Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 51

Минбаъд низ «ӯро гӯш кунед»

Минбаъд низ «ӯро гӯш кунед»

«Ин Писари азизи ман аст ва ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (МАТ. 17:5).

СУРУДИ 65 «Роҳ ин аст»

ПЕШГУФТОР *

1, 2. а) Ба се расули Исо чӣ амре дода шуда буд ва онҳо чӣ тавр амал карданд? б) Мо дар ин мақола чиро дида мебароем?

 БАЪДИ Иди Раҳоии соли 32-и милодӣ Петрус, Яъқуб ва Юҳаннои расул рӯъёи хотирмоне диданд. Дар кӯҳи баланд, ки, эҳтимол, як тарафи кӯҳи Ҳермӯн буд, Исо дар назди онҳо дигаргун шуд. «Рӯяш мисли офтоб дурахшон ва либосаш чун нур сап-сафед гардид» (Мат. 17:1–4). Дар охири ин рӯъё расулон овози Худоро шуниданд, ки гуфт: «Ин Писари азизи ман аст ва ман аз ӯ розиям. Ӯро гӯш кунед» (Мат. 17:5). Аз ҳаёти ин расулон гуфта метавонем, ки онҳо ба гапи Худо гӯш доданд. Мо низ аз онҳо ибрат гирифта Исоро гӯш кардан мехоҳем.

2 Аз мақолаи гузашта мо фаҳмидем, ки Исоро гӯш кардан маънои аз баъзе корҳо даст кашиданро дорад. Дар ин мақола бошад, мо ду чизеро дида мебароем, ки Исо кардани онҳоро фармуда буд.

«АЗ ДАРВОЗАИ ТАНГ ДАРОЕД»

3. Мувофиқи Матто 7:13, 14 мо бояд чӣ кор кунем?

3 Матто 7:13, 14-ро хонед. Аҳамият диҳед, Исо дар бораи ду дарвоза гуфт, ки сӯйи ду роҳ мебаранд, якеаш роҳи «васеъ» ва дигараш роҳи «борик» мебошад. Роҳи сеюм вуҷуд надорад. Мо бояд интихоб кунем, ки бо кадоме аз ин ду роҳ меравем. Ин қарори муҳимтарини ҳаётамон мебошад, зеро ҷовидона зиндагӣ карданамон ба он вобаста аст.

4. Роҳи «васеъ» чӣ гуна роҳ аст?

4 Биёед фарқи ин ду роҳро дар ёдамон нигоҳ дорем. Роҳи «васеъ» ба бисёриҳо маъқул аст, зеро бо он рафтан осон. Сад афсӯс, ки шумораи зиёди одамон аз ин роҳ гаштан намехоҳанд ва ба рафтору кирдори ҳамсафарони худ пайравӣ мекунанд. Онҳо дарк намекунанд, ки дар ин роҳ Шайтон роҳнамо аст ва оқибати он марг мебошад (1 Қӯр. 6:9, 10; 1 Юҳ. 5:19).

5. Баъзеҳо барои ёфтани роҳи «борик» ва бо он рафтан чӣ кор мекунанд?

