Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 20

Дар хизмат хурсандиро нигоҳ доред

Дар хизмат хурсандиро нигоҳ доред

«Тухми худро бикор, ва... ба дасти худ осоиш надеҳ» (ВОИЗ 11:6)

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

ПЕШГУФТОР *

Баъди ба осмон рафтани Исо шогирдони ӯ боғайратона дар Ерусалим ва берун аз он мавъиза мекарданд (Ба сархати 1 нигаред.)

1. Исо ба пайравонаш чӣ намуна гузошт ва онҳо чӣ кор карданд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

ИСО ҳангоми дар замин буданаш ҳамеша ба хизмати худ назари мусбиро нигоҳ медошт ва ӯ мехоҳад, ки пайравонаш низ чунин рӯҳияро нигоҳ доранд (Юҳ. 4:35, 36). Вақте Исо бо шогирдонаш буд, онҳо боғайратона мавъиза мекарданд (Луқ. 10:1, 5–11, 17). Аммо вақте Исоро дастгир карда ба қатл расонданд, шогирдон муддате хоҳиши мавъизакуниро гум карданд (Юҳ. 16:32). Пас аз эҳё шуданаш Исо онҳоро насиҳат кард, ки диққаташонро ба кори мавъиза равона кунанд. Баъди ба осмон рафтани Исо шогирдон бо чунон ғайрати зиёд хушхабарро мавъиза мекарданд, ки душманонашон аз онҳо шикоят карда гуфтанд: «Шумо... Ерусалимро бо таълимоти худ пур кардед» (Аъм. 5:28).

2. Чӣ хел Яҳува кори мавъизаро баракат дод?

2 Исо хизмати масеҳиёни асри якро роҳнамоӣ мекард ва Яҳува низ онҳоро дастгирӣ менамуд. Аз ин рӯ бисёри одамон хабари онҳоро қабул карданд. Масалан, соли 33-юми милодӣ дар Иди Ҳафтаҳо қариб 3000 кас таъмид гирифт (Аъм. 2:41). Ва ҳамин хел шумораи шогирдон торафт зиёд мешуд (Аъм. 6:7). Лекин Исо пешгӯйӣ карда буд, ки дар рӯзҳои охир шумораи аз ин ҳам бузурги одамон хушхабарро қабул мекунанд (Юҳ. 14:12; Аъм. 1:8).

3, 4. Чаро дар баъзе ҷойҳо кори мавъиза душвор аст ва мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

3 Ҳар яки мо мехоҳем, ки ба хизмат назари дурустро нигоҳ дорем. Дар баъзе мамлакатҳо ин осон аст. Чаро? Чунки бисёриҳо ба ҳақиқат шавқ доранд ва баъзеашон дар навбат меистанд, то Шоҳидон вақт ёфта бо онҳо омӯзиш кунанд. Аммо дар дигар ҷойҳо ба Шоҳидон хизмат кардан душвортар аст, чунки одамонро дар хона ёфтан осон нест. Ё дар хона бошанд ҳам, шояд ба Китоби Муқаддас он қадар шавқ надоранд.

4 Агар шумо дар маҳалле зиндагӣ кунед, ки дар он ҷо хизмат кардан душвор аст, маслиҳатҳои ин мақола ба шумо кӯмак карда метавонанд. Мо мефаҳмем, ки баъзеҳо барои дар хизмат одамони зиёдтарро вохӯрдан чӣ кор карданд. Ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр новобаста ба он ки одамон ба хабари мо гӯш медиҳанд ё не, мо дар хизмат назари мусбиро нигоҳ дошта метавонем.

АГАР ОДАМОНРО ЁФТАН ДУШВОР БОШАД, РӮҲАФТОДА НАШАВЕД

5. Бисёр Шоҳидон бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?

