Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 48

«Пок бошед»

«Пок бошед»

«Дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошед» (1 ПЕТ. 1:15).

СУРУДИ 29 Дар беайбӣ роҳ рав

ПЕШГУФТОР *

1. Петруси расул ба масеҳиёни асри як чӣ амр дод ва чаро ба амри ӯ итоат кардан номумкин тофта метавонист?

 НОВОБАСТА ба он ки мо умеди осмонӣ дорем ё заминӣ, дида баромадани гуфтаҳои Петруси расул ба масеҳиёни тадҳиншудаи асри як ба мо манфиат оварда метавонад. Петрус навишта буд: «Чун Даъватгари Покатон дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошед, чунки навишта шудааст: “Пок бошед, зеро ман пок ҳастам”» (1 Пет. 1:15, 16). Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки мо ба Яҳува, ки саропо муқаддас аст, пайравӣ карда метавонем. Мо бояд дар рафтори худ поку муқаддас бошем, ҳатто агар ин дар назари аввал барои одами нокомил номумкин тобад. Бояд гуфт, ки Петрус худаш якчанд бор хато карда буд. Бо вуҷуди ин аз намунаи ӯ маълум мегардад, ки мо поку муқаддас буда метавонем.

2. Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

2 Дар ин мақола мо ба чор саволи зерин ҷавоб меёбем: Пок будан чӣ маъно дорад? Дар Китоби Муқаддас дар бораи покии Яҳува чӣ гуфта мешавад? Чӣ тавр мо дар рафтори худ поку муқаддас буда метавонем? Байни пок будан ва муносибатамон бо Яҳува чӣ алоқамандӣ аст?

ПОК БУДАН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

3. Бисёр одамон шахси муқаддас гуфта киро мефаҳманд, вале мо маълумоти аниқро аз куҷо ёфта метавонем?

3 Бисёр одамон вақте ибораи «шахси муқаддас»-ро мешунаванд, пеши назарашон касе меояд, ки дар рӯяш хурсандӣ нест, дар тан либоси динӣ дораду қиёфааш хеле ҷиддӣ мебошад. Лекин чунин тасаввурот аз ҳақиқат дур аст. Яҳува, ки Худои пок аст, дар Каломаш «Худои хушбахт» номида мешавад (1 Тим. 1:11). Инчунин онҳое, ки ӯро ибодат мекунанд «хушбахт» номида шудаанд (Заб. 144:15). Исо бошад, онҳоеро, ки дар тан либоси махсус пӯшида барои худнамоӣ ба дигарон кумак мекарданд, ҳукм менамуд (Мат. 6:1; Марқ. 12:38). Вале мо чун масеҳиёни ҳақиқӣ аз Китоби Муқаддас медонем, ки пок будан чӣ маъно дорад. Мо медонем, ки Худои муқаддас ва пурмеҳрамон ҳеҷ гоҳ аз мо кардани кореро, ки номумкин аст, наметалабад. Бинобар ин, вақте Яҳува мегӯяд, ки «пок бошед», мо мефаҳмем, ки аз уҳдаи ин кор мебароем. Акнун биёед фаҳмем, ки пок будан чӣ маъно дорад.

4. Пок будан чӣ маъно дорад?

4 Пок будан чӣ маъно дорад? Дар Каломи Худо калимаҳои «пок» ва «муқаддас» асосан ба покии динӣ ва ахлоқӣ ё муқаддас будан ишора мекунанд. Ин калимаҳо инчунин маънои барои хизмати Худо ҷудо буданро доранд. Дигар хел карда гӯем мо он вақт пок ҳисобида мешавем, агар ахлоқан пок бошем, Яҳуваро дуруст ибодат кунем ва бо ӯ муносибати наздик инкишоф диҳем. Тасаввур кунед, Яҳува, ки Худои пок ва муқаддас аст, мехоҳад бо мо одамони нокомил дӯстии наздик пайдо кунад!

«ПОКИ ПОКИ ПОК АСТ ЯҲУВА»

5. Мо аз гуфтаҳои фариштагони бовафо дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?