5 Исо инчунин дар бораи роҳи «борик» гуфт ва қайд намуд, ки шумораи ками одамон онро меёбанд. Чаро? Ҷолиб аст, ки дар ояти 15 Исо пайравонашро дар бораи пайғамбарони дурӯғ огоҳ кардааст (Мат. 7:15). Баъзеҳо мегӯянд, ки дар дунё ҳазорҳо дин вуҷуд дорад ва ҳар яки онҳо таъкид мекунанд, ки ҳақиқатро таълим медиҳанд. Ин динҳо чунон бисёранд, ки миллионҳо одамон рӯҳафтода шуда сари калобаашонро гум кардаанд, бинобар ин ҳатто хоҳиш надоранд, ки роҳи «борик»-ро ёбанд. Лекин ин роҳро ёфтан мумкин аст. Исо гуфта буд: «Агар ҳамеша ба гуфти ман кунед, дар ҳақиқат, шогирдони ман ҳастед. Шумо ростиро хоҳед шинохт ва ростӣ шуморо озод хоҳад кард» (Юҳ. 8:31, 32). Аҳсан ба шумо, ки аз пайи бисёриҳо нарафтеду ҳақиқатро кофтед! Шумо Каломи Худоро чуқур омӯхтед, то хости ӯро фаҳмед ва аз рӯйи таълимоти Исо амал намудед. Ғайр аз ин, шумо фаҳмидед, ки Яҳува мехоҳад мо таълимоти дини дурӯғро рад кунем ва дар иду маросимҳое, ки аз он сарчашма мегиранд, иштирок накунед. Шумо ҳамчунин дарк намудед, ки аз рӯйи хости Яҳува зиндагӣ кардан ва аз корҳое, ки ба ӯ маъқул нест, даст кашидан душвор буда метавонад (Мат. 10:34–36). Эҳтимол, ба ҳаётатон дигаргунӣ даровардан осон набуд, вале шумо талош варзидед, зеро Падари осмониатонро дӯст медоред ва розигиашро ба даст овардан мехоҳед. Яҳува бо шумо мефахрад! (Пнм. 27:11).

ЧӢ ТАВР ДАР РОҲИ БОРИК МОНЕМ?

Маслиҳати Яҳува ба мо кумак мекунад, ки дар роҳи «борик» бимонем (Ба сархатҳои 6–8 нигаред.) *

6. Мувофиқи Забур 119:9, 10, 45, 133 чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки дар роҳи борик бимонем?

6 Баъди ба роҳи борик равон шудан чӣ ба мо кумак мекунад, ки дар он бимонем? Мисоле меорем. Деворе, ки дар минтақаи кӯҳсор лаб-лаби роҳ кашида мешавад, ронанда ва мошинашро муҳофизат мекунад. Ин девор барои он кашида мешавад, ки мошин ба лаби роҳ аз ҳад наздик шуда ба ҷарӣ наафтад. Ягон кас шикоят намекунад, ки чунин девор монеае мебошад ва ӯро аз озодӣ маҳрум месозад. Меъёрҳои Яҳува, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, ба маъное мисли ин деворанд. Онҳо ба мо кумак мекунанд, ки дар роҳи борик бимонем. (Забур 119:9, 10, 45, 133-ро хонед.)

7. Ҷавонон ба роҳи борик бояд чӣ гуна назар дошта бошад?

7 Ҷавонон, оё шумо баъзан ҳис мекунед, ки меъёрҳои Яҳува озодии шуморо аз ҳад маҳдуд мегардонад. Бояд гуфт, ки Шайтон дар орзуи он аст, ки шумо ҳамин хел фикр кунед. Ӯ мехоҳад, ки шумо ба тарзи ҳаёти касоне диққат диҳед, ки дар роҳи васеанду ба назар аз ҳаёт лаззат мебаранд. Шайтон ният дорад, ки диққати шуморо ба ҳамсолон ё интернет равона созад, то фикр кунед, ки меъёрҳои Яҳува намемонанд, ки аз ҳаёт пурра лаззат баред *. Лекин як чизро дар ёд доред, Шайтон оқибати талхи роҳи васеъро аз онҳое, ки бо он равонанд, пинҳон мекунад. Яҳува бошад, ба шумо ва ҳамаи онҳое, ки дар роҳи бориканд, ошкоро мегӯяд, ки шуморо чӣ гуна оянда интизор аст (Заб. 37:29; Иш. 35:5, 6; 65:21–23).

8. Ҷавонон аз таҷрибаи Олаф чӣ дарс гирифта метавонанд?