5 Барои бисёр Шоҳидон одамонро дар хонаашон ёфтан рӯз аз рӯз душвор шуда истодааст. Баъзе воизон дар маҳалҳое зиндагӣ мекунанд, ки биноҳои серошёна нағз посбонӣ карда мешавад ё гирди якчанд бино панҷара кашида шудааст ва як даромад дорад, ки он ҷо посбон мешинад. Дар чунин биноҳо ё маҳаллҳо посбон одамонро намемонад, ки бе иҷозати яке аз сокинон ба бино дароянд. Дигар воизон бемалол хона ба хона гашта тавонанд ҳам, одамони камро аз хонаҳояшон меёбанд. Баъзе воизон бошанд, дар қишлоқҳо ё маҳалҳои дурдаст хизмат мекунанд, ки дар он ҷо одамони хеле кам зиндагӣ доранд. Воизон эҳтимол масофаҳои дурударозро тай намуда, кӯшиш мекунанд, ки ақаллан бо як соҳибхона сӯҳбат кунанд ва ӯ ҳам шояд дар хонааш нест. Агар мо бо ин гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шавем, набояд хизмат карданро бас кунем. Барои ин хел монеаҳоро паси сар кардан ва дар хизмат бо одамони бештар сӯҳбат намудан мо чӣ кор карда метавонем?

6. Аз кадом ҷиҳат воизон ба моҳигирон монанданд?

6 Исо кори мавъизаро ба моҳиқапӣ монанд карда буд (Марқ. 1:17). Баъзан моҳигирон шояд чанд рӯз ба сайд раванду ягон моҳӣ қапида натавонанд. Вале онҳо ба моҳигирӣ рафтанро бас намекунанд, балки роҳҳои нави сайдро месанҷанд. Онҳо вақт, ҷой ва тарзи моҳиқапиро иваз мекунанд. Мо ҳам метавонем дар хизмати худ чунин дигаргуниҳоро ҷорӣ кунем. Биёед якчанд маслиҳатҳоро дида бароем.

Агар шумо дар ҷойҳое мавъиза кунед, ки одамонро кам дар хонаашон ёфтан мумкин аст, пас, дар вақту ҷойҳои гуногун хизмат кунед ва дигар тарзҳоро ба кор баред (Ба сархатҳои 7–10 нигаред.) *

7. Агар мо дар вақтҳои гуногун ба мавъиза бароем, ин чӣ натиҷа оварда метавонад?

7 Дар вақтҳои гуногун хизмат кунед. Агар вақте ба хизмат бароем, ки одатан мардум дар хонаанд, мо бо одамони бештар сӯҳбат карда метавонем. Охир ҳар як кас рӯзи дароз дар куҷое, ки бошад, дер ё зуд ба хонааш бармегардад-ку! Бисёр бародару хоҳарон ба хизмати хона ба хона баъди нисфирӯзӣ ё бегоҳтар мераванд, чунки маҳз дар ин вақт одамони бештарро меёбанд. Ғайр аз ин, дар ин вақтҳо соҳибхонаҳо оромтаранд, ба ҳеҷ куҷо саросема нестанд ва ба сӯҳбат моиланд. Ё шояд ба шумо ба кор бурдани маслиҳате, ки Дейвид ном пири ҷамъомад медиҳад, ёрдам кунад. Ӯ мегӯяд, ки баъди муддате дар ягон минтақа мавъиза кардан ӯ ва ҳамроҳаш дуюмбора ба хонаҳое мераванд, ки касеро наёфта буданд. Ӯ мегӯяд: «Бори дуюм омада ман чунон одамони зиёдро дар хонаашон ёфтам, ки аз ин ҳайрон шудам» *.

Агар шумо дар ҷойҳое мавъиза кунед, ки одамонро кам дар хонаашон ёфтан мумкин аст, пас, дар вақтҳои гуногун хизмат кунед (Ба сархатҳои 7 ва 8 нигаред.)

8. Чӣ тавр мо маслиҳати Воиз 11:6-ро дар хизмат ба кор бурда метавонем?

8 Мо набояд ноумед шавем. Ояти ин мақола ба мо хотиррасон мекунад, ки нисбати хизмат бояд чӣ гуна муносибат дошта бошем. (Воиз 11:6-ро хонед.) Бародар Дейвид, ки оидаш дар боло гуфтем, ҳарчанд бисёр вақт одамонро дар хонаашон намеёфт, таслим намешуд. Дар як ҳавлӣ ӯ баъди якчанд кӯшишҳои нобарор ниҳоят соҳибхонаро вохӯрд. Ба он мард аз Китоби Муқаддас сӯҳбат кардан маъқул шуд ва ӯ гуфт: «Ман дар ин ҷо қариб ҳашт сол боз зиндагӣ мекунам ва то ин дам ягон Шоҳиди Яҳуваро дар пеши дарам вонахӯрда будам». Дейвид мегӯяд: «Вақте ниҳоят ту одамонро дар хонаашон меёбӣ, бисёр вақт онҳо мавъизаи моро нағз гӯш мекунанд».

