Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 40

Тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?

Тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад?

«Ман барои он омадаам, ки... гунаҳкоронро ба тавба даъват кунам» (ЛУҚО 5:32).

СУРУДИ 52 Дили худро ҳифз намо

ПЕШГУФТОР *

1, 2. Аҳъоб ва Менашше аз кадом ҷиҳат фарқ мекарданд ва мо кадом саволҳоро дида мебароем?

 БИЁЕД дар бораи ду подшоҳе, ки дар замонҳои пеш зиндагӣ мекарданд, мулоҳиза ронем. Яке бар даҳ қабилаи Исроил подшоҳӣ мекард, дигаре бар ду қабилаи Яҳудо. Ҳар дуи ин подшоҳ дар замонҳои гуногун зиндагӣ карда бошанд ҳам, аз бисёр ҷиҳат монанд буданд. Ҳар дуи онҳо ба зидди Яҳува баромаданд, халқро ба гуноҳ тела доданд, худоҳои дурӯғро ибодат карданд ва одам куштанд. Вале онҳо аз як ҷиҳат фарқ мекарданд. Яке то охири умраш ба корҳои бад даст зад, вале дигарӣ тавба карду аз роҳи бадаш гашт. Гап дар бораи киҳо меравад?

2 Аҳъоб, подшоҳи Исроил, ва Менашше, подшоҳи Яҳудо. Фарқ байни ин ду шахсро дида баромада мо дар бораи мавзӯи беҳад муҳим, тавба, бисёр чизҳоро фаҳмида метавонем (Кор. 17:30; Рум. 3:23). Тавба чист ва чӣ тавр онро нишон диҳем? Мо бояд ҷавоби ин саволро донем, чунки вақте гуноҳ мекунем, мехоҳем, ки Яҳува моро бахшад. Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед саргузашти ин ду подшоҳро аз назар гузаронем ва фаҳмем, ки мо аз мисоли онҳо чӣ омӯхта метавонем. Баъд таълими Исоро дар бораи тавба дида бароем.

МО АЗ МИСОЛИ ШОҲ АҲЪОБ ЧӢ ДАРС МЕГИРЕМ?

3. Аҳъоб чӣ гуна подшоҳ буд?

3 Аҳъоб ҳафтумин подшоҳи даҳ қабилаи Исроил буд. Ӯ ба Изобал ном духтари подшоҳи Сидӯн оиладор шуд, ки мардуми шимоли он шаҳр хеле бадавлат буданд. Ин оиладорӣ, эҳтимол, ба халқи Исроил имконият медод, ки боигарӣ ба даст оранд. Азбаски халқ аллакай аз Яҳува дур шуда буд, ин издивоҷ вазъиятро бадтар кард. Изобал Баалро парастиш мекард ва шавҳараш, Аҳъоб, ҳамроҳи вай ин дини нопокро пеш мебурд. Ин дин зинокорӣ дар маъбад ва ҳатто ба қурбонӣ овардани кӯдаконро дар бар мегирифт. Баъди малика шудани Изобал ҷони пайғамбарони Яҳува дар хатар буд. Ӯ бисёри онҳоро ба қатл расонд (3 Подш. 18:13). Аҳъоб «дар назари Яҳува аз ҳамаи онҳое, ки пеш аз ӯ буданд, бадтар рафтор кард» (3 Подш. 16:30). Яҳува ба ин кирдори бади Аҳъобу Изобал чашм напӯшид, ӯ аз ҳар як корашон хабардор буд. Ҳарчанд Яҳува раҳмдилӣ зоҳир карда пайғамбар Илёсро ба назди халқаш фиристод, то ҳоло ки дер нашудааст, тавба кунанд, Аҳъоб ва Изобал ба ӯ гӯш надоданд.

4. Чӣ тавр Яҳува гуфт, ки Аҳъобро ҷазо доданӣ аст ва Аҳъоб ба ин чӣ тавр муносибат кард?

