Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 28

Аз рақобат гурезед ва сулҳро нигоҳ доред

Аз рақобат гурезед ва сулҳро нигоҳ доред

«Биёед худпараст нашавем, якдигарро ба рақобат тела надиҳем ва ба ҳамдигар ҳасад набарем» (ҒАЛ. 5:26).

СУРУДИ 53 Дар ягонагӣ ҳамкорӣ мекунем

ПЕШГУФТОР *

1. Рӯҳияи рақобат ба одамон чӣ хел таъсир карда метавонад?

ИМРӮЗ дар ҷаҳон бисёр одамон кӯшиш мекунанд, ки аз дигарон беҳтар бошанд ва парво надоранд, ки ин амалашон ба дигарон чӣ хел таъсир мекунад. Масалан, баъзе савдогарон барои бойтар шудан ба корҳое даст мезананд, ки ба дигарон зарар меорад. Варзишгаре барои ғалаба ба даст овардан қасдан ба ҳарифаш зарар расонда метавонад. Донишҷӯён бошанд, барои ҷой дар донишгоҳи машҳур рақобат карда дар имтиҳонҳо ҳиллаю найрангро ба кор мебаранд. Мо масеҳиён мефаҳмем, ки чунин чизҳо нодурустанд ва онҳо ба «корҳои ҷисм» дохил мешаванд (Ғал. 5:19–21). Лекин оё чунин шуданаш мумкин аст, ки баъзе хизматгорони Яҳува худашон нафаҳмида дигаронро дар ҷамъомад ба рақобат тела диҳанд? Мо бояд дар ин бора фикр кунем, чунки, агар дар ҷамъомад рӯҳияи рақобат бошад, он ягонагиро вайрон мекунад.

2. Мо дар ин мақола чиро муҳокима мекунем?

2 Дар ин мақола мо баъзе хислатҳоеро дида мебароем, ки хоҳиши аз дигарон беҳтар шуданро дар мо бедор мекунад. Ҳамчунин аз Китоби Муқаддас мисолҳои хизматгорони содиқи Худоро, ки ба рӯҳияи рақобат дода нашуданд, муҳокима мекунем. Дар аввал биёед бинем, ки чаро мо баъзан ин тавр амал мекунем.

НИЯТҲОИ ХУДРО САНҶЕД

3. Кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

3 Хуб мебуд, ки баъзан ниятҳои худро тафтиш кунем. Мо аз худ чунин пурсида метавонем: «Оё барои муайян кардани қадрам, худро бо дигарон муқоиса мекунам? Чаро ман аз таҳти дил хизмат мекунам? Оё нияти ман беҳтарин шудан аст ё ақаллан аз ин ё он бародару хоҳар беҳтар шудан мебошад? Ё ман танҳо мехоҳам чизи беҳтаринамро ба Яҳува диҳам?» Чаро мо ба худ бояд чунин саволҳоро диҳем? Аҳамият диҳед, ки Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд.

4. Мувофиқи Ғалотиён 6:3, 4 чаро мо набояд худро бо дигарон муқоиса кунем?

4 Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мо набояд худро бо дигарон муқоиса кунем. (Ғалотиён 6:3, 4-ро хонед.) Чаро? Барои ин камаш ду сабаб аст. Якум, агар мо фикр кунем, ки аз дигарон беҳтар ҳастем, ҳавобаланд шуда метавонем. Аз дигар тараф, агар худро бо дигарон муқоиса карда фикр кунем, ки дигарон ин ё он корро аз мо дида беҳтар мекунанд, рӯҳафтода мешавем. Ҳар дуи ин маврид ба мо халал мерасонад, ки солимфикриро нигоҳ дорем (Рум. 12:3). Хоҳаре аз Юнон, ки Катерина * ном дорад, чунин мегӯяд: «Ман худро бо онҳое муқоиса мекардам, ки ба назарам аз ман хушрӯтар метофтанд, дар хизмат маҳорати бештар доштанд ва ба осонӣ дӯстон пайдо карда метавонистанд. Дар натиҷа ман худро ночизу беқадр ҳис кардам». Мо бояд дар ёд дорем, ки Яҳува моро на барои он ба худ ҷалб кардааст, ки зебою хушчақчақ ё гули сари сабад мебошем, балки барои он ки мо ӯро дӯст медорем ва ба Писараш гӯш медиҳем (Юҳ. 6:44; 1 Қӯр. 1:26–31).

