Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

«Ман аз дигарон бисёр чизҳоро омӯхтам»

«Ман аз дигарон бисёр чизҳоро омӯхтам»

МАН дар сафи артиши Фаронса аскари хеле ҷавон будам. Қисми ҳарбии мо дар кӯҳҳои Алҷазоир ӯрду зада буд. Дар он маҳал задухӯрдҳои зиёд рух медоданд. Як шаби торик ман дар дидбонгоҳ дар қафои тӯдаи қопчаҳои қум дар дастам пулемёт танҳо меистодам. Нохост шарфаи пое ба гӯшам расид ва ман аз тарс дар ҷоям шах шудам. Ҳоло ҳеҷ касро куштан ё аз дасти касе кушта шудан намехостам. Ман фарёд зада гуфтам: «Э Худоё Худовандо, ба ман ёрдам кун!»

Ин воқеаи даҳшатнок ҳаёти маро дигар кард, чунки аз он вақт сар карда ман ба ҷустани Офаридгор сар кардам. Лекин пеш аз он ки дар шаби торик чӣ рух доданашро гуфта диҳам, мехостам баъзе воқеаҳои айёми кӯдакиамро нақл кунам, зеро маҳз онҳо ба фикрронии ман таъсир расонда, дили маро ба ҷустуҷӯи Худо тайёр карданд.

ДАРСҲОЕ, КИ АЗ ПАДАРАМ ОМӮХТАМ

Ман соли 1937 дар Генен, шаҳраки саноатӣ дар шимоли Фаронса таваллуд ёфтаам. Ман аз падарам, ки дар кони ангишт кор мекард, меҳнатдӯстиро ёд гирифтам. Адолатпарварӣ низ ба ман аз падарам гузашта буд. Ӯ адлу инсофро сахт дӯст медошт, барои ҳамин шахтёронеро, ки аз шароити бади ҷойи кор азоб мекашиданд, тарафгирӣ мекард. Барои беҳтар кардани вазъияти онҳо падарам ба ташкилотҳое ҳамроҳ мешуд, ки барои ҳуқуқи кончиён мубориза мебурд. Ӯро ҳамчунин дурӯягии рӯҳониёни маҳаллӣ ба ғазаб меовард. Бисёри онҳо назар ба дигар одамон бароҳат зиндагӣ мекарданд, вале аз шахтёрони бечора, ки базӯр зиндагиашонро кашола мекарданд, пулу хӯрока талаб мекарданд. Падарам аз рафтори коҳинони калисо нафраташ меомад, барои ҳамин ба ман ягон хел маълумоти динӣ надода буд. Дар асл, мо дар бораи Худо ягон бор ҳатто гап назада будем.

Ҳар қадаре ки ба воя мерасидам, ман ҳам ба беадолатӣ нафрат пайдо мекардам. Масалан, беадолатиро ман дар он медидам, ки баъзеҳо ба одамоне, ки аз дигар ҷо ба Фаронса омада буданд, муносибати бад мекарданд. Ман бо кӯдакони муҳоҷир футболбозӣ мекардам ва бо онҳо дӯст шудан ба ман маъқул буд. Ғайр аз ин, модарам на аз Фаронса, балки аз Полша буд. Ман мехостам, ки байни ҳама халқу нажод сулҳ ва баробарӣ бошад.

МАН ОИДИ ҲАЁТ ҶИДДИТАР БА АНДЕША АФТОДАМ

Вақте дар хизмати ҳарбӣ будам

Маро соли 1957 ба сафи армия гирифтанд. Ана барои чӣ ман дар он шаби торик, ки пештар дар борааш нақл кардам, дар кӯҳҳои Алҷазоир қарор доштам. Баъди «Э Худоё Худовандо!» гуфта фарёд карданам, ногоҳ дидам, ки рӯ ба рӯям на ягон аскари душман, балки хари ёбоие омада истодааст. Ҳис кардам, ки як бори вазнине аз китфам афтид! Лекин он воқеа ва дар асл, худи ҷанг, маро водор кард, ки дар бораи маънои ҳаёт ҷиддитар фикр кунам. Ман ба худ савол медодам: «Барои чӣ одам ба ҳаёт меояд? Оё Худо дар бораи мо ғамхорӣ мекунад? Оё ягон бор дар замин пурра сулҳ пойдор мешавад?»

