Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27

Аз истодагарии Яҳува ибрат гиред

Аз истодагарии Яҳува ибрат гиред

«Шумо бо истодагӣ ҷонатонро халос мекунед» (ЛУҚ. 21:19).

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Чӣ тавр ваъдаи дар Ишаъё 65:16, 17 омада, ба мо ёрдам мекунад, ки ба душвориҳоямон тоб орем?

АНҶУМАНИ МИНТАҚАВИИ соли 2017 хеле таъсирбахш буд ва он чунин ном дошт: «Ноумед нашавед!» Мо аз барномаи он анҷуман фаҳмидем, ки чӣ тавр ба душвориҳо тоб оварда метавонем. Аз он вақт чор сол гузашта бошад ҳам, шумо то ҳол дар ин замона душвориҳоро паси сар карда истодаед.

2 Ба наздикӣ шумо бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шудед? Оё шумо ягон аъзои оила ё дӯсти наздикатонро аз даст додед? Оё шумо аз ягон бемории ҷиддӣ ё душвориҳои бо пиронсолӣ алоқаманд дар азобед? Оё аз боиси ягон офати табиӣ, зӯроварӣ ё таъқибот душворӣ мекашед? Ё аз вабои COVID-19 ё чизи ба ин монанд, азият мекашед? Мо бесаброна рӯзеро интизорем, ки аз ҳамаи ин душвориҳо ному нишоне намемонад, онҳо ҳатто ба гӯшаи хаёламон намеоянд ва дигар асло такрор намешаванд! (Ишаъё 65:16, 17-ро хонед.)

3. Аз ҳозир мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?

3 Ҳаёт дар ин замона душвор аст ва дар оянда мо бо душвориҳои сахттар дучор мешавем (Мат. 24:21). Барои ҳамин мо бояд истодагариамонро инкишоф диҳем. Исо гуфт: «Шумо бо истодагӣ ҷонатонро халос мекунед» (Луқ. 21:19). Вақте мо мебинем, ки дигарон душвориҳоеро, ки ба душвориҳои мо монанданд, бомуваффақият паси сар мекунанд, истодагиамон қавӣ мешавад.

4. Чаро мо гуфта метавонем, ки Яҳува дар истодагӣ ва пуртоқатӣ намунаи беҳтарин аст?

4 Кӣ ба назари шумо дар истодагарӣ намунаи беҳтарин аст? Яҳува Худо. Шояд шумо аз ин ҳайрон шавед. Лекин дар ин бора фикр кунед. Азбаски ин ҷаҳонро Шайтон роҳбарӣ мекунад, он пур аз душвориҳост. Яҳува қудрат дорад, ки дар як лаҳза ба ҳамаи ин хотима бахшад, вале ӯ нақша дорад, ки инро дар оянда кунад (Рум. 9:22). Ӯ то он рӯзи муқаррар кардааш пуртоқатӣ зоҳир мекунад. Биёед фаҳмем, ки кадом нӯҳ чизро ӯ то ҳол тоқат мекунад.

ЯҲУВА КАДОМ ЧИЗҲОРО ТОҚАТ МЕКУНАД?

5. Чӣ тавр номи Худо доғдор шуд ва шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

5 Доғдор шудани номашро тоқат мекунад. Номи Яҳува барояш азиз аст ва ӯ мехоҳад, ки ҳар як кас онро эҳтиром кунад (Иш. 42:8). Лекин тахминан шаш ҳазор сол инҷониб нисбати номи ӯ беҳурматӣ зоҳир мекунанд (Заб. 74:10, 18, 23). Ин вазъият аз боғи Адан сар шуд, вақте Иблис тӯҳмат карда гуфт, ки Худо Одаму Ҳавворо аз чизи муҳим маҳрум мекунад ва намегузорад, ки онҳо хушбахт шаванд (1 Мӯсо 3:1–5). Аз он вақт сар карда номи Яҳуваро Шайтон сиёҳ карда истодааст. Исо хавотир буд, ки нисбати номи Падараш беҳурматӣ зоҳир карда мешавад. Барои ҳамин шогирдонашро таълим дод, ки чунин дуо гӯянд: «Эй Падари мо, ки дар осмонӣ, номи ту муқаддас бод!» (Мат. 6:9).