5. Шумо аз саргузашти бародар Ҳаян чӣ омӯхтед?

5 Саволи дигаре, ки мо бояд аз худ пурсем чунин аст: «Оё ман дар назари бародару хоҳарон шахси сулҳҷӯ ҳастам ё бисёр вақт ба дигарон норозигӣ баён мекунам?» Ба чизе, ки бо Ҳаян ном бародар аз Кореяи Ҷанубӣ рӯй дод, аҳамият диҳед. Як вақтҳо ӯ бо дигар бародароне, ки таъйинот доштанд, рақобат мекард. Ӯ мегӯяд: «Ман нисбати он бародарон айбҷӯйӣ карда бисёр вақт бо суханонашон розӣ намешудам». Ин чӣ натиҷа овард? Ӯ иқрор мешавад: «Ин рафтори ман ба ягонагии ҷамоат халал расонд». Баъзе дӯстони Ҳаян ба ӯ ёрдам карданд, ки ин душвориашро фаҳмад. Ӯ ислоҳ шуд ва имрӯз пири ҷамоати хеле хуб мебошад. Агар мо низ пай барем, ки бо дигарон рақобат карда, ягонагии ҷамоатро вайрон карда истодаем, мо бояд дарҳол ислоҳ шавем.

АЗ ХУДБИНӢ ВА ҲАСАД ДАРГУРЕЗ БОШЕД

6. Чуноне ки дар Ғалотиён 5:26 омадааст, кадом хислатҳои бад шахсро ба рақобат тела медиҳад?

6 Ғалотиён 5:26-ро хонед. Кадом хислатҳои бад одамро ба рақобат тела медиҳад? Яке аз чунин хислатҳо худбинӣ мебошад. Одами худбин мағрур аст ва доимо манфиати худашро фикр мекунад. Ба рақобат шахсро инчунин ҳасад бармеангезад. Одами ҳасадхӯр на танҳо чизи дигаронро соҳиб шудан мехоҳад, балки ҳамчунин онҳоро аз чизи доштаашон маҳрум кардан мехоҳад. Бале, ҳасад як намуди нафрат аст. Мо аз ин гуна хислатҳои бад чун аз бало ҳазар кардан мехоҳем.

7. Бо кадом мисол зарари худбиниву ҳасадро нишон додан мумкин аст?

7 Хислатҳои худбинӣ ва ҳасадро ба ҳашароте монанд кардан мумкин аст, ки дарахтро аз дарун вайрон мекунад. Аз берун чунин дарахт солиму бақувват метобад, аммо дарунаш пук аст. Агар шамол сахттар вазад, ин дарахт чаппа мешавад. Ба ҳамин монанд, агар одам худбину ҳасадхӯр бошад, мумкин ӯ муддате ба Яҳува хизмат кунад, аммо оқибат ба фалокат дучор мешавад (Пнм. 16:18). Рафта-рафта ӯ хизмати Яҳуваро бас мекунад ва ҳам ба худу ҳам ба дигарон зарар мерасонад. Пас, чӣ тавр бояд аз худпарастиву ҳасад дурӣ ҷӯем?

8. Чӣ тавр бар худбинӣ ғолиб омада метавонем?

8 Маслиҳати зерини Павлус, ки ба филиппиён дода буд, кумак мекунад, ки бар худбинӣ ғолиб оем: «Ягон корро аз рӯйи ҷангҷӯйӣ ё худпарастӣ накунед, балки хоксорона дигаронро аз худ боло донед» (Флп. 2:3). Агар мо дигаронро аз худ боло донем, бо касоне, ки аз мо дида қобилиятноку бомаҳоратаранд, рақобат намекунем. Баръакс, мо барои онҳо хусусан агар қобилияташонро дар хизмати Яҳува истифода баранд, хурсанд мешавем. Чунин бародару хоҳарон дар навбати худ мувофиқи маслиҳати Павлус амал карда диққаташонро ба хислатҳои хуби мо равона мекунанд ва дар натиҷа ҳамаи мо ба сулҳу ягонагии ҷамоат саҳм мегузорем.