4 Охиру оқибат косаи сабри Яҳува лабрез гашт. Ӯ Илёсро ба назди Аҳъобу Изобал фиристода гуфт, ки онҳоро ҷазо доданӣ аст ва тамоми хонадони онҳо кушта мешаванд. Суханони Илёс ба дили Аҳъоб мисли зарби шамшер буд. Боварии кас намеояд, ки баъди шунидани ин суханон Аҳъоби ҳавобаланд «худро хоксор намуд» (3 Подш. 21:19–29).

Аҳъоб пайғамбари Худоро ба зиндон партофта нишон дод, ки пурра тавба накардааст (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред.) *

5, 6. Мо аз куҷо медонем, ки тавбаи Аҳъоб ҳақиқӣ набуд?

5 Аҳъоб худро хоксор намуда бошад ҳам, рафтори минбаъдаи ӯ нишон медиҳад, ки тавбаи ӯ аз таҳти дил набуд. Ӯ барои нест кардани ибодати Баал ягон кор накард, ва халқро барои ибодати Яҳува даъват нанамуд. Боз як чизи дигар нишон медиҳад, ки тавбаи Аҳъоб рӯякӣ буд.

6 Баъдтар, вақте Аҳъоб подшоҳи хуби Яҳудо, Еҳушофотро даъват кард, ки бо ӯ бар зидди арамиён ба ҷанг равад, Еҳушофот гуфт, ки пешакӣ аз ягон пайғамбари Яҳува маслиҳат пурсанд. Дар аввал, Аҳъоб ин фикрро рад карда чунин гуфт: «Боз як касе ҳаст, ки ба воситаи ӯ Яҳуваро пурсидан мумкин аст, лекин ман ӯро чашми дидан надорам, чунки ӯ дар бораи ман ҳеҷ гоҳ чизи хубро пешгӯйӣ намекунад, балки фақат чизи бадро». Вале баъд ӯ аз Микойҳу маслиҳат пурсид. Аҳъоб ҳақ буд, пайғамбари Яҳува дар бораи ӯ хабари бадро пешгӯйӣ кард. Аҳъоби бадкор ба ҷойи он ки тавба карда аз Яҳува бахшиш пурсад, он пайғамбарро ба зиндон партофт (3 Подш. 22:7–9, 23, 27). Вай пайғамбари Яҳуваро ба зиндон партофта бошад ҳам, ба иҷро шудани ин пешгӯйӣ монеъ шуда натавонист. Мувофиқи суханони он пайғамбар ӯ дар ҷанг кушта шуд (3 Подш. 22:34–38).

7. Яҳува баъди марги Аҳъоб дар бораи ӯ чӣ гуфт?

7 Баъди марги Аҳъоб Яҳува нишон дод, ки ба ин мард чӣ гуна назар дорад. Вақте ки шоҳ Еҳушофот аз ҷанг соқу саломат баргашт, Яҳува пайғамбараш, Еҳуро фиристода ӯро барои ба Аҳъоб ёрӣ доданаш сарзаниш кард. Пайғамбари Яҳува чунин гуфт: «Наход ту ба бадкор ёрӣ диҳӣ ва бадбинони Яҳуваро дӯст дорӣ?» (2 Воқ. 19:1, 2). Акнун аҳамият диҳед: Агар тавбаи Аҳъоб аз таҳти дил мебуд, магар он пайғамбар ӯро шахси бадкор ва касе, ки Яҳуваро бад мебинад, мегуфт? Ҳарчанд Аҳъоб то андозае пушаймонӣ ҳис кард, ӯ ҳеҷ гоҳ пурра тавба накарда буд.

8. Мо аз мисоли Аҳъоб дар бораи тавба чӣ мефаҳмем?

8 Мо аз саргузашти Аҳъоб чӣ ёд мегирем? Вақте Илёс ба Аҳъоб гуфт, ки хонадонаш ҷазо мегиранд, дар аввал ӯ сар фуровард. Ин нишонаи хуб буд. Лекин амалҳои баъдинаи ӯ нишон дод, ки тавбаи ӯ аз таҳти дил набуд. Барои ҳамин, вақте мо тавба мекунем, бояд амали зиёдтар кунем, барои гуноҳи кардаамон танҳо бахшиш пурсидан кам аст. Биёед мисоли дигареро бинем. Аз он мо мефаҳмем, ки тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад.