8 Акнун воқеаеро, ки бо бародари ҷавонамон Олаф * рӯй дод, дида баромада фикр мекунем, ки аз он чӣ дарс гирифта метавонем. Гап сари он аст, ки ҳамсинфонаш ӯро маҷбур мекарданд, ки ба бадахлоқӣ даст занад. Вақте бародар Олаф фаҳмонд, ки аз рӯйи меъёрҳои ахлоқии Китоби Муқаддас зиндагӣ мекунад, баъзе духтарони синфашон ҳавасманд шуда ба ӯ бисёртар часпиданд. Вале Олаф дар ақидааш устувор буд. Ин ягона фишоре набуд, ки ӯ рӯ ба рӯ шуд. Ӯ мегӯяд: «Муаллимонам маро маҷбур мекарданд, ки маълумоти олӣ гирам ва мегуфтанд, ки ин ягона роҳи обрӯ пайдо кардан аст. Агар ба гуфтаашон накунам, гӯё дар оянда кори хуб ёфта наметавонам ва худро аз хушбахтӣ маҳрум месозам». Чӣ ба Олаф кумак кард, ки истодагарӣ кунад? Ӯ мегӯяд: «Ман дар ҷамоатамон дӯстони наздик пайдо кардам. Онҳо оилаи ман шуданд. Инчунин Китоби Муқаддасро чуқур меомӯхтам. Чӣ қадаре ки Китоби Муқаддасро бештар меомӯхтам, ҳамон қадар дарк мекардам, ки дар роҳи ҳақиқатам. Дар натиҷа, қарор кардам, ки таъмид гирифта ба Яҳува хизмат мекунам».

9. Аз онҳое, ки дар роҳи борик мондан мехоҳанд, чӣ дар талаб аст?

9 Шайтон мехоҳад, ки шумо роҳи борикро, ки сӯйи ҳаёт мебарад, тарк кунед. Ӯ ташнаи он аст, ки шумо ба роҳи васеъ гузаред, ки «сӯйи нобудӣ мебарад» (Мат. 7:13). Лекин агар мо ба гапи Исо гӯш дода ба роҳи борик чун ба ҳимоя нигарем, ҳеҷ гоҳ орзуи Шайтонро амалӣ намегардонем. Ҳоло бошад, боз як кореро дида мебароем, ки Исо гуфта буд, ки бояд кунем.

«БО БАРОДАРАТ ОШТӢ ШАВ»

10. Мувофиқи Матто 5:23, 24 Исо гуфт, ки мо бояд чӣ кор кунем?

10 Матто 5:23, 24-ро хонед. Исо ба яҳудиёне, ки ӯро гӯш мекарданд, муроҷиат карда ин масъалаи муҳимро бардошт. Тасаввур кунед, ки он лаҳза яҳудие ҳайвони барои қурбонӣ овардаашро ба коҳин медиҳад. Агар он лаҳза ба ёди ӯ меомад, ки бародараш аз ӯ хафа аст, бояд ҳадияашро монда пеши ӯ мерафт. Чаро? Чӣ аз қурбонӣ дида муҳимтар буда метавонист? Исо кушоду равшан гуфт: «Аввал рафта, бо бародарат оштӣ шав».

Оё шумо аз Яъқуб, ки фурӯтаниро пеша карда бо бародараш оштӣ шуд, ибрат мегиред? (Ба сархатҳои 11 ва 12 нигаред.) *

11. Нақл кунед, ки барои бо Эсов оштӣ шудан Яъқуб чӣ кор кард?

11 Воқеае аз ҳаёти пайғамбар Яъқуб дар мавриди оштӣ шудан бароямон дарси ибрат буда метавонад. Яъқуб тӯли бист сол аз ватанаш дур буд. Рӯзе Худо ба воситаи фаришта ба ӯ гуфт, ки ба он ҷо баргардад (1 Мӯсо 31:11, 13, 38). Ба ин амр итоат кардан ба Яъқуб осон набуд. Охир дар ватанаш бародари ӯ, Эсов, қасди ҷони ӯро дошт (1 Мӯсо 27:41). «Яъқуб сахт тарсид ва хавотир шуд», ки бародараш то ҳол нисбати ӯ кинаву адоват дорад (1 Мӯсо 32:7). Бинед ӯ барои бо бародараш оштӣ шудан чӣ кор кард? Аввалан, ӯ ба Яҳува дар ин бора рози дил намуд. Сипас ба бародараш туҳфаи фаровон фиристод (1 Мӯсо 32:9–15). Ниҳоят, вақте ду бародари ранҷида рӯ ба рӯ шуданд, Яъқуб якум шуда ҳурмату иззати Эсовро ба ҷо овард. Ӯ дар пеши Эсов на як ё ду бор, балки ҳафт маротиба таъзим кард. Фурӯтанӣ ва ҳурмату иззатро пеша намуда, Яъқуб дили бародарашро ёфт ва бо ӯ оштӣ кард (1 Мӯсо 33:3, 4).