9. Чӣ тавр мо майли ҳасадхӯриро идора карда метавонем?

9 Агар мо ҳадшинос бошем, роҳ намедиҳем, ки ҳасад дар дили мо ҷой гирад. Одами хоксору ҳадшинос ҳеҷ гоҳ нишон намедиҳад, ки назар ба дигарон беҳтар аст. Баръакс, ӯ ҳаракат мекунад, ки аз дигар одамони қобилиятнок чизе омӯзад. Масалан, бародаре дар вохӯрӣ бо нутқи зӯр баромад мекунад, мо аз ӯ пурсида метавонем, ки чӣ тавр нутқашро тайёр кард? Ё агар хоҳаре кадбонуи хуб бошад, мо аз ӯ маслиҳат пурсида метавонем, то дар пухтупаз моҳир шавем. Агар масеҳии ҷавоне дар ёфтани дӯст душворӣ кашад, ӯ метавонад аз касе, ки бо дигарон тез забон меёбад, маслиҳат пурсад. Ҳамин тавр мо аз ҳасад дурӣ ҷуста қобилиятҳои худро инкишоф медиҳем.

АЗ НАМУНАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС ДАРС ГИРЕД

Ҷидъӯн аз сабаби фурӯтаниаш бо қабилаи Эфроим сулҳро нигоҳ дошт (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.)

10. Ҷидъӯн бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд?

10 Биёед воқеаеро, ки бо Ҷидъӯн, ки аз қабилаи Менашше буд ва мардони қабилаи Эфроимро дида бароем. Бо ёрдами Яҳува Ҷидъӯну 300 ҷанговараш ғалабаи бузургеро ба даст оварданд, ки аз он фахр карда метавонистанд. Ба ҷойи он ки мардони Эфроим Ҷидъӯнро бо хурсандӣ пешвоз гирифта ӯро таъриф кунанд, онҳо ба хашм омада бо ӯ баҳсу талош карданд. Чунки Ҷидъӯн онҳоро аз аввал ба ҷанги зидди душманони Худо даъват накард. Онҳо асосан дар бораи обрӯйи қабилаашон фикр карданд. Ин мардон фаромӯш карданд, ки Ҷидъӯн ғалаба ба даст оварда, номи Яҳуваро ҷалол дод ва халқи ӯро ҳимоя кард (Дов. 8:1).

11. Ҷидъӯн ба мардони Эфроим чӣ хел ҷавоб дод?

11 Ҷидъӯн фурӯтанона ба мардони Эфроим чунин гуфт: «Кори кардаи ман дар пеши корнамоии шумо чист?» Баъд ӯ хотиррасон кард, ки он мардон бо ёрдами Яҳува чӣ кори бузургро ба анҷом расонданд. Баъди ин суханон он мардон «ором шуданд» (Дов. 8:2, 3). Ҷидъӯн барои дар байни халқи Худо нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ бо омодагӣ сар хам кард.

12. Мо аз мисоли мардони Эфроим ва Ҷидъӯн чӣ омӯхта метавонем?

12 Мо аз ин воқеа чӣ меомӯзем? Аз мисоли мардони Эфроим фаҳмидем, ки набояд диққатро асосан ба обрӯйи худ, балки ба ҷалол додани Яҳува равона кунем. Сардорони оила ва пирони ҷамоат шумо аз мисоли Ҷидъӯн чӣ омӯхта метавонед? Агар ба касе кору рафтори шумо сахт расад, шумо бояд кӯшиш карда сабаби норозигиашро фаҳмед. Инчунин шумо метавонед он шахсро барои корҳои хубаш таъриф кунед. Албатта, барои ин корро кардан фурӯтанӣ дар талаб аст, хусусан агар шумо аниқ донед, ки вай ноҳақ аст. Вале барои мо бо бародару хоҳарон муносибати хуб доштан муҳимтар аст, назар ба он ки кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ буданашро исбот кунем.

Ҳанно ҳалли масъаларо ба дасти Яҳува супорид, барои ҳамин оромӣ ёфт (Ба сархатҳои 13 ва 14 нигаред.)