6. Чаро барои исбот кардани ҳуқуқи ҳукмронӣ карданаш Яҳува вақти кофӣ дод?

6 Зиддиятро нисбати ҳокимияташ тоқат мекунад. Танҳо Яҳува ҳақ дорад, то бар осмону замин ҳукмронӣ намояд ва тарзи ҳукмронии ӯ аз ҳама беҳтарин аст (Ошкор. 4:11). Шайтон бошад, кӯшиш мекунад, то фариштагону одамон ба чунин ҳуқуқ доштани Худо шубҳа пайдо намоянд. Барои исбот шудани ин масъала вақт лозим аст. Худо бохирадона амал карда вақти кофӣ дод, ки одамон худашон ҳукмронӣ кунанд, то исбот шавад, ки бе Офаридгор онҳо муваффақ буда наметавонанд (Ирм. 10:23). Дар натиҷаи пурсабрии Худо ин масъала ба таври ҳамешагӣ ҳал мешавад. Ҳама хоҳанд донист, ки танҳо Яҳува ҳуқуқи ҳукмронӣ карданро дорад ва Подшоҳии ӯ ягона ҳокимиятест, ки бар замин сулҳу осоиштагӣ меорад.

7. Киҳо муқобили Яҳува баромаданд ва ӯ чӣ чора андешид?

7 Исён бардоштани баъзе фарзандонашро тоқат мекунад. Яҳува фариштагон ва одамонро бе ягон камбудӣ, комил офарида буд. Баъдтар яке аз фариштагон, Шайтон (маънояш душман), муқобили Худо исён бардошта Одаму Ҳавворо, ки комил буданд, гумроҳ кард. Дигар фариштагон ва одамон низ ба исёни онҳо ҳамроҳ шуданд (Яҳд. 6). Баъдтар, ҳатто исроилиён, ки халқи интихобшудаи Худо буданд, ӯро рад намуда, ба худоҳои дурӯғ рӯ оварданд (Иш. 63:8, 10). Албатта, ин хиёнати онҳо ба Яҳува дард овард. Вале Яҳува он вақт истодагӣ кард ва то ҳол пурсаброна вақти таъйиншудаеро интизор аст, то ҳамаи он исёнкоронро нест кунад. Он гоҳ Яҳува ва онҳое, ки ба ӯ содиқ мемонанд, хушбахт хоҳанд буд ва дигар ба онҳо лозим намеояд, ки ба бадкории ин дунё сабру тоқат кунанд.

8, 9. Чӣ хел дар ҳаққи Яҳува дурӯғ мегӯянд ва чӣ тавр мо ӯро тарафдорӣ карда метавонем?

8 Дурӯғи Шайтонро тоқат мекунад. Шайтон хизматгори содиқи Яҳува, Айюбро айбдор карда гуфт, ки ҳама хизматгорони Яҳува дар асл, танҳо барои манфиати худашон ӯро ибодат мекунанд (Айюб 1:8–11; 2:3–5). Шайтон то ҳозир одамонро дар ин айбдор мекунад (Ошкор. 12:10). Вақте ки мо дар озмоишҳо истодагарӣ карда аз муҳаббат ба Яҳува содиқ мемонем, исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Чи хеле ки Яҳува Айюбро баракат дод, моро низ барои истодагариамон ҳатман баракат медиҳад (Яъқ. 5:11).

9 Шайтон ба воситаи сарварони дини дурӯғ Яҳуваро сиёҳ карда мегӯяд, ки ӯ бераҳм аст ва ба азобҳои одамизод ҷавобгар мебошад. Вақте ягон кӯдак мемирад, баъзеҳо ҳатто мегӯянд, ки Худои гулчин ӯро назди худаш гирифтааст. Чӣ хел туҳмати сахт дар ҳаққи Яҳува! Вале мо медонем, ки Яҳува Падари меҳрубон аст. Вақте мо бо бемории ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавем ё вақте шахси наздикамонро аз даст медиҳем, мо ҳеҷ вақт Яҳуваро айбдор намекунем. Баръакс, мо имон дорем, ки рӯзе ҳамаи бемориҳо аз байн мераванд ва наздиконамон эҳё мешаванд. Мо ба ҳар касе, ки ба шунидан моил аст, мегӯем, ки Яҳува хеле Худои меҳрубон мебошад. Ин кори мо ба Яҳува имконият медиҳад, ки ба бадгӯяш ҷавоби хуб диҳад (Пнм. 27:11).