5 Чи хеле гуфта будем, Яҳува саропо муқаддас аст. Инро ҳатто гуфтаҳои сорофиён — фариштагоне, ки дар назди тахти Яҳуваанд, тасдиқ мекунад. Боре якчанд сорофӣ чунин нидо карданд: «Поки поки пок аст Яҳува, Худои лашкарҳо!» (Иш. 6:3). Бояд гуфт, ки азбаски ин фариштагон худашон пок буданд, бо Худои пок ва муқаддас муносибати наздик доштанд. Дар асл, танҳо як ҳузури фаришта ин ё он ҷоро муқаддас мегардонд. Мо инро аз воқеае, ки бо Мӯсо дар назди хорбуттаи даргирон рӯй дода буд, мефаҳмем (2 Мӯсо 3:2–5; Юшаъ 5:15).

Дар лавҳаи тиллоии саллаи саркоҳин чунин навишта шуда буд: «Покӣ аз они Яҳува аст» (Ба сархатҳои 6 ва 7 нигаред.)

6, 7. а) Мувофиқи 2 Мӯсо 15:1, 11 Мӯсо дар бораи покии Яҳува чӣ гуфт? б) Чӣ ба исроилиён ёдрас мекард, ки Яҳува Худои пок аст? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

6 Баъди он ки халқи Исроил баҳри Сурхро гузашт, Мӯсо ба онҳо гуфт, ки Худояшон Яҳува пок аст. (2 Мӯсо 15:1, 11-ро хонед.) Вале рафтори мисриёне, ки худоёни худро ибодат мекарданд, тамоман пок набуд. Дар бораи халқи Канъон низ чунин гуфтан мумкин аст. Онҳо кӯдакони худро ба қурбонӣ оварда ба корҳои ҳаром даст мезаданд (3 Мӯсо 18:3, 4, 21–24; 5 Мӯсо 18:9, 10). Яҳува бошад, ба хизматгоронаш ҳеҷ гоҳ намегӯяд, ки ба корҳои нопок даст зананд. Охир ӯ Сарчашмаи покист. Инро навиштаҷоте, ки дар лавҳаи тиллоии саллаи саркоҳин зикр шуда буд, тасдиқ мекунад. Дар он ҷо чунин навишта шуда буд: «Покӣ аз они Яҳува аст» (2 Мӯсо 28:36–38).

7 Ин навиштаҷот ба ҳамаи онҳое, ки онро мехонданд, хотиррасон мекард, ки Яҳува муқаддас аст. Лекин дар бораи исроилиёне, ки ба саркоҳин наздик шуда наметавонистанд, чӣ гуфтан мумкин? Оё онҳо аз ин гуфтаҳо хабар доштанд? Бале! Вақте Шариатро дар ҳузури мардон, занон ва кӯдакон мехонданд, ҳар як исроилӣ ин суханонро мешунид (5 Мӯсо 31:9–12). Агар шумо низ дар он ҷо мебудед, суханони зеринро мешунидед. «Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам ва шумо бояд худро пок гардонед ва муқаддас шавед, зеро ман поку муқаддасам». «Шумо бояд дар назари ман пок бошед, зеро ман, Яҳува, пок ҳастам» (3 Мӯсо 11:44, 45; 20:7, 26).

8. Мо аз 3 Мӯсо 19:2 ва 1 Петрус 1:14–16 чӣ меомӯзем?

8 Акнун биёед диққатамонро ба гуфтаҳое равона кунем, ки ба халқи Исроил бо овоз мехонданд. Он дар 3 Мӯсо 19:2 навишта шудааст. Яҳува ба Мӯсо гуфт: «Ба тамоми мардуми Исроил бигӯ: “Пок бошед, зеро ман, Яҳува, Худои шумо, пок ҳастам”». Петрус низ, вақте ба масеҳиён гуфта буд, ки «пок бошед», эҳтимол, ҳамин ҷойи Навиштаҳоро иқтибос овард. (1 Петрус 1:14–16-ро хонед.) Албатта, имрӯз мо аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ намекунем. Лекин гуфтаҳои Петруси расул суханонеро, ки дар 3 Мӯсо 19:2 оварда шудаанд, тасдиқ мекунад, яъне Яҳува Худои пок аст ва онҳое, ки ӯро дӯст медоранд, бояд сӯйи покӣ майл кунанд. Ин амр ҳам ба масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳам ба онҳое, ки умеди заминӣ доранд, дахл дорад (1 Пет. 1:4; 2 Пет. 3:13).

