Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 16

Миннатдориатонро барои фидия зиёдтар кунед

Миннатдориатонро барои фидия зиёдтар кунед

«Писари одам... барои он омад, ки... ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (МАРҚ. 10:45).

СУРУДИ 149 Барои фидия миннатдорем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Фидия чист ва чаро мо ба он мӯҳтоҷем?

ВАҚТЕ инсони комил Одам гуноҳ кард, ӯ на танҳо худаш, балки насли ояндаи худро низ аз имконияти абадӣ зистан маҳрум кард. Ӯ барои кори кардааш худро сафед карда наметавонист, чунки дидаю дониста гуноҳ кард. Вале насли ӯ чӣ? Онҳо ҳангоми гуноҳ кардани Одам ҳатто таваллуд нашуда буданд (Рум. 5:12, 14). Одам барои гуноҳи кардааш сазовори марг буд, вале оё Яҳува барои абадӣ зистани насли ӯ ягон кор карда метавонист? Бале! Чанде пас аз гуноҳи Одам Яҳува оҳиста-оҳиста ошкор кард, ки чӣ тавр миллионҳо насли Одамро аз лаънати гуноҳ ва марг озод мекунад (Ҳас. 3:15). Дар вақти муқарраркардаи Худ Яҳува Писарашро аз осмон ба замин фиристод, то ки ӯ «ҷони худро барои фидияи бисёр касон диҳад» (Марқ. 10:45; Юҳ. 6:51).

2 Фидия чист? Дар Навиштаҳои Юнонӣ «фидия» гуфта қурбонӣ кардани ҳаёти Исо дар назар дошта шудааст. Исо ҳаёташро фидо кард, то ки чизи гумкардаи Одамро аз нав ба даст орад (1 Қӯр. 15:22). Барои чӣ овардани фидия муҳим буд? Чунки меъёри адолати Яҳува, ки дар Шариаташ муқаррар карда буд, талаб мекард, ки ҳаёт бар ивази ҳаёт дода шавад (Хур. 21:23, 24). Одам ҳаёти худро чун инсони комил аз даст дод. Барои он ки меъёри адолати Яҳува вайрон нашавад, Исо ҳаёти комили худро қурбон кард (Рум. 5:17). Ҳамин тариқ Исо барои ҳамаи онҳое, ки ба фидияи ӯ имон зоҳир мекунанд, «Падари ҷовид» мегардад (Иш. 9:6; Рум. 3:23, 24).

3. Мувофиқи Юҳанно 14:31; 15:13 чаро Исо бо омодагӣ ҳаёти комилашро қурбон кард?

3 Чаро Исо бо омодагӣ ҳаёташро қурбон кард? Чунки ҳам Падари осмониаш ва ҳам мо — одамонро хеле дӯст медорад. (Юҳанно 14:31; 15:13-ро хонед.) Маҳз ин муҳаббат ба ӯ қувват бахшид, ки бо азми қавӣ беайбиашро то охир нигоҳ дорад ва иродаи Падарашро иҷро намояд. Исо то дами марг содиқ монд ва ба шарофати ин нияти аввалаи Яҳува нисбати инсоният ва замин амалӣ мегардад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро Яҳува роҳ дод, ки Исо пеш аз мурданаш бисёр азоб кашад. Ҳамчунин мо мисоли Юҳаннои расулро, ки фидияро бисёр қадр мекард, кӯтоҳ дида мебароем. Ва дар охир муҳокима мекунем, ки чӣ хел барои қурбоние, ки Яҳува ва Исо бароямон фароҳам оварданд, миннатдорӣ нишон диҳем ва онро зиёдтар гардонем.

ЧАРО ЯҲУВА РОҲ ДОД, КИ ИСО АЗОБ КАШАД?

Дар бораи ҳама азобҳое, ки Исо кашид, фикр кунед. Ӯ барои он ин қадар уқубат кашид, то ба мо фидияро фароҳам орад! (Ба сархати 4 нигаред.)

4. Чӣ тавр мурдани Исоро тасвир кунед.

