Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 17

Шумо барои Яҳува гаронбаҳоед!

Шумо барои Яҳува гаронбаҳоед!

«Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад» (ЗАБ. 149:4).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОР *

Падари осмонии мо ба ҳар яки мо «таваҷҷӯҳ мекунад». (Ба сархати 1 нигаред.)

1. Яҳува ба кадом ҷиҳатҳои ходимонаш аҳамият медиҳад?

ЯҲУВА ХУДО «ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад» (Заб. 149:4). Ин фикр хеле рӯҳбаландкунанда аст. Яҳува ба хислатҳои хуби мо аҳамият медиҳад. Ӯ мебинад, ки мо боз чӣ хел хубтар шуда метавонем ва ба мо ёрӣ медиҳад, ки ба Ӯ наздик шавем. Агар мо ба Ӯ содиқ монем, Ӯ абадан дӯсти мо мегардад! (Юҳ. 6:44).

2. Чаро ба баъзеҳо бовар кардан душвор аст, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад?

2 Баъзе хизматгорони Худо шояд чунин фикр кунанд: «Ман медонам, ки Яҳува халқашро дар кулли худ дӯст медорад, вале оё шахсан маро дӯст медошта бошад?» Аз кадом сабаб дар сари баъзеҳо чунин савол пайдо мешавад? Оксана * ном хоҳар, ки кӯдакиаш хеле мушкил гузаштааст, мегӯяд: «Вақте ман таъмид гирифтам ва хизмати пешравиро сар кардам, хеле хушбахт будам. Вале 15 сол пас, хотираҳои ғамовари айёми кӯдакиам бедор шуданд. Ба назарам чунин тофт, ки Яҳува дигар аз ман розӣ нест ва ман ба муҳаббати Ӯ сазовор нестам». Юа ном хоҳари пешрав, ки давраи кӯдакии ӯ низ хеле ғамгин гузаштааст, қайд мекунад: «Ман ҳаётамро ба Яҳува бахшидам, зеро мехостам, ки Ӯро хурсанд кунам. Лекин ман боварӣ доштам, ки Ӯ ҳеҷ гоҳ маро дӯст намедорад».

3. Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Шумо низ шояд мисли ин масеҳиёни содиқ Яҳуваро бисёр дӯст медоред, вале шубҳа доред, ки Ӯ шуморо дӯст медорад. Чаро шумо бояд боварӣ ҳосил кунед, ки Яҳува воқеан дар ҳаққи шумо ғамхор аст? Вақте ба муҳаббати Яҳува дар дилатон шубҳа пайдо мешавад, чӣ тавр шумо онро бартараф карда метавонед? Биёед ба ин саволҳо ҷавоб ёбем.

БА МУҲАББАТИ ЯҲУВА ШУБҲА КАРДАН ХАТАРНОК АСТ

4. Чаро ба муҳаббати Яҳува шубҳа кардан хатарнок аст?

4 Муҳаббат қувваи хеле калон дорад. Вақте мо дилпурем, ки Яҳува моро дӯст медорад ва дастгирӣ мекунад, мо нигоҳ накарда ба душвориҳои ҳаёт ба Ӯ аз таҳти дил хизмат кардан мехоҳем. Аз дигар тараф, агар мо шубҳа кунем, ки Худо дар бораи мо ғамхорӣ мекунад, қуввати мо кам хоҳад буд (Мас. 24:10). Ва вақте ки мо рӯҳафтода мегардему бовариамонро ба муҳаббати Худо гум мекунем, ба муқобили ҳамлаҳои Шайтон истодагарӣ карда наметавонем (Эфс. 6:16).

5. Шубҳа кардан ба муҳаббати Худо ба баъзеҳо чӣ тавр таъсир кард?