Баъдтар, вақте ман аз хизмати ҳарбӣ ба хабаргирии волидонам омадам, як Шоҳиди Яҳуваро вохӯрдам. Ӯ ба ман Китоби Муқаддас дод ва ман баъди ба Алҷазоир баргаштан ба хондани он сар кардам. Як порчаи он, ки ба дили ман сахт таъсир расонд, ин Ваҳй 21:3, 4 буд. Дар он ҷо навишта шудааст: «Хаймаи Худо бо одамон аст... Ӯ ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд». Ман аз ин пеш ягон бор чизи ба ин монандро нахонда будам. Ба худ савол медодам, ки оё ин рост бошад. Он вақт ман дар бораи Худо ва Китоби Муқаддас қариб ҳеҷ чиз намедонистам.

Соли 1959, баъди адо кардани хизмати ҳарбӣ, ман Франсуа ном мардеро вохӯрдам, ки Шоҳиди Яҳува буд. Ӯ ба ман бисёр ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро таълим дод. Масалан, аз Китоби Муқаддас ба ман нишон дод, ки Худо ном дорад ва номи Ӯ «Яҳува» аст (Заб. 83:18, ТДН). Франсуа ҳамчунин фаҳмонд, ки Яҳува дар замин адлу инсофро барқарор мекунад ва заминро ба биҳишт табдил дода суханони дар Ваҳй 21:3, 4-ро ба ҷо меорад.

Ҳамаи чизе ки ӯ таълим медод, хеле бамантиқ буд ва ба дилам таъсир мерасонд. Вале ман аз коҳинони калисо сахт ғазабам меомад ва онҳоро танқид кардан мехостам, ки чизҳои дар Китоби Муқаддас набударо таълим медиҳанд. Аз афташ ба ман то ҳол ақидаҳои падарам таъсир мекарданд ва ман мехостам, ки барои бартараф кардани беадолатӣ тез ягон чора андешам. Ман бетоқатӣ мекардам.

Франсуа ва дигар дӯстони навам аз байни Шоҳидон ба ман ёрдам карданд, ки қаҳрамро идора кунам. Онҳо ба ман фаҳмонданд, ки кори мо чун масеҳиён доварӣ кардан нест, балки ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо хушхабарро расонидан аст. Исо айнан ҳамин хел мекард ва ба пайравонаш амр дод, ки чунин кунанд (Мат. 24:14; Луқ. 4:43). Ман ҳам новобаста ба эътиқоди одамон бояд меҳрубонона ва боадабона муносибат карданро ёд мегирифтам. Чи хеле ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, «бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад, балки нисбати ҳама ҳалим бошад» (2 Тим. 2:24).

Ман дар ҳаётам дигаргунӣ даровардам ва соли 1959 дар анҷумани ноҳиявӣ таъмид гирифтам. Дар он ҷо бо хоҳаре шинос шудам, ки Анҷел ном дошт ва ӯ ба ман маъқул шуд. Ман ба ҷамъомади ӯ мерафтагӣ шудам ва мо соли 1960 оиладор шудем. Вай зани тилло, ҳамсари беҳтарин ва тӯҳфаи бебаҳо аз ҷониби Яҳува аст (Мас. 19:14).

Рӯзи тӯямон

МАН АЗ МАРДОНИ БОТАҶРИБА БИСЁР ЧИЗРО ЁД ГИРИФТАМ

Дар давоми солҳо ман аз бародарони бохираду ботаҷриба бисёр дарсҳои муҳимро омӯхтам. Яке аз дарсҳои муҳимтарин ин буд, ки мо дар ҳама таъйинотҳои душвор ҳамон вақт муваффақ буда метавонем, агар фурӯтан бошему мувофиқи маслиҳати зерине, ки дар Масалҳо 15:22 оварда шудааст, амал кунем: «Машварат... бо кӯмаки мушовирони бисёр иҷро меёбад».

Дар хизмати нозирӣ дар Фаронса, 1965

Соли 1964 ман дидам, ки чӣ тавр он суханони илоҳӣ ҳақ буданд. Дар он сол ман чун нозири ноҳиявӣ ҷамъомадҳоро хабар гирифта бародару хоҳаронро рӯҳбаланд мекардам ва ёрдам медодам, ки ба Яҳува наздик шаванд. Лекин он вақт 27-сола будам ва таҷрибаи кам доштам, барои ҳамин хато мекардам. Вале ҳаракат мекардам, ки аз онҳо дарс гирам. Ғайр аз ин, ман аз маслиҳатгарони кордону ботаҷриба бисёр дарсҳои фоидабахш гирифтам.

