Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо медонед?

Оё шумо медонед?

Оё дар замонҳои навишта шудани Китоби Муқаддас папирусро барои сохтани қаиқҳо истифода мебурданд?

Қамиш

БИСЁРИ ОДАМОН медонанд, ки дар замонҳои қадим халқи Миср асосан барои навишт аз варақе истифода мебурд, ки аз растание сохта мешуд ва папирус ном дошт. Мардуми Юнон ва Рум ҳам дар навишт аз папирус истифода мебурданд *. Лекин бисёриҳо намедонанд, ки папирус дар қаиқсозӣ низ истифода мешуд.

Ду макети қаиқи қамишие, ки аз даруни қабри мисриён ёфтанд

Беш аз 2500 сол пеш пайғамбар Ишаъё навишт, ки халқе, ки «дар он тарафи наҳрҳои Ҳабаш воқеъ»-анд, «элчиёнашро бо роҳи баҳр, ва дар киштиҳои бардӣ [қамишӣ] бар рӯи об мефиристад». Баъдтар пайғамбар Ирмиё пешгӯйӣ кард, ки вақте шаҳри Бобул аз тарафи Модаю Форс забт мегардад, онҳо қаиқҳои қамишии бобулиёнро месӯзонанд, то ки онҳо нагурезанд (Иш. 18:1, 2; Ирм. 51:32).

Азбаски Китоби Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудааст, касоне, ки онро меомӯзанд, аз бозёфти бостоншиносон, ки аз папирус сохта шудани қаиқҳоро муайян карданд, ба ҳайрат намеоянд (2 Тим. 3:16). Пас, чӣ маълум гашт? Бостоншиносон дар бораи тарзи аз қамиш сохта шудани қаиқҳо дар Миср маълумоти иловагӣ ёфтанд.

АЗ ПАПИРУС ЧӢ ТАВР ҚАИҚҲО МЕСОХТАНД?

Дар қабристони Миср аз расму тасвирҳои дар девори қабристон тарошида шуда маълум мегардад, ки одамон папирус ҷамъ мекарданду аз он қаиқҳо месохтанд. Одамон танаи папирус ё қамишро мебуриданд, онҳоро бо ҳам сахт мебастанд ва сипас ҳар яки онро кашида бо якдигар мебофтанд. Пояҳои папирус секунҷашакл аст, барои ҳамин ҳангоми зич бофтани онҳо маводи устувору мустаҳкаме ҳосил мешавад. Мувофиқи як китоб дарозии қаиқҳои қамишӣ метавонист беш аз 17 метр бошад, ки аз ҳар ду тараф барои 10–12 бели қаиқронӣ ҷо дошт. («A Companion to Ancient Egypt»)

Тасвире, ки дар девори қабри мисриён тарошида шуда буд, нишон медиҳад, ки чӣ тавр аз папирус қаиқ месохтанд

ЧАРО ҚАИҚСОЗОН ПАПИРУСРО ИСТИФОДА МЕБУРДАНД?

Дар Миср, дар водие, ки дарёи Нил ҷорӣ мешавад, қамишҳо бисёр мерӯиданд. Ҳамчунин аз қамиш сохтани қаиқ нисбатан осон буд. Ҳатто вақте ки одамон аз чӯб сохтани киштиҳои калонро сар карданд, моҳидорон ва шикорчиён то ҳол амад ва қаиқҳои хурдеро истифода мебаранд, ки аз қамиш сохта мешаванд.

Ҳарчанд қаиқҳои қамишӣ қадима бошанд ҳам, онро одамон муддати дароз истифода мебурданд. Нависандаи юнонӣ Плутарх, ки дар байни асрҳои як ва дуи милодӣ зиндагӣ мекард, гуфт, ки одамон дар рӯзҳои ӯ низ аз киштиҳои қамишӣ истифода мебурданд.

^ сарх. 3 Папирус ё қамиш дар ботлоқзорҳо ва ҷойҳои сероб мерӯяд. Баъзеи ин растанӣ метавонад қариб то 5 метр қад кашад, ғафсии танаш бошад, метавонад то 15 сантиметр шавад.