5 Баъзе масеҳиёни содиқ дар замони мо ба шубҳаҳо дода шуда имонашон суст шуд. Як пири ҷамъомад бо номи Ҷеймс мегӯяд: «Ҳарчанд ман дар Байт-Ил хизмат мекардам ва ба ҷамъомади хориҷизабон кӯмак мекардам, ман боварӣ надоштам, ки Худо қурбониҳои маро қабул карда истодааст. Рӯзе ҳатто ба фикр афтодам, ки Яҳува дуоҳои маро гӯш мекарда бошад ё не». Ева, ки пурравақт хизмат мекунад, мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки агар шахс ба муҳаббати Яҳува шубҳа кунад, ин ба ҳама ҷонибҳои хизмати ӯ таъсири манфӣ мерасонад; иштиҳояш ба чизҳои рӯҳонӣ суст ва хурсандиаш дар хизмат гум мешавад». Майкл ном пешрави доимӣ ва пири ҷамъомад мегӯяд: «Агар ту боварӣ надошта бошӣ, ки Худо дар ҳаққат ғамхорӣ мекунад, ту оҳиста-оҳиста аз Ӯ дур мешавӣ».

6. Вақте дар мо шубҳа пайдо мешавад, ки Худо моро дӯст медорад, мо бояд чӣ кор кунем?

6 Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки фикрҳои манфӣ ва шубҳаҳо ба имони мо зарари калон расонда метавонанд. Пас, вақте дар сари мо чунин фикрҳо пайдо мешаванд, мо бояд чӣ кор кунем? Мо бояд дарҳол онҳоро аз худ дур кунем. Аз Яҳува мадад пурсед, ки фикрҳоеро, ки шуморо ба ташвиш меоранд, бартараф намуда осоиштагии Худро, ки ақлу дилатонро муҳофизат мекунад, ато намояд (Заб. 138:23; Флп. 4:6, 7) Ва дар хотир доред, ки на танҳо дар шумо чунин фикрҳо пайдо мешаванд. Дигар хоҳару бародарони содиқ низ бо фикру ҳиссиёти манфӣ мубориза мебаранд. Ҳатто баъзе хизматгорони Яҳуваро дар замони қадим ин гуна фикру ҳиссиёт азоб медод. Биёед, ҳоло дида бароем, ки мо аз мисоли Павлуси расул чӣ омӯхта метавонем.

МО АЗ МИСОЛИ ПАВЛУС ЧӢ МЕОМӮЗЕМ?

7. Павлус чӣ гуна душвориҳо дошт?

7 Оё шумо баъзан ҳис мекунед, ки коратон аз мӯи саратон зиёд аст ва шумо аз ӯҳдаи ҳамаи он баромада наметавонед. Павлус низ баъзан худро чунин ҳис мекард. Ӯ низ одами серкор буд, вай на танҳо дар бораи як ҷамъомад, балки дар бораи ҳамаи ҷамъомадҳо ғам мехӯрд (2 Қӯр. 11:23–28). Оё ин ё он бемории кӯҳна шуморо азоб медиҳад ва хурсандиатонро медуздад? Павлусро ҳам доимо «неше дар ҷисм» азоб медод. Ин эҳтимол беморие буд, ки Павлус аз он халос шудан мехост (2 Қӯр. 12:7–10). Оё шумо баъзан аз сустиву камбудиҳои худ рӯҳафтода мешавед? Павлус низ баъзан аз нокомилии худ хаста мешуд. «Вой бар ҳоли ман»,— гуфт Павлус, чунки ӯ доимо бо майлҳои нодуруст мубориза мебурд (Рум. 7:21–24).

8. Чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки дар душвориҳояш истодагарӣ кунад?

8 Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда Павлус хизмати Яҳуваро давом медод. Чӣ ба ӯ қувват мебахшид? Ҳарчанд ӯ камбудиҳояшро нағз медонист, ӯ ба фидия имони қавӣ дошт. Павлус ҳамчунин ваъдаи Исоро медонист, ки «ҳар кӣ ба [Исо] имон оварад, соҳиби ҳаёти ҷовидонӣ» мегардад (Юҳ. 3:16; Рум. 6:23). Бале, Павлус аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба фидия имон дошт. Вай боварӣ дошт, ки Яҳува тайёр аст ҳатто онҳоеро, ки гуноҳҳои ҷиддӣ кардаанду ҳоло пушаймонанд, бо омодагӣ бахшад (Заб. 85:5).

9. Аз суханони дар Ғалотиён 2:20 навиштаи Павлус мо чӣ мефаҳмем?