Тасаввур кунед, ки рӯзи охирини заминии Исо чӣ хел гузашт. Ҳарчанд Исо метавонист барои ҳимояи худ аз Падараш фиристодани қӯшуни калони фариштагонро хоҳиш кунад, ӯ ин тавр накард. Ӯ гузошт, ки аскарони румӣ ӯро дастгир кунанд ва бераҳмона латукӯб намоянд (Мат. 26:52–54; Юҳ. 18:3; 19:1). Онҳо барои задани ӯ қамчинеро истифода бурданд, ки пӯсти ӯро дарронда баданашро хуншор мекард. Баъдтар, онҳо ба тахтапушти пурзахми Исо ғӯлачӯби вазнинеро бор карданд, ки вай онро пуштора карда то ҷойи қатлаш барад. Лекин чанде пас аз вазни он сутун қуввати Исо суст шуд ва аскарони румӣ ба як марди роҳгузар фармон доданд, ки ӯ ба ҷойи Исо ғӯлачӯбро барад (Мат. 27:32). Вақте Исо ба он ҷо расид, сарбозон дастон ва пойҳои ӯро ба он ғӯлачӯб мехкӯб карданд. Ҳангоми дар сутун овезон будан аз вазни ҷисми Исо ҷароҳатҳои мехкӯбшудааш медариданд. Аз дидани дарди ҷонкоҳи Исо дӯстонаш андӯҳгин буданд, модари мотамзадаи ӯ ашк мерехт, вале роҳбарони яҳудӣ Исоро мазоҳу масхара мекарданд (Луқ. 23:32–38; Юҳ. 19:25). Ин дарди тоқатфарсои Исо соатҳо давом кард. Бинобар овезон будани ҷисмаш ба кори дил ва шушҳои Исо зӯр меомад ва ӯ бо як азоб нафас мекашид. Исо медонист, ки ӯ содиқ монд ва пеш аз ҷон доданаш ӯ бори охир ба Яҳува дуо гуфт. Сипас ӯ сарашро хам кард ва ҷон дод (Марқ. 15:37; Луқ. 23:46; Юҳ. 10:17, 18; 19:30). Дар ҳақиқат марги Исо хеле пуразоб буд, ӯ чун як одами пасту нокас азоб кашида-азоб кашида мурд.

5. Барои Исо аз тарзи кушта шуданаш ҳам чӣ аз ҳама даҳшатноктар буд?

5 Барои Исо озмоиши сахттарин ин ваҳшиёна кушта шуданаш набуд. Ӯро аз ҳама бештар он фикр азоб медод, ки кадом айб ба гардани ӯ бор карда шудааст. Ӯро ноҳақ айбдор карданд, ки ӯ куфргӯ аст — шахсе, ки ба Худо ва номи Ӯ ягон зарра ҳурмат надорад (Мат. 26:64–66). Ин фикр Исоро чунон сахт азоб медод, ки ӯ хост Падараш ӯро аз ин шармандагӣ раҳо кунад (Мат. 26:38, 39, 42). Чаро Яҳува гузошт, ки Писари азизаш ин қадар азоб кашад ва бимирад? Биёед се сабабро дида бароем.

6. Чаро Исо бояд дар сутуни азобу шиканҷа овехта мешуд?

6 Якум, Исо бояд дар сутун овехта мешуд, то яҳудиёнро аз лаънат раҳо созад (Ғал. 3:10, 13). Исроилиён ваъда дода буданд, ки Шариати Худоро риоя мекунанд, вале ба он итоат накарданд. Барои ин беитоатиашон онҳо гирифтори лаънат шуда буданд. Барои ҳамин, онҳо ғайр аз насли гунаҳкори Одам буданашон, зери бори лаънат қарор доштанд (Рум. 5:12). Мувофиқи Шариати Худо дар Исроили қадим шахсе, ки гуноҳи сазовори марг содир мекард, бояд кушта мешуд. Сипас, дар баъзе ҳолатҳо ҷасади ӯро дар ғӯлачӯб меовехтанд *. Дар Шариат ҳамчунин қайд шуда буд, ки касе, ки ба сутун овехта шудааст, ба лаънати Худо гирифтор аст (Такр. Ш. 21:22, 23; 27:26). Исо ба сутун овехта шуда лаънати халқи Исроилро ба худ гирифт, то онҳо тавонанд аз бори лаънат раҳо гарданд ва бо вуҷуди он ки ӯро рад намуданд, аз қурбонияш манфиат гиранд.