10. Аз Забур 22:23, 24 дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

10 Азоби хизматгорони азизашро тоқат мекунад. Яҳува Худои ҳамдард аст. Вақте ки хизматгоронаш аз сабаби таъқибот, беморӣ ё нокомилӣ фиғон мекашанд, ӯ ғамгин мешавад. (Забур 22:23, 24-ро хонед.) Яҳува дарди моро мефаҳмад; ӯ мехоҳад, ки пеши роҳи ҳамаи ин чизҳоро гирад ва, албатта, чунин мекунад. (Бо 2 Мӯсо 3:7, 8 ва Ишаъё 63:9 муқоиса кунед.) Рӯзе фаро мерасад, ки «ӯ ҳар ашкро аз чашмони [мо] пок хоҳад кард ва марг дигар нахоҳад буд, гиря, фиғон ва дард дигар нахоҳад буд» (Ошкор. 21:4).

11. Яҳува нисбати хизматгорони содиқаш, ки вафот кардаанд, чиро ҳис мекунад?

11 Ҷудоӣ аз дӯстони вафоткардаашро тоқат мекунад. Яҳува нисбати ходимони содиқаш, ки вафот кардаанд, чӣ ҳис мекунад? Яҳува ташнаи дидори онҳост! (Айюб 14:15). Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки Яҳува то чӣ андоза дӯсти азизаш, Иброҳимро, ёд кардааст? (Яъқ. 2:23). Ё Мӯсо-пайғамбарро, ки бо ӯ «рӯ ба рӯ гап мезад», чӣ қадар пазмон аст? (2 Мӯсо 33:11). Ё тасаввур кунед, ки то чӣ андоза Яҳува сурудани Довуд ва дигар сарояндагонро, ки дар васфи ӯ сурудҳои зебо мехонданд, ёд мекунад? (Заб. 104:33). Ҳарчанд ин дӯстони Яҳува дар хоби марганд, ӯ онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунад (Иш. 49:15). Ӯ ҳар як ҷузъиёти шахсияташонро дар хотир дорад. Дар Китоби Муқаддас ҳатто гуфта шудааст, ки «барои ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд» (Луқ. 20:38). Рӯзе Яҳува онҳоро ба ҳаёт бармегардонад ва он гоҳ Яҳува аз нав дуоҳои самимиашонро гӯш мекунад ва ибодати онҳоро қабул менамояд. Агар шумо ягон шахси наздикатонро аз даст дода бошед, бигзор ин фикрҳо ба шумо тасаллӣ бахшанд.

12. Дар ин замонаҳои охир чӣ махсусан Яҳуваро ғамгин месозад?

12 Зӯроварии бадкоронро тоқат мекунад. Баъди исёни боғи Адан Яҳува медонист, ки вазъият пеш аз он ки беҳтар шавад, бадтар мешавад. Яҳува бадкорӣ, беинсофӣ ва зӯроварии ҷаҳони имрӯзаро чашми дидан надорад. Ӯ ҳама вақт хусусан нисбати ҳолу аҳволи касони бепушту паноҳ, аз ҷумла ятимон ва бевазанон ғам мехӯрд (Зак. 7:9, 10). Боз вақте Яҳува мебинад, ки хизматгорони содиқашро таъқиб мекунанду ҳабс менамоянд, ӯ аз ин хеле ғамгин мешавад. Дилпур бошед, ки Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки ба сабру тоқати вай пайравӣ мекунанд, хеле дӯст медорад.