9 Павлус инчунин боварии комил дошт, ки Худо вайро дӯст медорад ва инро Ӯ бо қурбонии Исо нишон додааст. (Ғалотиён 2:20-ро хонед.) Аҳамият диҳед, ки дар охири ин оят чӣ суханони дилгармкунандае омадаанд. Павлус гуфт: «Писари Худо... маро дӯст дошт ва ҳаёташро барои ман фидо кард». Павлус фикр намекард, ки Яҳува дигар бародару хоҳаронро барои хислатҳои хубашон дӯст медораду ӯро не. Ӯ ба масеҳиёни румӣ гуфт: «Худо муҳаббаташро нисбати мо бо он нишон дод, ки ҳанӯз вақте гунаҳкор будем, Масеҳ бароямон мурд» (Рум. 5:8). Ба Яҳува ҳеҷ чиз халал намерасонад, ки ҳар як хизматгорашро дӯст дорад.

10. Мо аз Румиён 8:38, 39 чӣ меомӯзем?

10 Румиён 8:38, 39-ро хонед. Павлус сад фоиз медонист, ки муҳаббати Яҳува пурзӯр аст. Ӯ навишт, ки ҳеҷ чиз «моро аз муҳаббати Худо... ҷудо карда наметавонад». Павлус медонист, ки Яҳува нисбати исроилиён хеле пурсабр буд. Вай ҳамчунин дарк мекард, ки Яҳува чӣ тавр нисбати худи ӯ дилсӯзиву марҳамат зоҳир кард. Бо дигар суханон гӯем, Павлус гӯё чунин мегуфт: «Модоме, ки Яҳува Писарашро фиристод, ки барои ман бимирад, пас чаро ман шубҳа кунам, ки Яҳува маро дӯст медорад?» (Рум. 8:32).

Барои Яҳува муҳим аст, ки ҳозир мо чӣ гуна инсонем ва дар оянда чӣ хел инсон шуданием. Хатоҳои дар гузашта кардаамон барои Ӯ аҳамият надоранд. (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Ҳарчанд Павлус пеш гуноҳҳои ҷиддӣ содир карда буд, чаро ӯ боварӣ дошт, ки Худо ӯро дӯст медорад? (1 Тим. 1:12–15)

11 1 Тимотиюс 1:12–15-ро хонед. Эҳтимол Павлус баъзан корҳоеро, ки пеш аз масеҳӣ шуданаш карда буд, ба хотир оварда худро хеле бад ҳис мекард. Ва тааҷҷубовар нест, ки ӯ худро дар байни гунаҳкорон «бадтарин» номид. Пеш аз фаҳмидани ҳақиқат ӯ аз ин шаҳр ба он шаҳр гашта масеҳиёнро доимо таъқиб мекард. Баъзеашонро ба зиндон мепартофт ва куштори баъзеи дигарро дастгирӣ мекард (Аъм. 26:10, 11). Тасаввур кунед, ки Павлус худро чӣ хел ҳис мекард вақте ягон масеҳии ҷавонеро вомехӯрд, ки волидонаш бо айби ӯ кушта шуда буданд. Павлус аз хатоҳои кардааш хеле пушаймон буд, вале ӯ медонист, ки гузаштаро дигар карда наметавонад. Ӯ боварӣ дошт, ки Масеҳ барои ӯ мурдааст. Бинобар ин бо дилпурӣ навишт: «Ба воситаи лутфу марҳамати Худо ин мавқеъро соҳиб гаштаам» (1 Қӯр. 15:3, 10). Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Ҳисоб кунед, ки Исо шахсан барои шумо мурд ва бароятон роҳ кушод, ки бо Худо муносибати гарму наздик дошта бошед (Аъм. 3:19). Барои Худо аҳамият надорад, ки мо дар гузашта — хоҳ ҳангоми Шоҳиди Яҳува будан, хоҳ набудан, чӣ гуна хатоҳоро содир карда будем. Барои Ӯ муҳим он аст, ки ҳоло мо чӣ гуна инсонем ва дар оянда чӣ гуна одам шуданием (Иш. 1:18).

12. Агар мо худро беқадру ночиз ҳис кунем, суханони 1 Юҳанно 3:19, 20 чӣ тавр ба мо кӯмак мекунанд?