12. Мо аз намунаи Яъқуб чӣ дарс мегирем?

12 Мо аз он ки чӣ тавр Яъқуб пешакӣ тайёрӣ дида Эсовро пешвоз гирифт, дарс гирифта метавонем. Ӯ фурӯтанона аз Яҳува ёрдам пурсид. Сипас мувофиқи дуояш амал карда ҳар кори аз дасташ меомадаро кард, то оромона бо бародараш оштӣ шавад. Инчунин, вақте онҳо вохӯрданд, Яъқуб баҳс карда кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ буданашро исбот накард. Охир мақсади асосии ӯ оштӣ шудан буд. Мо аз Яъқуб чӣ дарс мегирем?

БО ДИГАРОН СОЗИШ КУНЕД

13, 14. Агар мо бародар ё хоҳареро хафа карда бошем, бояд чӣ кор кунем?

13 Онҳое, ки дар роҳи ҳаётанд, кӯшиш мекунанд, ки бо ҳамимонони худ тифоқ бошанд (Рум. 12:18). Лекин агар фаҳмем, ки касе аз мо ранҷидааст, бояд чӣ кор кунем? Аз Яъқуб ибрат гирифта, бояд дар дуо аз Яҳува кумак пурсем. Хоҳиш кунем, ки мадад расонад, то бо бародарамон оштӣ шавем.

14 Ба мо лозим аст, ки ҳамчунин дар бораи рафторамон андеша кунем. Масалан, аз худ пурсида метавонем: «Оё ман тайёрам, ки ғурурамро як тараф монда, фурӯтаниро пеша кунам ва барои оштӣ шудан бахшиш пурсам? Агар ман барои бо бародар ё хоҳар оштӣ шудан якум шуда қадам гузорам, Яҳува ва Исо чӣ ҳис мекунанд?» Ҷавоби самимиамон кумак мекунад, то ба гапи Исо гӯш дода, фурӯтанона бо ҳамимонамон оштӣ шавем. Аз қарорамон маълум мегардад, ки мо аз Яъқуб ибрат гирифтаем ё не.

15. Чӣ тавр маслиҳати Эфсӯсиён 4:2, 3 кумак мекунад, ки бо бародарамон созиш кунем?

15 Ба фикратон агар Яъқуб бо Эсов «тую ман» мекард, чӣ мешуд? Бале, вохӯриашон нағз анҷом намеёфт. Бинобар ин, вақте мо назди ҳамимонамон оштишавӣ меравем, бояд фурӯтаниро пеша кунем. (Эфсӯсиён 4:2, 3-ро хонед.) Дар Панднома 18:19 гуфта шудааст: «Ёфтани дили бародари ранҷида аз забт кардани шаҳри ҳисордор душвортар аст, баъзеҳо чунон қаҳриянд, ки гӯё байнашон девори мустаҳкам бошад». Бале фурӯтанона бахшиш пурсидан ёрдам мекунад, ки ба дили бародарамон роҳ ёбем.

16. Мо бояд боз дар бораи чӣ андеша кунем ва чаро?

16 Ғайр аз ин, мо бояд пешакӣ фикр кунем, ки ба бародарамон чӣ мегӯем ва чӣ тавр. Ҳамин ки тайёр шудем, бояд бо мақсади дили бародари ранҷидаамонро ёфтан наздаш равем. Дар аввали суҳбат шояд гапҳои ӯ ба мо сахт расанд. Дар чунин маврид ба ғазаб омада, худро сафед кардан аз ҳама кори осон аст. Лекин агар ин тавр кунем, оё бо ӯ оштӣ мешавем? Не албатта. Дар ёд доред, ки назар ба муайян кардани он ки кӣ айбдор аст, дили бародарро ба даст овардан муҳимтар аст (1 Қӯр. 6:7).

