Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 47

Имонатонро қавӣ гардонед!

Имонатонро қавӣ гардонед!

«Хавотир нашавед. Ба Худо имон дошта бошед» (ЮҲ. 14:1).

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

ПЕШГУФТОР *

1. Чӣ сабаби ташвишу хавотирии мо шуда метавонад?

ВАҚТЕ шумо дар бораи воқеаҳои оянда фикр мекунед, аз ҷумла оиди нест шудани дини дурӯғ, ҳамлаи Ҷуҷ аз замини Моҷуҷ ва ҷанги Ҳармаҷиддӯн хавотир мешавед? Мумкин шумо аз худ пурсидаед: «Оё ман ҳангоми сар задани он воқеаҳои даҳшатовар дар имон устувор мемонда бошам?» Агар шумо чунин ташвишу хавотирӣ дошта бошед, пас, суханони Исо, ки дар ояти асосӣ оварда шудаанд, саривақтӣ мебошад. Исо ба расулонаш гуфта буд: «Хавотир нашавед. Ба Худо имон дошта бошед» (Юҳ. 14:1). Имони қавӣ кумак мекунад, ки новобаста ба воқеаҳои оянда оромиро нигоҳ дорем.

2. Чӣ тавр мо имонамонро қавӣ гардонда метавонем ва дар ин мақола чӣ дида баромада мешавад?

2 Барои қавӣ гардондани имон ва ба озмоишҳои оянда тайёр будан хуб мебуд, фикр кунем, ки ҳоло ба озмоишҳо чӣ тавр тоб оварда истодаем. Вақте мо дар ин бора фикр мекунем, мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат имонамонро бақувваттар карда метавонем. Қобили зикр аст, ки ҳар як озмоиш имони моро мустаҳкам мегардонад. Дар ин сурат мо ба озмоишҳои оянда тоб оварда метавонем. Дар мақолаи мазкур мо чор воқеаеро дида мебароем, ки шогирдони Исо рӯ ба рӯ шуданд ва маълум гашт, ки ба онҳо бештар имон лозим аст. Сипас мебинем, ки чӣ тавр мо ба чунин мушкилиҳо тоб оварда метавонем ва чӣ хел онҳо моро ба оянда тайёр мекунанд.

ДИЛПУР БОШЕД, КИ ХУДО НИЁЗҲОИ ҶИСМОНИАТОНРО ҚОНЕЪ МЕКУНАД

Шояд мо аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ кашем, вале имон кумак мекунад, ки дар хизмати Яҳува суст нашавем (Ба сархатҳои 3–6 нигаред.)

3. Мувофиқи Матто 6:30, 33 Исо дар бораи имон кадом фикри муҳимро гуфт?

3 Ҳар як сардори оила кӯшиш мекунад, ки оилаашро бо либос, хӯрока ва сарпаноҳ таъмин кунад. Лекин дар ин дунёи ноором барои сардори оила на ҳама вақт ин вазифаро иҷро кардан осон аст. Дар баъзе мавридҳо ҳамимононамон корашонро аз даст медиҳанд ва чи қадаре кӯшиш накунанд, ҷойи кори нав ёфта наметавонанд. Дигарон бошанд, аз корҳое, ки ба масеҳиён мувофиқ нест, даст мекашанд. Дар чунин лаҳзаҳо мо бояд дилпур бошем, ки Яҳува бо ягон роҳ ниёзҳои оилаамонро қонеъ мегардонад. Исо дар ин бора ба шогирдонаш дар суханронии болои кӯҳ гуфта буд. (Матто 6:30, 33-ро хонед.) Агар сад фоиз боварӣ дошта бошем, ки Яҳува моро намепартояд, диққатамонро пурра ба хизмати ӯ равона карда метавонем. Инчунин, вақте мебинем, ки Яҳува дар бораи ниёзҳои ҷисмониамон ғамхорӣ мекунад, ба ӯ наздик мешавем ва имонамон мустаҳкамтар мегардад.

4, 5. Чӣ тавр дар лаҳзаҳои душвор Яҳува ниёзҳои ҷисмонии як оиларо қонеъ гардонд?

