Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 26

Ба дигарон ёрӣ диҳед, то шогирди Масеҳ шаванд!

Ба дигарон ёрӣ диҳед, то шогирди Масеҳ шаванд!

«Худо... ба шумо ҳам хоҳиш ва ҳам қувват медиҳад, то амал кунед» (ФЛП. 2:13).

СУРУДИ 44 Хурсандона дар дарав иштирок мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Яҳува барои шумо чӣ кор кард?

ЧӢ ТАВР шумо Шоҳиди Яҳува гаштед? Аввал, шумо «хушхабар»-ро шояд аз волидонатон, аз ҳамкор, аз ҳамсинф ё ба воситаи мавъизаи хона ба хона фаҳмидед (Марқ. 13:10). Баъд, касе бо шумо бисёр вақту қувват сарф карда омӯзиш гузаронд. Дар вақти омӯзиш муҳаббататон ба Яҳува зиёд гашт ва фаҳмидед, ки Яҳува низ шуморо дӯст медорад. Ҳамин тавр Яҳува шуморо ба ҳақиқат ҷалб кард ва ҳоло шумо чун пайрави Исои Масеҳ имконияти ҷовидона зистанро доред (Юҳ. 6:44). Албатта, шумо аз Яҳува миннатдор ҳастед, зеро ӯ касеро барангехт, ки шуморо дар бораи ҳақиқат таълим диҳад ва шуморо чун яке аз хизматгоронаш қабул кард.

2. Дар ин мақола мо чиро дида мебароем?

2 Акнун ки мо ҳақиқатро медонем, имконияти пуршараф дорем, ки ба дигарон низ кумак кунем, то онҳо дар роҳи ҳаёт ба сафи мо ҳамроҳ шаванд. Эҳтимол, ба шумо хона ба хона мавъиза кардан осон бошад, вале дар пешниҳод кардани омӯзиш ва гузарондани он шояд душворӣ кашед. Оё ин ҳолат ба шумо шинос аст? Агар ҳа, пас, баъзе маслиҳатҳои ин мақола ба шумо кумак карда метавонанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ моро бармеангезад, ки шогирд тайёр кунем ва чӣ хел душвориҳоеро, ки пеши роҳи моро мегиранд, паси сар кунем. Дар аввал, биёед дида бароем, ки чаро мо набояд танҳо мавъиза кунем, балки ҳамчунин дигаронро таълим диҳем.

ИСО БА МО ФАРМУД, КИ ҲАМ МАВЪИЗА КУНЕМУ ҲАМ ТАЪЛИМ ДИҲЕМ

3. Чаро мо мавъиза мекунем?

Вақте Исо дар замин буд, ӯ ба пайравонаш ду корро супориш дод. Якум, ӯ гуфт, ки хушхабарро дар бораи Подшоҳӣ мавъиза кунанд ва нишон дод, ки чӣ тавр ин корро ба ҷо оранд (Мат. 10:7; Луқ. 8:1). Масалан, Исо гуфт, ки вақте одамон хушхабарро қабул мекунанд, чӣ тавр рафтор кунанд ва, вақте қабул намекунанд, чӣ кор кунанд (Луқ. 9:2–5). Ӯ ҳамчунин пешгӯйӣ кард, ки кори мавъизаи онҳо васеъ паҳн мешавад, «то ҳамаи халқҳо онро шунида тавонанд» (Мат. 24:14; Кор. 1:8). Нигоҳ накарда ба он ки одамон хушхабарро қабул мекарданд ё не, шогирдони Исо дар бораи Подшоҳӣ ва нияти Худо ба дигарон гап мезаданд.

4. Мувофиқи Матто 28:18–20 ғайр аз мавъизаи хушхабар мо бояд чӣ кор кунем?

4 Дуюм коре, ки Исо супориш дод, чиро дар бар мегирад? Ӯ ба пайравонаш гуфт, ки ба омӯзандагони худ риояи ҳар чизеро, ки ӯ фармуда буд, таълим диҳанд. Вале баъзеҳо шояд гӯянд, ки ин ду супориши Исо танҳо ба масеҳиёни асри як дахл дошт. Оё ин дуруст аст? Не. Исо нишон дод, ки ин кори муҳим то рӯзҳои мо, «то охирзамон», давом меёбад. (Матто 28:18–20-ро хонед.) Аз афташ, Исо ин амрро ҳангоми ба 500 шогирдаш намудор шудан гуфта буд (1 Қӯр. 15:6). Баъдтар Юҳанно рӯъёе дид. Дар он Исо равшан нишон дод, ки аз ҳамаи пайравонаш интизор аст, то онҳо дар шинохтани Яҳува ба дигарон кумак кунанд (Ошкор. 22:17).

