Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 35

Ба қадри бародару хоҳарони пиронсол расед

Ба қадри бародару хоҳарони пиронсол расед

«Мӯйи сафед тоҷи зебоист» (ПНМ. 16:31).

СУРУДИ 90 Мӯйи сафед — тоҷи зебоӣ

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Мувофиқи Панднома 16:31 мо ба пиронсолони содиқ бояд чӣ гуна назар кунем? б) Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

ОДАТАН алмосе, ки суфта нашудааст, ҷило намедиҳад ва диққатро ҷалб намекунад. Барои ҳамин, вақте одам алмоси табииро мебинад, онро нашинохтанаш мумкин ва, эҳтимол, ба ин ганҷ аҳамият надода аз пешаш гузашта равад.

2 Мисли чунин алмос пиронсолони содиқи мо ганҷи бебаҳоянд. Дар Китоби Муқаддас мӯйи сафеди онҳо ба тоҷ монанд карда шудааст (Панднома 16:31-ро хонед; 20:29). Лекин ин ганҷҳоро ба осонӣ сарфи назар кардан мумкин аст. Вақте ҷавонон ба қадри бародару хоҳарони пиронсол мерасанд, онҳо аз боигарӣ дида чизи қиматбаҳотареро пайдо мекунанд. Дар ин мақола мо ба се савол ҷавоб меёбем: Чаро пиронсолони содиқ дар назари Яҳува мисли ганҷ мебошанд? Чаро бародару хоҳарони пиронсол барои ташкилоти Яҳува даркорианд? Барои аз намунаи онҳо пурра манфиат гирифтан мо чӣ кор карда метавонем?

ЧАРО ПИРОНСОЛОНИ СОДИҚ ДАР НАЗАРИ ЯҲУВА МИСЛИ ГАНҶ МЕБОШАНД

Пиронсолони содиқ барои Яҳува ва халқаш ганҷ мебошанд (Ба сархати 3 нигаред.)

3. Мувофиқи Забур 92:12–15 чаро Яҳува пиронсолони содиқро қадр мекунад?

3 Пиронсолони содиқ дар назари Яҳува бебаҳоянд. Ӯ медонад, ки онҳо дар асл чӣ гуна инсонанд ва хислатҳои олиҷаноби онҳоро қадр мекунад. Пиронсолони мо дар давоми солҳои зиёди хизмати содиқонаашон таҷриба ва хирад пайдо кардаанд. Вақте онҳо хираду таҷрибаи худро ба ҷавонон нақл мекунанд, Яҳува хеле шод мегардад (Айюб 12:12; Пнм. 1:1–4). Яҳува ҳамчунин истодагарии онҳоро қадр мекунад (Мал. 3:16). Онҳо дар ҳаёташон бо душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд, лекин имонашонро ба Яҳува қавӣ нигоҳ доштанд. Ҳоло умеди онҳо назар ба вақтҳое, ки нав ҳақиқатро омӯхта буданд, мустаҳкамтар аст. Онҳо «дар айёми пирӣ ҳам» номи Яҳуваро ҷалол медиҳанд ва барои ин корашон Яҳува онҳоро дӯст медорад. (Забур 92:12–15-ро хонед.)

4. Кадом фикрҳо бародару хоҳарони пиронсолро тасаллӣ медиҳанд?

4 Агар синну соли шумо гузашта истода бошад, дилпур бошед, Яҳува корҳоеро, ки дар гузашта кардед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад (Ибр. 6:10). Шумо боғайратона кори мавъизаро дастгирӣ мекардед ва бо ин Яҳуваро хеле шод мегардондед. Шумо душвориҳоеро аз сар гузарондед, ки баъзеашон шуморо беҳад зиқ мекарданд, ба меъёрҳои одилонаи Худо итоат мекардед, содиқона дар бораи корҳои муҳими ташкилоти Яҳува ғамхорӣ менамудед ва дигаронро таълим медодед. Шумо бисёр дигаргуниҳоеро, ки ташкилоти Яҳува кард, бо омодагӣ қабул менамудед ва касонеро, ки дар хизмати пурравақт мебошанд, рӯҳбаланд мекардед. Яҳува шуморо барои вафодориатон хеле дӯст медорад. Дар Каломаш Яҳува ваъда додааст, ки «ҳаргиз бандагони бовафояшро намепартояд» (Заб. 37:28). Ӯ шуморо боз бо чунин суханон дилпур месозад: «То сафед шудани мӯятон шуморо бардошта мегардам» (Иш. 46:4). Барои ҳамин ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки аз сабаби пир шуданатон дигар ба ташкилоти Яҳува даркор нестед. Баръакс, шумо хеле қиматбаҳоед!

ПИРОНСОЛОН ДАР ТАШКИЛОТИ ЯҲУВА ДАРКОРИАНД

5. Пиронсолон бояд чиро дар ёд доранд?