4 Биёед бо оилае аз Венесуэла шинос шавем, ки Яҳува ниёзҳои моддиашонро қонеъ гардонд. Як замон оилаи Кастроҳо заминашонро киштукор карда зиндагиашонро пеш мебурданд. Рӯзе як гурӯҳ одамони яроқбадаст омада, замини онҳоро кашида гирифтанд. Бародар Мигел мегӯяд: «Айни ҳол мо замини хурдеро иҷора гирифта киштукор мекунем ва ҳамин тавр ризқу рӯзӣ меёбем. Ҳар саҳар ман ба Яҳува дуо мегӯям, ки оилаи моро бо чизҳои зарурӣ таъмин кунад». Зиндагии ин оила вазнин аст, вале онҳо боварӣ доранд, ки Яҳува ниёзҳои ҷисмониашонро қонеъ мекунад. Ба туфайли имони қавиашон онҳо пайваста дар вохӯриҳо ва хизмат иштирок мекунанд. Оилаи Кастроҳо Подшоҳии Худоро дар ҷойи аввал мемонанд, Яҳува бошад, онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ мекунад.

5 Дар ин лаҳзаҳои душвор Мигел ва ҳамсараш Юрай кӯшиш мекунанд, ки ҳар рӯз дар ҳаёт дасти Яҳуваро бинанд. Баъзан Яҳува ба воситаи бародару хоҳарон ин оиларо дастгирӣ мекунад. Ҳамимононамон ба онҳо аз ҷиҳати моддӣ кумак мекунанд ё ба Мигел ягон кор меёбанд. Инчунин рӯзҳое буданд, ки Кумитаи ёрӣ ба осебдидагон ба мадади онҳо мерасид. Яҳува ҳеҷ гоҳ онҳоро тарк намекунад. Аъзои оилаи Мигел ҳис карданд, ки имонашон қавитар мегардад. Воқеаеро ба ёд оварда духтари калониашон, Ёзелин, мегӯяд: «Дасти Яҳуваро баръало дидан ҳаяҷоновар аст. Яҳува дӯсти бовариноки ман аст. Озмоишҳое, ки мо паси сар кардем, моро ба мушкилиҳои вазнинтаре омода намуданд, ки дар пешанд».

6. Чӣ тавр дар муҳтоҷӣ имонатонро қавӣ гардонда метавонед?

6 Оё шумо айни ҳол аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашед? Дар ин сурат ҳаёт бароятон бешак осон нест. Лекин чи қадаре ки вазъиятатон мушкил набошад, шумо имонатонро қавӣ гардонда метавонед. Барои ин ба Яҳува дуо гӯед ва суханони Исоро аз Матто 6:25–34 хонда мулоҳиза ронед. Саргузашти бародару хоҳаронеро, ки бо хизмати Яҳува банданд, аз назар гузаронед ва бинед, ки чӣ тавр Яҳува дар бораи онҳо ғамхорӣ мекунад (1 Қӯр. 15:58). Ин тавр карда дилпур мешавед, ки чи хеле Яҳува ба онҳо кумак кард, ба шумо низ кумак мекунад. Яҳува медонад, ки шумо ба чӣ ниёз доред ва чӣ хел шуморо таъмин кунад. Агар шумо аллакай имрӯз дар ҳаёт дасти Яҳуваро бинед, имонатон қавитар гашта ба озмоишҳои вазнинтаре, ки дар пешанд, тайёр мешавед (Ҳаб. 3:17, 18).

БАРОИ ПАСИ САР КАРДАНИ «ТӮФОНИ САХТ» ИМОН ЛОЗИМ АСТ

Ба туфайли имони устувор ба ҳар гуна озмоиш тоб меорем (Ба сархатҳои 7–11 нигаред.)

7. Мувофиқи Матто 8:23–26 чӣ тавр имони шогирдони Исо дар тӯфони сахт озмуда шуд?

Вақте Исо ва шогирдонаш дар баҳр ба тӯфон дучор шуданд, Исо аз фурсат истифода бурда ба онҳо фаҳмонд, ки аз кадом ҷиҳат бояд имонашонро бақувваттар гардонанд. (Матто 8:23–26-ро хонед.) Вақте тӯфон сахттар шуду обҳои баҳр қариб буд, ки қаиқро ғарқ кунад, Исо хоб буд. Шогирдонаш ба ҳарос омада ӯро бедор карданд ва хоҳиш намуданд, ки онҳоро наҷот диҳад. Исо оромона аз онҳо пурсид: «Эй сустимонҳо, чаро ин қадар метарсед?» Шогирдон бояд ба тарс дода намешуданд ва боварӣ медоштанд, ки Яҳува ба осонӣ Исо ва ҳамсафаронашро муҳофизат карда метавонад. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Агар имони мустаҳкам дошта бошем, дар ҳар гуна «тӯфони сахт», хоҳ аслӣ бошад, хоҳ маҷозӣ, истодагарӣ карда метавонем.

8, 9. Чӣ тавр имони Анел озмуда шуд ва чӣ ба ӯ кумак кард, ки истодагарӣ кунад?