МО АЗ САРГУЗАШТИ ШОҲ МЕНАШШЕ ЧӢ ДАРС МЕГИРЕМ?

9. Менашше чӣ гуна шахс буд?

9 Тақрибан баъди ду аср Менашше подшоҳи Яҳудо гашт. Корҳои бади ӯ, эҳтимол, аз корҳои Аҳъоб бадтар буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Менашше корҳоеро, ки дар назари Яҳува бад буд, беҳад зиёд карда ӯро ба хашм овард» (2 Воқ. 33:1–9). Ӯ барои худоҳои дурӯғ қурбонгоҳҳо сохт ва ҳатто дар маъбади поки Яҳува сутуни олиҳаи боровариро гузошт, ки, эҳтимол, он рамзи ибодати бадахлоқона буд. Ӯ бо сеҳру ҷоду ва ғайбгӯйиву афсун машғул шуд. Бар замми ин «Менашше хуни бисёриҳоро ноҳақ рехт». Ӯ одамони зиёдро ба қатл расонд ва ҳатто барои худоёни дурӯғ «писари худро дар оташ қурбон кард» (4 Подш. 21:6, 7, 10, 11, 16).

10. Яҳува Менашшеро чӣ тавр тарбия кард ва ӯ ин тарбияи Яҳуваро чӣ тавр қабул намуд?

10 Мисли Аҳъоб Менашше якравона огоҳии пайғамбари Яҳуваро гӯш накард. Оқибат «Яҳува сарони лашкари подшоҳи Ошурро фиристод ва онҳо Менашшеро бо чангакҳо дастгир карданд ва бо ду занҷири мисин бандубаст намуда, ба Бобил бурданд». Вақте ӯ дар зиндони Бобил буд, аз афташ, дар бораи корҳои кардааш, бодиққат андеша намуд. Ӯ «беҳад хоксор гашта, пеши Худои бобоёнаш сар хам кард». Ғайр аз ин, «ӯ дар ғаму азоб Худояш Яҳуваро зорӣ кард» ва «ба Худо дуо мегуфт». Ин шахси бадкор дигар шуд. Ӯ ба Яҳува чун ба «Худояш» назар мекардагӣ шуд ва боисрор ба ӯ дуо мегуфт (2 Воқ. 33:10–13).

Менашше бар зидди ибодати дурӯғ баромада нишон дод, ки дар ҳақиқат тавба кардааст (Ба сархати 11 нигаред.) *

11. Мувофиқи 2 Воқеанома 33:15, 16 Менашше чӣ тавр нишон дод, ки ӯ дар ҳақиқат тавба кардааст?

11 Сипас Яҳува ба дуоҳои Менашше ҷавоб гардонд. Ӯ медид, ки Менашше мувофиқи чизҳои пурсидааш дар ҳақиқат дигар шуда истодааст. Барои ҳамин, вақте Менашше бахшиш пурсид, Яҳува ба дуои ӯ гӯш дод ва гузошт, ки ӯ аз нав подшоҳ шавад. Менашше бо амалҳояш нишон дод, ки аз таҳти дил пушаймон аст. Корҳоеро, ки ӯ кард, Аҳъоб ҳеҷ гоҳ накарда буд. Менашше рафтори пештараашро дигар кард. Ӯ фаъолона бар зидди ибодати дурӯғ амал карда, мардумро даъват намуд, ки Яҳуваро ибодат кунанд. (2 Воқеанома 33:15, 16-ро хонед.) Барои ин ба Менашше далерӣ ва имон лозим буд, чунки пеш аз тавба карданаш, ӯ солҳои зиёд барои оила, дарбориён ва халқаш намунаи бад гузошта буд. Менашше оқибати ҳамаи корҳои бадашро бартараф карда наметавонист, вале солҳои охири ҳаёташ ҳар кори аз дасташ меомадаро карда, баъзе амалҳояшро ислоҳ намуд. Аз афташ, ӯ ба набераи ҷавонаш, Юшиё, нағз таъсир кард, чунки баъдтар ӯ подшоҳи хеле хуб гашт (4 Подш. 22:1, 2).