5 Пиронсолон аз бисёр ҷиҳат ба ташкилоти Яҳува фоида оварда метавонанд. Онҳо шояд мисли пештара бақувват набошанд ҳам, таҷрибаи бое доранд, ки дар давоми солҳои зиёди хизматашон ба даст овардаанд. Дар поён намунаи баъзе пиронсолон аз замонҳои гузашта ва ҳозира оварда шудааст. Аз онҳо мо мефаҳмем, ки Яҳува чунин шахсонро минбаъд низ бо роҳҳои гуногун истифода мебарад.

6, 7. Аз Китоби Муқаддас мисоли пиронсолонеро оред, ки барои вафодориашон соҳиби баракат гаштанд.

6 Мо аз Китоби Муқаддас намунаи шахсони содиқеро меёбем, ки то пиронсолӣ фаъолона ба Яҳува хизмат карданд. Масалан, вақте ки Мӯсо қариб 80-сола буд, Яҳува ӯро пайғамбар ва намояндаи халқи Исроил интихоб кард. Синну соли Дониёл тақрибан аз 90 гузашта буд, лекин Яҳува ӯро то ҳол чун пайғамбараш истифода мебурд. Ҳамчунин Юҳаннои расул, ки синну солаш, аз афташ, аз 90 боло буд, бо роҳнамоии Худо китоби Ошкорсозиро навишт.

7 Бисёри дигар чунин шахсони содиқ машҳур набуданд ва шояд одамон ба онҳо аҳамият намедоданд, лекин Яҳува онҳоро пай бурд ва барои вафодориашон мукофот дод. Барои мисол, дар Китоби Муқаддас дар бораи «марди росткору худотарс», Шимъӯн, каме гуфта шудаасту халос, вале Яҳува кӣ будани ӯро медонист ва имконият дод, ки Исои кӯдакро бинад ва дар бораи ӯ ва модараш пешгӯйӣ кунад (Луқ. 2:22, 25–35). Ҳамчунин дар бораи Ҳано, бевазане, ки пайғомҳои Худоро мерасонд, фикр кунед. Ӯ 84-сола буд, лекин «ҳеҷ гоҳ ибодатгоҳро тарк намекард». Яҳува ӯро барои ин кораш баракат дод ва ба ӯ ҳам муяссар шуд, ки рӯйи Исои кӯдакро бинад. Ҳам Шимъӯн ва ҳам Ҳано барои Яҳува бебаҳоянд (Луқ. 2:36–38).

Ҳоло синни хоҳар Лоис аз 80 боло аст ва содиқона хизмати Яҳуваро давом медиҳад (Ба сархати 8 нигаред.)

8, 9. Хоҳаре баъди марги шавҳараш чӣ кор кард?

8 Дар замони мо низ бисёр пиронсолони содиқе ҳастанд, ки барои ҷавонон намунаи беҳтарин мебошанд. Биёед мисоли хоҳарамон Лоис Дидерро мебинем. Ӯ дар синни 21-солагиаш дар Канада аллакай пешрави махсус шуда хизмат мекард. Баъди ин ӯ солҳои зиёд бо ҳамсараш, Ҷон, ки нозири сайёр буд, ба дигар ҷойҳо сафар мекард. Баъдтар онҳо дар Байт-Или Канада зиёда аз 20 сол хизмат карданд. Вақте ки Лоис 58-сола буд, ӯву Ҷонро барои хизмат ба Украина даъват намуданд. Онҳо чӣ кор карданд? Оё онҳо фикр карданд, ки барои дар дигар давлат хизмат кардан аз ҳад пир шудаанд? Онҳо ин даъватро қабул карданд ва Ҷонро узви Кумитаи филиали Украина таъйин намуданд. Ҳафт сол пас, баъди марги Ҷон, Лоис қарор кард, ки дар таъйиноташ мемонад. Ҳоло хоҳарамон Лоис 81 сол дорад. Ӯ то ҳол содиқона дар Байт-Или Украина хизмат мекунад ва дар он ҷо ӯро беҳад дӯст медоранд.

9 Бевазаноне, ки ба Лоис монанданд, эҳтимол, баъди марги ҳамсарашон, мисли пештара ба назар наменамоянд, лекин онҳо то ҳол бебаҳоянд. Яҳува хоҳаронеро, ки солҳои зиёд шавҳарашонро дастгирӣ карданду ҳоло содиқона ба ӯ хизматашонро давом медиҳанд, беҳад қадр мекунад (1 Тим. 5:3). Намунаи онҳо ҳамчунин ҷавононро рӯҳбаланд месозад.

10. Бародарамон Тони чӣ намунаи беҳтарин гузошт?