8 Биёед фаҳмем, ки чӣ хел имони Анел ном хоҳаре аз Пуэрто-Рико дар озмоиши сахт қавитар гашт. Ӯ бо тӯфони аслӣ рӯ ба рӯ шуд. Соли 2017 хонаи ӯро тундбоди «Мария» хароб гардонд. Ба болои ин Анел корашро аз даст дод. Ӯ мегӯяд: «Дар он рӯзҳои сиёҳ ман сахт метарсидам, лекин дуо гуфта ба Яҳува таваккал карданро ёд гирифтам ва нагузоштам, ки тарс маро побанд кунад».

9 Ба хоҳар Анел боз як чиз ёрдам дод, ки озмоишашро паси сар кунад — итоаткорӣ. Ӯ қайд мекунад: «Аз рӯйи дастуроти ташкилот амал кардан ба ман кумак кард, ки оромиро нигоҳ дорам. Бародару хоҳарон маро аз ҷиҳати моддӣ ва рӯҳонӣ дастгирӣ мекарданд. Ман дар ҳамаи ин дасти Яҳуваро медидам. Яҳува ба ман аз ҳар чизе, ки мепурсидам, бештару барзиёд медод, бинобар ин имонам хеле бақувват гашт».

10. Агар шумо бо озмоиши тӯфонмонанд дучор шавед, чӣ кор карда метавонед?

10 Оё шумо айни замон ба озмоишҳои тӯфонмонанд дучор шудаед? Шояд аз офати табиӣ зарар дидаед ё аз сабаби бемории вазнине сари калобаатонро гум кардаеду дилшикаста мебошед. Эҳтимол, баъзан шумо ташвишу хавотирӣ мекашед, вале нагузоред, ки ин ҳиссиёт барои ба Яҳува таваккал карданатон монеъ шавад. Дилатонро дар дуо холӣ кунед. Дар бораи лаҳзаҳое, ки Яҳува ба шумо кумак карда буд, мулоҳиза ронда имонатонро қавӣ гардонед (Заб. 77:11, 12). Боварии комил дошта бошед, ки ӯ ҳеҷ гоҳ шуморо тарк намекунад.

11. Чаро мо бояд ба бародарони масъул фармонбардор бошем?

11 Боз чӣ ба шумо дар озмоишҳо кумак карда метавонад? Бале, чизе ки ба Анел ёрдам кард, итоаткорӣ. Ба онҳое, ки Яҳува ва Исо бовар кардаанд, такя карданро ёд гиред. Баъзан бародарони масъул дастуроте медиҳанд, ки шояд аз рӯйи мантиқ наметобад. Вале фаромӯш накунед, ки Яҳува шахси итоаткорро баракат медиҳад. Мо аз Каломи Худо ва саргузашти ходимони содиқи Яҳува медонем, ки итоаткорӣ ҳаётро наҷот медиҳад (2 Мӯсо 14:1–4; 2 Воқ. 20:17). Дар бораи ин намунаҳо мулоҳиза ронед, зеро бо ин роҳ шумо бо азми қавӣ, ҳам имрӯз ва ҳам дар оянда, мувофиқи дастуроти ташкилоти Яҳува амал мекунед (Ибр. 13:17). Дар натиҷа, азоби азиме, ки ба наздикӣ рӯй медиҳад, шуморо ба воҳима намеорад (Пнм. 3:25).

БАРОИ БА БЕАДОЛАТӢ ТОБ ОВАРДАН ИМОН ЛОЗИМ АСТ

Пайваста дуо гуфтан имони касро мустаҳкам мегардонад (Ба сархати 12 нигаред.)

12. Мувофиқи Луқо 18:1–8 байни имон доштан ва ба беадолатӣ тоб овардан чӣ алоқамандие ҳаст?

12 Исо медонист, ки шогирдонаш бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бинобар ин барои ба он тоб овардан Исо ба онҳо мисоле овард, ки дар китоби Луқо зикр шудааст. Ӯ дар бораи бевазане нақл кард, ки барои барқарор кардани адолат пайваста ба назди довари беинсофе мерафт. Он бевазан мефаҳмид, ки агар таслим нашавад, ба мақсадаш мерасад. Ниҳоят довар ба доди он зан расид. Мо аз ин чӣ дарс мегирем? Яҳува Худои адолатманд аст. Аз ин рӯ Исо гуфта буд: «Пас, магар Худо ба доди интихобшудагонаш, ки шабу рӯз сӯйи ӯ илтиҷо мекунанд, намерасад?» (Луқо 18:1–8-ро хонед.) Сипас ӯ илова кард: «Вақте Фарзанди одам меояд, оё чунин имонро дар замин меёбад?» Вақте мо бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешавем, бо пурсабрӣ ва исроркориамон бояд нишон диҳем, ки мисли он бевазан имони қавӣ дорем. Агар чунин имон нишон диҳем, боварии комил дошта метавонем, ки Яҳува як рӯз не як рӯз бар манфиати мо амал мекунад. Инчунин набояд қувваи дуоро сарфи назар кунем. Баъзан Яҳува ба дуоҳои мо тавре ҷавоб медиҳад, ки интизораш набудем.