13. Ҳанно бо кадом душворӣ рӯ ба рӯ шуд ва чӣ тавр онро паси сар кард?

13 Дар бораи саргузашти Ҳанно низ фикр кунед. Шавҳари ӯ Элқоно марди левизодае буд, ки Ҳанноро хеле дӯст медошт. Лекин шавҳараш зани дигаре дошт ва номи ӯ Фанинно буд. Ҳарчанд «Фанинно фарзанд дошт, аммо Ҳанно бефарзанд буд», Элқоно Ҳанноро назар ба Фанино бисёртар дӯст медошт. Аз пушти фарзанддории худ Фанино бо тамасхур «доимо ба Ҳанно суханони нешдор гуфта дилашро сиёҳ мекард». Ин кори Фанинно ба Ҳанно чунон сахт мерасид, ки «ӯ гиря мекард ва чизе намехӯрд» (1 Подш. 1:2, 6, 7). Бо вуҷуди ин, дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Ҳанно бо ягон роҳ аз Фанинно қасд гирифта бошад. Баръакс, ӯ дилашро ба Яҳува холӣ кард ва ҳалли ин масъаларо ба дасти ӯ супорид. Оё муносибати Фанинно нисбати Ҳанно дигар шуд? Китоби Муқаддас дар ин бора чизе намегӯяд. Вале мо аз он медонем, ки Ҳанно ба худ омада дар дилаш оромӣ пайдо кард «ва рӯяш дигар ғамгин набуд» (1 Подш. 1:10, 18).

14. Шумо аз Ҳанно чӣ дарс гирифтед?

14 Мо аз мисоли Ҳанно чӣ дарс мегирем? Агар ягон шахс дар мавриди чизе бо шумо рақобат кунад, дар ёд доред, ки шумо вазъиятро идора карда метавонед. Чӣ тавр? Шумо мисли ӯ рафтор накунед, яъне исбот накунед, ки аз ӯ беҳтаред. Ба ҷойи дар ивази бадӣ бадӣ кардан, ҳаракат кунед, ки сулҳҷӯ бошед (Рум. 12:17–21). Ҳатто агар он шахс дигар нашавад ҳам, шумо дар дил оромӣ ва хурсандиро нигоҳ хоҳед дошт.

Апуллусу Павлус дарк мекарданд, ки кори онҳоро Яҳува баракат медиҳад, аз ин рӯ якдигарро ба рақобат тела намедоданд (Ба сархатҳои 15–18 нигаред.)

15. Апуллусу Павлус аз кадом ҷиҳат ба ҳамдигар монанд буданд?

15 Дар охир биёед фаҳмем, ки аз мисоли Апуллус ва Павлуси расул чӣ омӯхта метавонем. Ҳар дуи онҳо Навиштаҳоро хуб медонистанд, ҳар дуи онҳо муаллимони машҳур ва беҳтарин буданд. Ҳамчунин ин бародарон ба бисёриҳо кумак карданд, ки пайрави Масеҳ шаванд. Вале ягонтои онҳо якдигарро рақиб ҳисобида ба ҳамдигар рашк намекарданд.

16. Апуллус чӣ гуна шахс буд?

16 Апуллус «аз Искандария буд». Он ҷо дар асри як маркази илму маърифат ба ҳисоб мерафт. Апуллус «марди суханвар буд ва Навиштаҳоро хуб медонист» (Кор. 18:24). Вақте Апуллус дар Қӯринт хизмат мекард, баъзе бародарон дар ҷамъомад нишон доданд, ки Апуллус назар ба дигар бародарон аз ҷумла назар ба Павлус ба онҳо маъқултар аст (1 Қӯр. 1:12, 13). Оё дар ин худи Апуллус сабабгор буд? Мо ҳеҷ гоҳ чунин гумон намекунем. Дар асл, баъди аз Қӯринт рафтани Апуллус Павлус илтимос кард, ки ӯ ба он ҷо баргардад (1 Қӯр. 16:12). Агар Павлус ҳис мекард, ки Апуллус дар байни ҷамоат ҷудоӣ меандозад, ӯ ҳеҷ гоҳ Апуллусро ба Қӯринт намефиристод. Аз ин бармеояд, ки Апуллус қобилияти худододи худро барои эълон кардани хушхабар ва устувору рӯҳбаланд кардани бародарон истифода мебурд. Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки Апуллус марди фурӯтан буд. Барои мисол, мо дар ягон ҷойи Китоби Муқаддас намехонем, ки вақте Прискилову Акило «роҳи Худоро ба ӯ аниқтар фаҳмонданд», ӯ хафа шуд (Кор. 18:24–28).