10 Ҳамчунин бисёр бародарону хоҳарони солхӯрдае, ки дар хонаи пиронсолон ё дар хона бистарӣ мебошанд, ганҷи бебаҳоянд. Масалан, бародар Тони ҳозир дар хонаи пиронсолон мебошад. Ӯ моҳи августи соли 1942, дар синни 20-солагиаш, дар Пенсилванияи ИМА таъмид гирифтааст. Каме баъд аз таъмидаш ӯро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Азбаски ӯ онро рад кард, ӯро ба муддати дую ним сол ҳабс намуданд. Ӯ ва занаш, Ҳилда, як духтару як писарашонро дар роҳи ҳақиқат калон карданд. Дар давоми солҳо Тони дар се ҷамоат садри масъул (ҳозир координатори шӯрои пирон мегӯянд) ва нозири анҷуманҳои ноҳиявӣ шуда хизмат мекард. Ӯ дар ҳабсхона вохӯриҳо ва омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд. Ҳарчанд бародарамон, Тони 98-сола мебошад, хизмати Яҳуваро бас накардааст. Ӯ то ҳол бо бародарону хоҳарони ҷамоаташ аз таҳти дил ба Яҳува хизмат мекунад.

11. Мо чӣ тавр нишон дода метавонем, ки онҳоеро, ки дар хонаи пиронсолон мебошанд, қадр мекунем?

11 Мо ба бародару хоҳарони солхӯрдае, ки дар хонаҳои пиронсолон мебошанд, чӣ тавр эҳтиром нишон дода метавонем? Агар вазъият имкон диҳад, пирони ҷамоат барои иштирок ё гӯш кардани вохӯриҳо ва мавъиза кардан ба онҳо ёрдам дода метавонанд. Вақте мо онҳоро хабар мегирем ё ба суҳбати видеоӣ даъват мекунем, бо ин ба онҳо таваҷҷуҳ мекунем. Мо мехоҳем ба онҳое, ки дар хонаҳои пиронсолон зиндагӣ мекунанду аз ҷамоати худашон дуранд, диққати махсус зоҳир кунем. Мо набояд чунин пиронсолони азизамонро фаромӯш созем, балки дар бораи онҳо ғамхорӣ намоем. Ба баъзеи онҳо шояд дар бораи худашон нақл кардан на он қадар осон аст ё ин корро ба худ муносиб надонанд. Лекин агар мо вақт ҷудо карда, аз онҳо дар бораи хурсандие, ки дар ташкилоти Яҳува доштанд, пурсем, аз ҷавоби онҳо хеле рӯҳбаланд мешавем.

12. Дар ҷамоати худ мо чӣ гуна бародару хоҳаронро пайдо карда метавонем?

12 Эҳтимол, мо дар ҷамоати худамон намунаҳои олиҷаноби пиронсолони содиқро пайдо карда ба ҳайрат оем. Хоҳаре бо номи Ҳериет ба Яҳува дар ҷамоати зодгоҳаш Ню Ҷерсии ИМА даҳсолаҳо хизмат мекард. Баъд ӯ ба дигар ҷо кӯчид, то бо духтараш зиндагӣ кунад. Бародару хоҳарон дар ҷамоати нав вақт ҷудо карда, бо ӯ нағзтар шинос шуданд ва фаҳмиданд, ки ӯ хоҳари тилло аст. Вақте ӯ дар бораи воқеаҳо аз хизмат ва нав ҳақиқатро фаҳмиданаш, ки тақрибан соли 1925 буд, нақл кард, онҳо рӯҳбаланд шуданд. Он вақтҳо ҳангоми ба мавъиза рафтанаш ӯ доимо бо худ чуткаи дандоншӯйӣ мегирифт, чунки ногаҳон ӯро дастгир карда ба зиндон партофтанашон мумкин буд. Дар асл, ӯ соли 1933 ду бор як ҳафтаӣ дар зиндон буд. Дар ин муддат шавҳараш, ки ҳамимони мо набуд, ӯро дастгирӣ намуда, се кӯдакашонро нигоҳубин мекард. Бешубҳа, чунин бародарону хоҳарон сазовори эҳтироми бузурганд!

13. Дар ташкилоти Яҳува ба бародару хоҳарони пиронсол чӣ тавр менигаранд?

13 Бародарону хоҳарони пиронсол барои Яҳува ва ташкилоташ хеле муҳиманд. Онҳо шоҳиди он буданд, ки чӣ тавр Яҳува бо роҳҳои гуногун ташкилоташ ва шахсан онҳоро баракат медод. Онҳо аз хатоҳое, ки содир карданд, дарси муҳим гирифтанд. Ба онҳо чун ба «чашмаи хирад» нигаред ва аз онҳо таълим гиред (Пнм. 18:4). Агар шумо вақт ҷудо карда онҳоро нағзтар шиносед, имонатон мустаҳкам мешавад ва аз онҳо бисёр чизҳоро ёд мегиред.