5. Дар 1 Қӯринтиён 3:6–9 чӣ тавр Павлус алоқаи мавъиза ва таълим доданро бо мисоле фаҳмонд?

5 Павлуси расул кори шогирдсозиро ба кишту кор монанд карда нишон дод, ки вазифаи мо набояд фақат тухмӣ коридан бошад. Ӯ ба қӯринтиён хотиррасон карда чунин гуфт: «Ман коштам, Апуллус об дод... шумо бошед, киштзори Худо» ҳастед. (1 Қӯринтиён 3:6–9-ро хонед.) Мо коргарони «киштзори Худо» мебошем. Барои ҳамин вақте мо мавъиза мекунем, тухмӣ мекорем ва вақте одамонро таълим медиҳем, гӯё ба киштзор об мемонем (Юҳ. 4:35). Ҳамзамон мо дарк мекунем, ки он тухмиҳоро Худо месабзонад.

6. Вазифаи омӯзгор аз чӣ иборат аст?

6 Мо дар хизмат онҳоеро мекобем, ки дилашон «ба ҳаёти ҷовидонӣ моил» аст (Кор. 13:48). Барои он ки онҳо шогирди Масеҳ гарданд, мо бояд ба онҳо кумак кунем, то чизҳои аз Каломи Худо омӯхтаашонро 1) фаҳманд, 2) қабул кунанд ва 3) ба кор баранд (Юҳ. 17:3; Қӯл. 2:6, 7; 1 Тас. 2:13). Ҳама дар ҷамъомад ба омӯзандагон дар зоҳир кардани муҳаббат ва нағз пешвоз гирифтани онҳо намуна буда метавонанд (Юҳ. 13:35). Барои танҳо як омӯзиш гузарондан ба мо лозим аст, ки вақту қуввати зиёдро сарф кунем, то омӯзанда эътиқоду рафторашро, ки мисли қалъа «мустаҳкаму устувор» аст, дигар кунад (2 Қӯр. 10:4, 5). Эҳтимол, барои он ки омӯзанда қадамҳои дар боло овардашударо гузораду ниҳоят ба таъмид гирифтан тайёр шавад, мо бояд моҳҳои зиёдро сарф кунем. Лекин ин кӯшишҳои мо арзандаанд.

МУҲАББАТ МОРО БАРМЕАНГЕЗАД, КИ ШОГИРД ТАЙЁР КУНЕМ

7. Чаро мо дар кори мавъиза ва шогирдсозӣ иштирок мекунем?

7 Чаро мо ба одамон мавъиза карда шогирд тайёр мекунем? Якум, чунки мо Яҳуваро дӯст медорем. Вақте шумо ҳар кори аз дастатон омадаро карда ба ин амр гӯш медиҳед, шумо муҳаббататонро ба Яҳува нишон медиҳед (1 Юҳ. 5:3). Лаҳзае фикр кунед: Маҳз аз муҳаббат ба Яҳува шумо мавъизаи хона ба хонаро сар кардед. Оё ин бароятон осон буд? Аз афташ, не. Вақте шумо якум бор дарро тақ-тақ кардед, оё дар тарсу ҳаяҷон будед? Ҳа, лекин шумо медонистед, ки ин корро Исо фармудааст ва барои ҳамин итоат кардед. Эҳтимол, бо гузашти вақт ин кор бароятон осонтар шуд. Дар мавриди омӯзиш гузарондан низ чунин аст. Мумкин шумо аз худи фикри омӯзиш гузарондан ба ҳаяҷон оед, вале агар аз Яҳува далерӣ ва хоҳиши омӯзиш пешниҳод карданро пурсед, ӯ ба шумо ёрдам мекунад.

8. Мувофиқи Марқус 6:34 боз чӣ ба мо кумак мекунад, ки дигаронро таълим диҳем?