12 Шояд ба шумо бовар кардан душвор аст, ки марги Исо шахсан гуноҳи шуморо рӯпӯш мекунад. Мумкин шумо гӯед: «Ман барои қабул кардани ин тӯҳфаи бебаҳо сазовор нестам». Биёед фикр кунем, ки чаро ин гуна ҳиссиёт дар шумо пайдо мешавад? Дили нокомили мо метавонад моро фиреб кунад ва маҷбур созад, ки худро ночизу беқадр ҳис кунем. (1 Юҳанно 3:19, 20-ро хонед.) Дар ин гуна ҳолатҳо мо бояд дар ёд дошта бошем, ки «Худо аз дили мо бузургтар аст». Муҳаббат ва раҳму шафқати Падари осмониамон аз ҳар гуна ҳиссиёти манфие, ки дар дили мо ниҳон аст, садчандон пурзӯр аст. Мо бояд ба худ бо чашми Яҳува нигарем ва диламонро бовар кунонем, ки Ӯ моро дӯст медорад. Барои ин мо бояд Каломи Ӯро пайваста омӯзем, зуд-зуд дуо гӯем ва бо хизматгорони содиқаш муошират кунем. Чаро ин корҳоро кардан хеле муҳим аст?

АЗ ОМӮЗИШИ КАЛОМ, ДУО ВА ДӮСТОНИ СОДИҚ ҚУВВАТ ГИРЕД

13. Омӯзиши Каломи Худо чӣ тавр ба мо кӯмак мекунад? (Нигаред ба чорчӯбаи  «Чӣ тавр Каломи Худо ба онҳо кӯмак кард?»)

13 Каломи Худоро ҳар рӯз омӯзед ва шумо дар бораи хислатҳои зебои Яҳува рӯз аз рӯз бештар мефаҳмед. Шумо дарк хоҳед кард, ки Ӯ шуморо то чӣ андоза дӯст медорад. Ҳар рӯз порчаеро аз Каломи Худо хонда дар борааш мулоҳиза рондан ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳиссиёти манфиро аз ақлу дили худ бадар ронед ва солимфикр бошед (2 Тим. 3:16). Кейвин ном пири ҷамъомад, ки худро ночиз ҳис мекард, мегӯяд: «Хондани боби 102-юми Забур ва мулоҳиза оиди он ба ман кӯмак мекард, ки фикрҳои худро дигар кунам ва фаҳмам, ки Яҳува дар асл ба ман чӣ тавр назар мекунад». Хоҳар Ева, ки оидаш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Дар охири рӯз ман вақт ҷудо карда мулоҳиза меронам, ки барои Яҳува чӣ муҳим аст. Ин ба дили ман оромӣ мебахшад ва имонамро қавӣ мегардонад».

14. Дуо чӣ хел ба мо кӯмак карда метавонад?

14 Ҳамеша дуо гӯед (1 Тас. 5:17). Вақте бо касе дӯст шудан мехоҳем, мо бо ӯ зуд-зуд ва самимона муошират мекунем. Дар мавриди дӯстӣ бо Яҳува низ чунин аст. Вақте мо дар дуо ҳиссиёт, фикрҳо ва ташвишҳои худро ба Яҳува баён мекунем, мо бо ин нишон медиҳем, ки ба Ӯ боварӣ дорем ва медонем, ки Ӯ моро дӯст медорад (Заб. 93:17–19; 1 Юҳ. 5:14, 15). Хоҳар Юа, ки оидаш дар боло гуфтем, қайд мекунад: «Ман кӯшиш мекунам ба Яҳува на танҳо дар бораи чизҳое, ки дар давоми рӯз бо ман рӯй доданд, нақл кунам. Ман ба Ӯ диламро мекушоям ва фикру ҳиссиётамро баён мекунам. Оҳиста-оҳиста ман дарк кардам, ки Яҳува мисли раиси ягон ширкати калон нест, балки мисли Падарест, ки дар ҳақиқат фарзандонашро дӯст медорад». (Ба чорчӯбаи  «Оё шумо онро хондаед?» нигаред.)