Агар шумо дар ҷойҳое мавъиза кунед, ки одамонро кам дар хонаашон ёфтан мумкин аст, пас, дар ҷойҳои гуногун хизмат кунед (Ба сархати 9 нигаред.)

9. Баъзе воизон барои вохӯрдан бо одамоне, ки дар хонаашон намеёбанд, чӣ кор мекунанд?

9 Дар ҷойҳои гуногун мавъиза кунед. Агар одамонро дар хонаашон ёфтан душвор бошад, онҳоро чӣ хел вохӯрдан мумкин аст? Баъзе воизон дигар ҷой рафта мавъиза мекунанд. Масалан, дар кӯча ё бо аробачаи адабиётдор хизмат карда, одамонеро вохӯрдан мумкин аст, ки дар биноҳои калони серошёна зиндагӣ мекунанд, ки дар он ҷойҳо мавъизаи хона ба хона манъ аст. Ин ба онҳо имконият медиҳад, то ба одамоне, ки бо дигар роҳ вохӯрда намешавад, рӯ ба рӯ сӯҳбат кунанд. Инчунин бисёр воизон пай бурданд, ки одамон дар хиёбонҳо, бозорҳо ё маҳалҳои корӣ бо майли бештар сӯҳбат мекунанд ва адабиёт мегиранд. Флориан ном нозири ноҳиявӣ, ки дар Боливия хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Мо ба бозор ва ҷойҳои корӣ аз соатҳои 13 то 15 меравем, чунки дар ин вақт фурӯшандагон сахт банд нестанд. Мо одатан бо одамон нағз сӯҳбат мекунем ва ҳатто омӯзиш сар мекунем».

Агар шумо дар ҷойҳое мавъиза кунед, ки одамонро кам дар хонаашон ёфтан мумкин аст, пас, дигар тарзҳоро ба кор баред (Ба сархати 10 нигаред.)

10. Шумо бо кадом тарзҳо ба одамон мавъиза карда метавонед?

10 Тарзҳои гуногунро ба кор баред. Фарз кардем, ки шумо чанд вақт кӯшиш кардед, ки бо шахс рӯ ба рӯ шавед. Шумо чанд бор дар вақтҳои гуногун ба хонааш омадед, лекин ӯро наёфтед. Оё ин шахсро бо роҳҳои дигар вохӯрда метавонем? Катарина мегӯяд: «Ба онҳое, ки дар хонаашон ёфта наметавонам, ман нома нависта ба кадом мақсад ба хонаашон омаданамро мефаҳмонам». Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Кӯшиш кунед, ки ба ҳар як шахси дар минтақа будаатон бо як роҳ нашавад, бо роҳи дигар мавъиза кунед.

ОДАМОН ШАВҚ ЗОҲИР НАКУНАНД ҲАМ, БА ХИЗМАТ НАЗАРИ МУСБИРО НИГОҲ ДОРЕД

11. Барои чӣ баъзеҳо ба хабаре, ки мо мавъиза мекунем, шавқ надоранд?

11 Баъзе одамон ба хабаре, ки мо мавъиза мекунем, бепарвоянд. Онҳо гумон мекунанд, ки ба Худо ва Китоби Муқаддас эҳтиёҷ надоранд. Онҳо дар дунё ин қадар ранҷу азобро дида ба вуҷуд доштани Худо шубҳа мекунанд. Ё дурӯягии роҳбарони диниро дида онҳо аз Китоби Муқаддас дилашон хунук мешавад, чунки он диндорон даъво мекунанд, ки аз рӯйи Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунанд, вале ба бисёр корҳои зишт даст мезананд. Дигарон пурра ба кор, оила ва ташвишу проблемаҳои шахсӣ дода шудаанд ва фикр намекунанд, ки Китоби Муқаддас ба онҳо ёрдам карда метавонад. Вақте одамон манфиатовар будани хабари моро дарк намекунанд, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки хурсандиро нигоҳ дорем?