13. Одамизод дар чашми Яҳува то чӣ андоза нопок шуд ва оқибат Яҳува чӣ кор мекунад?

13 Торафт бад шудани ахлоқи одамонро тоқат мекунад. Инсон тавре офарида шуда буд, ки ба Худо пайравӣ кунад. Вале ба Шайтон маъқул аст, ки онҳо ба корҳои бад даст зананд. Вақте Худо дар рӯзҳои Нӯҳ «дид, ки замин аз бадкории одамизод пур шудааст... Яҳува афсӯс хӯрд, ки одамизодро дар рӯйи замин офарид ва дилаш реш-реш шуд» (1 Мӯсо 6:5, 6, эзоҳ, 11). Аз он вақт инҷониб магар ҳолати замин беҳтар шуд? Албатта, не! Шайтон хеле хурсанд аст, ки ҳар гуна бадахлоқӣ, аз ҷумла зинокорӣ байни мардону занон ва ҳамҷинсбозӣ торафт паҳн шуда истодааст (Эфс. 4:18, 19). Вақте Шайтон мебинад, ки ягон хизматгори Худо ба гуноҳ даст мезанад, аз ин бахусус хурсанд мешавад. Вақте косаи сабри Яҳува лабрез мегардад, ӯ одамонеро, ки ислоҳ шудан намехоҳанд, нест карда нишон медиҳад, ки аз ин корҳо нафрат дорад.

14. Одамон бо замин ва ҳайвонот чӣ кор карда истодаанд?

14 Вайронкунандагони заминро тоқат мекунад. Одамизод на танҳо «ба зарари одам ҳукмронӣ мекунад», балки замин ва ҳайвонҳоро, ки ғамхорӣ карданашонро Яҳува ба онҳо супориш дода буд, нобуд месозад (Пандгӯ 8:9; 1 Мӯсо 1:28). Баъзе олимон мегӯянд, ки баъди якчанд сол дар натиҷаи муносибати бади одамон беш аз як миллион навъи * ҷисмҳои зинда нобуд шуда метавонад. Барои ҳамин одамон дар бораи олами набототу ҳайвонот ба ташвиш меоянд. Хушбахтона, Яҳува ваъда додааст, ки «нобудкунандагони замин»-ро нобуд мекунад ва тамоми заминро ба биҳишт табдил медиҳад (Ошкор. 11:18; Иш. 35:1).

АЗ ИСТОДАГАРИВУ ПУРТОҚАТИИ ЯҲУВА МО ЧӢ ДАРС МЕГИРЕМ?

15, 16. Чаро мо бояд мисли Яҳува пуртоқативу истодагарӣ зоҳир кунем? Мисол оред.

15 Дар бораи ҳама вазъиятҳои ғамоваре, ки Падари осмониамон ҳазорсолаҳо боз сабру тоқат карда истодааст, фикр кунед. (Ба чорчӯбаи  «Яҳува чиро сабру тоқат карда истодааст?» нигаред.) Яҳува барвақт метавонист ба ин бадиҳо хотима бахшад, лекин ӯ сабру тоқат зоҳир мекунад ва мо аз ин манфиати калон мегирем. Инро бо як мисол фаҳмондан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки ба зану шавҳаре мегӯянд, ки кӯдакашон маъюб таваллуд мешавад, бисёр азоб мекашад ва бемаҳал мемирад. Нигоҳ накарда ба он ки нигоҳубини чунин кӯдак душвор аст, волидон аз таваллуди ӯ хеле хурсанд мешаванд. Азбаски онҳо ҷигарбандашонро дӯст медоранд, онҳо ба ҳама душвориҳо тоб оварда, кӯшиш мекунанд, ки ҳаёти ӯ ҳарчи беҳтар шавад.

16 Ба ин монанд, тамоми насли Одаму Ҳавво нокомил ба дунё меоянд. Ба ҳар ҳол Яҳува онҳоро дӯст медорад ва нисбаташон ғамхорӣ мекунад (1 Юҳ. 4:19). Ва баръакси волидон аз ин мисол, Яҳува метавонад ба азобҳои фарзандонаш хотима бахшад. Ӯ рӯзеро таъйин кардааст, ки ба тамоми ранҷу азоби одамизод нуқта мемонад (Мат. 24:36). Агар Яҳува аз муҳаббат ба мо ин қадар сабру тоқат кунад, пас, магар мо ҳам набояд чи қадаре лозим бошад, истодагарӣ кунем?