13. Чӣ хел дуо ба оилае, ки бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шуд, кумак кард?

13 Биёед намунаи хоҳар Вероро дида бароем, ки аз Ҷумҳурии Демократии Конго мебошад. Рӯзе хоҳар Веро бо шавҳар ва духтари понздаҳсолаашон аз сабаби ҳамлаи як гурӯҳ аскарон маҷбур шуданд, ки аз қишлоқи худ гурезанд. Ниҳоят сарбозон онҳоро дар посгоҳ дошта, тарсонданд, ки мекушанд. Хоҳар Веро гиря кард, духтарчааш бошад, бо овоз дуо гуфта, ӯро ором карданӣ шуд. Дар дуо ӯ гаштаву баргашта номи Яҳуваро ба забон овард. Вақте ӯ дуо гуфтанро тамом кард, сардори аскарон аз ӯ пурсид: «Эй духтарак, ба ту кӣ дуогӯиро ёд дод?» Духтарак ҷавоб дод: «Модарам. Дар асоси дуое, ки дар Матто 6:9–13 омадааст». Он гоҳ сарбоз гуфт: «Равед, ба шумо роҳи сафед! Дар амони Худоятон Яҳува бошед!»

14. Имонамон чӣ тавр озмуда шуда метавонад, ва чӣ кумак мекунад, ки истодагарӣ кунем?

14 Ин гуна воқеаҳо тасдиқ мекунанд, ки дуо қувваи бузург дорад. Лекин ба дуоятон дарҳол ё ба таври ҳайратовар ҷавоб нагиред-чӣ? Мисли он бевазан аз мисоли Исо мунтазам дуо гӯед ва боварӣ дошта бошед, ки Худо шуморо тарк намекунад ва рӯзе бо ягон роҳ ба дуоятон ҷавоб медиҳад. Аз Яҳува бо зориву илтиҷо рӯҳи муқаддас пурсед (Флп. 4:13). Фаромӯш накунед, ки ба наздикӣ Яҳува шуморо чунон баракат медиҳад, ки дарду азоби имрӯза ҳатто ба гӯшаи хаёлатон намеояд. Агар имрӯз бо кумаки Яҳува дар озмоишҳо истодагарӣ кунед, имонатон устувор мегардад ва ба мушкилиҳои оянда тоб оварда метавонед (1 Пет. 1:6, 7).

ДАР ДУШВОРИҲО НОУМЕД НАШУДАН ИМОН МЕТАЛАБАД

15. Мувофиқи Матто 17:19, 20 шогирдони Исо бо чӣ гуна мушкилӣ рӯ ба рӯ шуданд?

15 Исо ба шогирдонаш гуфта буд, ки барои паси сар кардани мушкилиҳо ба онҳо имон лозим мешавад. (Матто 17:19, 20-ро хонед.) Боре онҳо аз як одам девро бароварда натавонистанд, ҳол он ки дар дигар мавридҳо аз уҳдаи ин кор баромада буданд. Пас, чаро ин дафъа комёб нашуданд? Исо гуфт, ки ба онҳо имон намерасид. Ӯ илова кард, ки агар онҳо имони қавӣ дошта бошанд, кӯҳ барин мушкилиҳоро бартараф карда метавонанд. Имрӯз низ мо бо мушкилиҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки ҳаллашон беилоҷ метобад.

Нигоҳ накарда ба дарди ҷонгудоз имон кумак мекунад, ки бо хизмати Яҳува банд бошед (Ба сархати 16 нигаред.)

16. Чӣ тавр имон ба Гейди кумак кард, ки баъди марги шавҳараш ба ғаму андуҳ дода нашавад?