8 Дуюм, муҳаббат ба одамон моро бармеангезад, ки ба онҳо ҳақиқатро таълим диҳем. Боре Исо ва шогирдонаш рӯзи дароз хизмат карда монда шуданд. Онҳо мехостанд ба ҷойи хилвате рафта дам гиранд, вале одамони бисёр онҳоро ёфтанд. Дили Исо ба одамон сӯхт ва ӯ «чизҳои бисёрро ба онҳо таълим додан гирифт». (Марқус 6:34-ро хонед.) Чӣ Исоро барангехт, ки қуввати худро дареғ надошта мардумро таълим диҳад? Ӯ худро ба ҷойи онҳо гузошт. Ӯ дид, ки одамон то чӣ андоза азоб мекашанд ва умеди ҳақиқӣ надоранд, барои ҳамин ба онҳо кумак кардан хост. Имрӯз низ одамон дар чунин ҳолатанд, онҳо ба назар хушбахт тобанд ҳам, дар асл, хушбахт нестанд. Онҳо мисли гӯсфандони гумшудае мебошанд, ки чӯпон надоранд. Павлуси расул гуфт, ки ин гуна одамон ягон умед надоранд ва аз Худо бехабаранд (Эфс. 2:12). Онҳо бо роҳе равонаанд, ки «сӯйи нобудӣ мебарад» (Мат. 7:13). Вақте мо дар бораи одамони маҳалламон фикр мекунем ва мебинем, ки онҳо то чӣ андоза ба Худо муҳтоҷанд, муҳаббат ва дилсӯзӣ моро бармеангезад, ки ба онҳо кумак кунем. Роҳи беҳтарини ба онҳо ёрӣ додан пешниҳоди омӯзиши Китоби Муқаддас мебошад.

9. Аз рӯйи суханони Филиппиён 2:13 чӣ тавр Яҳува ба шумо ёрдам медиҳад?

9 Эҳтимол, шумо омӯзиш пешниҳод намекунед, чунки дудилаед, зеро мефаҳмед, ки барои тайёрӣ дидан ва гузарондани омӯзиш вақти бисёр лозим аст. Агар ҳамин тавр бошад, дар бораи ҳиссиётатон ба Яҳува дуо гӯед. Аз ӯ пурсед, ки ба шумо хоҳиш диҳад, то омӯзиш ёбеду онро гузаронед. (Филиппиён 2:13-ро хонед.) Юҳаннои расул моро боварӣ бахшид, ки агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, ӯ моро мешунавад (1 Юҳ. 5:14, 15). Дилпур бошед, ки Яҳува ба шумо хоҳиши таълим доданро медиҳад.

ЧӢ ТАВР ДИГАР ДУШВОРИҲОРО ПАСИ САР КУНЕМ

10, 11. Чӣ моро аз гузарондани омӯзиш боздошта метавонад?

10 Мо мефаҳмем, ки таълим додан вазифаи муҳим мебошад, лекин ин шояд бароямон душвор аст. Биёед баъзе душвориҳо ва чӣ тавр паси сар кардани онҳоро дида бароем.

11 Шояд мо фикр кунем, ки вазъиятамон имкон намедиҳад. Масалан, баъзе воизон синну солашон ба ҷое расидааст ё саломатии хуб надоранд. Оё шумо низ дар чунин вазъият қарор доред? Агар ҳа, пас, ба ёд оред, ки дар давоми вабои COVID-19 мо чиро фаҳмидем. Мо дидем, ки ба воситаи телефон ё дигар таҷҳизоти электронӣ омӯзиш гузарондан мумкин аст. Ҳамин тавр шумо аз хона набаромада, метавонед омӯзиш сар кунед ва онро гузаронед. Чунин омӯзиш боз як фоидаи дигар дорад. Баъзе одамон бо ҷону дил ба омӯзиш розӣ мешаванд, лекин онҳо дар вақтҳое, ки одатан бародарону хоҳарон мавъиза мекунанд, банд ҳастанд. Эҳтимол, ба онҳо саҳарии барвақт ё нисфи шаб омӯзиш кардан қулай аст. Оё шумо дар ин вақт бо онҳо омӯзиш гузаронда метавонед? Барои мисол, Исо Ниқӯдимусро шабона таълим дод, чунки ин вақт барои Ниқӯдимус қулай буд (Юҳ. 3:1, 2).

12. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки аз уҳдаи омӯзиш гузарондан мебароем?