12. Мо аз мисоли Менашше дар бораи тавба чӣ фаҳмида метавонем?

12 Мо аз Менашше чиро ёд гирифта метавонем? Ӯ на танҳо сар фуровард, балки боз бисёр амалҳои хуб кард. Менашше дуо гуфт, зориву илтиҷо кард, то Яҳува ба ӯ раҳм кунад ва ислоҳ шуд. Ӯ кӯшиш мекард, то таъсири бадеро, ки расонда буд, бартараф кунад, аз таҳти дил ба ибодати Яҳува сар кард ва дигаронро ба ин кор даъват намуд. Намунаи Менашше ҳатто ба касоне, ки корҳои беҳад бад кардаанд, умед мебахшад. Ин воқеа тасдиқ мекунад, ки Яҳува Худои «неку ва бахшанда» мебошад (Заб. 86:5). Ӯ касонеро, ки дар ҳақиқат тавба мекунанд, мебахшад.

13. Бо мисол дарси муҳимеро дар бораи тавба фаҳмонед.

13 Менашше танҳо барои гуноҳи кардааш бахшиш напурсид, балки кори зиёдтаре кард. Ин ба мо дар бораи тавбаи ҳақиқӣ як чизи муҳимро мефаҳмонад. Мисолеро пеши назар оред: Шумо ба дӯкони ширинифурӯшӣ рафта ширинии дӯстдоштаатонро мепурсед. Лекин фурӯшанда ба ҷойи он тухм медиҳад. Шумо қонеъ мешавед? Албатта не! Агар фурӯшанда ба шумо фаҳмонад, ки тухм маҳсулоти асосии ин ширинӣ мебошад. Оё шумо тухмро гирифта мерафтед? Ба ин савол ҳам ҷавоб «не» аст. Ба ин монанд, Яҳува аз шахси гунаҳкор интизор аст, ки ӯ дар ҳақиқат тавба мекунад. Агар шахси гунаҳкор аз кори кардааш пушаймон шавад, ин хуб аст. Чунин ҳиссиёт «маҳсулоти» асосии тавба мебошад, лекин ин кифоя нест. Шахси гунаҳкор боз бояд чӣ кор кунад? Мо дар ин бора аз мисоли таъсирбахши Исо бисёр чизҳоро мефаҳмем.

МУАЙЯН КАРДАНИ ТАВБАИ ҲАҚИҚӢ

Вақте писари худсар ба худ омад, ӯ роҳи дуру дарозро тай карда ба хона баргашт (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред.) *

14. Якум нишонаи тавбаи писари худсар чӣ буд?

14 Исо дар Луқо 15:11–32 дар бораи писари худсар мисоли таъсирбахшеро овард. Ҷавоне бар зидди падараш амал карда аз хона баромада рафт ва «ба кишвари дуре сафар кард». Дар он ҷо ӯ ба роҳи нодуруст рафта ҳаёти бадахлоқона мебурд. Лекин, вақте ки ба як бурда нон зор шуд, ӯ дар бораи корҳое, ки карда буд, ба фикр фурӯ рафт. Ӯ ба хулосае омад, ки агар дар хонаи падараш мебуд, ҳаёташ хело беҳтар мешуд. Чи хеле ки Исо мегӯяд, он ҷавон «ба худ омад». Ӯ қарор кард, ки ба хона бармегардад ва аз падараш бахшиш мепурсад. Тан гирифтани хатояш барои ин ҷавон чизи асосӣ буд. Лекин оё ин басанда буд? Не. Ӯ бояд рафторашро дигар мекард.

15. Чӣ тавр писари худсар исбот кард, ки аз гуноҳи кардааш пушаймони зор аст?