«ДАР ТАМОМИ РАФТОРИ ХУД ПОКУ МУҚАДДАС БОШЕД»

9. Дида баромадани боби 19-и 3 Мӯсо ба мо чӣ манфиат меорад?

9 Азбаски мо розигии Худои покро ба даст овардан мехоҳем, бояд фаҳмем, ки чӣ тавр пок буда метавонем. Яҳува дар ин хусус ба мо маслиҳати муфид медиҳад. Онро аз 3 Мӯсо боби 19 ёфтан мумкин. Пешвои динии яҳудӣ Ҷ. Ҳерс навиштааст: «Ин боб дар китоби... [сеюми Мӯсо] ва дар байни панҷ китоби аввали Навиштаҳо яке аз асосиҳо ба ҳисоб меравад. Зиёиён дар бораи китоби Таврот гуфтаанд, ки боби 19-уми 3 Мӯсо “таҳкурсии Шариат” аст ва дар он... [аксар қонунҳои Навиштаҳо] инъикос ёфтаанд» *. Сазовори диққат аст, ки боби 19-и 3-юми Мӯсо бо суханони «пок бошед» сар мешавад. Бинобар ин биёед баъзе оятҳои ин бобро дида бароем.

Дар 3 Мӯсо 19:3 дар бораи муносибат бо волидон гуфта шудааст. Масеҳӣ ин амрро ба назар гирифта бояд дар бораи чӣ андеша кунад? (Ба сархатҳои 10–12 нигаред.) *

10, 11. Кадом ҷониби рафтори пок дар аввали 3 Мӯсо боби 19 қайд шудааст ва чӣ тавр мо бояд ба ин амр муносибат кунем?

10 Баъди он ки Яҳува ба исроилиён гуфт, ки «пок бошед», илова кард: «Ҳар кас модар ва падари худро ҳурмат кунад... Ман Яҳува, Худои шумо ҳастам» (3 Мӯсо 19:2, 3).

11 Мо бояд ба суханони Худо бечунучаро гӯш дода падару модари худро ҳурмату иззат кунем. Дар ёд доред, боре як мард ба назди Исо омада пурсид: «Чӣ кори нек кунам, то ҳаёти ҷовидониро ба даст орам?» Дар ҷавоб Исо ба ӯ гуфт, ки инчунин падару модарашро ҳурмату иззат кунад (Мат. 19:16–19). Исо ҳатто фарисиён ва шариатдононро барои риоя накардани ин амр ҳукм намуда буд. Ӯ гуфт, ки онҳо бо ин рафторашон «суханони Худоро поймол» мекунанд (Мат. 15:3–6). Ба ин суханон аз Даҳ амр панҷумаш низ дохил мешавад, аз ҷумла гуфтаҳои ояти сеи боби 19-и китоби сеюми Мӯсо (2 Мӯсо 20:12). Бори дигар диққат диҳед, ки гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:3 дар бораи иззату ҳурмати падару модар дарҳол баъди амри «пок бошед, зеро ман, Яҳува, Худои шумо, пок ҳастам» омадаанд.

12. Мувофиқи 3-юми Мӯсо 19:3 мо аз худ чӣ пурсида метавонем?

12 Мувофиқи амри Яҳува дар бораи ҳурмату иззати падару модар мо бояд аз худ пурсем: Оё ман ҳурмати волидонамро ба ҷо меорам? Шояд шумо афсӯс хӯред, ки дар гузашта ин амрро на он қадар хуб ба ҷо меовардед. Гузаштаро баргардонда намешавад, аз ин рӯ, зиқ нашавед, балки кӯшиш кунед ҳозир аз ин ҷиҳат намуна бошед ва бо падару модаратон бештар вақт гузаронед. Ё тасмим гирифта метавонед, ки аз ҷиҳати моддӣ, рӯҳонӣ ва равонӣ онҳоро бештар дастгирӣ кунед. Ин тавр карда шумо аз рӯйи гуфтаҳои 3 Мӯсо 19:3 амал мекунед.