17. Шумо аз намунаи Ҷилберт чӣ ибрат гирифта метавонед?

17 Бародарамон Ҷилберт бисёр кӯшиш мекард, ки сулҳҷӯ бошад. Ӯ мегӯяд: «Муносибати ману духтарам он қадар нағз набуд. Дар давоми беш аз ду сол ман бисёр кӯшиш мекардам, ки худро ба даст гирифта бо ӯ созиш кунам». Ҷилберт боз чӣ кор кард? «Пеш аз ҳар суҳбатамон ман аз ҷиҳати равонӣ худро тайёр мекардам, то суханони нешдореро, ки ӯ гуфта метавонист, ба дил нагирам. Ман бояд барои ӯро ҳамеша бахшидан омода мебудам. Дар натиҷа, дарк кардам, ки набояд ҳақ будани худро исбот кунам, охир мақсади ман бо духтарам оштӣ шудан буд». Кӯшишҳои Ҷилберт чӣ натиҷа овард? Ӯ илова мекунад: «Имрӯз ман оромиву осудагӣ ҳис мекунам, зеро оилаам тифоқ аст».

18, 19. Агар фаҳмем, ки касеро ранҷондаем, бояд чӣ кор кунем ва чаро?

18 Пас, агар фаҳмед, ки ягон бародар ё хоҳарро хафа кардаед, бо омодагӣ бояд чӣ кор кунед? Аз рӯйи гапи Исо амал карда, оштӣ шавед, ба Яҳува дарди дил кунед ва аз ӯ рӯҳи муқаддас пурсед, то сулҳҷӯ бошед. Агар ин тавр кунед, хушбахтӣ ба даст меоред ва нишон медиҳед, ки воқеан ҳам ба овози Исо гӯш медиҳед (Мат. 5:9).

19 Мо аз Яҳува беҳад миннатдорем, ки аз муҳаббат моро ба воситаи «сардори ҷамоат», Исои Масеҳ, роҳнамоӣ мекунад (Эфс. 5:23). Биёед минбаъд низ мисли Петруси расул, Яъқуб ва Юҳанно гапи сардорамонро гӯш кунем (Мат. 17:5). Чи хеле аз ин мақола фаҳмидем, мо инро ҳангоми бо ҳамимони ранҷида созиш кардан нишон дода метавонем. Агар минбаъд низ чунин рафтор карда дар роҳи борик монем, аллакай имрӯз баракатҳои зиёд ба даст меорем ва дар ояндаи наздик бошад, то абад шодӣ хоҳем кард.

СУРУДИ 35 Барои пурсабрии Худо сипосгузорем

^ сарх. 5 Исо моро даъват кардааст, ки аз дарвозаи танг дароем ва бо роҳе равем, ки сӯйи ҳаёт мебарад. Ӯ инчунин насиҳат мекунад, ки бо бародару хоҳаронамон муросо кунем. Чӣ иҷро кардани ин маслиҳатҳои Исоро душвор карда метавонад ва чӣ тавр чунин душвориҳоро паси сар кардан мумкин аст?

^ сарх. 7 Ба маводи зерин нигаред: саволи 6-уми брошураи «Ҷавоб ба 10 саволи ҷавонон: “Чӣ хел ба таъсири бади ҳамсолон дода нашавам?”» ва аниматсияи фломастерии «Ба таъсири бади ҳамсолон дода нашав!» дар сомонаи www.pr418.com (Ба бахши КИТОБХОНА > ВИДЕОНАВОРҲО > НАВРАСОН дароед.)

^ сарх. 8 Баъзе номҳо иваз шудаанд.

^ сарх. 56 ШАРҲИ РАСМ: Меъёрҳои Яҳуваро ба деворе монанд кардан мумкин аст, ки лаб-лаби роҳи «борик» кашида шудааст. Онҳо моро аз хатарҳои зерин ҳимоя хоҳанд кард: порнография, муоширати бад ва фишор барои гирифтани маълумоти олӣ.

^ сарх. 58 ШАРҲИ РАСМ: Барои оштӣ шудан Яъқуб якчанд маротиба дар пеши бародараш Эсов таъзим кард.