16 Бо саргузашти хоҳар Гейди шинос шавед, ки аз Гватемала мебошад. Рӯзе, вақте ӯву ҳамсараш, Эди, баъди ҷамъомад хона бармегаштанд, як гурӯҳ ҷинояткорон шавҳарашро куштанд. Чӣ тавр имон ба Гейди ёрдам дод, ки ба ин андуҳ тоб орад? Ӯ мегӯяд: «Ман дар дуо ба Яҳува дарди дил карда оромӣ ҳис мекунам. Яҳува ба воситаи аъзои оила ва бародару хоҳарон дар ҳаққи ман ғамхорӣ мекунад. Ҳамчунин дар хизмат банд будан дарди маро сабук мегардонад. Ман дар бораи фардо аз ҳад зиёд ғам намехӯрам. Баъди мусибате, ки ба сарам омад, ман дарк кардам, ки чӣ озмоише маро дар пеш набошад, ман ба он бо ёрии Яҳува, Исо ва ташкилот тоб оварда метавонам».

17. Вақте бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавем, ки мисли кӯҳ аст, чӣ кор карда метавонем?

17 Оё шумо ҳам аз марги шахси наздикатон месӯзед? Дар ин сурат вақт ҷудо карда имонатонро ба эҳёшавӣ қавӣ гардонед. Барои ин аз Китоби Муқаддас дар бораи онҳое хонед, ки зинда шуданд. Ё шояд айни ҳол ягон узви оилаатон хориҷ шудаасту шумо дилшикастаед. Пас, боварӣ ҳосил кунед, ки тарбияи Яҳува ҳамеша беҳтарин аст. Чӣ мушкилие ба саратон наояд, ба он чун ба имконияти устувор гардондани имонатон нигаред. Ба Яҳува рози дил кунед. Худро аз бародару хоҳарон дар канор нагиред (Пнм. 18:1). Бо корҳое банд бошед, ки ғаматонро дур мекунанд, ҳатто агар чашмонатон пури об шавад (Заб. 126:5, 6). Минбаъд низ ба вохӯриҳо равед, дар хизмат иштирок кунед ва Китоби Муқаддас хонед. Ҳамчунин ояндаи дурахшонеро, ки Яҳува ваъда кардааст, доим пеши назар оред. Дар натиҷа, вақте дасти Яҳуваро мебинед, имонатон мустаҳкамтар мегардад.

«ИМОНИ МОРО ЗИЁД ГАРДОН»

18. Агар пай баред, ки имонатон он қадар мустаҳкам нест, чӣ кор карда метавонед?

18 Агар аз сабаби озмоишҳои гузашта ё ҳозира имонатон суст шуда бошад, ноумед нашавед. Баръакс, аз фурсат истифода бурда имонатонро мустаҳкам гардонед. Мисли расулони Исо аз Яҳува хоҳиш кунед: «Имони моро зиёд гардон» (Луқ. 17:5). Инчунин намунаҳоеро, ки дар ин мақолаҳо дида баромадем, ба ёд оред. Аз Мигел ва Юрай ибрат гирифта, дар бораи лаҳзаҳое, ки Яҳува ба шумо кумак карда буд, мулоҳиза ронед. Мисли духтари Веро ва Анел ба Яҳува аз сидқи дил дуо гӯед, махсусан дар тангиҳо. Намунаи хоҳар Гейди бошад, нишон медиҳад, ки Яҳува ба воситаи аъзои оила ва дӯстон ба мо мадад мерасонад. Агар имрӯз гузоред, ки Яҳува дар озмоишҳо ба шумо кумак кунад, дар оянда бештар дилпур хоҳед буд, ки чӣ озмоише надошта бошед, бо ёрии ӯ истодагарӣ карда метавонед.

19. Исо ба чӣ заррае шубҳа надошт ва шумо аз чӣ дилпур буда метавонед?

19 Исо ба шогирдонаш гуфт, ки аз кадом ҷиҳат имонашон суст аст, ҳамзамон мегуфт, ки бо ёрии Яҳува онҳо ба ҳамаи озмоишҳои оянда тоб оварда метавонанд (Юҳ. 14:1; 16:33). Исо ягон зарра шубҳа надошт, ки мардуми сершумор ба туфайли имони устуворашон азоби азимро паси сар мекунанд (Ошкор. 7:9, 14). Оё шумо дар қатори ин мардум мешавед? Агар аз ҳар фурсат истифода бурда имонатонро қавӣ гардонед, ба шарофати лутфу марҳамати Яҳува ҳатман дар байни ин одамон мешавед (Ибр. 10:39).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

^ сарх. 5 Ҳамаи мо мехоҳем, ки ин тартиботи Шайтон тезтар ба охир расад. Лекин шояд баъзан мо фикр кунем, ки дар вақти азоби азим дар имон устувор монда метавонем ё не? Дар ин мақола мо бо саргузашти баъзе бародару хоҳарон шинос мешавем ва маслиҳатҳоеро мефаҳмем, ки имонамонро мустаҳкам месозанд.