Вақте нав нозири ноҳиявӣ шудам, як воқеае рӯй дод, ки то ҳол фаромӯш намекунам. Баъди як ҷамъомади Парижро хабар гирифтанам, бародари рӯҳан баркамоле гуфт, ки бо ман дар алоҳидагӣ гап задан мехоҳад. Ман розӣ шудам.

Ӯ аз ман пурсид: «Луи, духтур ба кӣ ёрдам мекунад, ба одами бемор ё солим?»

«Ба бемор»,— гуфтам ман.

Ӯ гуфт: «Дуруст гуфтӣ! Лекин ман аҳамият додам, ки ту бисёртар бо одамони рӯҳан бақувват, ба мисли пирон, вақт мегузаронӣ. Дар ҷамъомади мо бисёр бародару хоҳарони рӯҳафтода, нав ва шармгин ҳастанд. Агар ту бо онҳо вақт мегузарондӣ ё ҳатто ба хонаҳояшон рафта бо онҳо хӯрок мехӯрдӣ, онҳо аз ту беҳад миннатдор мешуданд».

Ман барои ин маслиҳати хуби бародари азиз миннатдор будам. Муҳаббати ӯ нисбати гӯсфандчаҳои Яҳува ба дилам таъсир кард. Ҳарчанд қабул кардани ин маслиҳат бароям осон набуд, ман ғурурамро шикаста онро дарҳол ба кор бурдам. Ман аз Яҳува барои чунин бародарон миннатдорам.

Соли 1969 ва1973 маро ҳангоми ду анҷумани байналхалқӣ дар шаҳри Коломб, Париж дар шӯъбаи таъмини хӯрок нозир таъйин карданд. Дар анҷумане, ки соли 1973 шуд, мо бояд барои панҷ рӯз ба 60 000 одам хӯрок тайёр мекардем. Ман хавотир будам, ки чӣ тавр ин корро ӯҳда мекарда бошам. Вале ин дафъа ҳам душворӣ, чи хеле ки дар Масалҳо 15:22 навишта шудааст, бо маслиҳати дигарон ҳалли худро ёфт. Ман аз бародароне, ки дар ин кор таҷриба доштанд, ёрдам пурсидам. Баъзеи онҳо қассоб, деҳқон, ошпаз ва харидори хуб буданд. Аз як гиребон сар бароварда мо кори кӯҳ барин калонро иҷро карда тавонистем.

Соли 1973 ману ҳамсарамро ба Байт-Или Фаронса таклиф карданд. Таъйиноти аввали ман дар он ҷо низ хеле душвор буд. Ман бояд илоҷ ёфта ба бародарони Камеруни давлати Африқо, ки дар он ҷо аз солҳои 1970-ум то 1993-юм фаъолияти мо манъ буд, адабиёт мефиристодам. Ин дафъа низ ман чӣ кор карданамро намедонистам. Аз афташ нозири филиали Фаронса ҳиссиёти маро пай бурд ва маро рӯҳбаланд карда гуфт: «Бародарони мо дар Камерун мӯҳтоҷи хӯроки рӯҳонӣ мебошанд. Мо бояд онҳоро сер кунем». Мо ҳамин тавр амал кардем.

Дар вохӯрии махсус дар Нигерия бо Шоҳидон аз Камерун, 1973

Ман якчанд бор ба давлатҳои ҳамсарҳади Камерун сафар карда, бо пирони он давлат вохӯрдам. Он бародарони далеру бохирад ба ман ёрдам доданд, то роҳҳоеро ёбам, ки ба бародарони Камерун мунтазам адабиёт фиристода тавонем. Яҳува кӯшишҳои моро баракат дод. Дар муддати зиёда аз 20 сол ба одамони он ҷой ҳама нашрияҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва нашрияи ҳармоҳаи «Хизмат ба Салтанати Худо» (он вақт номаш дигар буд) дастрас буд.