17. Чӣ хел Павлус дар ҷамоат сулҳу ягонагиро нигоҳ медошт?

17 Павлуси расул аз корҳои хуби Апуллус бохабар буд, вале ӯ хавотир набуд, ки бародару хоҳарон Апуллусро аз ӯ дида беҳтар меҳисобанд. Вақте мо номаи ба қӯринтиён навиштаи Павлусро мехонем, мебинем, ки ӯ бародари фурӯтан ва бомулоҳиза буд. Барои ҳамин вақте ҳамимонон гуфтанд, ки «ман шогирди Павлус ҳастам», ин ба ӯ маъқул нашуд. Баръакс, ӯ пурра диққатро ба Яҳува Худо ва Исои Масеҳ равона мекард (1 Қӯр. 3:3–6).

18. Мувофиқи 1 Қӯринтиён 4:6, 7 мо аз Апуллус ва Павлус чӣ меомӯзем?

18 Мо аз Апуллус ва Павлус чӣ меомӯзем? Эҳтимол, мо дар роҳи Яҳува сахт меҳнат мекунем ва шояд ба бисёриҳо ёрдам додем, ки пешравӣ карда таъмид гиранд. Вале мо тан мегирем, ки ба ҳамаи ин муваффақиятҳо танҳо бо ёрдами Яҳува ноил гаштем. Аз Апуллус ва Павлус боз як дарси дигар гирифта метавонем. Ҳар қадаре ки мо дар ҷамъомад масъулияту таъйиноти зиёдтар дошта бошем, ҳамон қадар бештар ба ягонагии ҷамоат мусоидат карда метавонем. Мо аз пирону хизматгузорони ҷамоат хеле миннатдорем, чунки онҳо ба мо ёрдам мекунанд, ки дар байнамон ягонагиву сулҳ пойдор бошад. Барои ин онҳо тамоми маслиҳатро аз Каломи Худо медиҳанд ва диққатро ба худ ҷалб намекунанд. Баръакс, онҳо ба аҳли ҷамоат ёрдам мекунанд, ки ба Исо итоат карда ба намунаи ӯ пайравӣ намоянд. (1 Қӯринтиён 4:6, 7-ро хонед.)

19. Ҳар яки мо чӣ кор карда метавонем? (Ҳамчунин ба чорчӯбаи  «Аз рақобат дурӣ ҷӯед» нигаред.)

19 Ҳар яки мо ин ё он маҳорату қобилияти худодод дорем. Мо он атоҳоро барои «ба якдигар хизмат» кардан истифода бурда метавонем (1 Пет. 4:10). Шояд мо фикр кунем, ки коре, ки ҳоло карда истодаем на он қадар муҳим аст, вале биёед дар хотир дошта бошем, ки чунин корҳои хурди мо мисли кӯкҳои куртаи зебое мебошанд, ки дар тайёр шудани он ҳамаамон иштирок кардем. Биёед аз таҳти дил меҳнат карданро давом диҳем ва кӯшиш накунем, ки аз дигарон як сару гардан боло бошем. Инчунин ҳаракат кунем, ки дар ободию ягонагии ҷамоат саҳм гузорем (Эфс. 4:3).

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Мисли зарфи кулолие, ки ҷағ оварда ба шикастан наздик аст, рӯҳияи рақобат метавонад ягонагии ҷамоатро вайрон кунад. Агар ҷамоат мустаҳкам ва тифоқ набошад, дар он ҷо оромона Яҳуваро ибодат карда намешавад. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чаро ба рақобат роҳ надиҳем ва барои нигоҳ доштани сулҳу оромӣ дар ҷамоат чӣ кор карда метавонем.

^ сарх. 4 Номҳо иваз шуданд.