17. Чӣ тавр намунаи Исо, ки дар Ибриён 12:2, 3 оварда шудааст, ба мо кумак мекунад, ки то охир истодагарӣ кунем?

17 Яҳува дар истодагарӣ намунаи беҳтарин аст. Исо пурра ба истодагарии Яҳува пайравӣ мекард. Вақте Исо ба замин омад, ӯ барои мо шуда ба суханони пастзананда, шармандагӣ ва сутуни азоб тоб овард. (Ибриён 12:2, 3-ро хонед.) Намунаи истодагарии Яҳува бешубҳа ба Исо қувват бахшид, ки то охир истодагарӣ кунад. Ва, албатта, он ба мо низ қувват бахшида метавонад.

18. Мувофиқи 2 Петрус 3:9 пуртоқатии Яҳува чӣ натиҷа меорад?

18 2 Петрус 3:9-ро хонед. Яҳува медонад, ки ин ҷаҳони бадро кай нест кунад, беҳтар аст. Пурсабрии Яҳува ба миллионҳо мардуми сершуморе, ки ӯро ибодат мекунанд, имконият дод, ки ҷамъ оянд. Ҳамаи онҳо хурсанданд, ки ба шарофати пуртоқатии Яҳува таваллуд шуданд, ӯро шинохта дӯст доштанд ва ҳаёташонро ба ӯ бахшиданд. Вақте Яҳува миллионҳо одамон, аз ҷумла моро барои то охир истодагарӣ карданамон мукофот медиҳад, он гоҳ пурра мефаҳмем, ки истодагарию пуртоқатии Яҳува беҳуда набудааст.

19. Мо бояд ба чӣ азми қавӣ дошта бошем ва мукофоти мо чӣ хоҳад буд?

19 Мо чӣ тавр бо хурсандӣ истодагарӣ карданро аз Яҳува омӯхта метавонем. Нигоҳ накарда ба ранҷу азобе, ки Шайтон овард, Яҳува то ҳол «Худои хушбахт» мемонад (1 Тим. 1:11). Мо ҳам, то вақте ки Яҳува номашро муқаддас мегардонад, ҳақ будани ҳокимияташро исбот мекунад ва ба ҳамаи бадиҳо хотима бахшида проблемаҳои имрӯзаамонро ҳал мекунад, хурсандона истодагарӣ карда метавонем. Биёед мо ҳам бо азми қавӣ истодагарӣ кунем ва аз донистани он ки Падари осмониамон низ истодагӣ карда истодааст, тасалло ёбем. Агар ин тавр кунем, ҳар яки мо иҷро шудани суханони зеринро хоҳем дид: «Хушбахт аст касе, ки озмоишҳоро бо истодагарӣ паси сар мекунад, зеро ӯ розигии Худоро ба даст оварда, тоҷи ҳаётро, ки Яҳува ба дӯстдоронаш ваъда додааст, соҳиб мегардад» (Яъқ. 1:12).

СУРУДИ 55 Шуд ҳаёт абадӣ!

^ сарх. 5 Ҳамаи мо ҳар гуна проблемаҳо дорем ва аксари онҳоро мо ҳал карда наметавонем, ба мо танҳо лозим аст, ки ба онҳо тоб орем. Вале мо танҳо нестем. Худи Яҳува низ ба бисёр чизҳо тоқат карда истодааст. Аз ин мақола мо танҳо нӯҳ чизеро, ки Яҳува тоқат мекунад, мефаҳмем. Инчунин мебинем, ки пурсабрии Яҳува чӣ манфиат овард.

^ сарх. 14 Мафҳуми калимаи «навъ» аз калимаи «ҷинс»-е, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудааст, фарқ мекунад. Калимаи ҷинс ба гурӯҳи васеътар ишора мекунад.