12. Ба кор бурдани принсипи Филиппиён 2:4 чӣ тавр дар хизмат ба мо кӯмак мекунад?

12 Ба одамон таваҷҷӯҳи самимӣ нишон диҳед. Бисёр касоне, ки дар аввал ба хушхабар бепарво буданд, баъдтар онро нағз гӯш карданд, чунки диданд, ки воизон ҳақиқатан дар бораи одамон ғамхорӣ мекунанд. (Филиппиён 2:4-ро хонед.) Масалан, Дэвид, ки дар боло оидаш нақл кардем, мегӯяд: «Агар ҳангоми хизмат ягон соҳибхона гӯяд, ки ба ин чиз шавқ надорад, мо Китоби Муқаддас ва адабиётамонро пӯшида ба як тараф мемонему эҳтиромона мепурсем: “Мумкин аз шумо пурсам, ки барои чӣ ин ба шумо маъқул не?”» Одатан одамон ғамхории самимии касро пай мебаранд. Шояд чӣ гуфтани мо аниқ дар хотирашон намонад, лекин муомилаи неки мо мумкин аз ёдашон наравад. Агар соҳибхонаҳо моро гап задан намонанд ҳам, мо метавонем бо муносибати дӯстона ва чеҳраи кушоду самимӣ нисбати онҳо ғамхор буданамонро нишон диҳем.

13. Чӣ тавр мо мавъизаи худро ба ҳар як соҳибхона мутобиқ карда метавонем?

13 Хуб мебуд, ки ҳангоми сӯҳбат мо ба чӣ шавқ ва ниёз доштани соҳибхонаро ба назар гирем. Бо ин мо ба ӯ ғамхорӣ нишон медиҳем. Масалан, шояд мо аз рӯйи ягон аломат пай барем, ки дар он оила кӯдакон ҳастанд. Пас, ба волидон дар бораи маслиҳатҳои Китоби Муқаддас оиди тарбияи фарзанд ё чӣ тавр дар ҳаёт хушбахтии бештарро ба даст овардан сӯҳбат кардан шавқовар буда метавонад. Ё мумкин мо пай барем, ки дари хона якчанд қулф дорад. Он гоҳ мо метавонем бо соҳибхона дар бораи ҷинояткорӣ ва бо тарсу ҳароси зиёд зиндагӣ кардани одамон сӯҳбат кунем. Шояд аз фаҳмидани он ки дар оянда ҷинояткорӣ пурра нест мешавад, соҳибхона хеле хурсанд шавад. Ҳар боре ки одамон шуморо гӯш кунанд, ба онҳо фаҳмонед, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Каломи Худо ба онҳо ёрӣ дода метавонанд. Катарина, ки дар боло оидаш гуфтем, мегӯяд: «Ман ба худ хотиррасон мекунам, ки ҳақиқати Китоби Муқаддас чӣ қадар ҳаёти маро беҳтар кард». Ин ба Катарина ёрдам медиҳад, ки ҳангоми мавъиза бо боварӣ гап занад ва одамоне, ки ӯро гӯш мекунанд, бешубҳа, инро пай мебаранд.

14. Мувофиқи Масалҳо 27:17 чӣ тавр воизон якҷоя хизмат карда ҳамдигарро дастгирӣ карда метавонанд?

14 Аз дигарон кӯмак пурсед. Дар асри як Павлус ба Тимотиюс роҳҳои мавъизакунӣ ва таълимдиҳиро ёд дод. Инчунин ӯро насиҳат кард, ки он усулҳоро ба дигарон низ омӯзонад (1 Қӯр. 4:17). Мисли Тимотиюс мо ҳам аз воизони бомаҳорати ҷамъомадамон таълим гирифта метавонем. (Масалҳо 27:17-ро хонед.) Биёед мисоли бародар Шонро дида бароем. Ӯ муддате дар қишлоқҷойе хизмат кард, ки аксари одамон ба мавъизаи ӯ гӯш намедоданд. Ӯ чӣ тавр хурсандиашро нигоҳ дошт? «Ман ҳарчи бештар бо воизони дигар ба хизмат мебаромадам,— мегӯяд ӯ. Мо то аз як хона ба хонаи дигар расидан ба ҳамдигар дар беҳтар кардани маҳорати таълимдиҳӣ кӯмак мекардем. Масалан, мо оиди он сӯҳбат мекардем, ки соҳибхона чӣ гуфт, мо дар ҷавоб чӣ гуфтем. Баъд муҳокима мекардем, ки ин карат дар чунин маврид чӣ хел ҷавоб додан беҳтар мебуд».