12 Шояд мо фикр кунем, ки аз уҳдаи гузарондани омӯзиш намебароем. Эҳтимол, мо фикр мекунем, ки пеш аз бо касе омӯзиш гузарондан аввал бояд донишу маҳоратамонро чун омӯзгор зиёд кунем. Агар ин тавр бошад, се чиз ба шумо оромӣ бахшида метавонад. Якум, дар назари Яҳува шумо дар гузарондани омӯзиш моҳир ҳастед (2 Қӯр. 3:5). Дуюм, ин супоришро ба шумо Исо дод, ки ба ӯ «тамоми қудрат дар замину осмон» дода шудааст (Мат. 28:18). Сеюм, шумо дар ин кор танҳо нестед. Исо чизеро мегуфт, ки падараш ба вай таълим дода буд ва мо низ чунин карда метавонем (Юҳ. 8:28; 12:49). Илова бар ин, шумо метавонед аз нозири гурӯҳи хизматӣ, аз ягон пешрави бомаҳорат ё аз воизи ботаҷрибае барои сар кардан ва гузарондани омӯзиш кумак пурсед. Яке аз роҳҳои ба худ боварӣ пайдо кардан ин иштирок дар омӯзиши дигар воизон мебошад.

13. Чаро мо бояд ба дигар кардани тарзи таълимдиҳӣ тайёр бошем?

13 Шояд мо дар истифодаи тарзи нав ва маводи нав душворӣ кашем. Ҳоло тарзи омӯзиш гузарондани мо тағйир ёфтааст. Адабиёти асосии мо барои омӯзиш бо номи «То абад зинда бошед!» талаб мекунад, ки барои омӯзиш ба таври дигар тайёрӣ дида онро гузаронем. Мо назар ба пештара камтар сархат мехонем ва бо омӯзанда бисёртар суҳбат мекунем. Ҳангоми омӯзиш мо бисёртар видеонаворҳо, маводи вебсайтамон ва «JW Library»® (ҷей даблю лайбрарӣ)-ро истифода мебарем. Агар шумо дар истифодаи ин мавод душворӣ кашед, аз дигарон ёрдам пурсед, то истифодаи онро ба шумо ёд диҳанд. Чи хеле ки мегӯянд, «тарки одат амри маҳол». Дар ҳақиқат ба тарзи нави гузарондани омӯзиш одат кардан душвор буда метавонад, лекин бо ёрдами Яҳува ва дигарон шумо онро ёд гирифта аз омӯзиш хурсандии зиёдтар мегиред. Як пешрав дар бораи ин тарзи омӯзиш чунин гуфт: «Он ҳам ба омӯзанда ва ҳам ба омӯзгор хурсандӣ мебахшад».

14. Агар одамони минтақаи мо ба ҳақиқат шавқ надошта бошанд, мо бояд чиро фаромӯш накунем ва чӣ тавр 1 Қӯринтиён 3:6, 7 моро рӯҳбаланд мекунад?

14 Шояд мо дар минтақае зиндагӣ кунем, ки сар кардани омӯзиш душвор аст. Баъзе одамон ба хушхабар шавқ надоранд ё ҳатто ба мо муқобилат мекунанд. Чӣ ба мо ёрдам медиҳад, ки диламон аз чунин минтақа хунук нашавад? Фаромӯш накунед, ки ҳаёти одамон дар ин ҷаҳони пуразоб тез дигар шуда метавонад ва касоне, ки пеш ба ҳақиқат шавқ надоштанд, ташнаи роҳнамоии Худо мешаванд (Мат. 5:3). Одамоне, ки пеш ҳеҷ гоҳ адабиётамонро намехонданд, баъдтар ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуданд. Мо ҳамчунин медонем, ки Яҳува Нозири дарав аст (Мат. 9:38). Ӯ мехоҳад, ки мо коридану об доданро бас накунем, аммо тухмии коридаамонро ӯ худаш месабзонад (1 Қӯр. 3:6, 7). Шояд мо ҳоло омӯзиш намегузаронем, лекин дар ёд доред, ки Яҳува на аз рӯйи натиҷаи хизматамон, балки аз рӯйи кӯшишҳоямон ба мо подош медиҳад ва ин фикр хеле рӯҳбаландкунанда аст *.

БИГЗОР ШОГИРДСОЗӢ БА ШУМО ХУРСАНДӢ ОРАД

Бинед, ки чӣ тавр мавъиза ва таълимдиҳии мо ба шахс фоида меорад (Ба сархатҳои 15–17 нигаред.) *

15. Вақте ягон кас ба омӯзиш розӣ шуда мувофиқи дониши гирифтааш амал менамояд, Яҳува чӣ ҳис мекунад?