АЗ НАМУНАИ ПИРОНСОЛОНИ СОДИҚ ПУРРА МАНФИАТ ГИРЕД

Чи хеле ки Элишоъ бо Илёс буда манфиат мегирифт, бародару хоҳарон аз таҷрибаи касоне, ки солҳои зиёд дар хизмати Яҳува буданд, баҳра бурда метавонанд (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.)

14. Суханони 5 Мӯсо 32:7 ҷавононро ба чӣ бармеангезад?

14 Якум шуда бо пиронсолон суҳбатро сар кунед. (5 Мӯсо 32:7-ро хонед.) Эҳтимол, чашмони онҳо хира шудааст, оҳиста-оҳиста роҳ мегарданд, бо овози паст гап мезананд, лекин то ҳол дилашон ҷавон аст ва дар назди Яҳува «номи нек» доранд (Пандгӯ 7:1). Дар хотир доред, ки чаро Яҳува онҳоро қадр мекунад. Минбаъд низ онҳоро эҳтиром намоед. Мисли Элишоъ амал кунед, ӯ дар рӯзи охирини бо Илёс буданаш исрор кард, ки бо вай мемонад. Элишоъ се бор арз карда гуфт: «Ман туро тарк намекунам» (4 Подш. 2:2, 4, 6).

15. Мо аз пиронсолон чиҳоро пурсида метавонем?

15 Ба пиронсолон бо меҳрубонӣ саволҳо дода ҷавобашонро бодиққат гӯш кунед, бо ин роҳ ба онҳо шавқ зоҳир мекунед (Пнм. 1:5; 20:5; 1 Тим. 5:1, 2). Аз онҳо чунин пурсида метавонед: «Вақте ки шумо ҷавон будед, чӣ шуморо боварӣ бахшид, ки ҳақиқатро ёфтед? Чӣ тавр воқеаҳои ҳаётатон ба шумо кумак кард, ки ба Яҳува наздиктар шавед? Чӣ ба шумо ёрдам дод, ки дар хизмати Яҳува хурсандиро нигоҳ доред?» (1 Тим. 6:6–8). Сипас нақли онҳоро гӯш кунед.

16. Чӣ тавр шахси пиронсол ва ҷавон ҳамсуҳбат шуда ҳар ду манфиат мегиранд?

16 Вақте ки шахси пиронсол ва ҷавон ҳамсуҳбат мешаванд, ҳар дуи онҳо манфиат мегиранд (Рум. 1:12). Масалан, боварии масеҳии ҷавон зиёдтар мегардад, ки Яҳува дар ҳаққи хизматгорони содиқаш ғамхорӣ мекунад ва шахси пиронсол бошад, муҳаббатро ҳис мекунад. Пиронсолон баракатҳоеро, ки аз ҷониби Яҳува гирифтаанд, ба шумо нақл карда хурсандӣ мегиранд.

17. Чаро мо гуфта метавонем, ки пиронсолони содиқ бо гузашти солҳо зеботару зеботар мешаванд?

17 Одатан зебоии ҷисмонӣ бо гузашти солҳо гум мешавад, лекин онҳое, ки ба Яҳува вафодоранд, бо гузашти солҳо дар назари ӯ зеботару зеботар мегарданд (1 Тас. 1:2, 3). Чаро? Зеро онҳо солҳои сол мегузоранд, ки рӯҳи муқаддаси Худо онҳоро таълим дода ёрдам кунад, ки хислатҳои зеборо инкишоф диҳанд. Ҳар қадаре ки пиронсолони азизамонро хубтар шинохта эҳтиром кунем ва аз онҳо таълим гирем, ҳамон қадар бештар онҳо дар назари мо ганҷи бебаҳо мегарданд.

18. Дар мақолаи навбатӣ чиро мебинем?

18 Ҷамоат на танҳо вақте мустаҳкам мешавад, ки ҷавонон пиронсолонро азиз доранд, балки ҳамчунин вақте ки пиронсолон ҷавононро қадр кунанд. Дар мақолаи навбатӣ мо дида мебароем, ки чӣ тавр пиронсолон нишон дода метавонанд, ки ҷавонон боигарии ҷамоат мебошанд.

СУРУДИ 24 Доимо сӯи мукофот нигар!

^ сарх. 5 Бародару хоҳарони пиронсоли мо бароямон ганҷи бебаҳо мебошанд. Дар ин мақола мо дида мебароем, ки чӣ хел муҳаббат ва эҳтиромамонро нисбати онҳо зиёд кунем ва чӣ тавр аз хираду таҷрибаи онҳо пурра манфиат гирем. Ин мақола ҳамчунин бародару хоҳарони пиронсолро боварӣ мебахшад, ки онҳо барои ташкилоти Яҳува муҳиманд.