15 Он писари гумгашта бо корҳояш нишон дод, ки дар ҳақиқат тавба кардааст. Ӯ роҳи дуру дарозро тай карда ба хонаи падараш омад. Баъд, вақте ӯ бо падараш гап зад, чунин гуфт: «Падар, ман пеши осмон ва пеши ту гуноҳ кардам, маро садқаи номи писарӣ кунад» (Луқ. 15:21). Ин суханони самимонаи ҷавон нишон медиҳад, ки ӯ аз таҳти дил пушаймон аст ва мехоҳад муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад. Ӯ ҳамчунин ба гардан гирифт, ки бо корҳояш дили падарашро ранҷондааст ва ҳатто тайёр буд, ки барои аз нав розигии падарашро ба даст овардан чун яке аз мардикорони ӯ аз таҳти дил кор кунад (Луқ. 15:19). Ин нақл танҳо қиссаи таъсирбахш нест. Он барои пирони ҷамоат хеле фоиданок мебошад. Вақте ягон кас гуноҳи ҷиддӣ содир мекунад, ин мисол ба пирон ёрӣ медиҳад, то муайян кунанд, ки ӯ дар ҳақиқат тавба кардааст ё не.

16. Чаро ба пирон муайян кардани тавбаи баъзеҳо душвор буда метавонад?

16 Ба пирон муайян кардани тавбаи ҳақиқии шахсе, ки гуноҳи ҷиддӣ кардааст, осон нест. Барои чӣ? Чунки онҳо дили шахсро дида наметавонанд. Барои ҳамин онҳо бояд аз гуфтору рафтори шахс аниқ кунанд, ки ҳамимонашон дар ҳақиқат аз кардааш сахт пушаймон аст ё не. Баъзан шахс, эҳтимол, ошкоро чунон гуноҳи бешармонае мекунад, ки пироне, ки бо ӯ суҳбат мекунанд, эҳтимол, аз тавбаи ӯ дилпур намешаванд.

17. а) Кадом мисол нишон медиҳад, ки аз гуноҳи худ зиқ шудан, эҳтимол, ин ҳоло нишонаи тавбаи ҳақиқӣ нест? б) Мувофиқи 2 Қӯринтиён 7:11 чӣ аломати он аст, ки шахс аз таҳти дил тавба кардааст?

17 Мисоле меорем. Бародаре чандин маротиба солҳои зиёд ба занаш хиёнат мекард. Ба ҷойи он ки ёрдам пурсад, ӯ гуноҳашро аз зану дӯстонаш ва пирон баҷо мекунад. Ниҳоят пирон хабардор мешаванд. Вақте онҳо бо ӯ суҳбат мекунанд, ӯ гуноҳашро ба гардан мегирад ва ҳатто ба назар метобад, ки аз кардааш хеле пушаймон аст. Оё ин кофӣ аст? Пироне, ки ин масъаларо дида мебароянд, бояд танҳо ба ғамгинии шахс диққат надиҳанд. Ин мард тасодуфан хиёнат накард, балки дидаю дониста борҳои зиёд бо ин амали бад машғул буд. Ҳамчунин ӯ худаш омада ба гуноҳаш иқрор нашудааст, балки пирон аз ин огоҳ гаштанд. Барои ҳамин ба пирон лозим аст, ки нишонаи тавбаи ҳақиқиро аз тарзи фикрронӣ, ҳиссиёт ва амали гунаҳкор муайян кунанд. (2 Қӯринтиён 7:11-ро хонед.) Эҳтимол, барои он ки ин шахс дигар шуда тавбаи ҳақиқиашро исбот кунад, вақти зиёд лозим аст. Аз афташ, ӯ ба муддате аз ҷамоат хориҷ карда мешавад (1 Қӯр. 5:11–13; 6:9, 10).

18. Чӣ тавр шахси хориҷшуда тавбаи ҳақиқӣ нишон дода метавонад ва агар аз таҳти дил тавба карда бошад, чӣ мешавад?

18 Барои нишон додани тавбаи ҳақиқӣ шахси хориҷшуда бояд ҳамеша ба вохӯриҳо ояд, ба маслиҳати пирон гӯш дода, мунтазам дуо гӯяд ва Китоби Муқаддасро омӯзад. Ӯ ҳамчунин аз вазъиятҳое, ки ӯро боз ба гуноҳ тела дода метавонад, гурезад. Агар ӯ кӯшиш карда муносибаташро бо Яҳува барқарор кунад, дилпур буда метавонад, ки Яҳува аз гуноҳи ӯ пурра мегузарад ва пирон ба ӯ ёрдам медиҳанд, ки аз нав узви ҷамоат гардад. Вақте пирон муайян карданӣ мешаванд, ки шахс дар асл тавба кардааст ё не, онҳо тан мегиранд, ки вазъият ҳар хел буда метавонад. Барои ҳамин онҳо ҳар як вазъиятро бодиққат дида мебароянд ва шахсро бераҳмона доварӣ намекунанд.

19. Тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад? (Ҳизқиёл 33:14–16).

19 Мо фаҳмидем, ки барои нишон додани тавбаи ҳақиқӣ танҳо аз гуноҳи ҷиддии худ пушаймон шудан басанда нест. Чунин шахс ҳамчунин бояд фикрронӣ ва ҳиссиёташро тағйир дода амалҳои дуруст кунад. Ӯ боз бояд рафтори бадашро бас кунад ва ба меъёрҳои Яҳува гӯш диҳад. (Ҳизқиёл 33:14–16-ро хонед.) Пеш аз ҳама шахси гунаҳкор бояд бо Яҳува аз нав муносибати хубро барқарор кунад.

БА ШАХСИ ГУНАҲКОР ЁРӢ ДИҲЕД, КИ ТАВБА КУНАД

20, 21. Чӣ тавр мо ба касе, ки гуноҳи ҷиддӣ содир кардааст, ёрӣ дода метавонем?

20 Вақте Исо гуфт, ки «омадаам, ки на росткорон, балки гунаҳкоронро ба тавба даъват кунам», ӯ бо ин суханон як қисми муҳими хизматашро фаҳмонд (Луқ. 5:32). Мо низ бояд чунин мақсад дошта бошем. Фарз кардем, ки шумо аз гуноҳи ҷиддии дӯсти наздикатон хабар ёфтед. Дар ин ҳолат чӣ кор мекардед?

21 Агар мо гуноҳи дӯстамонро пинҳон кунем, ба ӯ танҳо зарар меорем. Ин кори мо ҳеҷ гоҳ пӯшида намемонад, чунки дар пеши назари Яҳува ҳама чиз аён аст (Пнм. 5:21, 22; 28:13). Шумо ҳамон вақт ба дӯстатон дасти ёрӣ дароз мекунед, агар гӯед, ки барои ёрдам ба пирон муроҷиат кунад. Лекин агар ӯ гуноҳашро ба пирон гуфтан нахоҳад, шумо бояд ин корро кунед, чунки муносибати ӯ бо Яҳува зери хатар аст.

22. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

22 Мавридҳое мешаванд, ки шахс муддати зиёд ба гуноҳи ҷиддӣ даст мезанад ва пирон қарор мекунанд, ки ӯ дигар Шоҳиди Яҳува буда наметавонад. Оё ин маънои онро дорад, ки ба ӯ раҳм нишон дода нашуд? Дар мақолаи оянда мо мефаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува гунаҳкоронро бо раҳмдилӣ тарбия мекунад ва чӣ хел мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем.

СУРУДИ 42 Нотавононро дастгирӣ намоед

^ сарх. 5 Тавбаи ҳақиқӣ танҳо аз гуфтани суханони «мебахшед, ман гуноҳ кардам», иборат нест. Дар ин мақола мо аз мисоли шоҳ Аҳъоб, шоҳ Менашше ва писари худсар мефаҳмем, ки тавбаи ҳақиқӣ чиро дар бар мегирад. Мо ҳамчунин нишонаҳоеро дида мебароем, ки пирон аз рӯйи онҳо муайян мекунанд, ки тавбаи гунаҳкор ҳаққонӣ аст ё не.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМҲО: Шоҳ Аҳъоб ба ғазаб омада ба посбонон фармон медиҳад, ки пайғамбари Яҳува Микойҳуро ба зиндон партоянд.

^ сарх. 62 ШАРҲИ РАСМҲО: Шоҳ Менашше ба коргарон дастур медиҳад, ки бутҳои дар маъбад гузоштаашро нест кунанд.

^ сарх. 64 ШАРҲИ РАСМҲО: Писари худсар баъди сафари дуру дароз мондаю лакот шуда аз масофае хонаашонро мебинад.