7. Дуюм сабабе, ки Яҳува ба азоб кашидани Писараш роҳ дод, кадом аст?

7 Акнун сабаби дуюмро дида мебароем, ки чаро Худо ба азоб кашидани Писараш роҳ дод. Бо ин роҳ Ӯ Писарашро таълим дод, ки дар оянда Саркоҳини мо шавад. Исо ба замин омада дар худ чашид, ки ҳангоми озмоишҳои сахт ба Худо итоат кардан то чӣ андоза душвор аст. Ӯ чунон изтиробу ҳаяҷон ҳис мекард, ки «бо нолаҳои зиёд ва ашкрезӣ» ба Яҳува дуо гуфта кӯмак мепурсид. Азбаски Исо худаш дар озмоишҳо бисёр азобу уқубат кашидааст, «метавонад ба касоне, ки бо озмоишҳо рӯ ба рӯ мешаванд, дасти ёрӣ дароз кунад». То чӣ андоза мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба мо Саркоҳинеро, ки «дар сустиҳоямон ба мо ҳамдардӣ карда» метавонад, таъйин кардааст (Ибр. 2:17, 18; 4:14–16; 5:7–10).

8. Сабаби сеюмро фаҳмонед, ки чаро Худо ба сахт азоб кашидани Исо роҳ дод.

8 Сеюм, Яҳува ба сахт азоб кашидани Исо барои он роҳ дод, ки ба саволи муҳиме ҷавоб дода шавад. Шайтон мегӯяд, ки одамон ҳангоми озмоиши сахт ба Худо содиқ намемонанд. Вай даъво кард, ки одамон танҳо бо мақсади ба даст овардани ягон чиз Худоро ибодат мекунанд. Ва Иблис боварӣ дорад, ки онҳо ҳам мисли нахустволидашон Одам Яҳуваро дӯст намедоранд (Айюб 1:9–11; 2:4, 5). Яҳува боварӣ дошт, ки Писараш ба Ӯ содиқ мемонад, барои ҳамин гузошт, ки Исо то ба ҳадди бардошта тавонистан озмуда шавад. Ӯ беайбиашро то ба охир нигоҳ дошта бо ин исбот кард, ки гапи Шайтон дурӯғ аст.

ЮҲАННОИ РАСУЛ ФИДИЯРО БЕҲАД ҚАДР МЕКАРД

9. Юҳаннои расул ба мо чӣ намуна гузоштааст?

9 Имони бисёр хизматгорони Худоро таълимот оиди фидия қувват мебахшид. Онҳо ба зиддият ва душвориҳои гуногун нигоҳ накарда давоми тамоми ҳаёташон мавъиза мекарданд. Юҳаннои расулро мисол меорем. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ зиёда аз 60 соли умраш содиқона дар бораи Исо ва фидия ҳақиқатро мавъиза кард. Вақте ӯ қариб 100-сола буд, давлати Рум ӯро одами хеле хатарнок шуморида ба ҷазираи Патмос бадарға кард. Аз кадом сабаб? «Аз сабаби он ки дар бораи Худо гап мезад... ва дар бораи Исо шаҳодат медод» (Ваҳй 1:9). Юҳанно бо имон ва истодагарии худ ба мо намунаи барҷаста гузоштааст!

10. Чӣ тавр навиштаҳои Юҳанно маълум месозанд, ки ӯ фидияро қадр мекард?

10 Аз навиштаҳои Юҳанно дар Китоби Муқаддас мо мебинем, ки то чӣ андоза ӯ Исоро дӯст медошт ва барои қурбонии фидия миннатдор буд. Ӯ дар онҳо беш аз 100 маротиба ба фидия ё баракатҳое, ки он меорад, ишора кардааст. Масалан, Юҳанно навишт: «Агар касе гуноҳе кунад, мо дар назди Худо мададгоре дорем, ки ӯ шахси росткор — Исои Масеҳ аст» (1 Юҳ. 2:1, 2). Юҳанно инчунин муҳимияти «дар бораи Исо шаҳодат» доданро таъкид кардааст (Ваҳй 19:10). Аён аст, ки Юҳанно фидияро беҳад қадр мекард. Чӣ тавр мо ҳам миннатдории худро барои фидия нишон дода метавонем?