13. а) Дар 3 Мӯсо 19:3 боз кадом маслиҳат омадааст? б) Мувофиқи Луқо 4:16–18 чӣ тавр мо имрӯз аз намунаи Исо ибрат гирифта метавонем?

13 Аз 3-юми Мӯсо 19:3 дар бораи пок будан боз як чизро фаҳмидан мумкин. Дар ин оят дар бораи риоя кардани рӯзи шанбе гуфта шудааст. Бояд гуфт, ки масеҳиён аз рӯйи Шариати Мӯсо зиндагӣ намекунанд, бинобар ин ба мо риояи рӯзи шанбе шарт нест. Бо вуҷуди ин мо аз он ки чӣ тавр исроилиён рӯзи шанберо риоя карда манфиат мегирифтанд, бисёр чизро омӯхта метавонем. Чи хеле ки медонем, дар рӯзи шанбе исроилиён ташвиши рӯзғорро як тараф монда, Яҳуваро ибодат мекарданд *. Масалан, Исои Масеҳ дар рӯзи шанбе ибодатхона рафта Китоби Муқаддас мехонд (2 Мӯсо 31:12–15; Луқо 4:16–18-ро хонед). Дар 3 Мӯсо 19:3 Яҳува ба исроилиён амр дода гуфт, ки «шанбеҳои [ӯро] риоя» намоянд. Мо низ имрӯз аз рӯйи ин амр амал намуда барои ибодати Яҳува мунтазам вақт ҷудо мекунем. Шояд шумо аз худ пурсед: Оё ман аз ин ҷиҳат камбудӣ дорам? Агар шумо барои иҷрои корҳои рӯҳонӣ мунтазам вақт ҷудо кунед, ба Яҳува наздиктар мешавед, ки бе ин пок будан номумкин аст.

МУНОСИБАТАТОНРО БО ЯҲУВА УСТУВОР ГАРДОНЕД

14. Дар китоби 3-юми Мӯсо боби 19 чӣ гуна ҳақиқати муҳим оварда шудааст?

14 Дар боби 19-и китоби 3-юми Мӯсо ҳақиқати муҳиме қайд шудааст, ки барои пок монданамон кумак мекунад. Масалан, ояти 4 бо суханони зерин тамом мешавад: «Ман Яҳува Худои шумо ҳастам». Гуфтаҳои мазкур ё суханони ба ин монанд дар боби 19-ум 16 маротиба вомехӯранд. Ин гуфтаҳо амри якуми Яҳуваро ба ёд меорад: «Ман Худоят Яҳува ҳастам... Туро ғайр аз ман худои дигаре набошад» (2 Мӯсо 20:2, 3). Ҳар як масеҳии ҳақиқие, ки пок будан мехоҳад, набояд гузорад, ки касе ё чизе аз муносибаташ бо Яҳува муҳимтар бошад. Азбаски мо бо номи Яҳува хонда шудаем, азм дорем, ки асло ба корҳое, ки номи Яҳуваро доғдор карда метавонанд, даст намезанем (3 Мӯсо 19:12; Иш. 57:15).

15. Оятҳои боби 19-и китоби 3-юми Мӯсоро дар бораи қурбониҳо хонда мо чӣ кор кардан мехоҳем?