15. Чӣ тавр Яҳува шахсан ба мо ғамхориашро нишон медиҳад?

15 Бо ходимони содиқи Яҳува муошират кунед. Онҳо тӯҳфа аз ҷониби Ӯ мебошанд (Яъқ. 1:17). Мо ғамхории Яҳуваро нисбати худ дар он мебинем, ки Ӯ дар ҷамъомад ба мо бародару хоҳаронро додааст, ки онҳо моро «ҳар вақт дӯст» медоранд (Мас. 17:17). Павлус дар номаи худ ба масеҳиёни шаҳри Қӯлассо баъзе ҳамимононеро, ки ӯро дастгирӣ карда буданд, номбар карда онҳоро «сарчашмаи тасаллии бузург» номид (Қӯл. 4:10, 11). Ҳатто Исои Масеҳ ба дастгирии дӯстони худ — фариштагон ва одамон эҳтиёҷ дошт ва онро қадр мекард (Луқ. 22:28, 43).

16. Дӯстони бовафо чӣ хел ба мо кӯмак мекунанд, ки ба Яҳува наздиктар шавем?

16 Оё шумо аз дӯстоне, ки дар ҷамъомад доред, ёрӣ меҷӯед ва ёрдами онҳоро қабул мекунед? Ба дӯсти рӯҳан баркамол дарди дил кардан нишонаи сустӣ нест, баръакс ин ба мо кӯмак мекунад, ки рӯҳан суст нашавем. Бародар Ҷеймс, ки оидаш дар боло гуфтем, мегӯяд: «Бо масеҳиёни баркамол аз наздик дӯстӣ кардан ба ман бисёр кӯмак мекунад. Вақте маро фикрҳои нодуруст фаро мегиранд, ин дӯстони азизам маро бодиққат гӯш мекунанд ва мегӯянд, ки маро дӯст медоранд. Дар паси ҳамаи ин ман муҳаббат ва ғамхории Яҳуваро мебинам». То чӣ андоза муҳим аст, ки бо бародару хоҳарони рӯҳонӣ дӯсти наздик шавем ва наздик монем.

ДАР МУҲАББАТИ ЯҲУВА БИМОНЕД

17, 18. Мо бояд ба кӣ гӯш диҳем ва чаро?

17 Шайтон мехоҳад моро аз по афтонад, то ки мо дуруст рафтор карданро бас кунем. Ӯ мехоҳад моро бовар кунонад, ки Яҳува моро дӯст намедорад ва мо ба наҷот сазовор нестем. Вале чуноне ки дида баромадем, ҳамаи ин дурӯғ аст.

18 Яҳува шуморо дӯст медорад. Шумо дар чашми Ӯ гаронбаҳоед. Агар шумо итоаткор бошед, шумо мисли Исо абадан дар муҳаббати Худо хоҳед монд (Юҳ. 15:10). Пас, на ба Шайтон гӯш диҳед, на ба дили худ, ки шуморо айбдор месозад. Ба ҷойи ин ба Яҳува гӯш диҳед, зеро Ӯ дар ҳар як хизматгораш чизи хубро мебинад. Дилпур бошед, ки «Худованд ба қавми Худ таваҷҷӯҳ мекунад», аз он ҷумла ба шумо.

СУРУДИ 130 Ҳаёт атои бебаҳо

^ сарх. 5 Ба баъзе хоҳару бародарон бовар кардан душвор аст, ки Яҳува онҳоро дӯст медорад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува дар ҳақиқат ҳар яки моро дӯст медорад. Ҳамчунин дида мебароем, ки вақте дар диламон нисбати муҳаббати Ӯ шубҳаҳо пайдо мешаванд, чӣ тавр онҳоро бартараф карда метавонем.

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 63 Ин китоб ба забони русӣ дастрас аст.

^ сарх. 69 ШАРҲИ РАСМҲО: Дар гузашта Павлус масеҳиёнро таъқиб мекард ва бисёри онҳоро ба маҳбас мепартофт. Вақте вай имон овард, ки Исо шахсан барои ӯ мурдааст, ӯ дигар шуд ва бародаронро, ки хеши баъзеи онҳоро пеш шояд таъқиб мекард, рӯҳбаланд менамуд.