МИННАТДОРИАМОНРО БАРОИ ФИДИЯ ЧӢ ТАВР НИШОН ДИҲЕМ?

Агар мо фидияро ҳақиқатан қадр кунем, ба васвасаи гуноҳ дода намешавем. (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Барои ба васваса наафтодан чӣ ба мо кӯмак карда метавонад?

11 Ба васвасаи гуноҳ дода нашавед. Агар мо барои фидия дар ҳақиқат миннатдор бошем, чунин фикр намекунем: «Ҳангоми васваса ин қадар худро азоб дода худдорӣ карданам шарт нест. Ман метавонам чизе ки хоҳам, кунам ва баъд аз Худо бахшиш пурсам». Баръакс, вақте дар мо васваса пайдо мешавад, мо бояд ба худ чунин гӯем: «Не! Баъди он ки Яҳува ва Исо бароям ин қадар некӣ карданд, ман ҳеҷ гоҳ ба чунин кор даст намезанам!» Барои ба Яҳува содиқ мондан мо метавонем аз Ӯ қувват пурсида чунин дуо гӯем: «Нагузор, ки ба васваса дода [шавам]» (Мат. 6:13).

12. Мо чӣ тавр маслиҳати 1 Юҳанно 3:16–18-ро ба кор бурда метавонем?

12 Бародару хоҳаронро дӯст доред. Ба онҳо аз рӯйи муҳаббат рафтор карда мо нишон медиҳем, ки фидияро қадр мекунем. Чаро? Чунки Исо ҳаёташро на танҳо барои мо, балки барои онҳо низ фидо кардааст. Ӯ бо омодагӣ ҷонашро барои онҳо дод, пас, маълум, ки онҳоро хеле дӯст медорад. (1 Юҳанно 3:16–18-ро хонед.) Мо муҳаббати худро ба бародару хоҳарон бо тарзи муомила ва рафторамон нишон медиҳем (Эфс. 4:29, 31–5:2). Масалан, вақте бародару хоҳарон бемор мешаванд ё бо душвориҳои сахт, аз он ҷумла бо офатҳои табиӣ дучор мегарданд, мо ба онҳо кӯмак мекунем. Вале чӣ бояд кард, агар ягон ҳамимон бо рафтор ё суханаш моро хафа кунад?

13. Чаро бояд дигаронро бахшем?

13 Оё ба шумо баъзан бародар ё хоҳареро, ки шуморо хафа карда буд, бахшидан душвор аст? (Ибд. 19:18). Агар ин тавр бошад, аз рӯйи маслиҳати зерин амал кунед: «Ҳатто агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад, нисбати якдигар пурсабр бошед ва якдигарро бо омодагӣ бахшед. Чи тавре ки Яҳува шуморо бо омодагӣ бахшид, шумо низ ҳамин тавр кунед» (Қӯл. 3:13). Ҳар гоҳе ки мо бародар ё хоҳареро мебахшем, мо ба Падари осмониамон нишон медиҳем, ки дар ҳақиқат фидияро қадр мекунем. Чӣ тавр мо нисбати ин ҳадияи Худо миннатдориамонро зиёдтар карда метавонем?

БАРОИ ФИДИЯ МИННАТДОРИАТОНРО СОЛ БА СОЛ ЗИЁД ГАРДОНЕД. ЧӢ ТАВР?

14. Яке аз роҳҳое, ки мо миннатдориамонро барои фидия зиёд карда метавонем, кадом аст?

14 Барои фидия ба Яҳува сипосгузорӣ намоед. «Барои ман муҳим аст, ки ҳар рӯз дар дуоҳоям оиди фидия ёдовар шавам ва барои он ба Яҳува раҳмат гӯям»,— мегӯяд Ҷоанна ном хоҳари 83-сола аз Ҳиндустон. Ҳар рӯз дар дуоҳои шахсӣ ба Яҳува гӯед, ки дар давоми рӯз ба чӣ хатогиҳо роҳ додед ва сипас аз Ӯ бахшиш пурсед. Албатта, агар гуноҳи ҷиддӣ содир карда бошед, аз пирон низ кӯмак пурсидан лозим аст. Онҳо шуморо гӯш мекунанд ва дар асоси Каломи Худо бо муҳаббат маслиҳат медиҳанд. Онҳо ҳамроҳи шумо дуо гуфта аз Яҳува барои гуноҳатон бахшиш мепурсанд, то шумо аз нав рӯҳан «шифо ёбед» (Яъқ. 5:14–16).