15 Халқи Исроил барои Яҳуваро чун Худои худ эътироф намудан бояд бисёр қонунҳоро риоя мекарданд. Дар китоби 3-юми Мӯсо 18:4 гуфта мешавад: «Ҳукмҳо ва фармудаҳои маро риоя намоед ва мувофиқи онҳо рафтор кунед. Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам». Баъзеи ин «фармудаҳо» дар боби 19 оварда шудаанд. Масалан, дар оятҳои аз 5 то 8 ва 21, 22 дар бораи қурбонии ҳайвонҳо гуфта мешавад. Исроилиён ин қурбониҳоро бояд тавре меоварданд, ки «нисбати қурбонии муқаддаси Яҳува беҳурматӣ» нашавад. Ин оятҳоро хонда мо мехоҳем розигии Яҳуваро ба даст орем ва чи хеле дар Ибриён 13:15 гуфта шудааст, «қурбонии ҳамду сано»-ямон ба ӯ писанд бошад.

16. Кадом суханон аз 3 Мӯсо боби 19 ба мо ёдрас мекунанд, ки хизматгорони Худо бояд аз дигарон фарқ кунанд?

16 Барои пок шудан мо бояд ҳамчунин аз одамони ин ҷаҳон фарқ кунем. Албатта, ин осон нест, баъзан ҳамсинфон, ҳамкорон, хешовандон ва дигарон метавонанд, моро ба кардани корҳое тела диҳанд, ки ибодатамонро дар назари Яҳува нопок мегардонад. Дар чунин ҳолат ба мо лозим меояд, ки қарори ҷиддӣ барорем. Чӣ кумак мекунад, ки дуруст амал кунем? Дар қисми охири китоби 3 Мӯсо 19:19 фикри ҷолибе оварда шудааст: «Либосеро, ки аз ду хел ришта тайёр шудааст, напӯш». Халқи Исроил мувофиқи ин қонун амал намуда аз халқҳои гирду атроф фарқ мекард. Имрӯз бошад, масеҳиён бемалол либосеро, ки қисман аз пахтаву қисман аз синтетика тайёр шудааст, мепӯшанд. Вале мо ҳам мисли одамоне, ки аз рӯйи таълимоти Китоби Муқаддас зиндагӣ намекунанд, рафтор намекунем. Ҳатто агар онҳо ҳамсинф, ҳамкор ё хешу таборамон бошанд. Албатта, мо хешу табор ва дигаронро дӯст медорем. Вале қарорҳоямон нишон медиҳанд, ки мо ҳама вақт ба Яҳува итоат мекунем, ҳатто агар барои ин аз дигарон фарқ кунем. Ин хеле муҳим аст, зеро агар мо хоҳем, ки муқаддас гардем, бояд ба маъное барои Яҳува ҷудо шуда бошем (2 Қӯр. 6:14–16; 1 Пет. 4:3, 4).

Халқи Худо аз гуфтаҳои китоби 3 Мӯсо 19:23–25 бояд ба чӣ хулоса меомад ва шахсан шумо аз ин оятҳо чӣ дарс гирифтед? (Ба сархатҳои 17 ва 18 нигаред.) *

17, 18. Мо аз 3 Мӯсо 19:23–25 чӣ дарси муҳим меомӯзем?

17 Суханони «Ман Яҳува, Худои шумо, ҳастам» ба халқи Исроил ёдрас менамуданд, ки муносибат бо Худо барояшон бояд дар ҷойи аввал истад. Чӣ тавр? Ҷавобашро аз 3 Мӯсо 19:23–25 ёфтан мумкин. (Оятҳоро хонед.) Биёед бинем, ки ин суханон барои халқи Исроил баъди ба Замини ваъдашуда даромадан чӣ маъно доштанд. Масалан, агар исроилие дарахти мевадор мешинонд, ӯ бояд меваи онро тӯли се сол намехӯрд. Дар соли чорум ҳосили ин дарахтро бояд ба муқаддасгоҳи Яҳува меовард. Ниҳоят соли панҷум меваи дарахт ба соҳибаш мемонд. Аз ин амри Худо исроилиён мефаҳмиданд, ки хоҳишҳои онҳо дар ҷойи аввал намеистад. Онҳо бояд ба Яҳува, ки ризқу рӯзӣ медиҳад, такя карданро ёд мегирифтанд ва хизмати ӯро дар ҷойи аввал мемонданд. Яҳува бошад, дар бораи таъмин кардани онҳо ғамхорӣ менамуд. Инчунин Худо онҳоро даъват мекард, ки ба муқаддасгоҳаш саховатмандона ҳадия оранд.