15. Чаро дар хизмати мо дуо хеле муҳим аст?

15 Ба Яҳува дуо гуфта кӯмак пурсед. Ҳар боре ки ба мавъиза мебароед, дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсед. Бе ёрдами рӯҳи муқаддаси пуриқтидори Ӯ ҳеҷ кадоми мо дар хизмат муваффақият ба даст оварда наметавонем (Заб. 126:1; Луқ. 11:13). Вақте ба Яҳува дуо мегӯед, аниқ гӯед, ки дар чӣ ба шумо ёрдам даркор аст. Масалан, ёрдам пурсед, то Ӯ шуморо сӯйи одамоне, ки дар бораи Ӯ фаҳмидан мехоҳанд ва ба гӯш кардан моиланд, роҳнамоӣ кунад. Сипас мувофиқи дуоятон амал карда ба ҳамаи онҳое, ки вомехӯред, мавъиза кунед.

16. Чаро омӯзиши шахсӣ барои самаранок хизмат кардан бисёр муҳим аст?

16 Барои омӯзиши шахсӣ вақт ҷудо кунед. Каломи Худо мегӯяд: «Бифаҳмед, ки иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Вақте мо Яҳуваро беҳтару беҳтар мешиносем, ба дигарон дар бораи Ӯ бо боварии бештар гап мезанем. Катарина, ки дар боло номашро овардем, мегӯяд: «Чанде пеш ман фаҳмидам, ки бояд имонамро оиди баъзе таълимоти Китоби Муқаддас қавӣ гардонам. Аз ин рӯ ман бодиққат омӯзиш кардам, то ба худ исбот кунам, ки Офаридгор вуҷуд дорад, Китоби Муқаддас дар ҳақиқат Каломи Худост ва Ӯ ташкилот дорад, ки имрӯз хости Ӯро иҷро мекунад». Катарина мегӯяд, ки омӯзиши шахсӣ имон ва хурсандии ӯро дар хизмат зиёд гардонд.

ЧАРО ДАР ХИЗМАТ БОЯД ХУРСАНДИРО НИГОҲ ДОРЕМ?

17. Барои чӣ Исо ба хизмат назари мусбиро нигоҳ медошт?

17 Ҳарчанд баъзеҳо хабари Исоро гӯш кардан намехостанд, ӯ назари мусбиро нигоҳ медошт ва мавъиза карданро давом медод. Чаро? Ӯ медонист, ки одамон ба донистани ҳақиқат беҳад мӯҳтоҷанд ва ӯ мехост ба шумораи ҳарчи бештари одамон кӯмак кунад, ки хабари Подшоҳиро қабул кунанд. Вай инчунин медонист, ки баъзеҳо дар аввал ӯро гӯш намекунанд, вале баъдтар қабул мекунанд. Фикр кунед, ки дар оилаи худи Исо чӣ рӯй дод. Дар давоми сею ним соли хизмати заминии ӯ ҳеҷ кадоме аз бародаронаш шогирди ӯ нашуданд (Юҳ. 7:5). Вале баъди эҳё шудани вай онҳо масеҳӣ гаштанд (Аъм. 1:14).

18. Барои чӣ мо мавъиза карданро давом медиҳем?

18 Мо намедонем, ки оқибат кадом одамон ҳақиқатро қабул мекунанд. Ба баъзеҳо шояд вақти зиёд лозим аст, ки онро қабул кунанд. Ҳатто онҳое, ки хабари моро гӯш кардан намехоҳанд, рафтори хуб ва рӯҳияи мусбии моро дида, аҷаб нест, ки ба ҷалол додани Худо шурӯъ кунанд (1 Пет. 2:12).