15. Чаро мо бояд вақт ҷудо карда дар бораи фидия хонем ва мулоҳиза ронем?

15 Дар бораи фидия мулоҳиза ронед. «Ҳар дафъае, ки ман дар бораи азобҳои Исо мехонам,— мегӯяд Раҷамани ном хоҳари 73-сола,— дар чашмонам ашк ҳалқа мезанад». Шояд шумо низ вақте дар бораи то чӣ андоза сахт азоб кашидани Писари Худо фикр мекунед, ин бароятон дарднок аст. Вале чи қадаре ки бештар дар бораи қурбонии Исо мулоҳиза ронед, ҳамон қадар муҳаббататон ба ӯ ва ба Яҳува зиёд мегардад. Барои ин хуб мебуд, ки дар омӯзиши шахсиатон мавзӯи фидияро чуқуртар дида бароед.

Ба воситаи як маросими одӣ Исо ба шогирдонаш нишон дод, ки чӣ тавр қурбонии ӯро ёдовар шаванд. (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Ба дигарон дар бораи фидия таълим додан ба худи мо чӣ хел кӯмак мекунад? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

16 Дигаронро дар бораи фидия таълим диҳед. Ҳар боре, ки мо дигаронро дар бораи фидия таълим медиҳем, миннатдории мо барои ин тӯҳфаи Худо меафзояд. Мо якчанд маводи олиҷаноб дорем, ки бо ёрии онҳо ба дигарон фаҳмонда метавонем, ки чаро Исо ҷонашро барои мо қурбон кард. Яке аз онҳо дарси 4-уми брошураи «Хабарҳои нағз» аст, ки номи он «Исои Масеҳ кист?» мебошад. Ё худ боби 5-уми китоби «Таълими Китоби Муқаддас»-ро ба кор баред. Он боб «Бузургтарин тӯҳфаи Худо» ном дорад. Ва ҳар сол мо ба маросими Шоми ёдбуди марги Масеҳ рафта ва дигаронро низ ба он даъват карда миннатдории худро барои фидия зиёд мегардонем. Чӣ шарафи бузургро Яҳува ба мо додааст, ки дар бораи Писараш ба дигарон таълим диҳем!

17. Чаро фидия бузургтарин тӯҳфаи Худо ба инсоният аст?

17 Бале, мо аз Яҳува барои фидия миннатдорем ва мехоҳем боз ҳам бештар ин атои Ӯро қадр кунем. Чунки ба шарофати он мо — одамони нокомил бо Яҳува муносибати наздик дошта метавонем. Ба туфайли фидия корҳои Иблис комилан вайрон карда хоҳанд шуд (1 Юҳ. 3:8). Ба туфайли фидия нияти аввалаи Яҳува нисбати замин иҷро мегардад, яъне тамоми сайёраи мо ба биҳишт табдил меёбад. Он гоҳ касеро, ки вонахӯред, ӯ дӯстдорандаи Яҳува ва хизматгори Ӯ хоҳад буд. Пас, биёед, ҳар рӯз имконият ҷӯем, то барои фидия, ки бузургтарин тӯҳфаи Худо ба инсоният аст, сипосгузорӣ нишон диҳем!

СУРУДИ 148 Ту Писари азизатро қурбон кардӣ

^ сарх. 5 Чаро Исо бераҳмона кушта шуд? Мақолаи мазкур ба ин савол ҷавоб медиҳад. Он инчунин ба мо кӯмак мекунад, ки миннатдориамонро ба фидияи Исо зиёдтар гардонем.

^ сарх. 6 Аз рӯйи одати румиён ҷинояткоронро ҳанӯз дар вақти зинда буданашон ба сутун мехкӯб мекарданд ё мебастанд ва Яҳува гузошт, ки Писараш бо ин тарз кушта шавад.

^ сарх. 55 ШАРҲИ РАСМҲО: Ҳар як бародар ба васвасае муқобилат мекунад — яке аз тамошои тасвирҳои нораво рӯй мегардонад, дуюмӣ ба сигор кашидан розӣ намешавад ва сеюмӣ пора гирифтанро рад мекунад.