18 Қонуне, ки дар китоби 3 Мӯсо 19:23–25 зикр шудааст, ба мо гуфтаҳои Исоро, ки дар Суханронии болои кӯҳ гуфта буд, ёдрас мекунад. Исо гуфт: «Дигар дар бораи... чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан, ё дар бораи бадани худ, яъне чӣ пӯшидан, ташвиш накашед». Исо боз гапашро давом дода гуфт: «Падари осмониятон ба ҳамаи ин чизҳо муҳтоҷ будани шуморо медонад». Бале, Яҳува дар бораи мо ғамхорӣ мекунад, чи хеле ки ғами парандагони осмонро мехӯрад (Мат. 6:25, 26, 32). Мо дилпурем, ки ӯ моро намепартояд. Бинобар ин ба онҳое, ки муҳтоҷанд «садақа» медиҳем. Инчунин бо хайрияҳоямон кори Подшоҳиро дастгирӣ мекунем. Ин саховатмандиамон аз назари Яҳува пӯшида намемонад ва ӯ ҳатман моро баракат медиҳад (Мат. 6:2–4). Охир маҳз бо ҳамин корҳоямон мо нишон медиҳем, ки маслиҳатҳои 3 Мӯсо 19:23–25-ро дар амал ба кор мебарем.

19. Шумо аз оятҳои боби 19-и 3-юми Мӯсо, ки имрӯз дида баромадем, барои худ чӣ дарс гирифтед?

19 Мо танҳо баъзе оятҳои китоби 3-юми Мӯсо боби 19-ро дида баромадем ва фаҳмидем, ки аз кадом ҷиҳат ба Худои покамон пайравӣ карда метавонем. Ба ӯ пайравӣ намуда мо нишон медиҳем, ки «дар тамоми рафтори худ» поку муқаддас будан мехоҳем (1 Пет. 1:15). Бисёр одамоне, ки хизматгори Худо нестанд, чунин рафтори намунавии халқи Худоро дидаанд. Ҳатто баъзеи онҳо рафтори хуби моро дида Яҳуваро ҷалол медиҳанд (1 Пет. 2:12). Бояд гуфт, ки бо ҳамин ганҷҳои китоби 3-юми Мӯсо боби 19 ба охир намерасанд. Дар мақолаи навбатӣ мо ба дигар оятҳои ин боб рӯ меорем ва мефаҳмем, ки боз дар кадом соҳаҳои ҳаётамон, чи хеле Петрус гуфт, пок буда метавонем.

СУРУДИ 1 Хислатҳои Яҳува

^ сарх. 5 Мо Яҳуваро хеле дӯст медорем, барои ҳамин мехоҳем розигиашро ба даст орем. Яҳува Худои пок аст ва мехоҳад, ки хизматгоронаш низ пок бошанд. Вале оё одами нокомил пок буда метавонад? Бале! Дар ин мақола мо гуфтаҳои Петруси расул ба масеҳиёни асри як ва дастуроти Яҳува ба халқи Исроилро бодиққат дида баромада мефаҳмем, ки чӣ тавр дар тамоми рафтори худ поку муқаддас бошем.

^ сарх. 9 Герц Й. Пятикнижие и гафтарот. М.— Иерусалим, 1999. С. 682.

^ сарх. 13 Барои гирифтани маълумот оиди рӯзи Шанбе ба мақолаи «Ҳам барои кор ва ҳам барои дамгирӣ “замоне ҳаст”» нигаред, ки он дар «Бурҷи дидбонӣ»-и моҳи декабри соли 2019 оварда шудааст.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Писар бо волидонаш вақт мегузаронад, ҳамроҳаш зану духтарчаашро овардааст, мақсад мондаст, ки бо онҳо пайваста тамос мегирад.

^ сарх. 60 ШАРҲИ РАСМ: Деҳқони исроилие меваҳои дарахти шинондаашро аз назар мегузаронад.