19. Дар 1 Қӯринтиён 3:6, 7 оиди хизмати мо чӣ гуфта шудааст?

19 Ҳарчанд мо тухми ҳақиқатро мекорем ва об медиҳем, мо бояд дарк кунем, ки онро Худо месабзонад. (1 Қӯринтиён 3:6, 7-ро хонед.) Гетахун ном бародар аз Эфиопия мегӯяд: «Дар маҳалли ман, ки Шоҳидон фақат гоҳ-гоҳ омада мавъиза мекарданд, зиёда аз 20 сол ман танҳо худам Шоҳиди Яҳува будам. Вале ҳозир ин ҷо 14 воиз ҳаст. Сездаҳ нафари онҳо, аз он ҷумла зану се фарзанди ман таъмид гирифтаанд. Ба вохӯриҳо ба ҳисоби миёна 32 кас меояд». Бародар Гетахун хурсанд аст, ки давоми он солҳо мавъиза карданро давом дод ва босаброна Яҳуваро интизор шуд, ки кай Ӯ одамони самимиро ба ташкилоташ ҷалб мекунад (Юҳ. 6:44).

20. Ба кадом маъно мо ба наҷотдиҳандагон монандем?

20 Яҳува ҳаёти ҳама одамонро қадр мекунад. Ӯ ба мо имконияти пуршараф додааст, ки пеш аз анҷоми ин тартибот бо Писараш ҳамкорӣ карда одамонро аз ҳар қавму нажод ҷамъ орем (Ҳаҷ. 2:7). Кори мавъизаро ба кори наҷотдиҳандагон монанд кардан мумкин аст. Вақте дар шахта ягон таркиш рӯй медиҳад, баъзе шахтёрон дар зери замин дармемонанд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагон фиристода мешаванд, то ки ба онҳо ёрдам карда аз он ҷо наҷот диҳанд. На ҳар яки онҳо касеро меёбад, ва ҳарчанд эҳтимол на ҳама шахтёрон наҷот ёбанд ҳам, меҳнати ҳар як халосгар пурарзиш аст. Мо низ мисли он наҷотдиҳандагон мебошем. Мо намедонем, ки чӣ қадар одамон аз дунёи Шайтон наҷот меёбанд. Вале Яҳува метавонад барои ба онҳо ёрдам додан аз байни мо каси дилхоҳро истифода барад. Андреас, ки дар Боливия зиндагӣ мекунад, мегӯяд: «Ман медонам, ки вақте ягон кас ҳақиқатро омӯхта таъмид мегирад, ин натиҷаи меҳнати бисёриҳо аст». Биёед ба хизмати худ чунин назари мусбиро нигоҳ дорем. Он гоҳ Яҳува моро баракат медиҳад ва хизмати мавъиза ба мо сарчашмаи хурсандӣ мегардад.

СУРУДИ 47 Хушхабар

^ сарх. 5 Ҳангоми хизмат мо бисёр одамонро дар хонаашон вонамехӯрем ё агар онҳоро ёбем ҳам, ба назар чунин метобад, ки онҳо ба хабари мо бепарвоянд. Чӣ тавр нигоҳ накарда ба ин мо ба хизмат назари мусбиро нигоҳ дошта метавонем? Маслиҳатҳои ин мақола ба мо кӯмак мекунанд, ки дар хизмат хурсандиро нигоҳ дорем.

^ сарх. 7 Воизон ҳангоми иштирок дар намудҳои гуногуни хизмат, ки дар ин мақола муҳокима шудаанд, бояд қонуни давлатро оиди ҳифзи маълумоти шахсӣ риоя кунанд.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМҲО. Саҳифаҳои 16 ва 17 (аз боло ба поён): Зану шавҳар дар ҷое хизмат доранд, ки одамонро дар хона ёфтан душвор аст. Соҳиби хонаи якум дар кор аст, дуюмӣ дар беморхона ва сеюмӣ дар мағоза. Онҳо соҳиби хонаи якумро бегоҳитар омада меёбанд. Соҳиби хонаи дуюмро бошад, ҳангоми бо аробачаи адабиётдор хизмат кардан ва соҳибхонаи сеюмиро ҳангоми бо телефон шаҳодат додан меёбанд.