Соли 1977 ману Анҷел нозирони ноҳиявӣ ва ҳамсаронашонро, ки аз Камерун буданд, хабар гирифтем

АЗ ҲАМСАРИ АЗИЗАМ БИСЁР ЧИЗҲОРО ОМӮХТАМ

Вақте ки ман бо Анҷел мулоқотро сар кардам, аҳамият додам, ки ӯ бо Яҳува муносибати хеле наздик дорад. Баъд аз оиладоршавиамон инро боз ҳам бисёртар медидам. Масалан, бегоҳи рӯзи тӯямон ӯ аз ман хоҳиш кард, ки дар бораи чун зану шавҳар бисёртар ба Яҳува хизмат карда тавонистанамон дуо гӯям. Яҳува ба ин дуоямон ҷавоб дод.

Ҳамсарам ба ман ҳамчунин ёрдам медод, ки ба Яҳува бисёртар такя кунам. Барои мисол, вақте соли 1973 моро ба Байт-Ил даъват карданд, ман дудила будам, чунки хизмати нозириро дӯст медоштам. Анҷел бошад, ба ман хотиррасон кард, ки мо ҳаётамонро ба Яҳува бахшидаем, барои ҳамин хуб мебуд, чизеро, ки ташкилоти Ӯ аз мо хоҳиш кунад, ба ҷо орем (Ибр. 13:17). Ман пурра бо ӯ розӣ шудам ва мо ба Байт-Ил омадем. Ҳамсари ман зани бохираду бофаросат мебошад ва Яҳуваро дар ҳақиқат дӯст медорад. Ин хислатҳои ӯ муносибатҳои моро мустаҳкам намуда ба мо ёрдам дод, ки дар давоми ҳаёти оилавиамон қарорҳои хуб қабул кунем.

Бо Анҷел дар боғи Байт-Или Фаронса

Ҳозир, ки синну соламон ба ҷое расидааст, Анҷел то ҳол ҳамсари беҳтарин ва мададгорам мебошад. Масалан, барои он ки дар мактабҳои ташкилотамон таҳсил кунем, ману ҳамсарам бисёр кӯшиш мекунем, ки забони англисиро беҳтар омӯзем, зеро бисёри мактабҳо бо ин забон мегузаранд. Мо дар ҷамъомаде будем, ки ба забони англисӣ мегузашт, ҳарчанд синну соли мо он вақт аз 70 боло буд. Азбаски ман дар Кумитаи филиали Фаронса хизмат мекардам, барои омӯхтани забони дигар вақт ёфтан хеле душвор буд. Вале ману Анҷел ба якдигар ёрӣ медодем. Ҳозир бошад, синни мо ба 80 расидааст, мо то ҳол ҳам ба ҷамъомади англисӣ ва ҳам ба ҷамъомади фаронсавӣ тайёрӣ мебинем. Мо ҳамчунин кӯшиш мекунем, ки ҳарчи бисёртар дар ҷамъомад ва хизмат иштирок кунем. Яҳува кӯшишҳои моро дар омӯхтани забони англисӣ баракат медиҳад.

Яке аз баракатҳои беҳтаринро соли 2017 гирифтем. Ману Анҷелро ба Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиал ва занони онҳо, ки дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ дар Паттерсон, Ню-Йорк мегузарад, даъват карданд.

Яҳува дар ҳақиқат Омӯзгори бузург аст (Иш. 30:20). Ҳар яки мо хоҳ пир бошем, хоҳ ҷавон таълими беҳтаринро гирифта метавонем (Такр. Ш. 4:5–8). Ман ба хулосае омадам, ки агар ҷавонон ба Яҳува ва бародарону хоҳарони ботаҷриба гӯш диҳанд, дар ҳаёт қарорҳои хуб қабул карда, хизматгори вафодори Яҳува шуда метавонанд. Дар Масалҳо 9:9 гуфта шудааст: «Хирадмандро сабақ омӯз, ва ӯ боз ҳам хирадмандтар хоҳад шуд; одилро таълим деҳ, ва дониши ӯ хоҳад афзуд».

Баъзан ман дар бораи воқеае, ки қариб шаст сол пеш, дар шаби торики кӯҳҳои Алҷазоир шуда буд, фикр мекунам. Он шаб ман намедонистам, ки дар оянда маро чунин ҳаёти хушбахтона интизор аст. Ман аз дигарон чӣ қадар бисёр чизро омӯхтам. Яҳува ҳам ба ман ва ҳам ба ҳамсарам Анҷел ҳаёти қонеъкунанда тӯҳфа кард. Мо ҳамеша аз Падари осмониамон ва аз бародарону хоҳарони бохираду ботаҷрибае, ки Яҳуваро дӯст медоранд, дарс меомӯзем.