунин мегӯяд: «Ман вазифаи худро ҳамчун ҳамсар ва хоҳар дар ҷамъомад қадр мекунам. Ман бояд ҳамеша кӯшиш кунам, ки нисбати сарварии шавҳарам ва мавқеи пирони ҷамъомад эҳтиром нишон диҳам. Вале онҳо инро бароям осон мегардонанд, зеро маро эҳтиром мекунанд ва барои корҳоям миннатдоранд».

16 Бародарон ба принсипи сарварӣ эҳтироми худро бо он нишон медиҳанд, ки хоҳаронро қадр мекунанд ва ҳурмати онҳоро ба ҷо меоранд. Бенҷамин ном бародаре аз Англия мегӯяд: «Ман аз шарҳҳое, ки хоҳарон дар вохӯриҳо медиҳанд, бисёр чизро ёд мегирам. Ҳамчунин аз тарзи гузарондани омӯзиши шахсӣ ва мавъизакунии онҳо бисёр фоида гирифтаам. Ба фикри ман коре, ки онҳо мекунанд, хеле арзиши калон дорад».

17. Чаро мо бояд принсипи сарвариро эҳтиром кунем?

17 Вақте ҳама аъзоёни ҷамъомад — мардон, занон, сардорони оила ва пирон принсипи сарвариро мефаҳманд ва онро эҳтиром мекунанд, дар ҷамъомад сулҳу ягонагӣ ҳукмфармо мегардад. Аз ҳама муҳимаш, вақте дигарон рафтори хуби моро мебинанд, онҳо Падари меҳрубони осмониамон Яҳуваро ҷалол медиҳанд (Заб. 150:6).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

^ сарх. 5 Хоҳарон дар ҷамъомад кадом вазифаро иҷро мекунанд? Оё ҳар як бародар сарвари ҳар як хоҳар ҳисоб меёбад? Оё ҳуқуқи пирони ҷамъомад ва сарварони оила якхела аст? Дар ин мақола мо аз Каломи Худо баъзе мисолҳоро дида баромада ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

^ сарх. 5 Ба мақолаи «Хоҳарони ҷамъомадатонро дастгирӣ кунед», сархати 6 нигаред. Он дар «Бурҷи дидбонӣ» аз сентябри соли 2020 нашр шудааст.

^ сарх. 13 Савол оиди он ки оила дар кадом ҷамъомад хизмат мекунад, дар мақолаи «Ҳар як аъзои ҷамъомадро эҳтиром кунед», сарх. 17–19 муҳокима шудааст. Ин мақола дар «Бурҷи дидбонӣ» аз августи с. 2020 чоп шуда буд.

^ сарх. 56 «Дар ҳузури» гуфтан инчунин маънои онро дорад, ки шавҳари хоҳар ё бародари таъмидёфта дар ҳамон наздикӣ аст ва шояд бо ягон кори дигар машғул асту дуо гуфтан ё омӯзиш гузарондани хоҳарро мебинад ва мешунавад.

^ сарх. 59 Оид ба ин мавзӯъ шумо муфассалтар аз китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» саҳ. 209–212 маълумот гирифта метавонед.

^ сарх. 65 Барои маълумоти бештар гирифтан оиди нақши Ҳайати роҳбарикунанда ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 июли соли 2013 саҳ. 20–25 нигаред.