15 Вақте ки шахс ҳақиқати Каломи Худоро қабул намуда онро ба дигарон нақл мекунад, Яҳува аз ин хеле хурсанд мешавад (Пнм. 23:15, 16). Имрӯз халқи Яҳува боғайратона мавъиза карда дигаронро таълим медиҳад ва Яҳува инро дида беҳад шод мегардад. Масалан, нигоҳ накарда ба вабои умумиҷаҳонӣ дар соли хизматии 2020 бо 7 705 765 нафар омӯзиш гузаронда шуд ва дар натиҷаи ин 241 994 нафарашон худро ба Яҳува бахшида таъмид гирифтанд. Ин шогирдони нав, дар навбати худ, бо дигарон омӯзиш гузаронда бисёртар шогирд тайёр мекунанд (Луқ. 6:40). Вақте ки мо бо дигарон омӯзиш карда шогирд тайёр мекунем, бешубҳа, дили Яҳуваро шод мегардонем.

16. Мо кадом мақсади хубро гузошта метавонем?

16 Шогирд тайёр кардан кори осон нест, лекин бо ёрдами Яҳува метавонем ба касе ёрдам кунем, ки Падари осмониамонро дӯст дорад. Мақсад гузоштан мумкин аст, ки ақаллан бо як кас омӯзиш сар кунем. Агар мо ҳар як имкониятро истифода бурда ба ҳар касе, ки вомехӯрем, омӯзиш пешниҳод кунем, эҳтимол, аз натиҷаи ин ба ҳайрат оем. Яҳува, албатта, ин кӯшишҳои моро баракат медиҳад.

17. Агар мо аз уҳдаи омӯзиш гузарондан бароем чӣ ҳис мекунем?

17 Мавъиза ва таълим додани дигарон кори пуршараф аст ва аз ин кор мо хурсандии ҳақиқӣ меёбем. Павлуси расул, ки ба бисёр таслӯникиён барои шогирди Масеҳ шудан ёрдам дода буд, ҳиссиёти худро чунин баён кард: «Ҳангоми ҳузур доштани Ҳазратамон Исо умед, хурсандӣ ва тоҷи шодмонии мо дар пеши ӯ кист? Магар шумо нестед? Бале, ифтихору шодии мо шумоед» (1 Тас. 2:19, 20; Кор. 17:1–4). Имрӯз низ бисёриҳо чунин ҳиссиёт доранд. Хоҳаре бо номи Стефани, ки бо ҳамсараш ба бисёриҳо ёрдам додааст, то таъмид гиранд, чунин мегӯяд: «Вақте ба одамон ёрдам мекунӣ, ки худро ба Яҳува бахшанд, хурсандии бемислро ҳис мекунӣ».

СУРУДИ 142 Ба ҳама одамон мавъиза мекунем

^ сарх. 5 Яҳува ба мо супориш дод, ки на танҳо мавъиза кунем, балки ҳамчунин дигаронро таълим диҳем, то онҳо мувофиқи ҳар чизе, ки Исо фармуда буд, амал намоянд. Чӣ моро бармеангезад, ки шогирд тайёр кунем? Ҳангоми мавъиза ва таълим додани дигарон мо бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем? Чӣ тавр ин душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст? Дар мақолаи мазкур ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.

^ сарх. 14 Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр ҳар як аъзои ҷамоат дар кори шогирдсозӣ иштирок карда метавонад, ба мақолаи «Аҳли ҷамъомад, дар рушди рӯҳонӣ ва таъмиди омӯзандагон саҳм гузоред», ки дар «Бурҷи дидбонӣ»-и марти соли 2021 оварда шудааст, нигаред.

^ сарх. 53 ШАРҲИ РАСМ: Биёед дида барем, ки чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас ҳаёти шахсро дигар мекунад: Дар аввал ҳаёти ҷавонмарде бемаъно метобад, чунки ӯ Яҳуваро намешиносад. Баъдтар Шоҳидони Яҳува ба ӯ мавъиза мекунанд ва ӯ ба омӯзиш розӣ мешавад. Чизҳои омӯхтааш ӯро бармеангезад, ки худро ба Яҳува бахшида, таъмид гирад. Бо гузашти вақт ӯ ҳам шогирд тайёр мекунад. Ниҳоят, ҳамаи онҳо дар биҳишт аз ҳаёт лаззат мебаранд.